Главная > Uncategorized > Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Дар ин ҷода равиши Путину Медведов намунаи ибрат аст. Маҳорати ин сиёсатмадорон аст, ки Жириновскийи «беқоида» ҳам натавониста истодааст Ҳукумати имрӯзаи Русро «санги маломат» занад…

Мурод аз Алмазбек ва қиссаи ӯ на инқилоби қирғизӣ, балки адолати алмазбекист. Ҳар инқилобе бӯи хун мекунад. Бӯи хун бадтарин бӯй аст…

Ва чигунагии Тоҷикистону пешомади фардои он

Тоҷикистон як кишварест, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ вазъаш хоса аст. Бебаҳс аст, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳеҷ кишваре соддалавҳона ва бе қасду ғарази манофеи хоси худ бо кишвари дигаре дар иртибот нахоҳад шуд. Ҳамчунин, аввалан вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар пояи вобастагӣ аз хориҷ аст. Заҳматҳои раисиҷумҳурро барои ба по хезондани иқтисод фасод (коррупсия) камсамар сохта истодааст. Нотавонбинии баъзе ҳамсояҳо дасту пойи моро баста. Гӯё истиқлоли тоҷикон хорест бар чашми эшон. Каримов барои мардуми тоҷикистонро ба муқобили Ҳукумат ба по рост кардан «бо сад баҳона» қатораҳои иқтисодиро боз медорад. Абарқудратҳои дигаре ба ҳар васила иқтисоди тоҷикро ба худ побанд кардан доранд. Медведов дар Осиёи Миёна ба «қувваи асосӣ»-и минтақа — ӯзбекистон такя карда, муносибаташро дар ҳар ҳол бо Каримов заиф карданӣ нест. Албатта, ин аз ҳуқуқи Медведов ҳамчун раиси ҷумҳури кишвари Рус аст. Зеро ӯ масъули манофеъи кишвари худ аст, на аз дигар кишваре. Хитой қасд дорад масъалаи «бакортаъминкунӣ»-и миллиард-ҳои худро, аз ҷумла, ба воситаи Тоҷикистон қадре ҳам бошад ҳал кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки қувваи назарраси корӣ-боигарии миллат «даромади муфт»-и кишварҳои дорои иқтисоди «зинда» ҳаст. Афғонистон худ ниёзманд аст. Эрон ба қадри тавон талош дорад моро аз ҷаҳолати фарҳангӣ (алалхусус, фарҳанги моддӣ) озод карда, рӯҳонияти моро кӯмаке кунад, то ҷои яке аз бозорҳои «сақичфурӯшӣ»-и корвонӣ бозори китоби Теҳроние дошта бошем. Аммо таассуф: Дарс агар мушкил бувад, нофаҳмро хоб оварад. Бо хулосаи ин ишорот Тоҷикистонро мебояд дар сиёсати хориҷӣ басо нозукрав ва нозукгӯ бошад. То замоне ки пояи иқтисодро дар камоли кифоят нарасонем, хуб аст, ки дар ҳаёҳӯи сиёсати ҷаҳонӣ сахт боандеша сухан гӯем. Аз андешаву мароми имрӯзу фардои тарҳрезиамон камтар сару садо баланд кунем. То набошад, ки «сайди қасдамон ба чанг наафтода» худ «сайд» шавем. Сиёсати эҳсосӣ ва намоишии мо ба коми мо нест.

Дар чунин вазъ ягона роҳи нигоҳ доштани истиқлоли давлативу миллии тоҷикон ва таъмини пешрафти он дар ин аст:

— рақами аввал: таъмини татбиқи бечунучарои қонуният. Қабули як қонуни басо қотеъ ва устувор барои таъмини татбиқи қонунҳои амалкунанда. Ислоҳи шиормеъёрҳои қонунӣ, мисли: Ҳар кас метавонад талаб кунад, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият ва беғараз баррасӣ намояд;

— даст кашидан аз шаклпарастии маориф ва гузаштан ба маорифи асл. Сахттарин ҷиноят дониста шудани «тиҷорати дониш» дар шакли баҳо ва мадракфурӯшӣ;

— баланд бардоштани музди меҳнати кормандони хадамоти давлатӣ, рақами аввал кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва тандурустӣ ва дар як вақт баланд бардоштани масъулияти ходими давлатӣ барои амали фасод. Қирғизҳо дар андак фурсати баъди инқилобии инқилоби ҷадид паст будани сатҳи иҷтимои ходими давлатиро ҳамчун манбаъи тавлиди фасод эътироф карда, маоши эшонро ба 50 фисад якбора боло карданд ва дар муқобили он сахттарин талаботро гузоштанд;

— бо таҷрибаи Рус аз тарафи Раиси ҷумҳур дар ҳузур қабул кардани ҳизбҳои сиёсӣ, онҳоро гӯш кардан, дастури дурусти ба манфиати халқ ва давлат мувофиқ будаи онҳоро амалӣ кардан ва ба ин васила рақами аввал аз байн бурдани фитна ва нифоқ дар кишвар;

— муқаррар кардани шароити имтиёзнок барои корхонаҳои хурди истеҳсолкунандаи маводи ниёзи дохилӣ, то озод намудан аз андоз ба мӯҳлати на кам аз 5 сол бо шарти аз тарафи соҳибкор баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ на камтар аз 7 фисад дар як сол;

— истифодаи фаъоли қонуни протексионизм-назарияи кӯмак ба истеҳсолкунандаи дохилӣ, маҳдуд кардани воридоти моли хориҷие, ки дар кишвар истеҳсол шавад. Дар омади гап: муаллифони китоби «Иқтисоди ҷаҳон» (китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Теҳрон. 2001, саҳ. 25)  М. Оймаҳмадов — номзади илмҳои иқтисод ва М. Муртазоев дар китоби худ назарияи иқтисодии меркантелизмро ба иштибоҳ бо аломатҳои назарияи протексионизм шарҳу тафсир кардаанд. Агар назари банда иштибоҳӣ бошад, узр.

— дар мақомоти давлатӣ ба кор пазируфтан бо шартҳои лаёқати савод ва хулқи озодагӣ (на мадраки зоҳиргароиву ҳунари тамаллуқ ва мансубияти маҳал);

— дар симои (телевизиони) кишвар даровардани ислоҳот дар боби арзиши намоишҳо;

— гузаштан аз «илмбозӣ» ба илми асл, кам ва воқеӣ кардани ҷоизабозиҳо;

— мустаҳкам кардани ягонагии воқеӣ дар байни халқ ва давлат;

— васеъ кардани пойгоҳи иҷтимоии давлат.

Ва дар омади гап… боз ҳам дар мавриди доктор Хуршед Зиёев

Дар мақолаи «Муш агар китоб хӯрад…» бо Хуршед Зиёев — сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бархӯрди андеша буд. Ҷаноби доктор Зиёев дар шумораи навбатии «Пайкон» аз 26-уми майи соли равон ба исми «Кори хандаовару носавоб» ҷавоб навишт. Аслан, дигар бо Хуршед идомаи баҳсро лоиқ намедонистам, агар як ифодааш набуд. Зиёев ба моҳияти баҳс аслан дахл накардааст. Содагӯёна як ҷавобаке навиштааст. Аммо боз ҳам «тӯҳмат» аз забони мавлавишинос. Аввал исми ҷавоб. «Кори хандаовар». Оре. Ҷавоби доктори илм дар муқобили як беунвон хандаовар аст. «Носавоб». Оре, аммо мавлавишиноси давлати «дунявӣ» вожаи «савоб» дар муқобили  «вубол»-ро дар кадом давлат ва аз мақоми кадом ҷаҳонбинӣ истифода карда? Он ки «Иброҳимро ба ҳоли худаш гузорем». Чаро Зиёев Мавлои Рум ва фарзанди ӯро ба ҳоли худаш нагузошт? Он ки Муҳаммадалӣ худро «Исои Масеҳ» хонд. Ҳай тӯҳмати содалавҳонае. Он ки Муҳаммадалӣ ноиби аввали ректор аст. Дурӯғи бешармона. Он ки ин суолро барои он додааст, ки ошкор кунад, ки дар ДТИКТ унвондорҳо ҳастанд ё не. Зиёев агар ҳамон тафтишҳои қонуншиканонаи худро дар дафтари кориашон неву дар ДТИКТ доир мекард (аз рӯи талаби қонун) шояд ин қадар ба қавли худаш «хандаовар» ҷавоб наменавишт. Он ки Муҳаммадалиро «аз мағлубияташ дар суд алам кард». Бале, сахт аламам кардааст. Аламам аз  он аст, ки дар мақомоти бонуфузи маориф тӯҳмат мекунанд, қонун мешикананд, дурӯғ мегӯянд, аз он ки суд ин қонуншиканиҳоро қонунӣ мегардонад ва волоияти қонунро ба хорӣ медиҳад. Аламам кардааст, ки агар қонуншиканӣ ба ҳукми анъана дарояд, фардои кишвар, миллат, илм, маориф чӣ хоҳад шуд. Аламам кардааст, ки шумои мавлавишинос дар ҷомеаи Тоҷикистон номи Худову паёмбарони он, анбиёву авлиёро ба «ҳабс» мекашед. Аламам кардааст, ки Президенти Тоҷикистон дар иддаи сухангӯии худ аз «азамати дини мубини ислом» ҳарф мезанаду шумо дар давлати «дунявӣ»-и бо зеҳни худатон шинохта сиёсати Президентро ҳам ҳурмат намекунед. Ва бо ҳамин алам аз Шумо мепурсам: «Шумо шаҳрванди давлати «дунявӣ» мурдаву зиндаи худро бо кадом расму оин танзим намоед?

Дар хотима

Паёмбари Худо (боз як беодобӣ пеши Х. Зиёев шуд) фармуда: Дар ҳаққи золимон ва мазлумон хайр кунед. Саҳобае пурсид: Паёмбари Худо, хайр бар мазлумонро медонам. Аммо чӣ тавр дар ҳаққи золим хайр шавад? Паёмбар фармуд: Дар зулми онҳо монеъ шавед.

Муҳаббати холисона ба Ватан, миллат (новобаста аз мавқеи сиёсӣ) ба роҳеам бурда, ки: «сари сабзамро ба шамшери забони сурх» додам. Худо доност, ки ҳамчун як инсони нафсонӣ ва заминӣ аз хато ва гунаҳ орӣ нестам ва шояд хатокортарин бошам, аммо дунболагирӣ ба як масъала: пеши саҳву хато хомӯш будан, оромам нагузорад. Ин ҳам: «барои насли фардо чӣ нақше аз худ мерос монем. Соле, ки ман дорам лаҳзаи ором шудан аст. Мансаб, моли дунё бароям моҳияташро ночиз карда. Танҳо моҳияти ватандорӣ водорам кунад, ки чун «дӯст табарвор» гӯям ва бар мақоми «душмани шакарворгӯ» мухолифат кунам.

Ба хотири манфиати хеш манфиати миллату Ватанро хор кардан амали сахт бад ва нобахшиданист…

Муҳаммадалии НУРАЛӣ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: