Главная > Uncategorized > «Борхалтаи афариям тайёр буд, агар…»

«Борхалтаи афариям тайёр буд, агар…»

27-уми июн дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ҷашни Ваҳдати Миллӣ доир гардид. Дар ин ҷашн ду чеҳраи намоёни сиёсии кишвар — раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов иштирок накарданд. Хостем барои равшан кардани сабабҳо бо онҳо ҳамсӯҳбат шавем. Чун бо сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар тамос шудаву шумораи телефонии Муҳиддин Кабириро пурсидем, мавсуф гуфт, ки ӯ бо сабаби сафар доштанаш ба Аврупо натавонистааст дар ҷашн иштирок намояд. Бо раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов сӯҳбати мухтасаре доштем, ки онро пешкаши хонандаи гиромӣ мекунем.

— Дар хабарҳо омадааст, ки Шумо аз иштирок дар ҷашни Ваҳдати Миллӣ дасткашӣ кардаед. Сабаби ин эътироз дар чист?

— Мо аз ваҳдат саркашӣ накардаему намекунем. Рафиқони мо, тамоми аъзоёни Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Бадахшон барои пазироии меҳмонҳо омодагӣ гирифтанд. Дар тамоми маъракаҳои фарҳангӣ иштирок кардаву ҳоло ҳам иштирок мекунанд. Аммо чун ҳайкали барқади қариб нӯҳтонаи Ленинро, ки ба ифтихори 60-солагии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон гузошта будему онро барканор карданд, мо гуфтем: «Агар шарти ҷашни ваҳдат ҳамин бошад, дар он ширкат нахоҳем кард».

— Яъне, танҳо ҳамин омил буд, ки Шуморо ҳамчун раиси ҳизби сиёсии Тоҷикистон — ҲКТ мутаассир намуд?

— Бале. Ленин буд, давлати Шӯравӣ буд, ки мардуми Бадахшон ва умуман Тоҷикистонро аз зулму ситами амирони афғон, хонҳои Қӯқанд ва амирони Бухоро раҳоӣ дод. Ман бе муболиға мегӯям, Шуғнону Вахону Дарвоз, умуман Бадахшон ҳамчун давлат таърихи тӯлонӣ доштанду хеле пурқудрат буданд. (Бингаред ба «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ). Вале бо мурури замон бар асоси муборизаҳои байни амирон, феодалҳою шоҳони маҳаллӣ пояи давлатдорияшон заиф гашт. Дар натиҷа мардуми одие, ки дар кӯҳистон зиндагӣ мекарданд, аз худи Дарвоз то сарҳадҳои охирини Вахону Мурғоб побанди истибдоди амирони Бухорою афғон ва хонҳои Қӯқанд гардиданд. Мардумро асир мегирифтанд, кӯдакону духтаронро мефурӯхтанд, калонсолонро мекуштанд. Мардум қир шуда буд. Теъдоди аҳолӣ дар Бадахшон ҳамон 300 соли охир қариб ки ба нобудӣ расида буд. Одамон оилаҳояшонро дар ғорҳо пинҳон мекарданд, ки асир ва ғулом нашаванд. Ин ҳолат то омадани лашкари Русияи подшоҳӣ вуҷуд дошт. Лекин лашкари Русия ҳам ин корро хотима бахшида натавонист. Инро фақат лашкари сурхи Советӣ ҳал намуд, ки Ленин онро ба Бадахшон аввали солҳои бистум фиристода буд. Ҳамон вақт ин мардум аз зулму асорат раҳоӣ ёфту истиқлолият ба даст овард, сарҳади Бадахшон аз хориҷиён мустақиман ҷудо шуд. Вилояти Мухтори Бадахшон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Хуб нест, ки ин арзишҳои сарнавиштсози таърихи миллатамонро сарфи назар кунем.

— Баъзан сарусадо ба гӯш мерасад, ки дар баъзе манотиқи кишвар на танҳо ҳайкали Ленин, балки дигар ёдгориҳоро ҳам аз байн мебаранд ва чунин пешниҳодҳо гӯё аз ҷониби мардум ё ягон нафари соҳибмаърифат сурат мегирад…

— Ягон нафар аз сокинони Бадахшон чунин талаб надоштааст. Ҳатто аъзои ҲНИТ, сотсиал — демократҳову демократҳои Бадахшон ҳам талаб накардаанд, ки ҳайкали Ленин бардошта шавад. Зеро бобоҳои онҳо низ замоне таҳти асорати амирон будаву бо он давраи мудҳиш ошноянд.

Баъзе ҳайкалҳои Сталин ҳам барканда шуданд, аммо дар баъзе ҳавлиҳои алоҳидаи мардуми Бадахшон ҳайкалҳои хурди ӯ боқӣ мондааст. Баркандани ҳайкали 14-метраи Ленин ва дигар ҳайкалҳои доҳӣ аз майдони марказиву дар ҷойи номуносиб ҷой додани онҳо нодида гирифтани арзишҳои таърихисту иваз кардани номи ноҳияи Ленин аз он бадтар.

— Шояд ин воқеаро сарфи назар намуда, дар ҷашни Ваҳдати Миллӣ иштирок мекардед? Ё умуман даъват нашуда будед?

— Аз дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ ҳам ба ман муроҷиат карданду аз вилоят ҳам. Гуфтам: «Борхалтаи сафари ман тайёр аст. Тайёрам борхалтаи мусофират бар дӯш то Мурғобу то сарҳадҳои охирини Бадахшон биравам ва дар маъракаҳо иштироку баромад кунам. Мо омода ҳастем, шарикони ман, рафиқони ман низ иштирок мекунанд. Лекин гумон накунед, ки ҳайкали Ленинро чаппа мекунеду як сӯ мегузоред ва ман ҳам бо чаппакзании пурмавҷи дурудароз дар қатори шумо менишинам. Ман намеравам, виҷдонам инро намебардорад. Ман дар давраи Шӯравӣ таҳсил ёфтаам. Бобои ман — Қаҳрамони халқи тоҷик — Шириншоҳ Шоҳтемур коммунист буд, амакам Сайфулло Абдуллоев котиби дуюми Кумитаи марказии ҲКТ дар солҳои 30-юм буд, падарам — Шабдолов ҳам коммунист буд. Пас, чӣ сон биншинаму тамошо кунам, ки як кран меояду ҳайкали Ленинро чаппа мекунад?

— Яъне, эътирозатон танҳо эътирози коммунистӣ ва мантиқӣ буд?

— Не. Дар бораи дигар чиз ҳам фикр мекардам. Агар мерафтаму онҷо изҳори эътироз мекардам, бо ҳамин ба фазои идонаи ҷашни Ваҳдати Миллӣ як тирагӣ меандохтам. Рафиқони мо ҳам гуфтанд, ки биёед эътироз баён мекунем.  Аммо ин корро ба худ иҷозат надодам. Зеро, тавре маълум аст, дар ҷашн меҳмонҳо аз манотиқи дурру наздики Тоҷикистон ва кишварҳои зиёди дигар, рӯзноманигорон, аҳли фарҳанг, намояндагон аз донишгоҳҳо, аз созмонҳои ҷаъмиятӣ иштирокчиянд. Ҳамаи онҳо ҳамчун меҳмон омадаанд. Дар ҳузури онҳо роҳандозӣ кардани чунин намоишу эътирозро воҷиб надонистам. Яъне, як сабаби мантиқии иштирок накарданам дар ҷашни Ваҳдати Миллӣ ҳамин буд. Дигар сабаб ҳамон, ки дар аввали сӯҳбат қайд кардам. Яъне, баркандани ҳайкали Ленин аз майдони марказӣ. Дар ҳоле, тоҷикон ҳазор сол баъд аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён давлат сохта натавонистанду ҳамин Ленину Сталин, Ҳизби коммунист буданд, ки эҳёи миллату давлати миллӣ ба мо муяссар шуд. Пас, сарфи назар кардани ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ ва ёдгориҳои он на фақат беинсофӣ, балки бевиҷдонӣ ҳам ҳаст. Дар ин маврид дар парлумон гуфтам, ки «Набояд барои ҷашни Ваҳдати Миллӣ чунин шартҳо гузошта шавад. Дар шаҳри Кӯлоб ваҳдат кардему Ленинро барканор намудем. Дар Данғараву дигар ноҳияҳо низ. Агар шарти асосии ваҳдат кандани ҳайкали Ленин бошад, моро барои иштирок дар чунин маъракаҳо даъват накунед. Худатон ваҳдат кунеду чаппакзанӣ». Вале новобаста аз чунин эътироз миллатам бароям азиз аст, забони модарии тоҷикиям азиз аст, ягонагиву якпорчагии ватанам бениҳоят азиз аст!

— Дар замони муосир раванди баркандани ёдгориҳои таърихӣ, бахусус доҳиён чи гуна аст? Ва оё баъди кандани онҳо осорхонаҳои махсус барои нигоҳ доштанашон таъсис меёбад?

— Ин вазнинтарин коре мешуд аз ҷониби ин ё он миллат, ки ҳайкалҳои таърихии худро барканад ва дар музейҳо ҷой диҳад. Ягон давлати дурандеш ин корро намекунад. Дар Чин будаму шоҳид гаштам, ки фарҳанги 5-6-ҳазорсолаи худро нигоҳ доштаанд, хоҳ исломӣ бошад, хоҳ христианӣ, хоҳ буддоӣ ё навъи дигар. Дар Ҳиндустон ҳам ҳамин хел аст. Дар Эрон низ. Бубинед, дар Эрон, ки ҷумҳурии исломист, маъбадҳои давраи зардуштӣ, давраи ҳахоманишӣ ва сосонӣ ҳоло ҳам маҳфузанд. Касе зардуштиёнро танқиду таҳқир намекунад. Аз ягон муллою оятуллоҳи ин кишвар нашунидаам, ки гуфта бошад: «Он арзишҳое ки исломӣ нестанд, бояд несту нобуд шаванд!».

Бисёр лаҳзаҳои таърихи гузашта ба ман писанд нест. Масалан, давраи ҳуҷуми Чингиз, ё давраи ҳуҷуму хунрезиҳои бе мислу монанди Темури каллабур, ё Султон Маҳмуд. Аммо ҳарчи набошад, таърих асту сабт шуда. Ба ман маъқул ҳаст ё не, бояд ҳам харобазораш биистад, ҳам мавзеи ободаш.

Бубинед, вақте дар Афғонистон Толибон як ҳайкали буддоии 35-метра ва як 55-метраро тарконданд, ин нафратангезтарин амале буд, ки обрӯи онҳоро ҳамчун намояндаи фарҳанги исломӣ аз байн бурд.

Набояд мо ин таҷрибаи талхи Толибонро такрор кунем. Зеро нафрат нисбатамон пайдо шудаву таъсири сангин мегузорад.

Ҳатто дар баъзе кишварҳои сармоядорӣ низ ҳайкалҳои барқади Ленин вуҷуд доранд ва касе барои барканданашон тасмим намегирад. Масалан, дар шаҳрҳои Деҳлии Ҳиндустон, Кракови Полша, Афина, Амрико ва ғайра.

— Дар чанд ноҳияи дигар, аз ҷумла Файзобод ҳайкалҳои Ленин вуҷуд доранд. Оё шубҳае пеш намеояд, ки шояд онҳоро низ баркананд?

— Ҳайкалҳое ҳастанд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмонашон маблағгузорӣ шудааст ва ифтитоҳ шудаанд. Ҳайкале, ки ҳоло барканданд, арзиши умумиҷаҳонию умумиҷумҳуриявӣ дорад, аммо бе қарори Ҳукумат барканда шуд. Ҳайкалҳои Ленин бисёранд. Дар шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Хоруғ низ, ки вазнаш 9 тонна аст. Дигар ҳайкалҳое низ ҳастанд, ки онҳоро суратҳои ҳайкалӣ гуфтан ҷоиз аст ва дар идораҳо бисёранд. Аммо онҳо ҳайкали таърихӣ нестанд. Ҳайкали таърихӣ ҳамон аст, ки бо қарори Ҳукумат дар лаҳзаҳои таърих барқарор ё сохта шудаанд. Ҳайкали Файзобод ҳам бисёр ҳайкали хуб аст.

Умуман, баркандани онҳо кори хуб нест. Агар мо эътироз накунем, агар садо набарорем, агар «бале, сиёсат дигар шудааст» гуфта, таърихи худамонро бо чанд афроде, ки на шуури таърихӣ доранду на шурри сиёсӣ ва на шуури фарҳангӣ ботил баҳо диҳем, ин бар зарари худи мост. Аз ҳамин хотир, эътирози мо эътирозӣ одӣ не, эътирози бисёр ҷиддӣ буд. Дар оянда бо садои баландтар чунин эътироз хоҳем кард. Чунки ин талаботи Оиннома ва Барномаи ҲКТ аст.

— Баркандани ҳайкал ба рӯҳияи мардум чӣ таъсир расонида метавонад? Ин амал метавонад Русияро барои вокуниш нишон додан моил намояд?

— Таъсири манфӣ. Ленин шахсиятест, ки дар тамоми дунё ҳамчун доҳии пролетарҳо эътироф шудааст. ӯ танҳо чеҳраи Русия не, чеҳраи умумиҷаҳонист. Дуюм ин ки, Ленин як рамзи таърихии вуҷуди Русия ва фарҳанги он дар Тоҷикистон аст. Вақте рамзро чаппа мекунед, ин чӣ маъно дорад? Ин чунин маъно дорад, ки шумо арзишҳои фарҳангии робитаи таърихии халқамонро дур кардед, аз онҳо фосила гирифтед. Чаро Юнон ҳайкали Ленинро нигоҳ доштааст? Чунки ин рамзи муносибати давраи Шӯравии Юнон буд.

Вақте як рамзи мардуми масеҳиро сарнагун мекунем, қариб миллион русзабонҳое, ки аз инҷо фирор карда рафтанд, худро чи гуна эҳсос мекунанд? Нисбати муҳоҷирони тоҷик чи гуна муносибат мекунанд?

Бешак, ин амал аз нигоҳи маънавӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Мо бояд инро хуб дарк кунем ва ба чунин ҳодисаҳо хотима диҳем.

Мусоҳиб

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: