Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта

«Крестовий Остров», яъне «Ҷазираи салибӣ» дар ҳақиқат ҷазираву дар қисми ғарбии Петербург, дар шарқи димоғаи Фин ҷойгир буд. Аз се тараф бо пулҳои калони мошингузар ба дигар қисмҳои ин шаҳри азим пайванд мешуд. Дар гирду атрофи ҷазира бандарҳо, истгоҳҳои киштиҳои хурду калон мавҷуд буд. Хулоса, дар ҷигари тамаддуни дунявӣ воқеъ буд ин ҷазира. Собиқ варзишгоҳи аз давраи Шӯравӣ мондаро ҳамвор карда, ҷойи он як варзишгоҳи ба қавле «суперсовремений» бунёд менамуданд. Ҳотам — бригадири тоҷикони ҷилликулие буд, ки дар инҷо кор мекарданд. ӯ гурӯҳи Азизро аз истгоҳи «Москва»-и Петербург гирифта ана ба ҳамин ҷазираи салибин овард. Шаҳраки коргарон иборат аз садҳо вагон ва хоначаҳои муваққатӣ буд. Дар инҷо ду ошхонаи коргарии пулакӣ низ вуҷуд дошт. Дар ин варзишгоҳ намояндагони даҳҳо ширкат кор мекарданд. Ширкате ки Азизу ҳамроҳонашро ба онҷо овард, «Алянси Юнион» ном дошту аз ҷониби зану шавҳар Олег Андреевич (директори генералӣ) ва Наташа (ҷонишин, хазинадор ва сармуҳосиби ин ширкат) идора мешуд.

Дар тарафи рости утоқе, ки Азиз ва ҳамроҳонашро ҷой доданд, дар баландии қариб 2 метр ин суханҳо навишта шуда буд: «Алянс сука». Инро хондан замон дили Азиз таҳ кашид. Дар ҳақиқат ширкати «Алянс Юнион» чанд гурӯҳи коргаронро низ пеш аз ин қабул карда, моҳҳо кор фармуда, музд надода буд. Онҳо аз ин сабаб ҳамин суханонро сабт карда буданд. Масъалаи маош як муаммои сарбаста буд. Дар ин варзишгоҳи замонавӣ бисёр ҳангомаҳои асрорангез ба миён меомад. Варзишгоҳро Ҳукумати шаҳри Петербург месохт. Ҳукумат ширкати азими сохтмонии Русияро «подрядчик» қабул карда буд. Ҳама маблағро ба ихтиёри ин ширкат гузошта буд. Ин ширкат даҳҳо ширкати дигарро ба кор ҷалб карда буд ва он ширкатҳо боз дигар ширкатҳоро.

Дар ширкати «Алянс Юнион» зану шавҳар Ковалҳо қаллобони гузаро буда, мақоли русии «муж и жена, одна сатана»-ро ба хотир меоварданд. «Алянс Юнион» худаш боз ширкати дигаре дошт, ки ин ширкат коргар таъмин мекард. Дар хонаҳои худсохт гармкунакҳои барқӣ кор мекарданд. Коргарон бо кӯрпаву кату болинҳои мулоим таъмин буданд. Аз ҳисоби маош хӯрока ҳам мерасид.

Бригадаи Азизино аз 15 нафар тоҷикон ва як нафар туркбачаи самарқандӣ иборат буд. Вақти корӣ ҳарчанд аз соати 8-и пагоҳӣ то 8-и бегоҳӣ муайян шуда бошад, бисёр вақтҳо то соатҳои 10-у 12 ва баъзан то пагоҳӣ кор мекарданд. Дар қабати дуюми шимолии варзишгоҳ нуқтаи «Энергоблок» бунёд мешуд. Аввал он мавзеъ бо арматураҳо бофта мешуд. Баъд бо фанерҳои 20-милиметра ба қавле «апаловка» сохта, бо пояҳо онро мустаҳкам мекарданд. Ҳамаи инро намояндагони фармоишгарон қабул мекарданд. Ана баъд бетон рехта мешуд. Баъди ду-се рӯз пояҳоро гирифта, «апаловка»-ҳоро меканданду боз намонядаҳо омада қабул мекарданд. Дар бисёр ҳолатҳо даҳҳо нуқсон ёфта, қабули онро ба таъхир меандохтанд.

Хусусан кори сохтмонӣ дар варзишгоҳ бениҳоят душвор буд. На камтар аз 12 соат дар як рӯз кор кардан лозим меомад. Боз бо чаққонӣ, саросемагӣ корро бояд анҷом медоданд. Ҳатто касе ки зуд — зуд ба ҳоҷатхона мерафт, мавриди танбеҳ қарор мегирифт. Бригадир — Ҳотам монанд ба навкари замони аморат буд, даҳонаш ифлос, лафзаш қабеҳ. Ятим — қунғуроти ҷилликулии 57-сола қафонокӣ ба нӯги араматура афтода, корро бас кард. Саидраҳмони фахрободӣ аз баландии 9 метр ба замин афтода, маъюб шуду ба хона рафт. Баъди 90 рӯзи кор бригадаи Ҳотам оҳиста — оҳиста барҳам мехӯрд. Мардум аз маош умедашонро канда, ба ҳар тараф паҳну парешон мешуданд. Ҳотами корчаллон ва аз ҳама кор бохабар худ низ дигар ҷойи кор мекофт. Дар охир ӯ аз ширкати «Алянс Юнион» бо найранге 30 ҳазор сӯм гирифта, ба қавле «думро хода карда», гурехта буд. Вале аз ин кор заҳматкашони боқимонда хабар ёфта, ӯро дастгир карданд. Як қисми маблағро аз ӯ гирифта, байни худ тақсим намуданд. Ба Азиз се ҳазори русӣ расид.

Аз ҳудуди варзишгоҳ Азиз бо се ҳазор сӯм берун шуд. Зиёда аз як моҳ бо тоҷикони язғуломӣ дар таҳхонаи биное кор кард. Фурқат ном язғуломие ӯро бо ваъдаҳои бисёр фирефта намуда, зиёда аз як моҳ кор фармуда, нафақат маблағи ваъдагиро надод, балки аз ӯ бо ҳар баҳона пул қарз гирифта, шароб менӯшид. Дар охир кор ба ҷойе расид, ки бо ҳамдигар дастбагиребон шуданд. Азбаски Азиз худ танҳо буд, Диловару Наврӯз ва Зокир бо сардории Фурқат ӯро хуб мушту лагадборон карданд. Бо маслиҳати миёнаравашон ҷисми абгори Азизро дар мошини Артур бор карда, аз шаҳр бароварданду ба ҷангал бурда партофтанд.

— Ё тӯъмаи гургон мешавад, ё хӯроки хирсе…,- гуфт Фурқат.

Нормуҳаммади БЕКЗОДА, Санкт — Петербург

(давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: