Главная > Uncategorized > Духтари 17-сола! Зани милиса мешӣ?

Духтари 17-сола! Зани милиса мешӣ?

Ба таваҷҷӯҳи вазири корҳои дохилӣ А. Қаҳҳоров

Ба бунгоҳи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ дар вилояти Суғд оид ба як масъала якбора се ариза дохил шуда буд. Пас аз шиносоӣ бо аризаҳо хостем ба ҷониби дигар дар иштироки муаллифони ариза масъаларо мавриди омӯзиш қарор диҳем. Аз мазмуни аризаҳо маълум буд, ки он шахс Шомурод Юлдошев, корманди милиса будааст. Дар яке аз аризаҳо рақами телефони мобилии Шомурод Юлдошев қайд карда мешуд. Бо ҳамон рақами телефон занг задему бо Шомурод Юлдошев дар тамос шуда, худро шиносонда, хостгори вохӯрӣ шуда, иброз намудем, ки сӯҳбат намудан лозим аст. Дар аввал Ш. Юлдошев иброз намуд, ки онҳо чанд ҷиноятро кушодаанду бинобар сирри тафтишот буданаш, бо мо сӯҳбат карда наметавонад. Агар ризоияти сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят бошад, имкони сӯҳбат кардан дорад. Ба ӯ фаҳмондем, ки мо на дар масъалаи ягон ҷинояту сирри он, балки оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки бевосита ба худаш дахл дорад, сӯҳбат карданием ва пас аз ним соат вохӯриро таъин намудем. Дар ин муддат ба муаллифони ариза хабар додем, ки ба бунгоҳи матбуотии мо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳозир шаванд. Баъди гузаштани 5 дақиқа Ш. Юлдошев занг зада, моро огоҳ намуд, ки дар назди ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов интизор аст. Чун муаллифони ариза наомада буданду ба кори дигаре банд будем, посух додем, ки дар соати муайяншуда вомехӯрем. Ду нафар муаллифони ариза омаданду аз Ш. Юлдошев дараке набуд. Ба телефони ҳамроҳаш занг задему он хомӯш буд. Бо ду нафари омада сӯҳбат намудем. Навиштаҳои аризаҳояшонро бори дигар тасдиқ намуданд.

Дар аввал мехостем ду тараф рӯ ба рӯи ҳамдигар нишаста, фикрашонро гӯянду тарафе, ки хатое кардааст, узр пурсад. Бо ҳамин масъала роҳи ҳалли худро меёфту ҳоҷат ба овозаю дарвоза намудани ин ҳодиса намемонд. Аммо чӣ илоҷ?

Рӯзи дигар Ш. Юлдошев дар шаҳри Хуҷанд ба мо занг зада, хоҳиши вохӯрӣ кардан намуд. Ба омӯзиши масъалае банд будему дархости ӯро напазируфтем. Воқеан, меомадему аризаҳоро нишон медодем ҳам, ӯ навиштаҳои дигаронро инкор менамуд. Фикр кардем, ки танҳо метавонад ин масъала дар иштироки ду тараф ҳал карда шаваду ҳақиқати ҳол ошкор гардад.

Ба шаҳри Душанбе баргаштему аз телефони хизматие овози Ш. Юлдошев баланд шуд, ки оид ба ҳамон масъала пурсон шуду боз моро ба вохӯрӣ даъват намуд. Чун дар яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор доштем, имкони ба шаҳри Душанбе омадан надоштем. Вале меандешидем, ки чаро подполковники милиса, сардори зершӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муқобили обрӯ ва ахлоқи шахсии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Ш. Юлдошев ин қадар роҳи дарозро тай намуда, ба шаҳри Душанбе омаду вақт наёфт дар рӯ ба рӯи шахсони муроҷиаткунанда истода сӯҳбат намояд? Бори дигар таъкид менамоем, агар ҳамон рӯз Ш. Юлдошев меомаду якҷоя сӯҳбат менамудем, эҳтимол дошт бе дахолати ҳафтанома масъала роҳи ҳалли худро ёбад.

Инак, мазмуни аризаҳоро нашр намуда, умедворем дар Вазорати корҳои дохилӣ пас аз гузарондани санҷиши хизматӣ «мӯйро аз хамир» ҷудо мекунанд.

БМСТЖ

Ба БМСТЖ, аз номи сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандоз Муминҷонова Гулзора Тошпӯлодовна

Моҳи апрели соли 2010 Шомурод Юлдошев ном милитсае ба хонаи мо маро кофтан рафта буд, вале дар ҳамон вақт дар хонаи холаам будам. Шомурод Юлдошев ба модари ман: «Духтаратон Гулзора дар куҷост ва айни ҳол ба ман ёфта диҳед» гуфта, модарамро тарсондааст. Модарам бошад, «духтарам дар хона набуда, дар хонаи холааш» гӯяд ҳам, боварӣ накарда, хонаро кофтуков кардааст. Милитса маро кофта наёфта ба сари модарам дод зада, «сурати духтаратро бароварда те» гӯяд, модарам аз тарс сурате, ки бо якҷоягӣ бо дугонаам гирифта будем, бароварда додааст. ӯ бошад суратро гирифта, модарамро ҳақорат намуда, «агар Гулзора биёяд тез ба ман занг занад» гуфта, номери телефонашро дода рафтааст. Модарам рӯзи дигар бо ҳаяҷон аз тарс ба хонаи холаам ба назди ман омад. Аз тарс дастҳояшон ларзида «духтарам Гулзора ту чӣ кор кардӣ, ки милиса туро кофта гаштааст, ту тез ба Юлдошев Шомурод занг зан будааст» гуфт.

Ман ба номере, ки модарам дод занг зада, шумо кӣ гуфта пурсон шудам ва соҳиби телефон худро Юлдошев гуфта шиносонд. «Барои чӣ ба модарам номер дода занг занад гуфтед» гуфта пурсон шудам ва он кас ҳа ман туро нағз дидам гуфта ҷавоб дод. Юлдошев ба ман таклиф намуд, ки агар ман қатӣ гардӣ, туро ба занӣ гирифта хона мехарам, агар бовар накунӣ, пурс дар хонаи 37 п  4, 37 ҳуҷра дар кӯчаи Рӯдакӣ хона дорам ва онро ба ту медиҳам.

қаҳрам омада, «ана шумо милитсия бошед, аз ман чанд сол калон бошед, изо намекашед, ки ин сухан, ин ваъдаҳоро ба ман мегӯед» гуфтам. ӯ бошад маро ҳақорат намуда туро турма мекунам, аз болоят якчандто гапҳои ганда гуфт. Боз ӯ гуфт, ки ту ба нағзӣ намефаҳмидаӣ ба гандагӣ гап мезанем, гуфта ману модарамро тарсонд.

Ба ин суханҳои ӯ модарам гувоҳӣ медиҳанд.

Ман духтараки 17-сола мебошам. Барои чӣ Юлдошев Шомурод маро ба роҳи нодуруст бурданист? Наход ба ин гуна милисаҳо чора дида нашавад. Ман илоҷашро наёфта, ба рӯзнома муроҷиат намудам. Маҷбур шудам. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки кӯмак расонед.

Аз номи сокини ҷамоати деҳоти Янгиҳаёт Шоира Умурзоқова як муроҷиатномаи дигар дар даст дорем, ки гӯё чанд сол қабл Ш. Юлдошев ба падарарӯсу хушдомани ӯ рафтори хилофи қонунӣ намуда бошад. Дар ин ариза сухан дар бораи гирифтани маблағ бо роҳи таҳдид меравад.

Сокини ҷамоати деҳоти Гулхона Саидахон Каримова дар аризааш қайд мекунад,  ки бе ягон асос Ш. Юлдошев вай ва ҷиянашро дашномҳои қабеҳ дода, латукӯб кардааст. Номбурда дар аризааш қайд мекунад, ки зӯри ҳеҷ кас ба Ш. Юлдошев намерасидааст. Бинобар ин, ба рӯзнома муроҷиат кардааст.

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: