Главная > Uncategorized > Мансур Бухориев: «Нашъаҷаллобон Тоҷикистонро истифода мебаранд…»

Мансур Бухориев: «Нашъаҷаллобон Тоҷикистонро истифода мебаранд…»

Ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ҷумҳурӣ амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад. Бо ин, масъалаи мубориза ба муқобили нашъаҷаллобӣ ва нашъамандӣ низ яке аз ҳадафҳои давлат баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар байни аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон, мақомоти дахлдори кишвар дар доираи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди нашъамандӣ, ки ҳамасола 26-уми июн қайд карда мешавад, ташаббус нишон дода, дар байни шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон ҳар гуна чорабиниҳои тарғиботиро гузарониданд.

Кормандони мақомоти милитсияи ҷумҳурӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои ҳукумати мамлакат ва таъмин намудани ҳаёти солими бидуни маводи мухаддир дар байни аҳолии мамлакат кӯшиши зиёд мекунанд. Дар самти мубориза ба муқобили нашъаҷаллобию нашъамандӣ Вазорати корҳои дохилӣ мавқеи махсус дорад. Ин нуқта дар баромади Президенти мамлакат дар ҷашни 85-солагии милитсия низ махсус қайд карда шуд. Агар фаъолияти фаврӣ-хизматии кормандони мақомоти милитсияро тайи солҳои охир мавриди таҳлил қарор диҳем, маълум мегардад, ки дар самти зикршуда натиҷаҳои корӣ назаррас мебошанд. Аз ҳисоби умумии маводи мухаддири мусодирашуда дар ҷумҳурӣ, 59,5 фоизашро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дарёфт кардаанд. Вобаста ба тарзу усулҳои ҳозираи нашъаҷаллобӣ, инчунин андешидани чораҳои нав баҳри пешгирӣ ва муқобилият бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, сӯҳбате анҷом додем бо сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, полковники милитсия Мансур Бухориев. Дар ҷараёни сӯҳбат дигар мавзӯъҳои ба фаъолияти имрӯзаи кормандони милитсия дахлдошта низ баррасӣ карда шуданд.

— Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадори ВКД дар фаъолияти имсолаи худ ба чӣ натиҷаҳо ноил гардид?

— Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадор фаъолияти худро пеш аз ҳама баҳри пешгирии нашъаҷаллобӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадор, психотропӣ ва прекусорҳо равона кард. Дар 4 моҳи аввали соли равон аз ҷониби кормандони Раёсат ва ҷузъу томҳои дигари мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ 823 килограмму 335 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 43 килограмм зиёд мебошад.

— Аз тарафи кормандони милитсия мусодира намудани маводи мухаддир дар дохили кишвар торафт зиёд мешавад. Сабаби инро дар чӣ мебинед?

— Масъалаи нисбати солҳои пешин афзудани нашъаҷаллобӣ ба мушоҳида мерасад. Ин табиист, зеро киштукори растаниҳои нашъадор дар Афғонистони ҳамсоя торафт афзоиш меёбад. Ҳолати мазкур ба гурӯҳҳои нашъаҷаллоб имконият медиҳад, ки домани фаъолияти худро васеътар намуда, бо ҳар роҳу восита маводи заҳроварро ба мамлакати мо интиқол диҳанд. Тоҷикистон кишвари транзитӣ аст. Нашъаҷаллобон сарзамини моро барои интиқол додани маводи нашъаовар ба дигар кишварҳо истифода мебаранд. Аз ин рӯ, то замони идома ёфтани ин ҳолат — хатари нашъаҷаллобӣ вуҷуд дорад.

Мувофиқи гузоришҳои Раёсати мубориза ба муқобили маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милали Муттаҳид бошад, соли гузашта дар Афғонистон 123 ҳазор гектар растаниҳои нашъадор кишт карда шуд, ки аз он 6 ҳазору 900 тонна маводи мухаддир ҷамъоварӣ гардид.

— Вобаста ба тараққиёти ҷомеа ҷинояткорӣ низ шаклу мазмуни нав ба худ мегирад. Вақтҳои охир нашъаҷаллобон аз кадом усулҳо истифода мекунанд?

— Умуман, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони милитсия он воситаҳоеро, ки нашъаҷаллобон истифода мебаранд, ошкор мекунанд. Аммо гурӯҳҳои нашъаҷаллоб барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ, кӯшиш менамоянд роҳу усулҳои навро кашф намоянд. Масалан, дар дастқапи сумкаи борбардор, таги пойафзол, либосҳои дар тан доштаи худ, даруни меваҷот, бо тарзи фурӯ бурдан ва ғайра мехоҳанд маводи марговарро пинҳонӣ аз кормандони милитсия интиқол диҳанд. Дар воситаҳои нақлиёт бошад, нашъаҷаллобон бештар аз қисмҳои эҳтиётии автомашина ва пинҳонгоҳҳои махсусе, ки худ дар нақлиёт сохтаанд, истифода мекунанд. Дар нақлиёти боркаш далелҳои аз даруни борҳои мошин ёфт намудани маводи нашъадор низ ба қайд гирифта шудаанд.

Масалан, дар таърихи аз 31-уми март ба 1-уми апрели соли равон кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадори ВКД дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз дохили халтаҳои сементе, ки тавассути мошин аз Афғонистон ба ҷумҳурии мо оварда мешаванд, 22 килограмм маводи сахттаъсири героин мусодира карданд. Вобаста ба ин ҳолат ду шаҳрванди Афғонистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир гардиданд.

— Роҳбарияти ВКД ба мутахассисони ҷавон диққати махсус медиҳад. Кормандони ҷавон дар Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадор чӣ нақш доранд?

— Дар Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадори ВКД низ ба масъалаи кадрҳои ҷавон, кормандони лаёқатманду босавод таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад. 43 фоизи кормандони моро намояндагони насли ҷавон ташкил медиҳанд. Фаъолияти онҳо қаноатбахш мебошад. Масалан, дар ошкор намудани ҳодисаи аз дохили халтаҳои семент пайдо кардани маводи нашъаовар, ки дар борааш гуфтем, саҳми корманди Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадор, лейтенанти калони милитсия Б. Ҳикматов калон буд. Чунин кормандони ҷавони фаъол зиёданд.

Ҳар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ самти муайяни фаъолияти худро дорад. Дар робита ба ин, корманде, ки дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хизмат мекунад, бояд чӣ гуна бошад?

— Фаъолият кардан дар Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадор аз корманд пеш аз ҳама сатҳи баланди дониш, дарки масъулият ва малакаи касбиро талаб мекунад. Зеро роҳҳои мубориза бо нашъаҷаллобӣ, усулҳои муайян намудани нашъаҷаллоб ва роҳ ёфтан ба дохили гурӯҳҳои ҷиноятпеша на аз дасти ҳар кас меояд. Ин масъала сатҳи баланди фаҳмишро талаб мекунад.

Ҷинояткорон хеле пешрафтаанд. Аксари онҳо мутахассиси кори худ ҳастанд.

— Дар самти мубориза бо нашъаҷаллобӣ чӣ мушкилӣ доред? Манзур он аст, ки таъминот бо таҷҳизоти ҳозиразамони хизматӣ ва сагҳои омӯзондашуда чӣ гуна аст?

— Дар ҳақиқат, агар устои моҳир бошеду дар даст олоти зарурии корӣ надошта бошед, аз дастатон коре намеояд. Дар масъалаи таъминот бо таҷҳизоти нав мушкилӣ дорем. Тавре гуфтем, барои мубориза бурдан бо усулҳои нави нашъаҷаллобӣ таҷҳизоти муосир лозим аст. Дастгоҳҳои навтарини садобардорӣ аз масофаи дур, сабти овоз аз дур, аксбардорӣ аз масофаи дур намерасанд.

Дар масъалаи сагҳои омӯзондашуда чандон мушкилӣ надорем. Дар амалиётҳои махсус оид ба мусодира намудани ҳаҷми калони маводи мухаддир аз сагҳои маркази кинологии ВКД истифода мебарем.

— Дар ҳамдастӣ проблемаҳо тезтар ҳал мешаванд. Ҳамкории Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадори ВКД бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриро, ки дар самти мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кор мебаранд, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад. Умуман, ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо мақомоти дахлдор — Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовар хуб ба роҳ монда шудааст. Дар масъалаи мусодира намудани ҳаҷми бештари маводи нашъаовар бошад, кормандони мақомоти милитсия пешсаф мебошанд.

— Сатҳи мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар кадом минтақаи ҷумҳурӣ ғайриқаноатбахш мебошад ва баръакс, кормандони милитсияи кадом минтақа дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб пешсафанд?

— Дар самти мазкур фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадорро қаноатманд намекунад.

Дар 4 моҳи соли равон нишондиҳандаҳои кории намояндагони милитсияи вилояти Хатлон ва Дастгоҳи марказии ВКД дар самти мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар хуб мебошад.

— Вазъи нашъамандӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо чӣ гуна аст?

— Нашъамандӣ хатарест, ки зарари он на танҳо ба имрӯзиён, инчунин ба наслҳои оянда низ мерасад. Мувофиқи маълумотҳои маркази ҷумҳуриявии наркологии назди Вазорати тандурустӣ, агар соли гузашта 8 ҳазору 18 нафар дар қайди диспансерӣ қарор доштанд, пас ин рақам то 31-уми марти соли равон 7 ҳазору 955 нафарро ташкил дод. Аз ин шумора 344 нафараш занон мебошанд. Ҳарчанд рақамҳо поинравиро нишон медиҳанд, вале гуфтан бамаврид аст, ки барои ҷумҳурии мо ин натиҷаҳо низ таъсири манфӣ доранд. Хусусан, вақте сухан дар бораи синну соли аксари нашъамандон меравад, ташвишҳо боз ҳам бештар мешавад. Бештари онҳоро ҷавонони аз 18 то 30-сола ташкил медиҳанд. Қисми зиёди нашъамандон дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд. Дар пойтахти ҷумҳурӣ 3 ҳазору 667 нафар, ноҳияҳои тобеи марказ 902 нафар, ВМКБ 797 нафар, вилояти Суғд 1 ҳазору 220 нафар ва вилояти Хатлон 1 ҳазору 369 нафар мубталои бемории нашъамандӣ мебошанд.

— Ва саволи охирин. Ба фикри Шумо, вобаста ба тараққиёти имрӯза, масъалаи мубориза бо нашъаҷаллобӣ ёфтани роҳҳои навро тақозо намекунад?

— Албатта, вобаста ба вазъи кунунии ҷаҳон, роҳҳои мубориза бурдан бо нашъаҷаллобиву гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар кишварҳои пешрафтаи дунё, ки бо ин хатар рӯ ба рӯ ҳастанд, дар сатҳи баланд қарор дорад. Ҷумҳурии мо бо Афғонистон, ки бузаргтарин истеҳсолкунандаи маводи нашъаовар дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, марзи тӯлонӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, гурӯҳҳои нашъаҷаллоб сарҳад ва хоки Тоҷикистонро барои манфиатҳои худ истифода мекунанд. Яъне, ҷумҳуриямон дар хатти пеши мубориза бо нашъаҷаллобӣ қарор дорад. Ҳолати мазкур тақозо мекунад, ки мақомоти корҳои дохилӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ба пуррагӣ таъмин бошад, то бо роҳҳои муосири муборизабарӣ домани фаъолияти нашъаҷаллобону гурӯҳҳои ҷинояткори нашъаҷаллобро дар дохили мамлакат торафт тангтар намоем.

Мусоҳиб Умеди ОЛИМ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. ganjina
    Октябрь 20, 2011 в 7:27 дп

    Салом чаноби Бухориев Мансур мо шод аз он ки шумо хастед. Аз дасти нашъачалобон
    Чумхуриямон бенихоят ифлос шудааст, лекин мо шуморо дорем дустдори ватанро, ки моро аз хамаи ин хоинхои ватан химоят мекунед,

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: