Главная > Uncategorized > Ниҳолҳо мехушканд

Ниҳолҳо мехушканд

аммо раис «умблаки данг, бака-банг» хонда гаштааст

Роҳбари давлат борҳо ба масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо дастуру супоришҳо доданд, ки ба табиати зебоманзари кишвар диққати махсус диҳанд, зеро табиат боигарии мост. Ҳар сол дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай ва баъзан дар сар то сари кишварамон рафти ободонию кабудизоркунӣ, шинондани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳар сол ҳар фарди ҷумҳурӣ ба хотири ободии кишвар ба ҳашар баромада, дар бунёди боғи нав, шинондани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва кабудизоркунӣ саҳм мегузорад.

Боре назарамон ба ниҳолҳои хушкшудаи қад-қади шоҳроҳи шаҳраки Обигарму ноҳияи Нуробод афтод. Сабаби хушк шудани ниҳолҳоро аз мӯйсафеди сину солаш ба ҷое расида пурсон шудем. Мӯйсафед каме ба андеша фурӯ рафту чунин гуфт: «Агар даврони Шӯравӣ мебуд, кайҳо мутасаддиёни вобасташудаи ниҳолҳо ба ҷазо кашида мешуданд, ҳоло бошад, касе парвое надорад».

Соли 2007 раиси шаҳри Роғун кори хайрхоҳонаеро амалӣ намуда, барои кабудизор кардану шинондани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ дар ду тарафи роҳи нақлиётгарди ҷамоатҳои Қадиоб ва шаҳраки Обигарм кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Бо супориши раис аз деҳаи Қалъаи Нав то шаҳраки Обигарм, ки зиёда аз 10 километр масофаро дар бар мегирад, зиёда аз ду ҳазор ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонда, нигоҳубини онро ба Кумитаи муҳофизати зисти шаҳр (раисаш Қурбонбек Бобобеков) вобаста карданд. Соли аввал ниҳолҳо дар нашъунамо буданд, аммо дар натиҷаи бепарвоии Кумитаи муҳити зист соли дуюм ниҳолҳо хушк шуданд. Кумитаи муҳити зисти шаҳр боре ҳам ниҳолҳоро зери назорати худ қарор надод. Мутасаддиёни кумита баҳонаеро пеш оварданд, ки нигоҳубину ба воя расонидани ниҳолҳо кори мо нест, бояд онро ҷамоатҳои шаҳраку деҳот зери назорати худ қарор медоданд.

«Обод кардан душвору вайрон кардан осон» гуфтанӣ мақоли халқие ҳаст. Агар раиси Кумитаи муҳити зист ва кормандони он ғами ниҳолҳоро хӯрда, обу ғизо медоданд, имрӯз ниҳолҳо хушк шуда, ба нестӣ намерасиданд. Барои шинондани ниҳолҳо даҳҳо ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Раиси Кумитаи муҳити зисти шаҳр ниҳолҳои хушкшударо борҳо мушоҳида карда бошад ҳам, дар лаб мӯҳри хомӯшӣ зада, «умблаки данг, бака-банг» хонда гаштааст.

Агар ниҳолҳо хушк намешуданд, имрӯз ду тарафи роҳи нақлиётгардро сояафкан карда, ба ҳусни табиати зебоманзари шаҳри Роғун боз ҳам ҳусни нав зам мекарданд. Вале афсӯс, бо айби Кумитаи муҳити зисти шаҳр ба сари даҳҳо ҳазор сомонӣ об рехта шуд.

Модар бо умеде фарзанд ба дунё меорад, ки ҳангоми пиронсолӣ дасти падару модар гираду хизмати онҳоро ба ҷо биёрад. Марди деҳқон бошад, бо умеде ниҳол сабз мекунад, ки бор ораду дастурхони аҳолиро зеб диҳад. Агар барои сабзондани ниҳол заҳмат накашем, ҳеҷ гоҳ он намесабзаду бор намеорад. Агар раиси Кумитаи муҳити зист ва кормандонаш ғами ниҳолро мехӯрданду курсинишиниро аз ниҳолҳо болотар намедонистанд, имрӯз ҳолати ҳузнангези ниҳолҳо ба миён намеомад.

Табиат боигарии мост. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди мамлакатро лозим меояд гиёҳҳои шифобахшу ҳайвонҳои нодир, паррандаю обҳои чашмаҳои софи диёрамонро муҳофизат кунад. Наход то ин дараҷа нисбати боигарии табиатамон беинсоф бошем!? Боварӣ дорем, ки дар ин маврид мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Роғун ба ягон хулосаи зарурӣ меояд.

Ҳокими САФАР, Нозанини ЮСУФ, шаҳри Роғун

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: