Главная > Uncategorized > Омад — омадат гардам…

Омад — омадат гардам…

«Ана, мешудааст-ку! Боз мегӯянд, ки намешавад. Не, мешавад, мешавад»,- роҳи чун кафи даст ҳамворро дида худ ба худ мегуфт Оқил Ғайбуллоевич. Ногоҳ ба ёдаш норозигии мардум нисбат ба пулакӣ намудани роҳи мошингард расиду боз илова кард:

— Инаш ҳеҷ гап не. Оҳиста-оҳиста одат мекунанд. Муҳим он аст, ки боз чанд нафари дигар доротару сарватмандтар мешаванд…

Ҳамин тавр то нақби «Истиқлол» расидан ҳама хомӯш буданд. Аз нақби «Истиқлол» гузаштан замон табъи сарвазир  О. Ғ. Оқилов якбора хира шуда, нидо кард:

— Охир, ин чӣ гап? Чанд соли дигар интизор шудану чанд бори дигар ин нақбро супоридан лозим аст?! Чак-чаки обро бинеду ба чуқуриҳои пур-пури об нигаред. Кай ба ин беаҳамиятӣ хотима дода мешавад?! Намедонам ин қадар солҳо чӣ кор карданду маблағу масолеҳ ба куҷо рафт?

Сарвазир масолеҳ гуфту хомӯш монд. Эҳтимол, ҳодисаи чанде қабл аз тарафи гумрукчиён ошкор намуда, ки сементи барои нақб пешбинишударо дар бозори ноҳияи Ҳисор дастгир карданду тавассути телевизион нишон доданд, ба ёдаш расид. Оҳи чуқуре кашид, «инҳо инсоф надоранд, «дуздон»-и беинсофанд,- гуфту ба тарафи ёрдамчиаш нигариста, илова кард:

— Зуд занг занед! Вазири нақлиёт ва коммуникатсия аз Душанбе баромада биёяд. Дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ вомехӯрем…

Мошини сарвазир тарафи коргоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико — комбинати маъдантозакунии Анзоб, ки то ҷанги шаҳрвандӣ овозадор буд, тоб хӯрд. Сарвазир аз мошин фаромадан замон норозиёна сар ҷунбонд. Коргоҳро давр заду ба таъбире «дуд аз димоғаш» баромад.

— Хайр, ин масъаларо дар маҷлиси навбатии Ҳукумат мебинем,- гуфта, ба мошин нишасту дар деҳаи Такфон бо одамони дар ду тарафи роҳ нишаста сӯҳбати самимие орост. Аз камбудии зиндагӣ, дараҷаи маишию маданияшон мепурсиду тавассути ёрдамчиёнаш ба вазоратҳо супориш медод.

Ҳамин вақт мошини хизматие омада истоду аз дохили он вазири нақлиёт ва коммуникатсия фаромада, ба Сарвазир таъзим намуда, лаб ба сухан кушоданӣ буд, ки О. Оқилов ба ӯ имкони сухан гуфтан надод:

— Шуд! Худсафедкунӣ бас аст! Ду рӯз мӯҳлат. Бояд оби нақб хушк карда шаваду роҳ тахту ҳамвор. Намедонам ин қадар солҳо чӣ кор кардед!?

Вазири нақлиёт ва коммуникатсия чизе нагуфта, бо сари хам тарафи мошини хизматияш рафту Сарвазир роҳро идома дод. Поёнтар аз деҳаи Такфон дар тарафи чап аз танаи кӯҳ дуду алангаи оташ забона мезад. Ин ҳолат Сарвазирро ба андеша бурд. Чӣ қадар дороии халқ сӯхта истодааст? Як тонна ангиштсанг айни замон чӣ қадар арзиш дораду дар ин ҷо ҳар рӯз садҳо тонна ангишт сӯхта истодааст. Кас намедонад пеши ин сӯхторро, ки асрҳо боз идома дорад, чӣ хел гирад? Наход ягон роҳи пешгирии он набошад?

Чӣ хел аз маркази ноҳияи Айнӣ гузаштанашонро нафаҳмида, дар дашти Хушекат, дар назди дидбонгоҳ Сарвазир ба ронандааш ишораи истоданро кард. Мошин истоду чанд нафар хонандаи мактаб паси ҳам давида омада, яке «қурут харед!» мегуфту дигаре дар даст сатили пури зардолу ба харидан ташвиқ менамуд. О. Оқилов ба рафтори кӯдакон табассумкунон зеҳн мемонду чашмаш ба нозири милиса афтид, ки дар дидбонгоҳ меистод.

— Ба ин милисаҳо сухан рост намеомадааст. Чандин бор аст таъкид менамоем, ки дар дидбонгоҳҳо истоданро хотима диҳанд. Вале «тарки одат амри маҳол».

Мӯйсафеди канори роҳ истодаро аҳволпурсӣ намудау ҷойи мошини гази моеъ таркидаро пурсида, сӯи деҳаи Хушекат равон гардида, ҷойи ҳодисаро дида, ба ёрдамчиаш фармуд, ки ҳатман ба КҲФ занг занад, то ба оилаҳои зарардида кӯмак намоянд. О. Оқилов пас аз дуою фотиҳа ба рӯҳи фавтидагон бо мардуми деҳа, ки сари роҳ бо миёни баста меистоданд, сӯҳбат ороста, ваъдаи манъ намудани бо чунин мошинҳо газ кашониданро дод.

Аз роҳи сохтаи хитоиҳо ҷудо шуда, ба тарафи шаҳри Панҷакент гаштанду чуқурию пастии роҳ оғоз ёфт. Ҳар боре ки  чархи мошин ба чуқурӣ мезад, Сарвазир дандон зиреҳ менамуд. Бар болояш дар ду тарафи роҳ қатор — қатор сатилҳои зардолу, дар замини тахту ҳамвор коштани алафи юнучқа табъи Сарвазирро хиратар намуда, боз ба ёрдамчияш супориш дод, ки вазири кишоварзӣ, вазири маориф ба Дашти Қозӣ — сарҳади ноҳияи Айниву Панҷакент ҳозир шаванд.

Дар деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣ манзараи аҷибе рух дод. Дар чанд ҷой одамон гандуми даравидаашонро рӯи роҳи мошингард партофта буданду тавассути ҳаракати мошин он майда мешуд.  Пас онро ҷамъ намуда, бод карда, донаро аз поя ҷудо менамуданд. О. Оқилов аз мошин пиёда шуда, шохаро аз дасти як нафар гирифта, ба бод намудан шурӯъ кард. Ҳатто ба ронандааш супориш дод, ки ба болои «хирман»-и деҳқони дигар чанд маротиба ба пешу қафо мошинро ронад. Шохаро ба дасти деҳқон дода:

— Инро таҷриба мегӯянд! Инро сарфаю сариштакорӣ мегӯянд. Ҳазор танзими мо мегуфта, сарфаю сарриштаи мо таъкид менамуда дар пеши ин кори шумоён «об» хӯрад…

Дар шаҳраки Ревад, ки пас аз офати табиии чанд сол пеш рухдода дар мавзеи Дашти Қозӣ бино ёфта буд, О. Оқилов бо одамон вохӯрда, аз шароити зиндагии онҳо аз наздик шинос шуда, сабабҳои хонаҳои холиро муайян намуда, мушкилоташонро бо чашми худ дида, ба назди мактаби шаҳраки навсохт омада истод. Вазири кишоварзӣ ва вазири маориф даст пеши бар меистоданд.

Бе ягон муқаддима О. Оқилов ба вазири хоҷагии қишлоқ рӯй овард:

— Заминҳои киштмандро дидӣ? Ба ҷои зироати ғалладонагӣ, полизӣ кишт намудан, дар он алаф парвариш мекунанд. Ана, ба ин кӯҳ нигар, чӣ қадар алаф ҷамъоварӣ намудан мумкин аст. Наход имкон набошад, ки маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба ягон ҷой супоранд!? Талабаи мактаб ба ҷойи дар лагерҳои истироҳатӣ — меҳнатӣ ба таълиму тарбия фаро гирифтан дар сари роҳи мошингард қуруту зардолу мефурӯшад.

Ҳозир ҳама хоҷагии деҳқонӣ шудагӣ, ба фаъолияти онҳо дахолат кардан мумкин нест,- гуфт вазири кишоварзӣ.

Ҳама хоҷагии деҳқонӣ шуда бошанд, пас Вазорати кишоварзӣ ба кӣ лозим аст?,- бо шиддат пурсид О. Оқилов.

Вазири кишоварзи сарашро хам намуду вазири маориф лаб ба сухан кушоданӣ шуд, вале…

— Беҳтараш ту хомӯш исто!,- бо ҷаҳл гуфт О. Оқилов.- Ба ҷойи ба корҳои нолозим — бастани донишгоҳҳои ғайридавлатӣ машғул шудану ба сартуру ришу муйлаб часпидан масъалаи таълиму тарбияро бин!»…

Хестам, ки хобам. Афсӯс хӯрдаму бори дигар дарк намудам, ки ин телефони ҳамроҳ на танҳо дар бедорӣ, балки дар хоб ҳам зарараш мерасидааст. Хеле фикр намудаму таъбири хобамро наёфтам ва дар хоб дидани Сарвазирро фоли нек дониста, аз пайи кор шудам.

Дар мавзеи Дашти Хушекат милисаҳо хонандагони мактабро, ки дар даст қуруту дар сатилҳояшон зардолу буд, ба ҳар тараф пароканда мекарданд ва ҳатто чизҳояшонро кашида мегирифтанд. Сабаби чунин сахтгириро пурсон шудам. Посух доданд, ки Сарвазир бо мошин ба шаҳри Панҷакент мерафтааст.

«Таъбири хобам ҳамин будааст»,- гуфта, роҳро идома додам. Дар ду тарафи роҳ кӯдакону занони зардолуфурӯш ба чашм намерасиданд. Роҳ ҳам хеле каммошин буд. Назар ба чанд ҳафта пештар роҳро хеле ҳамвор карда буданд. Бо вуҷуди он чархи мошин аз як чуқурӣ канда нашуда, ба чуқурии дигар мезад. Дар деҳаи Вешканд будем, ки пеш-пеш як мошини милиса бо баландгӯяку аз пас ҶИП-ҳо бо суръати баланд гузашта рафтанд. Марде наздамон омада суол кард, ки «намояндаҳо чанд рӯз меистанд?». Гуфтем, кӣ намедонем. Нақл кард, ки кормандони милиса гандумҳои нимкӯбашро «комиссия меояд» гуфта фармудаанд аз рӯи роҳ ҷамъ намояд.

Дар ҷамоати деҳоти Урметан касе набуд. Посбони ҷамоат гуфт, ки барои ҳал намудани масъалаи об ба шаҳраки Ревад рафтаанд. Дар рӯйи роҳи деҳаи Ёвон бо писарбачае вохӯрдем. Номашро Маҳмадулло гуфту иброз дошт, ки ба воситаи хар барои хоҳараш об мебурдааст. Дар роҳ бо чанд марду зани дигар рӯ ба рӯ шудем. Онҳо то тавонистанд, ба маркаби бечора зарф бор кардаанд, ки аз масофаи тақрибан 3 километр оби нӯшокӣ биёранд. Дар дохили шаҳраки Ревад ҳам занону кӯдакон дар даст зарфи оббиёрӣ барои об мерафтанд.

Аз сӯҳбат бо сокинон маълум гардид, ки солҳо боз масъалаи таъмини об хеле мушкил будааст. Аз авали сол то ба имрӯз ҳамагӣ ду маротиба об омадаасту халос. Сокинони шаҳраки Ревад ҳам барои таъмири канал мебаромадаанд. Аммо сабаби об надоданро касе намедонад. Ҳамин омилҳо боис гардидааст, ки зиёда аз 20 нафар занон ҷамъ шуда, рӯи роҳ баромаданӣ будаанд, то арзашонро ба Сарвазир расонанд. Аммо аз рӯи гуфтаашон, раиси ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва раиси ҷамоати деҳоти Урметан ҳамроҳи чор нафар милиса садди роҳи занон гардидаанд.

— Аз кормандони ҷамоат ва милисаҳо илтимос намудам, ки иҷозат диҳанд арзамро ба Сарвазир расонам,- мегӯяд Моҳрӯ Расулова.- Аммо корманди милиса маро таҳдид мекунад, ки мезанам. Се моҳ боз кӯдакони мо оби борон хӯрда истодаанд. Касал шуда дар беморхона хоб карданд. Касе парво надорад.

Аз рӯи нақли Қодир Ҳамоиддинов, ки 8 сол боз дар  шаҳраки Ревад зиндагӣ мекардааст, ҳар сол ҳол ҳамин аст. Аз беобӣ тамоми ниҳолҳо хушк шуда истодаанд. Онҳо танҳо барои ин масъалаҳоро ба Сарвазир расондан хостгори дидори ӯ шуда будаанд.

Сӯйи шаҳри Панҷакент роҳ пеш гирифтем. Ҳар ҷо — ҳар ҷо роҳро бо асфалт ямоқ карда буданд. Дарахтони ду тарафи роҳ, шояд аз саросемагӣ бошад, баъзеяш сафед карда шуда буду баъзеи дигар не. Кас намедонад ин намоишкорӣ барои киву баҳри чист?

Рӯзи дигараш пас аз баргаштани Сарвазиру ҳамроҳонаш ба сӯйи шаҳри Душанбе раҳсипор гардидем. Боз ҳамон одамони ташна дар даст зарфи обу маркаб пеш-пеш барои об мерафтанд, дар рӯи роҳ гандумро партофта, интизори гузаштани мошин буданд. Занону кӯдакон дар даст сатили зардолу ба мусофирону ронандагон мефурӯхтанд. Мактабиён ба ҳар мошини қарор истода қуруту дигар мавод пешниҳод менамуданд. Ҳаёти табиӣ, бе ягон обу ранги кӯҳистонӣ  идома дошт.

Ҳайрон будам, хоби дидааму омадани Сарвазирро фоли нек гӯям ё бад? Ба фикрам, хуб аз он ҷиҳат, ки ақаллан чанд чуқурии роҳ ямоқ шуду чанд дарахт сафед… Ҷиҳати дигараш бошад, чанд муддате мардумро аз зиндагии воқеии худ дур намуду хирман нокӯфта монду тиҷорат барои ёфтани қутти лоямут қатъ гардид…

Ҷумъаи ТОЛИБ,

Айнӣ — Панҷакент – Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Sooroosh
    Июль 5, 2010 в 4:33 дп

    Аввалаш хуб буд, лек вакте ки аз хоб бедор шудед, дигар кайфо парид, ба кавле!

  2. истад
    Июль 15, 2010 в 3:59 дп

    Зиндаву поянда бод журналисти тољик.
    Ќандатона занед акољон.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: