Главная > Uncategorized > Роҳи дуздӣ

Роҳи дуздӣ

Аз пулакӣ шудани шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тақрибан ду моҳ гузашт. Тавассути ширкати Innovative Road Solutions (IRS ) дар ҷумҳурӣ роҳ пулакӣ шуд. Яъне, агар ин ширкат намебуд, имкон дошт пулакӣ шудани роҳ ба гӯшаи хотири касе наояд. Ё ин ки даъвогари роҳ барои ҷамъоварии маблағ касе пайдо намешуду ин масъала ҳам ба миён намеомад. Ҳамин тариқ муфтакак бе ягон тендер пулчинаки роҳ гардид.

Пас аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе — Хуҷанд сарусадоҳои зиёде баланд шуд. Баъзе афрод фаъолияти ин ширкатро дар ҷумҳурӣ қонунӣ арзёбӣ карданду баъзеи дигар ғайриқонунӣ донистанд. Гурӯҳи сеюм бошанд, аз пулакӣ шудан ва ё нашудани ин шоҳроҳ парвое надоранд.

Бояд таъкид намуд, ки роҳи Душанбе — Чаноқ аз пойтахти ҷумҳурӣ оғоз шуда, то сарҳади Тоҷикистону ӯзбекистон, минтақаи Чаноқи ноҳияи Мастчоҳ давом мекунад. Дарозии ин шоҳроҳ 410 километр аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳадафи пулакӣ шудани роҳи номбурда ба хотири он будааст, ки Тоҷикистон бояд қарзҳои Ҷумҳурии мардумии Чинро ба ҳамин восита  пардохт карданист. Мувофиқи маълумотҳо, роҳи Душанбе -Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллари ИМА азнавсозӣ кардаанд. Масъалаи аз тарафи ин ширкат пардохт карда шудани қарзи чиниҳо ҳам ҳоло муаммост. Чунки то ҳол ягон нафар ба тариқи расмӣ иброз накардааст, ки ин маблағро кӣ бояд пардохт намояд: Ҳукумати Ҷумҳурӣ ё ширкати IRS?

Ҳарчанд ширкати IRS аз додани маълумот худдорӣ карда бошад ҳам, таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки ин ширкат собиқаи корӣ надорад. Ширкати Innovative Road Solutions (IRS ) иддао кардааст, ки ин ширкати бритониёӣ мебошад. Вале аз сӯйи дигар, маълумотҳое мавҷуданд, ки ширкати номбурда соли 2009-ум дар минтақаи офшори ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шуда, таърихи тӯлонӣ надорад. Таҳлилгарон муассисони ин ширкатро шаҳрвадони тоҷик донистаанд.

Чаро намояндагони ин ширкат аз додани маълумоти дақиқ худдорӣ мекунанд? Эҳтимол рӯшод намудани он ба манфиаташон набошад ва ошкор намояд, ки дар Ҳукумат кӣ онҳоро пушту паноҳу дастгирак аст.

Амонулло Ашӯр, раиси Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон аз 1-уми май фаъолияти ин ширкатро ғайриқонунӣ дониста буд. Агентии номбурда комиссияе барои қатъ гардидани пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ  ташкил карда, «пулчинӣ дар ин роҳ қатъ карда шавад» гуфта буд. Аммо ин қарори Агентӣ аз ҷониби IRS ба як пули пучак гирифта нашуд. Атрофи ин масъала ҳам фикри одамон якхела нест. Гурӯҳе ба он ақидаанд, ки ин ҳам боз як бозии навбатист, ба монанди «рустшавакон»-и кӯдакон.

Ҳар чӣ ҳам бошад, сухани Амонулло Ашӯр ба ин ширкат нагузашт. Пас аз изҳороти расмии раиси Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон ин ширкат домони фаъолияташро фарохтар намуд. Дар вилояти Суғд нуқтаҳои маблағҷамъкунии худро гузошт. Ба гуфтаи ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ширкати мазкур аз 17 навъи андозсупорӣ озод будааст. Чунки аз рӯйи гуфтаи Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ, ин ширкат дар  минтақаи офшории ҷазираи Верҷинияи Бритониё номнавис шудааст ва аз пардохти андоз озод мебошад. Ба фаъолияти онҳо кам дахолат мешавад. Аз ин рӯ, баъзе аз ширкатҳо аз чунин имтиёз истифода карда, ҳатто ба корҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Ҳамчунин, Баҳром Шарифов ба  ин маънӣ қайд кардааст, ки соҳиби ин ширкат метавонад дар минтақаи офшорӣ зиндагӣ накарда, тавассути интернет ва шахси боваринокаш ширкаштро идора кунад.

Бисёриҳо ҳоло ҳам дар тааҷҷубанд, ки чаро дигар роҳ неву маҳз роҳи Душанбе — Чаноқ пулакӣ шуд? Ҳаволаи ҳамаашро ба Худо кардем. Биёед бинем, ки вазъи ҷамъоварии маблағ дар кадом ҳолат аст?

Аз мавзеи Чорбоғ дар ҷойи пулчинӣ мегузаштему мошинҳо дар чор қатор меистоданд. Ду қатор ба сӯйи Варзобу ду қатори дигар ба тарафи Душанбе. Мошини мо дар тарафи рост истод. Нафаре як квитансияро ба ронанда доду маблағро гирифта, ба сандуқчаи дар дасташ буда андохт. Ҳисси кунҷковӣ боло гирифту он квитансияро аз дасти ронанда гирифтам: Innovative Road Solutions РМА: 020029155 плазаи топлингӣ, гурӯҳи нақлиёт 1, арзиши гузариш 3 с, рамзи хазиначӣ ҷояш холӣ, таърихи рӯз 17.06.2010 чиптаи №А 00231238. Роҳи сафед!

Роҳамонро идома дода, аз гузаргоҳи Ҳушёрӣ гузаштем. Ронанда маблағро супориду боз квитансия доданд: Innovative Road Solutions РМА: 020029155 плазаи топлингӣ Hushyori, гурӯҳи нақлиёт 1, арзиши гузариш 6,4 с, рамзи хазиначӣ (lanel 02) 123006, таърихи рӯз 17.06.2010, 14:09, чиптаи №А 0100916. Роҳи сафед!

Дар квитансияи дуюм макони дода шудани квитансия ва рамзи хазиначӣ навишта шудаасту дар аввала не. Чаро? Модоме рамзи хазиначӣ навишта нашуда бошад, пас аз рӯйи чӣ ҳисоби дақиқ мебурда бошанд? Магар ин як воситаи мардумфиребӣ нест? Ё ин роҳи дуздӣ бошад? Агар ба суханҳои Амонулло Ашӯр бовар кунем, ӯ дар таърихи 31-уми майи соли ҷорӣ аз ин гузаргоҳ дидан намудааст: «…Қонуншиканӣ идома дорад. Мо ба ширкати Иновайтив Роуд Солюшнз як моҳ мӯҳлат додаем, ки ҳамаи камбудиҳояшро бартараф кунад ва ба қонуншиканӣ хотима диҳад. Ҳоло комиссия дар ин самт кор карда истодааст. Ва агар дар ҳамин як моҳ ҳамаи камбудиҳояшро бартараф накунад, тибқи қонунҳои зиддиинҳисорӣ, мо нисбати ин ширкат чораҳои зарурӣ меандешем».

Қонуншиканӣ идома не, авҷ гирифта истодааст. Намедонем онро   мӯҳтарам Амонулло Ашӯр медонад ё не? Чанд маротиба барои мушоҳида ба ин минтақа рафтем. Чор қатор шудани мошинҳою аз ду қатораш маблағ гирифтану квитансияи бе рамзи хазиначӣ додан идома дорад. Мегӯянд, ки агар дастаки он дастгоҳро на бо таври механикӣ, балки худи одамон болою поён кунанд, гузаштани мошин аз ҳисоб берун мемондааст.

Азимҷон БАДАЛОВ,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Июль 7, 2010 в 8:56 дп

    Ба фикрам фикрхои Шумо бо эхтиромона ЯКТАРАФА аст! Журналист бояд хама пахлуро дида барояд! Барои хамин мак газетаи Шуморо дигар мутолиа намекунам! гап дар бораи рох не бвлки умуман хама статьяхои шумо хунукона мубошанд! Професионализм НЕСТ!!!

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: