Главная > Uncategorized > Самалоти одамқапак

Самалоти одамқапак

Акатона дар пеши поҳотон хок кунад Худо. Додарҳои ҷон, мегум ҳамин дурӯғгӯра рӯш туруш бошад ҳам, дурӯғаш барои баъзеҳо ҳай ширин аст-да. Дурӯғгӯву дурӯғросткун ё хушомадгӯву хушомадқабулкуна якҷоя бубинӣ, ҳамин қадар мувофиқанд, ки мисли ошиқумаъшуқи дар ё ранги пашшаву саргини хар. Маймун калтакалоса диду таърифаш кард чанд соат, барои он ки чанд рӯз пеш калтакалос ҳам дар ҳаққи маймун ҳамин хел суханҳои зӯр гуфта буд. Ҳаминхелиҳош барои акаи Ҷалилтон ҳич чашми дидану гапи гуфтан наёфтанд-да.

ӯ рӯзҳо як Навкари Назар дорем, хиҷолат мекашаву лекин мепурсад, ки акаи Ҷалил, рост аст, ки меган дар ҷанг самалоти одамқапак соз карда будиву ранги алибоҷ ё уқоб ворӣ паст шуда, фашистҳора ба панҷаҳои оҳаниш гирифта мебурдаст. Ҳатто меган Гитлера ҳамин самалот қатӣ қапидагӣ будаӣ.

Хайр, ин Навкари Назар аз ҳамин шогирдҳои худмону лекин ин гапа пештар шунавидагӣ набудаст. Акатон шухӣ карда, пурсид ки бовар накардӣ? Гуфт ки надидӣ, ака, ҷамъият ҷангал аст, одами ҳархелаш, дуруғгӯву каҷалагапаш бисёр, аз худтон шунавам беҳтар, лаззати гаптон дигар, аз қиссатон умри одам чанд соли дигар дароз мешавад.

Навкари бечорара дилаш соф, ба баду неки ягон кас кор надорад. Дар минаи тамоми одамҳои калтае, ки медонам, ҳамин қадар ростгӯву парядочниша дидам. Қадаш як ваҷаб, мисли чӯби аловшӯр қоқ, дар як муғоқ зиндагӣ дорад, сарша мебараву поҳоша не, дар ҷебакаш як тини зардак неву боз ягон каса фиреб намекунад. Ҳайрон мемонӣ.

Ин хурди калонкор сахт меҳнат мекарду ҷони сияҳ меканд, лекин чӣ дуое рафта буд, ки ҳич якаш ду намешуд. Як зимистон аҳволаш бад шуду омад хона, гарданакаш каҷ, хӯрданӣ надорам, пӯшиданӣ нест гуфт. Занака гуфтам, ки ғайри худат чизе дорӣ биёр, барад. Як пӯстини нимдошт доштам, ҳамона ҳам додамаш. Вақте мепӯшаш кайк дар даруни ҷувол… Як рӯзи тобистон як қиссаи қаҳрамонии акатона нақлаш кардам. Навкари шогирдмон гӯш дораду мазза мекунад. Гӯш кард — гӯш карду баъд гуфт, ки акаи Ҷалил, кай зимистон мешуда бошад, ки ҳамон пӯстини додагита пӯшаму ҷигити бузбала тобам. Сода-да, ба пӯстинпӯшӣ кор буд мешуд, баъзеҳо тобистон ҳам ӯра аз танашон намекашиданд.

Ана ҳамин хел, додарҳои ҷон, аҳволи ростӣ доим дар азоб аст. Чилдурӯғи момаи Мошарифа бовар мекунанду гапи акатона не. Пул медиҳанд гапи ҷӯгии фолбина гӯш мекунанду бовар, лекин вақте акаи Ҷалилтон гапа зад, боз сад ақлақу маҳмадонои дигар пайдо мешаваду аз қафо киш-кишу фиш-фиш.

Лекин бало ба паси ҳамаи ин. Биёем сари гапи Навкари ҷӯрамон. Ҳамаи гап дар бораи самалоти одамқапак рост буд.

… Дар ҷанг бурута тоб медиҳаму мезанам фашиста чапу рост. Баъд як фикр дар сарам зад. Ҳамин самалот-ку мепарад ин тарафу он тараф зоғча ворӣ. Чангол ки дошта бошад, уқоб ворӣ кадом фашистера, ки даркор шавад, гирифта овардан мегирад. Баъд як устора фарёд кардаму як самалота дукаса чанголи оҳанӣ часпондем. Чӣ меген, додарҳои ҷон, аввал вақте парвоз кардем, фашист мора ӯ қадар ба назар нагирифт. Лекин аз мобайншон чанд одами даркорира ҳуч карда бурда будем, ки даводаву паропар сар шуд. Ҳама ҷо гапи самалотуқоби акаи Ҷалилтон. Дар майдони ҷанг ҳам ҳамин гапу дар кабинети Гитлер ҳам. Акаи Сталин ҳамаи ира мешунаваду бурутша як тоб дода, механдаду «маладес, Джалилҷан» мега. Хулоса, чанд вақт парвоз карда будам, ки фашист ҳам дараки кора ёфт. Ҳамин ки самалотуқоби ман ба ҳаво мехест, ҳамаш дар вехи буттаву акопу ҳар каҷии ростомада лап мезад. Як бор ҳамин хел шуд, ки як фашисти шиштагира ҳуч карда овардем, бехабар, ки бечора қазои ҳоҷат доштааст. Аскарҳои худмон изорша пӯшонданд.

Қисса кӯтоҳ, кору раҳ ҳамин шуд, ки дигар фашисти меқапидагӣ намеёфтаму боз ба фикр рафтам. Фикр кардам-фикр кардаму боз як чизи дигар дар калла зад. Боз устора оварданд. Ин дафъа комбайн ворӣ як чиз сохтему дар тани самалот часпондемаш. Ягон дидагӣ намефаҳмид, ки ин  аҷоиботи олам чӣ бошад. Инаш калла мекашад, дигараш каҷпурсӣ мекунад. Хулоса афсару аскар ҳама ҳайрон.

Як замоне буд, ки акатон линга гардонд болои самалоти навбаромад. То ҷое, ки фашист нест, парвоз мекунем. Ҳамин, ки галаи фашиста дидам, самалётам маҳин паст мешавад, мефурояду асбоби сохтагимон комбайн ворӣ фашиста дам кашидан мегирад. Баъд аз қафо бароварда мепартояшон дарза-дарза бастагӣ камонҳошон дар қучоқшон. Аскарҳои мора ҳамин қадар кор мемонад, ки биёянду боршон кунанду барандшон Сибир дарахтбурӣ. Чӣ меген, ки ҳамин самалоткомбайн қатӣ доди фашиста додем.

Баъди чанд сол як кас ба ман нақл кард, ки ҳамон фашистҳои ба чанголи ин мошини булаҷаби акатон ғалтидагӣ то ҳозир ӯра хоб медидаанду ними шаб парида мехестаанд, ҳатто комбайнҳои оддии гандумдаравира гумони мошини акатон карда, чақримҳо мегурехтаанд.

Хулоса, самалоткомбайни акатон дар ҷанг хизмати бузург кард, то Берлин рафт.

Пас аз ҷанг мошинҳои пахтачинӣ пайдо шуданду боз дар каллаи акатон ҳамон андешаҳои пешина омаду ҷангу фашист. Баъд ба худам гуфтам, ки агар ҳамин мошинҳо ҳамон вақт мешуданду Ҷалил медид, ба ҷойи ғӯзаи пахта каллаи фашиста канда рафтан мегирифт. Баъд меоварду дар хирман харашон мекард. Агар як бори дигар ҳамон хел ҳодиса шаваду ҷангу ҷӯш, ҳаминхелиша ихтироъ мекунад акатон. Чӣ гуфтед додарҳои лахти ҷигар?

Дорои ДИЛОВАР

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: