Главная > Uncategorized > Таркиш!!!

Таркиш!!!

боиси марги зиёда аз 10 нафар гардид

Ду ҳафта пештар, аниқтараш 14-уми июни соли  2010 тақрибан соати 21-у 30 дақиқа дар наздикии деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ як мошини боркаши махсусгардондашуда ҳангоми аз ағбаи Шаҳристон фаромадан бо гази моеъ оташ гирифт. Агар як хабари пахш намудаи радиои «Озодӣ» ва онро такрор намудани радиои «Имрӯз»-ро сарфи назар намоем, оид ба ин масъала воситаҳои ахбори омма хомӯш буданд. Дар хабари радиоӣ қайд карда мешуд, ки як нафар ронанда дар ҷойи ҳодиса вафот кардаасту 16 нафари дигарро дар беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бистарӣ намудаанд.

Барои ба масъала равшанӣ андохтан роҳи ноҳияи Айниро пеш гирифтем. Аз нақли одамону шоҳидони бевоситаи ҳодиса маълум гардид, ки мошини дорои гази моеъ аз роҳ берун мешаваду ба дохили ҷӯйбори дар канори роҳ кофтаи хитоиҳо меафтад. Гази моеъ ба дохили ҷӯйбор рехта, ба поён ҷорӣ мешавад. Ҷӯйбор аз хок пур будаасту гази моеъ аз он ба рӯйи роҳи мошингард ва аз он ҷо ба сойчаи деҳаи Хушекат ҷорӣ гардида, то дарёи Зарафшон мерасад. Баногоҳ шарорае аз куҷо мехезаду газ якбора оташ гирифта, атрофро ба ларза меорад. Нафарони дар гирду атроф буда гумон мекунанд, ки замин таркиду аз қаъри он оташ забона зада, ба боло баромад. Баландии аланга, аз рӯйи нақли шоҳидони бевоситаи ин ҳодиса, аз 500 метр зиёд будааст. Оилаҳои дар ду соҳили ин дарёча бударо оташ ба комаш мегирад. Пас он аланга аз замин канда шуда, ба ҳаво рафтааст. Рӯ — рӯи дарёи Зарафшон ҳам қариб ним соат газ сӯхта ба поён ҷорӣ шудааст.

Ба деҳаи Хушекат рафтему пас аз дуою фотиҳа ва тасаллияти наздикони фавтидагон ба ҷойи ҳодиса баромадем. Агар замини сӯхтаву дарахтони сиёҳу ӯрёншуда аз ин ҳодиса ба «ёдгор» намемонданд, кас намедонист дар куҷо ин фалокат сар задааст. Кайҳо ҷойи оташгирифта, яъне ҷойи сӯхтаи мошинро бо хок пӯшонда буданд.

Бо муовини сардухтури беморхона оид ба қисми муолиҷавӣ А. Азизов вохӯрда, аз ҳолати касони дар беморхона бистаришуда пурсидем. Нақл намуд, ки нафарони дар беморхона бистаришуда аксарашон 90 — 100 фоиз сӯхтагӣ буданд. То ҷойе имконият доштанд, ба онҳо ёрии тиббӣ расонданд. 8 нафарашон дар беморхона вафот кардаанду боқимондаашонро ба дигар беморхонаҳо фиристодаанд ва аз қисмати онҳо огоҳ нест.

Нафарони аз ноҳияи Айнӣ, деҳаи Хушекат бо ҳаёт падруд гуфта аз ду оила будаанд. Аз як оила 5 нафару аз оилаи дигар 3 кас. Касе аз ин фавтидагон ҳомиладор будаасту духтурон барои наҷот додани тифли дар батни модари оташгирифта хеле ҷаҳд мекунанд. Аммо бенатиҷа мемонад. Тифл ҳам вафот мекунад. Ҳолдоне иброз кард, ки як каси дар натиҷаи ин ҳодиса оташгирифта аз Истаравшан будаасту ҳангоми бурдан дар роҳ вафот кардааст.

Дар бораи шумораи фавтидагон нуқтаи назари мардум яксон нест. Баъзеҳо иброз медоранд, ки дар натиҷаи ин сӯхтор одамони зиёде ҷони худро бохтаанд. Нафаре ки нахост номашро дар ин ҷо зикр намоем, иброз намуд, ки ҳеҷ гоҳ ронандагони мошинҳои боркашон дар роҳи дуру дароз тавассути ду ағба худашон танҳо сафар намекунанд ва ҳатман ҳамроҳашон ҳеҷ набошад як ё ду нафарро ҳамроҳ мегиранд.

Чун оташ батамом мошину ронандаро сӯзондааст, касе ба таври мушаххас гуфта наметавонад, ки дар ин мошин ғайр аз ронанда чанд каси дигар буд.

Барои ба ин масъала равшанӣ андохтан ба кормандони БДА-и ШКД-и ноҳияи Айнӣ муроҷиат намудем. Посух гирифтем, ки чизе гуфта наметавонанд, зеро прокуратураи ноҳия тафтишот бурда истодааст. Аммо як нафар корманди БДА иброз намуд, ки иҷозати таҳқиқи ҳодисаро надиҳанд, аз куҷо дар бораи он муфассал маълумот пайдо мекунӣ?

Он рӯз прокурори ноҳия Зайниддиновро дар прокуратураи ноҳия пайдо карда натавонистем. Аз рӯи гуфти муфаттиши прокуратура, барои вохӯрӣ бо меҳнаткашон ба деҳае рафта будааст. Тавассути телефон дар тамос шуда, аз ҳодиса пурсон гардидем ва илова намудем, ки оё нисбат ба ин таркиши боиси марги одамони зиёде гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ё не? Маълум гардид, ки маводҳои авваларо омода намудаанду прокуратураи вилоят онро гирифтааст…

Баъди пурсуҷӯи зиёд муайян намудем, ки зарфи газмеоварда (сестерний)-ро гирифта, ба шаҳри Душанбе овардаанду мошини сӯхта маълум нест. Вале он дар бинои як ташкилоти сохтмонии ноҳияи Айнӣ меистод. То ин ҳодиса аз шаҳри Хуҷанд газро меовардаанду дар ҳамин корхона ба дигар мошинҳои майдатар гирифта, пас ба шаҳри Душанбе мебурдаанд. Баъди ин ҳодиса якбора газро ба Душанбе мебаранд.

Намедонем оид ба ин масъала парванда оғоз намуда, ақаллан «гурбаи касеро пишт» мегуфта бошанд. Агар парванда накушоянду сабабҳои рух додани ин ҳодиса ба тариқи ҷиддӣ таҳқиқ нашавад, имкон дорад аз ин ҳодисаи сахттаре рух диҳад. Охир, нафарони ҷони худро бохта гӯсфанд ё бузғола набуданд! Вай кист, ки боиси марги одамони зиёде мегардаду боз осуда мегардад? Кӣ иҷозат дода бошад, ки тавассути ағба гази моеъро дар чунин ҳаҷми калон ба воситаи мошин кашонанд?

Ҳамон рӯзе, ки мо дар ноҳияи Айнӣ будем, чанд мошини гази моеъ мекашонда ба сӯи шаҳри Хуҷанд барои овардани газ рафтанд. Пас маълум мегардад, ки он ҳодиса «пинак»-и касеро вайрон накардааст. Агар чунин ҳодиса дар канори деҳаи Хушекат намешуду Худо накарда дар ягон маҳали аҳолинишин, масалан маркази ноҳияи Айнӣ, ноҳияи Варзоб ё шаҳри Истаравшан, ё шаҳри Душанбе рух медод, пас чӣ мешуд?! Мегӯянд, ки агар ҳамон мошини гази ба садама дучор гардида якбора метаркид, аз деҳаи Хушекату гирду атрофи он ному нишоне намемонд ва шукр мекунанд, ки гази моеъ тавассути об ба поён ҷорӣ шудаасту пас оташ гирифтааст. Вагарна ҳодисаи мудҳиштаре рух медод.

Кас ҳайрон мешавад! Дар роҳ бо либоси низомӣ истода, ронандаи мошини кирокашро сад паҳлу мегардонанду сад баҳона пеш меоранд, гӯё онҳо бехатарии роҳро таъмин мекарда бошанд. Аммо ин қадар гази моеъро (баъзеҳо 14 тоннаю баъзеи дигар аз он зиёд мегӯянд) бо чунин роҳи дуру дарозу пурхатар меоранду касе парвое надорад. Маъзарат мехоҳам, охир дар ин роҳ занаки ҳомиладор ҷуръати сафар намекунад, ки мабодо таваллуд накунад. Пас, чӣ хел гази моеъро ба чунин миқдор иҷозати овардан медиҳанд?…

Хомӯшӣ дар мо одат шуда бошад? Оид ба ин масъала ва умуман дигар фоҷеаҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ рухмедода телевизиону радиои тоҷик  хомӯшанд. Вале хабарҳои хориҷиро пас як ҳафтаи ба амал омаданашон такрор ба такрор нишон медиҳанд, дар фалон маконе як нафаракеро об бурдааст. Аммо тоҷик мемурад, ӯро скинхед намекушад, барои нафс, барои бой шудани чанд тани танпарвар мемураду бетарафиро пеша мекунанд. Иллат дар чӣ бошад?

Ҳамин қадар одам зери тармаҳои Майхӯра монду мурд, касе парво накард. Мардуми Кӯлобро сел ба комаш кашиду ба ҷойи мотам гирифтан дар тарабхонаҳо айш намуданд. Мошин оташ мегираду одамон мемуранд, вале ҳама осудаанд. Айб дар кӣ бошад?

Фаридуни Умарбек,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. M
    Июль 2, 2010 в 8:55 дп

    Az bistariyoni bemorkhona kase zinda namond, hamagi favtidand, Khudo rahmatashon kunad, Gazkashoni davom dorad, taqdiri mardum dar dasti gazfurushho hej chiz

  2. Sooroosh
    Июль 5, 2010 в 4:24 дп

    Худо рахмат кунад он мардумеро, ки чонашонро дар ин фалокат бохтанд.
    Ва ташаккур, ки ин хакикатро руи когаз овардед. Дар вокеъ овозахо атрофи ин ходиса бисёр буданд. Хар кас хар хел мегуфт. Вале мутаассифона, аз расонахои хукумати дар ин мавзуъ чизе пахш ё шархе хам нашуд.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: