Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Бешазор сокит буд. Анбӯҳи дарахтони гуногуни сар ба боло кашида таъмингари ин оромӣ буданд. Азбаски фасли тирамоҳ буд, баргҳои тилоии ба замин рехта кӯрпаеро мемонд, ки қариб дар ҳама ҷой заминро пӯшонида буд. Сокинони хурдакаки бешазор — санҷобҳо рӯ-рӯи баргҳо ҷаҳида, гоҳ-гоҳ ба танаи дарахтон часпида боло баромадаву аз тани дарахтон ба замин фаромада, аз зери баргҳо хӯроке барои худ дарёфт намуда, меошомиданд. Рӯзи сеюм буд, ки Азиз дар ин бешазор беҳуш мехобид. Ҷисми нимҷони ӯ аз зарби мушту лагади ҳамшаҳриҳо сиёҳу кабуд гашта, сараш хуншор буд. Ҳарчанд моҳи сентябр бошад ҳам, ҳаво ба андозае гарм буд. Вале ин бешазор як хосияти хуби дигар низ дошт, ки аз шамол ва агар зери дарахтони анбӯҳ бошӣ, аз борон муҳофизат мекард. Азиз фақат дар рӯзи чаҳорум чашми худро каме кушода, ба атроф нигарист. Дарди ҷонкоҳе аз тарафи чапаш қалби ӯро мефишурд. Базӯр худро кашола карда ба дарахти наздиктарин расонду бар он такя зада нишаст. Каме нафас рост намуда, куртаи тагашро, ки ғиҷим шуда буд, гирифта, сари хуншорашро баст. Сонӣ палмосида-палмосида чӯбе ба таёқ монандро ёфту тамоми вазни худро ба он бор кард. Аз ҷой хестан ҳамоно сараш чарх зад, пеши чашмонаш торикӣ ҳалқа задан гирифт ва боз аз ҳуш рафта ба замин афтод. Баъди соате ба ҳуш омад. Рӯз ба поён мерасид, охирин нурҳои заррини офтоб ба баргҳои тиллоии бешазор бархӯрда, манзараи мафтункунандаеро намоиш медод. Азиз, ки лаҳзае ҳама дарду азобашро фаромӯш карда, мафтуни ин зебоии табиат гашта буд, суруди боре аз куҷое шунидаашро ба ёд овард: «Красивая страна Болгария, А Россия лучшее всех». — Агар Русия аз ҳама ҳам зебо набошад ҳам, дар тирамоҳ зебо мешавад. Хусусан бешазораш,- аз дил гузаронд Азиз. Ба куҷо ӯро оварда партофтанд, ба кадом тараф бояд рафт? Ба ёдаш мактаби миёна ва фанни ҷуғрофия омад. Дар ин ҳолатҳо аввал Ҷанубу Шимолро ёфтан даркор буд. Вале вазъияте, ки ӯ қарор дошт, чунин роҳ ёрӣ намерасонд. ӯ ба кадом тараф рафтанашро намедонист. Каме ба хомӯшии бешазор гӯш дод. Аз тарафе, ки офтоб ба ғуруб мерафт, каме паст ҳам бошад, гоҳ-гоҳ шалаппаси ба соҳил бархӯрдани мавҷҳои об меомад. Пас, маълум мешавад, ки халиҷи Фин дар ин тараф аст. На он қадар дуртар аз халиҷ бояд роҳи оҳани қатораҳои наздишаҳрӣ ё ба қавле «электричкаҳо» вуҷуд дошта бошад. Бо ҳамин ният Азиз оҳиста-оҳиста бо ёрии чӯбдаст аз ҷой хеста, лангон-лангон ба тарафи муқобил раҳсипор шуд. Азиз каме хато карда буд. Бояд камтари дигар ба тарафи дасти чап мегашт ва баъд аз се-сеюним фарсанг ба роҳи оҳану мошингард мебаромад. Дилаш дард мекард, ҷароҳатҳояш азобаш медоданд, гурӯснагӣ беҳолу бемадораш карда буд. Хулоса, як шабонарӯзи дигар Азиз дар бешазор сарсону саргардон, аз ҳолу мадор рафта, зери дарахте афтода монд. Ҳама орзую умедҳо қариб яке паси дигар барбод мерафтанд. Азиз аз зиндагӣ дасту дил шӯста буд. ӯ ҳатто чуқуриеро интихоб карда буд барои манзили охираташ. Бо он андеша, ки агар гӯшташро баъди мурданаш гургу хирс хӯранд ҳам, устухонҳояш аз ҳамин чуқурӣ мебарояд.

Азиз умед аз зиндагӣ канда буд. Он бешазоре, ки рӯзи аввали чашм кушодан дар назараш зебою мафтункунанда буд, ҳозир ба як чоҳи бетаг, ба як зиндони торику дилгиркунанда мубаддал гардида. Ҳатто ҳамон дарахтони сар ба боло кашида ба дили Азиз зада буданд. Ҳатто дар масофаи 20-30 метр дуртар дар гирду атроф чизеро диданд мумкин набуд. Ҳама ҷо анбӯҳи дарахтони қадбаланд. Охирин қувва ва ғайрату ирода Азизро тарк мекард. «Афсӯс, ки рӯи фарзандонро нодида меравам. Азизаи маро баъд аз сари ман ҳолаш чӣ мешуда бошад? Модари муштипари касалмандам баъд аз сари ман чӣ рӯз медида бошад?». Ба ҳамин монанд фикрҳои даҳшатангезу воҳиманок қалби ноороми Азизро нооромтар намуда, хотирашро мушавваш месохтанд. ӯ аз ҳуш нарафта буд, вале баҳуш ҳам набуд. Он қадар зарбу лат ва қариб панҷ шабонарӯзи гӯшнагиву ташнагӣ кори худро карда буд. ӯ дар ҳолати карахтӣ қарор дошт. На мадори хестан дошту на қувваи пеш ҳаракат кардан.

Дар чунин як ҳоли зоре, ки Азизи дур аз ватан дар бешазори назди халиҷи Фину баҳри Балтика дошт, ногаҳон ба гӯшаш садои мошин расид. Азиз ҳамоно ба ҳуш омад, як қувваи фавқулоддае гӯё ӯро такон дод. ӯ батамом ҳушу гӯш ба он садо шуда, тамоми қувваашро ҷамъ намуда, аз ҷой хесту давид. Начандон дуртар аз ҷойи ба замин афтодаи Азиз роҳи хурдакаки аробагузар воқеъ будааст, ки садо аз ҳамон тараф меомад.

Нормуҳаммади БЕКЗОДА, Санкт — Петербург

(давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: