Главная > Uncategorized > Гиряи модари муҳоҷир

Гиряи модари муҳоҷир

Як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар берун аз шаҳр кор мекарданд. Онҳо зану шавҳар ба картошкачинӣ машғул буданд. Шабҳо бошад, картошка тоза мекарданд. Шабе доду фарёди зиёд шунида шуд. Салимаву фарзандонаш ҷониби садо давиданд. Ҳақиқати воқеа ин буд, ки муҳоҷире масту аласт корманди милисаро латукӯб карда, бо шишаи холии шароб бинии ӯро шикастааст. Кормандони шӯъбаи ба деҳа наздик омада дигар тоҷикони бегуноҳро таги шаттаву мушт мегиранд. Салимаву духтаронаш ба таҳхона даромада, пинҳон шуданд. Тамоми муҳоҷиронро чунон кӯфтанд, ки ба қавле ягон ҷойи ободашон намонд. Салима даруни таҳхона гириста — гириста то субҳ калима гардонд. Субҳ онҳоро ба шӯъбаи милиса ҳамчун шоҳид барои пурсиш бурданд. Салимаро додгустар ончунон пурсиш кард, ки ӯ аз асабонияти зиёд мисли ақлгумкарда гашт. Ба суолхои тарҷумону додгустар базӯр посух дода, гиря мекард, гиряи бодарди модари тоҷики муҳоҷир…
Гарди андӯҳ, гарди ғам,
Гарди хуну гарди нам,
Синачокам аз ғарибӣ,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ…

Тиҷорати кокоин

Муҳоҷире аз водии Рашт дар ҳолате афтод, ки ба қатори сагҳои кӯчагии Питер баробар шуд. Аз ҷойи кор пулашро надода пешаш карданд. Аз хонаи иҷора ҳам берун шуд. Телефони мобилияшро арзон фурӯхта, якчанд рӯз кам — кам нон харида хӯрд. Ҷойи хобаш рӯйи хараки боғи истироҳатие буд. Ҳамин ҷо бо марди озарие шинос шуду ӯ пешниҳод кард, ки кори пулдоре ҳасту агар хоҳад кӯмак менамояд. ӯ ки ин дам ҳатто ба мурдан розӣ шуда буд, нею нестон накард. Марди озарӣ соати 6-и субҳ омаду ӯро бо худ бурд.
Ҷамшед субҳ бо ӯ ба як деҳаи дурдасти Питер рафт. Мард гирди миёни ӯ дар селофанҳои тунук кокоинро номаълум печонид. Аз болои ин як таҳпӯши танг дод, ки пӯшад. Ҷамшед акнун пайхас кард, ки ба дасти нашъаҷаллобон афтодааст, аммо пушаймонӣ суд надошт. Вақте аз байни ҷангали анбӯҳу хилват мегузашт, ҳис кард, ки касе аз пасаш омада истодааст. Ба пасаш гашта нигоҳ кард. Як марди бузургҷусса бо туфангча аз пасаш чун муҳофиз меомад. ӯ медонист, ки ин мард ӯро нигаҳбонӣ мекунад. Дилаш аз худаш пур шуду қадаммонияшро тезтар кард. Қарибиҳои шом ба ҷойи таъиншуда расид. Ба пасаш нигарист, муҳофизашро надид. Рӯ ба рӯяш як хоначаи хасини русӣ намудор шуд. Дарро тақ-тақ кард. Баъди тахминан 10 дақиқа ду нафар ҷавонмарди ба мардуми славянӣ шабоҳатдошта баромаданд. Онҳо суоломез ишора карданд: «Ку бор?».
— Ана…,- чеҳраи Ҷамшед сап-сафед канда, дастону пойҳояш дир-дир меларзиданд.
— Ҳа, чӣ шуд?
— Ҳеҷ…
Онҳо байни ҳам чизе гуфтанду сипас аз миёни Ҷамшед селофанҳоро кушода, бӯй кашиданд. Сипас ба Ҷамшед ишора карданд, ки гашта ба роҳаш равад. Ҷамшед хаставу гӯшна қафо гашт. Пас аз ду рӯз ҳамон озарӣ омада, ба дасташ 5000 доллар дод. Баъди гирифтани чунин пули калон ӯ «маззахӯрак» шуд. Моҳи дигараш боз селофанҳоро ба миён баста, ба роҳ баромад. Аммо худи ҳамон шаб ҷасади ба таври шинохтанашаванда кушташудаи ӯро аз ҷангал ёфтанд.

Тӯҳмат

Ҷавонмарди тоҷик барои бо хонавода дар тамос шудан ба интернет-кафе даромад. Навбат хеле зиёд буд. ӯ боодобона салом дода, рӯйи мизе нишаст. Дар он ҷо як кампираки рус ҳамроҳи сагчае менишаст. Аз байн 15 дақиқа нагузашта, кампирак менеҷери қаҳвахонаро фарёд карда, рӯйирост дурӯғ гуфт:
— Медонед, ин ҷо рӯйи миз селофанчаи ман меистод. Ҳамин ҳозиракак гум шуд. Дар дарунаш 1500 рубли русӣ ва проездной дошт. Ғайр аз ин ҷавон дигар касе инҷо набуд.
Муҳоҷири тоҷик аз шарм ба обу арақ ғӯтида, дод мезад, ки ягон хел селофанро надидааст. Кампирак ҳамоно мегуфт: «Кроме этого молодого человека здесь никого не было». Менеҷери корхона, ки хеле донову зирак буд, гуфт:
— Хола, дигар кормандони милисаро фарёд кунем, дар сурати дурӯғ будани аризаатон шуморо шояд ба ҳабс гиранд.
— Не — не, ман рафтам. Чашмони ман хира шудаанд. Аломати пирӣ-да! Селофанро дар даруни сумка монда, надидаам. Узр…
Кампираки маккор сагчаашро гирифту аз қаҳвахона баромад.

Шаҳлои НАҶМИДДИН,
Санкт-Петербург

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: