Главная > Uncategorized > Нафасе бо Хӯҷаи Хизр

Нафасе бо Хӯҷаи Хизр

Додарҳои ҷон, вақтҳои охир аз ман бисёр мепурсанд: акаи Ҷалил, дар зиндагит ягон мӯъҷиза рӯй дода буд, шояд ягон бузургвор назар карда бошадтон? Аз ин хел каҷпурсиҳо акатон гизалаву пакари ҳот мешаваду дигар ҷойи шиштанша наёфтаву чӣ ҷавоб доданша намедонад. О ин калу кӯру гарангу малангҳо намедонанд ё худшона дидаву дониста ба нодонӣ мезананд, ки тамоми ҳаёти акаи Ҷалилтон саропо мӯъҷиза буд. Ё ин ки акатон аз кадом бузургвор камӣ дорад? Дунёра гулу гарангаш ин қадар бисёр будаст!… Умри ҷавонашона мегузаронанду баъде ки пири мурданӣ шуданду тобутзеб, аз ӯҳо ришу фаш мебиниву намозу рӯза, тааҷҷубӣ мешавӣ. Рафта як тупи хока саҷда мекунанд, ба чашм мемоланд, бузу гӯсфанду гов мекушанд, дуову садақаву сад гӯру балои дигар, лекин намедонанд, ки дар ҳамон қабри сабилмонда кӣ хоб аст. Бузургвор аст мегану халос. Барои чӣ? Барои он ки кадом беақли дигар кадом вақте ҳамин хел гуфта будаст. Лекин акаи Ҷалилтон зиндаву соқу саломат дар пешшону ӯра зиёрат ӯ сӯ истад, чашми дидан надоранд. Хайр бало ба пасшон, сари чандин пайғамбару олима ҳаминхелиҳо хурдагӣ. Аввал сарша мехӯранду баъд ба гуфти як ҷӯраи урусам, дареғу афсӯса аз болош закуска мекунанд, ки дар вақташ ба қадраш нарасидем. Мо ҳам дар қатори ҳамонҳо-да… Додарҳои ҷону ҷигари ман ки бошед, гуфтам-ку, мардуми мо ба одаме саҷда мекунад, ки занаш гапша намегирад. Мана, дар деҳаи ҳамсоя як мӯйсафед аст. ӯра ман медонам. Дар давраҳои бачагӣ кораш полиздуздиву мурғдуздӣ буд. Раҳбараҳ калаи мурғи дуздидагиша мегирифту пӯсту парташ мекард. То хона мерасид, ки мурғ аллакай лучи таппа-тайёр. Қатии раҳматии момаш даруни мурға тез тоза мекарданду дар дег меандохтандаш. Як бор ҳатто дунбаи гӯсфанди зиндара бурида, хонаш бурда буд ҷунахуг. Бегаҳ гӯсфанди бечора ба хонаи соҳибаш бармегардад, ки думба надорад. Соҳибаш аз ҳавлӣ зада ҳайаш мекунаду гӯсфанди бечора боз майли даромадан дорад. Соҳибаш дуруст гашта нигоҳ мекунад, ки гӯсфанди худаш, лекин аз думбаи калон ҳамон устухони мобайнаш мондасту тамом. Биёбу бигир… Хулоса, мана ҳамин одами имрӯз риша дароз монда, нағмаҳои нав пайдо кардаст. Риш сафед, салаву ҷелаку изор ҳама сафед, боз аз куҷое ранги худаш як хари сап-сафеда харида, ҷилу пордуми сафед зада, саворӣ карда мегардад. Як бегоҳӣ дар роҳи байни ду деҳа як зани калонсоли соҳиби набера бо ин ришсафед рӯ ба рӯ меояд. Занаки беақл мебинад, ки сарупои ришакӣ ҳама сафед, харашу ҷилу пӯстакаш нӣ сафед, гумон мекунад, ки бахт хандид, ӯ Хӯҷаи Хизр аст. Ришсафед бошад як атрофа чашм медавонад, ки ҳич кас нест, аз хар мефурояду ба занак наздик мешавад. Занака дар дил шубҳае намонд, ки ғайри Хуҷаи Хизр дар рӯ ба рӯш каси дигаре нест. Риш бошад ҳолати занака пай мебараду дудаста салом мекунад, баъд аз банди дасташ қапида ҳолу аҳволаш мепурсад. Калтаву кӯтаҳи гап, занака то ақл дар сараш мезанад, ки мӯйсафед дар ҳамон паҳлӯи роҳ масъалаша ҳал карда, боз дар хараш савор мешаваду қамчин зада меравад ба роҳаш. Занаки бечора ба ҳуш омада, ба хонаш мераваду кори шудагӣ шуд гуфта, ба куртаи танаш сир бой намедиҳад. Вале чӣ меген, ки пас аз чанд вақт занак касал мешаваду мебарандаш касалхона. Духтурҳо дубораву себора санҷида меган, ки хоҳ бовар кунеду хоҳ не ӯ ҳомиладор аст… Баъди таку дарак хешу табори занак фаҳмиданд, ки ин ришакӣ боз ҳамин минвол чандин занаки дигара фанду фиреб додаву корҳошона панҷ карда будааст… Додарҳои ҷон, пеши душманон дурӯғ, пеши дӯстон рост, ҳамин Хуҷаи Хизре ки ҳама дар орзуи дидораш тамоми умр худиву бегонара ин қадар сахт қучоқ мегиранду сахт меҷуқанд, бо акаи Ҷалилтон чанд бор вар хурдагӣ. Мо вақте кӯдак будем, калонтару баақлҳо мегуфтанд, ки Хуҷаи Хизр ҳеҷ гоҳ намемурад ва ба ҳар сурат даромада, дар рӯйи дунё фур мегардад. Барои ҳамин ҳам мардакҳои ҷойи мо вақти бо ягон одами ношинос вохӯрдан дудаста салом карда, нарангушти ӯра зер мекарданд, ки мабодо бе устухон набошад. Мегуфтанд, ки ягона чизе, ки аз рӯйи он шинохтани Хуҷаи Хизр мумкин аст, нарангушти беустухонаш аст. Як вақт мардаке ҳатто ба назди зани бегонае, ки шаб дар хонаш меҳмон шуда будааст, медарояд. Дилу нияти ӯра, ки дар он ними шаб чӣ мехостаст, худаш медонаду Худо, лекин мардака занаш дар бари занаки меҳмон қапида, қариб буд хонаша дар пушташ гардонаду кӯдакҳора гирифта, баромада равад. Лекин мардаки бало, як гапа гаштаву баргашта такрор мекард, ки ман фақат дастша қапида будам, ки мабодо ҳазрати Хуҷаи Хизр набошад. Аз гирду гӯша одами бисёре ҷамъ мешавад тамошобин, баъд як ҳамсоя одамгарӣ карда, занаки бечорара мефаҳмонад, ки ҳа, ҳамин хел аст, ҳазрата фақат ҳамин хел шинохтан мумкин. Ҳамсоя ҳам бало-да. Чунон фаҳмондаст, ки занаки бечора пас аз ин сахт дар хиҷолат мемонаду афсӯс мехӯрад, ки қариб буд шавҳари худодӯстша тӯҳмат кунад… Вақте дар ҷанг ғалаба кардем, ба акаи Сталин гуфтам, ки агар ягон хизмати дигар набошад, биё акнун ман хона равам. Акаи Сталин гуфт, ки ҳоли бест, парад мешавад, тура дар аспи сафед сувор мекунем, маршалу генералҳо дар пешат омада чест медиҳанд. Дар ҳамон парад якҷоя каманда медиҳему баъд паноҳат ба Худо мекунем. Ман гуфтам, ки маршалу генералҳо ҳастанд, ин кор зеби ҳамонҳо дорад, ман одами ҳарбӣ нестам, баъд ин ки фукчухтиву манманира нағз намебинам, ҳарчи кардам дар гарданам қарз буд. Акаи Сталин дид намешавад, гуфт, ки ин хел бошад, гап мезанам, самалот бурда дар хонат мерасонад. Ман ҷавоб додам, ки мехоҳам поезд қатӣ раваму ватани паҳну парешонма бубинам. Акаи Сталин ноилоҷ розӣ шуд. Баъд як генерала фармон дод, ки акаи Ҷалилтона вокзали роҳи оҳан барад. Генералу боз чанд афсари штаби генерадӣ бурданд мара вокзал, билетам гирифтанду ҳамроҳам истоданӣ буданд, ки ман ҷавобшон додам: билет дорам, поезд ҳозир раҳакӣ мешавад, чӣ даркор як гала одама саргардон кардан? ӯҳо хайрухуш карда рафтанду ман ҳамон ҷо фикр карда истодам. Ҳамин вақт касе дар пуштам оҳиста тап-тап зад. Гашта бинам як полковник, кундуки сина чапу рост пури ордену медал. Чеҳраш ҳамин хел шинос, ки ҳич ба хотир оварда наметавонам, ки ӯра куҷо дида бошам. «Джалилҷан, эта ты?»,- пурсид ӯ. Ман «да» гуфта будам, ки гапа сар кард. — Бар падарат раҳмат, бар модарат раҳмат, бар бобову бобокалонат раҳмат, бар хешу таборат раҳмат, бар ӯ замине ки тура парваридаст, раҳмат. ӯ замина сангу хокаш зӯр будаст. Худо буду худат, ки ин фашисти одамхӯр мағлубу хас каму ҷаҳон пок шуд. Агар ту намешудӣ Худо медонад боз чӣ хел номаъқулиҳо мекард ин фашисти аҳмақ… ӯ гап мезаду ман аз ҳусну ҷамолаш, суханҳои ҷазабадораш мафтун шуда будаму гаштаву баргашта худма мепурсидам, ки ӯ кӣ бошад. Лекин як гӯшаи дилам мегуфт, ки «ин одами андак-мандак нест, ғофилира ки ӯ Хуҷаи Хизр бошаду ман нофаҳмида монам». Ва тупа-туғрӣ ҳамин хел шуд. Банди ҳамин фикр будам, ки як лаҳза аз хоб хестагӣ ворӣ мӯйи танам вижжас кард: дидам ки полковник ҳамин нивидимкаи кино ворӣ ғайб задаст. Ин тараф нигоҳ кардаму он тараф — нест. Давидам чор тарафи вакзал, лекин наёфтамаш. Баъд бовар кардам, ки дар ҳақиқат ӯ Хуҷаи Хизр будаст. Аз ғайб омаду ба ғайб рафт. Мана ҳамин хел, додарҳои ҷон, акаи Ҷалилтон беҳуда ин гапҳора намега. Лекин дар байни ин мардум ӯ гап ҳам занад гандаву гап ҳам назанад ганда. Чӣ мегӯӣ ба онҳо? Лекин шумо пасаш нагардед. Акаи Ҷалилтона як рӯз не як рӯз мефаҳманд. Мефаҳманду деру дуруст. Лекин судшон намекунад. Акатон дар аспи чӯбин, ки линга гардонду савор шуд, дигар парвои ягонташ нахоҳад дошт… Дорои ДИЛОВАР

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: