Главная > Uncategorized > Таҳрири нави Қонуни матбуот метавонад мушкили дастрасӣ ба иттилоотро аз байн барад?

Таҳрири нави Қонуни матбуот метавонад мушкили дастрасӣ ба иттилоотро аз байн барад?

Дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи масъулин, таҳрири нави қонун ба талаботи журналистикаи муосир мувофиқ карда шуда, беҳтарин намуна дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳамчунин, зикр мешавад, ки тарҳи ислоҳи қонун имкон медиҳад роҳбарони корхонаву вазорату идораҳои кишвар барои сари вақт дастрас кардани маълумот ба журналистон ӯҳдадор шаванд. Аммо чун ин баҳс баҳси нав несту чанд сол қабл ҳам бархоста буд, ба як суол ба журналистоне муроҷиат кардем, ки бевосита ба матбуот пайвастагӣ ва таваҷҷӯҳ доранд:

Абдуазими АБДУВАҲҲОБ, рӯзноманигор:

— То  ҷойе,  ки ман иттилоъ дорам, Қонуни нав яке аз қонунҳои беҳтарин дар Осиёи Марказӣ мешудааст ва ин аввалин қонун нест, ки ҳамин раисони мо мегӯяд «аввалин қонуни беҳтарин аст». Ҳамаи қонунҳои мо дар доираи демократия таҳия шудаанд ва ҳамаи онҳо беҳтаринанд. Ягон қонун бадӣ надорад, зеро қонунҳои мо ҳамааш аз қонунҳои давлатҳои дигар кӯчонида шудаанд. Фикр мекунам, ҳамин қонун ҳам мисли қонунҳои пештара тағйироти мусбатеро дар фаъолияти журналистӣ ё ба даст овардани иттилоот ворид карда наметавонад. Зеро масъулоне, ки аз онҳо ҳамчун манбаъ истифода мебарем, худашон медонанду дави аспашон. Тибқи ин тасмими навашон гӯё масъулин вазифадор мешаванд дар давоми се рӯз ба ВАО ҷавоб диҳанд. Шояд ин тасмим барои дар қонун ворид кардани ҳамон қароре бошад, ки чанде пеш ба тасвиб расиду тибқи он иттилоот бояд пулакӣ бошад. Ман дигар чизи наверо намебинам. Яъне, дарёфт кардани иттилоъ пеш аз ҳама вобаста аст ба ҳунари журналист, на ба ягон масъули давлатӣ ё қонуну қароре, ки таъсире надорад.

Абдумудассир АҲМАДЗОДА, ҳафтаномаи «Тоҷикистон»:

— Масъалаи таҳрири нави Қонуни матбуот имрӯзҳо дар Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Шояд мехоҳанд ба ҳамин восита ҳам нақши матбуотро дар ҷомеа баландтар баранд ва ҳам сохторҳоеро, ки бояд ба танқиди матбуот ҷавобгӯ бошанд, андаке бедор кунанд. Аммо пеш аз он, ки ба  ин масъала баҳо диҳем, бояд тарҳи лоиҳаи охиринро аз назар гузаронем, ки дар он мушаххасан чӣ гуфта шудааст. То ҳол дар ин бора ягон маълумот нест. Вале ба гумони ман, ҳар қадар ба як қонун тағйирот ворид кардан гиранд ва ҳар қадар бештар ба ҳамон қонун часпидан гиранд, шояд рӯзе мерасад, ки ин қонун ҳамон чизи доштаашро ҳам аз даст медиҳад. «Мо ба рӯзноманигор кӯмак мерасонем» гуфта, шояд бештар зарар расонанд. Яъне, бо ин баҳона метавонанд ба қонун тағйиротеро ворид намоянд, ки кори журналистонро боз ҳам мушкилтар намояд, ё як андоза ба сензура оварда расонад. Барои ҳамин ман аз тарҳи ин лоиҳа каме хавотирам.

Хилватшоҳи МАҲМУД, коршинос:

— Ба назари банда, қонуни матбуоте, ки соли 1990 қабул шудаву феълан дар Тоҷикистон амал мекунад, беҳтарин намунаи қонунҳо дар Осиёи Марказист. Агар журналистони мо бо ин қонун ошно бошанд, мушкилоте барои дастрасии иттилоот дар он қонун вуҷуд надорад. Аммо зерқонунҳо ва санадҳои дигаре ҳастанд, ки ин қонунро маҳдуд мекунанд, фаъолияти журналистиро танг месозанд. Ман фикр мекунам, қонуни матбуотеро, ки ҳоло амал мекунад, иваз намудан ё тағйир додан  бар зарари кор аст.

Хуршеди АТОВУЛЛО, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж»:

— Дар мавриди даровардани ислоҳ ба Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» солҳои зиёд мегӯянду мегӯянд. Махсусан моддаи 6-и ин қонун ҳам рӯзноманигорон ва ҳам хизматчиёни ҷамъиятиро ба ташвиш овардааст. Ба он хотир, ки дар ин ҷо махсусан ин  тағйиротҳою иловаҳое, ки дароварда шуд, як гуна нофаҳмиҳо дорад. Дар ҳамин модда як ҷумла омадааст ки «таҳқири мансабдорони мақомоти давлатӣ манъ аст». Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлатӣ худ таҳқирро аз танқид фарқ намекунанд ва маҳз ҳамин чиз то ҷое монеи дастрасӣ ба иттилоот гаштааст. Пас, ҳангоми таҳияи лоиҳаи нав масъалаи муҳиму асосӣ масъалаи моддаи 6 мебошад, ки тағйироти хеле зиёд мехоҳад.

Завқибеки МИРЗО, журналист:

— Агарчи муаллифони қонун иддао доранд, ки тарҳи он беҳтарин намуна дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, аммо ба андешаи ман, қонуни имрӯз амалкунандаи ВАО-и тоҷикро низ метавон беҳтарин гуфт. Ба ҷуз ҳамин нуқтаи тарҳи нав, ки мақомоти масъули давлатӣ муваззаф хоҳанд шуд ба тамоми дархосту пурсиши хабарнигорон дар зарфи се рӯз посухи расмӣ бидиҳанд. Вале муҳимтар аз ҳама, гап сари он аст, ки то куҷо масъулини соҳибмансаб ин банди қонунро риоя мекунанд.

Тибқи фармони Президент таҳти №622 тамоми вазорату корхонаҳо ва сохторҳои ҳукумативу ғайриҳукуматиро мебоист ба мақолаҳои танқидии журналистон вокуниш нишон диҳанд. Вале имрӯз шумо як бор аз сармуҳаррири ҳамон ҳафтаномаи худатон пурсед, ки чӣ қадар вокунишеро онҳо интизоранд аз мақомоту вазоратҳои кишвар. Аз ин рӯ, айни замон на ислоҳи қонун, балки иҷрои он заруртар аст!

Омодасоз: Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: