Главная > Uncategorized > «Тоҷикстандарт» бояд ҷавоб гӯяд!

«Тоҷикстандарт» бояд ҷавоб гӯяд!

Расо як сол қабл, 24-уми апрели соли 2009 аз сабаби камбуди нерӯи барқ президенти мамлакат фармонеро барои танзими барқ оид ба истифодаи лампаҳои каммасраф қабул намуда буд, ки пас аз ин иқдом мардуми тоҷикро гӯё охирин дороияшонро аз дасташон мегирифта бошанд, якбора изҳори норизоӣ баён намуданд. Зеро ҳам нархи ин лампаҳо гарон буд ва ҳам рӯшноияшон монанди он лампаҳои ба истилоҳ «иличие», ки мардум ба онҳо одат карда буданд, кифоя набуд. Болои ҳамаи ин, мардумро барои зудтар гузаштан ба истифодаи чунин фурӯзонакҳо маҷбур карданд ва эшон аз гаронии нархи ин фурӯзонакҳо, ки арзонтаринаш 2,5 сомонӣ мебошад, нигаронӣ мекарданд.

Ҳамчунин, президенти кишвар 17-уми ноябри соли гузашта фармонеро дар бораи манъи фурӯши лампаҳои маъмулӣ дар қаламрави кишвар ба имзо расонида буд. Ин ҳама ҳангомаҳои мардум ҳатто ВАО-ро (ба ҷуз аз телевизионҳо, ки дар тарғиби чунин супоришҳо дар ҷойи авваланд) низ ором гузошта натавонист. Масъулони энергетика ҳамеша таъкид мекарданд, ки бо қабули ин фармон метавон талафи миқдори нерӯи барқеро пешгирӣ кард, ки дар нерӯгоҳи «Сангтӯда» ҳосил мешавад. Ҳарчанд мувофиқи гуфтаи чунин миқдори воҳиманоки масъулони барқ нашуда бошад ҳам, вале фоидаи ин иқдом дар як соли ахир эҳсосшаванда ба назар мерасид. Зеро сарвари давлат ҳам дар як баромади худ аз истифодаи чунин фурӯзонакҳо изҳори қаноатмандӣ карда буд. Аммо чӣ илоҷ, ки баъди ба тасвиб расидани чунин фармон дар Тоҷикистон нархи нерӯи барқ дар як сол қариб ду баробар афзуд. Яъне ду понздаҳ як сӣ шуд. Пас маълум мегардад, ки истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф аз мардум дида, ба буҷаи давлат фоида меорад. Хайр, ба ҳар ҳол, гузаштан ба ин иқдомро мусбат метавон арзёбӣ намуд.

Бояд қайд кард, ки истифодаи чунин фурӯзонакҳо дар кишварҳои хориҷа, Иттиҳоди Аврупо, алалхусус Русия кайҳо боз шурӯъ шудаву мардум бе ҳангома аз онҳо истифода мебаранд. Ҳамакнун мардуми тоҷик низ дар ин мавзӯъ хомӯшанд ва маълум мешавад, ки ин фурӯзонакҳо ба иқтисодиёти хонадонашон каме ҳам бошад, фоидае зам кардааст, вагарна аз пайи сохтани корхонаҳои истеҳсолкунандаи чунин лампаҳо намешуданд. Нахустин чунин як корхонаро дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд бунёд намудаанд, ки ҳамакнун аз ин пас ширкати мавсум ба «Сомон» дар ҳар моҳ бо теъдоди 130 то 140 ҳазор лампаҳои каммасрафро истеҳсол хоҳад кард. Тибқи маълумоти муассиси ин ширкат Абдураҳим Исмоилов дастгоҳи тавлиди фурӯзонакҳо аз Ҷумҳурии Чин ворид шудааст ва ҳамзамон дар ширкат мутахассисони чинӣ низ кор мекунанд. Корхона 80 нафарро бо ҷойи кор таъмин кардааст, ки қисми зиёде аз онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳоле ки иқтисодиёти Тоҷикистон «ба ду по мелангад», тавлиди чунин корхонаҳое, ки тавонад мардумро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намояд, иқдоми хело ҳам зарурист. Гуфта мешавад, ки қабл аз бунёди ин корхона чунин фурӯзонакҳо аслан аз хориҷа, бахусус Ҷумҳурии Чин ворид мешуданд. Вале то чи андоза ин корхона бо вуҷуди дорои технологияи истеҳсолии Чин будан тавони истеҳсоли лампаҳои босифат ва нисбатан арзонтареро ба роҳ монданаш дар оянда аён хоҳад шуд. Таҳлилгари масоили марбут ба энергетика Ғуломиддин Сайфиддинов мавзӯъро чунин шарҳ дод:

— Дар масъалаи сарфаи барқ ду рақамро гуфтанд. Яке «500 миллион сарфа кардаанд» мегуфт ва дигаре «2 миллиард», ки ман ба ин тамоман бовар надорам. Якумаш ин ки, канӣ он ҳисобкунакҳо, ки инро ҳисоб карда барояд, аз рӯйи кадом тахминот? Тамоми роҳбарияти давлатии тоҷик ин гапро гуфтанд. Ин дурӯғ аст ва ман гумон мекунам, ки 300 миллион шояд масраф шуда бошад. Дигар ин ки, номи онро фурӯзонак ниҳодаанд. Фурӯзонак чизи дигар аст ва бояд чароғ гуфт. Агар шумо диққат диҳед, хуб аён мешавад, ки даҳҳо ва ҳатто миллионҳо чароғаке, ки ба мо фурӯхтанд, дар як рӯз 1 соат сӯхта рафт ва аз ин ҳисоб садҳо сомонии мардум ба ҳаво рафт, ки он кам набуд. Ба ҷойи он ягон истгоҳи барқӣ месохтанд, беҳтар буд. Ба кисаи мардум зарари калон овард. Яъне онҳо ба кисаи мардум нигоҳ мекунанд, ки барои телефони мардум чанд сӯм сарф мешавад ва ғайраҳо. Ин бисёр нигаронкунанда аст. Дигар тарафи масъала он ки, стандарти Тоҷикистон, ки саросар коррупсия аст, бояд ба сифати ин чароғҳо ҷавобгар бошад. Дар ин соҳа қариб ки ягон шахси босавод нест. Миллиону милиардҳо пули мардум сарф мешавад, ҳеҷ кас ҷавобгар нест, аммо худсафедкуниву худтаърифкунӣ аз тамоми минбарҳо ба назар мерасад, ки обрӯйи Тоҷикистонро дар байни кишварҳои олам паст кардааст. Масъалаи сохтани чароғҳои каммасраф дар вилояти Суғд як масъалаи аҷоиб аст. Чаро пештар дар шаҳри Исфара чароғҳои маъмулиро истеҳсол мекарданду акнун боз дар шаҳри Чкаловск ба истеҳсоли чунин чароғакҳо оғоз кардаанд?  Ба сифату тарзи истеҳсоли чунин чароғакҳо танҳо ягона масъули салоҳиятдор «Тоҷикстандарт» ва худи ҳукумат бояд ҷавоб гӯянд. Соҳаи танзими барқ низ батамом  бекора аст. Кас намедонад, ки дар он ҷо чанд кас кор мекунад ва ба чӣ кор машғуланд.

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: