Главная > Uncategorized > Аскарбачаи гумшудаамро баргардонед!

Аскарбачаи гумшудаамро баргардонед!

Ба Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба сарпрокурори ҳарбии ҶТ

Ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ

Ба кӯмаки Шумоён ниҳоят эҳтиёҷмандаму инак воқеияти ҳолро иброз менамоям.
Писари ман Ҳайдаров Ҳасанҷон Зафарович (санаи таваллудаш 30.09.1986) баъди хатми мактаби маълумоти умумӣ ба шӯъбаи рӯзонаи факултаи Менеҷмент ва соҳибкории Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дохил шуда, дар курси якум таҳсил мекард. Соли 2007-ум писари дигарам бо номи Рустам бемор шуда, санаи 20-уми апрели ҳамон сол вафот кард. Баъдан шавҳарам Ҳайдаров Зафар низ баъди беморӣ 21-уми марти соли 2008 вафот кард. Ман худам бошам, бинобар ин ҳолатҳои сахти ба сари оилаам омада бемор будам. Ҳамаи ин ҳолатҳо боиси он гардид, ки вазъи иқтисодии оилавиямон коста шуд ва писарам Ҳайдаров Ҳасанҷон дигар хонданро давом дода натавонист. ӯро моҳи майи соли 2008 ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Ҳангоми муоинаи тиббии давраи қабул намудан ба хизмати ҳарбӣ бараъло маълум шуда буд, ки писари ман мубталои бемории шуш аст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ӯро ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Писарам Ҳайдаров Ҳасанҷон ба қисми низомии №2610-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи «Бешаи палангон» — заставаи №1 сафарбар шуда буд. Баъди гузаштани чор моҳи хизматаш ман худам илоҷе намудаму ба хабаргирии писарам рафтам ва бо роҳбаронаш низ вохӯрӣ карда будам. Ба ҳар ҳол, писарам хуб хизмат мекарду иброз дошт, ки хизматро сарбаландона ба охир мерасонад. Ба писарам рухсатӣ доданду ӯ бо ман ба хонаамон омада, баъди аёдати аъзоёни оила баргашта ба ҷойи хизматаш рафт. Баъдан бо телефон бо ҳамдигар борҳо гуфтугӯ мекардем. Баъзан аз беморияш шикоят ҳам мекард.
2-юми октябри соли 2008 командирони писарам ба ман телефон карда, иброз намуданд, ки гӯё писари ман ҷойи хизматашро худсарона тарк карда бошад ва агар ба хона омада бошад, баргардонамаш. Ман аз шунидани ин хабар ниҳоят дар ташвиш будаму дар ҷустуҷӯйи писарам кӯшишҳо мекардам. Кӯшишҳоям нитиҷае надоданд ва писарамро ёфта натавонистам. Дар ин миён боз ба ман командирони писарам телефон карда буданд.
Баъди чанд рӯзи шунидани ин хабар, яъне 7-уми октябри соли 2008 боз ба он қисми низомӣ рафтаму бо командирони ӯ вохӯрдам. Дар он минтақаҳо тӯли як ҳафта шахсан худам писарамро кофтуков намудаму аз ӯ дараке наёфтам. Командирони қисми низомияш низ ба ман мегуфтанд ва то ҳол мегӯянд, ки ӯро мекобанд. Ман то ҳол умеде дорам, ки писарамро дарёфт менамоянду дидори ӯро боз мебинам. Ҳолати гум шудани писарам барои ман муаммое мебошад, зеро бе ному нишон гум шудани сарбози қаторӣ аз қисми низомӣ номумкин аст. Ҳангоми пурсуҷӯ карданам дар он минтақа ба хулосае омада будам, ки ҳеҷ вақт чунин набояд бошад. Суханҳои шахсони аз ин воқеа воқиф ба якдигарашон мувофиқат намекунад.
Дар он ақидаам, ки оид ба ин ҳолат таҳқиқ ва тафтишоти дурустеро бояд ба роҳ монд. Агар аз чунин қисми низомӣ (хатти сарҳад) хизматчие чунин гум мешавад, пас он қисми низомӣ таъмини бехатарии давлатро кафолат дода метавонад?
Ман ҳамчун як модари тоҷик магар фарзандамро барои бе ному нишон гум шудан ба хизмат равона карда будам? Ман дарк менамоям, ки ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст, лекин тартиботи хизмати ҳарбии қонунан муайяншуда ба гумшавии хизматчии қаторие, ки тӯли ин қадар вақт нишоне аз ӯ нест, чӣ гуна баҳо медиҳад?
Ман ҳанӯз умедворам, ки фарзандам зиндаю саломат дарёфт мешавад ва бо ин умед ба Шумо мӯҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҳомию кафили ҳуқуқу озодиҳои мо, муроҷиат намуда, аз сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хоҳиш менамоям, ки дар кофтукови фарзандам ва сабабҳои ба вуқӯъ омадани ин воқеа мусоидату кӯмаке менамуданду равиши ин кофтуков ва таҳқиқи воқеаро зери назорати қатъӣ мегирифтанд.
Умедворона нигаронам, ки фарзандамро боз мебинам ва умедам ба кӯмаки Шумоён аст.

Зӯҳро ҲАЙДАРОВА,
сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Бохтар, хонаи 35, ҳуҷраи 56

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: