Главная > Uncategorized > Барои бекор кардани санадҳои судӣ асос дарёфт нашуд

Барои бекор кардани санадҳои судӣ асос дарёфт нашуд

Мақолаи «Дар вилояти Суғд судяҳо мустақиланд, вале ба чӣ итоат мекунанд?!», ки дар ҳафтаномаи «Пайкон» (№28, аз 23-юми сентябри соли 2009) ба табъ расида буд, дар муқоиса бо маводи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шукуров Насим Раимович мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Муайян гардид, ки бо ҳукми Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 4-уми ноябри соли 2009 Шукуров Н. Р. бо моддаи 135, қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои тӯҳмате, ки бо гунаҳгор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин алоқаманд аст, гунаҳкор дониста, бо ин модда ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 (се) сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шудааст.
Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд аз 11-уми феврали соли 2010 ҳукми зикргардида бетағйир, шикояти кассатсионии маҳкумшуда Шукуров Н. Р. ва ҳимоячии ӯ беқаноат мононда шудаанд.
Шукуров Н. Р. барои он маҳкум карда шудааст, ки ӯ санаи 30-юми июли соли 2008 дар рӯзномаҳои «Азия-плюс» мақолаи «Хочу приносить пользу государству, а мне не дают», «Фараж» (санаи 13-уми августи соли 2008) мақолаи таҳти унвони «Бозии бузу хандаи хар», «Тонг» (санаи 13-уми августи соли 2008) мақолаи «Бедорлик қурбони булдим»-ро нашр карда, дар он раиси ҶДММ «Поверфил» Собиров Х.Т.-ро дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, яъне ҷиноятҳои азонихудкунӣ, сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ, худсарӣ тӯҳмат кардааст.
Чунончи, дар мақола омадааст, ки Собиров Х. Т. гӯё беасос ӯро аз вазифа озод карда, заминҳои ба ҶСП «Квартс» вобастакардашударо ғайриқонунӣ тақсим карда, саҳмияҳои ин ҷамъиятро аз они худ намудааст.
Дар асоси мақолаҳои Шукуров Н. Р. рӯзи 27-уми августи соли 2008 аз ҷониби муфаттиши раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати Собиров Х. Т. бо моддаҳои 245, 247, 253, 262, 268, 292, 314, 316, 317, 322, 323, 334, 340-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, дар рафти тафтиши пешакӣ ваҷҳҳои дар мақолаҳо овардашуда тасдиқ нагардидаанд ва рӯзи 24-уми ноябри соли 2008 парвандаи ҷиноятӣ бинобар дар кирдори Собиров Х. Т. мавҷуд набудани таркиби ҷиноят қатъ карда шудааст.
Ҳамзамон, тафтиши пешакӣ то моҳи феврали соли 2009 нисбати Собиров Х. Т. бо моддаи 295, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои сӯистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо пешбинӣ менамояд, идома ёфта, рӯзи 4-уми феврали соли 2009 аз сабаби дар ҳаракатҳои Собиров Х. Т. мавҷуд набудани таркиби ҷиноят тибқи талаботи моддаи 5, банди 2 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст.
Ҳамчунин, бо қарори Прокуратураи вилояти Суғд аз 4-уми феврали соли 2009 истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ нисбати Собиров Х. Т. бо асосҳои зикргардида қатъ гардидааст.
Новобаста аз он, бо ваҷҳҳои қаблӣ, ки дар тафтиши пешакӣ тасдиқи худро наёфтанд, санаи 9-уми апрели соли 2009 дар рӯзномаи «Пайкон», санаи 13-уми майи соли 2009 дар рӯзномаи «Азия-плюс» мақолаҳои Шукуров Н. Р. бо номи «Кӣ Собировро ҳимоя мекунад?», «Почему «Квартс» стал «Поверфилом?»» ба табъ расонида шуд.
Прокуратураи генералӣ аз рӯйи мақолаҳои номбурда асоснокии аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд қатъ гардидани парвандаро санҷида, 5-уми августи соли 2009 оид ба асоснок қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Собиров Х. ва дигарон ба рӯзномаи «Пайкон» ҷавоб ирсол намудааст, ки дар рӯзнома чоп шудааст.
Ҳамин тариқ, дар асоси аризаҳои Шукуров Н. Р. дар давоми соли 2005-2009 аз ҷониби мақомоти дахлдор фаъолияти ҶДММ «Поверфил» зиёда аз 22 маротиба мавриди санҷиш қарор гирифта, ваҷҳҳои дар ариза овардашуда оид ба ҷиноят содир намудани Собиров Х. Т. тасдиқи худро наёфтаанд.
Сипас, аз рӯйи аризаи Собиров Х. Т. Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов нисбати Шукуров Н. Р. бо аломатҳои ҷинояти тӯҳмате, ки бо гунаҳкор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин алоқаманд аст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ба мақомоти тафтиши пешакӣ ирсол намуда, баъди тафтишот онро моҳиятан баррасӣ намудааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи Шукуров Н. Р. дар содир кардани ҷинояти тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар воситаҳои ахбори умум, ки обрӯю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меоварад, инчунин дар содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин гунаҳкор медонад, бо нишондодҳои ҷабрдидаҳо Собиров Х. Т., Шермирзоева Р. А., Мурзатамова З., Ҷӯраева М. Ю., шоҳидон Шершнёва Ю. Н., Шодиева Ф. Ҷ., Баротова С., Насруллоева И., нусхаи муроҷиатҳои Шукуров Н. Р. нисбати Собиров С. ба мақомоти дахлдор, протоколҳои рӯбарӯкунӣ ва дигар далелҳои парвандаи ҷиноятӣ исбот гардидааст.
Аз ин лиҳоз, суд нисбати Шукуров Н. Р. ҳукми айбдоркунӣ баровардааст, ки маҳкумшуда аз болои он шикояти кассатсионӣ наоварда, сипас ба тариқи назоратӣ шикоят пешниҳод намудааст. Ҳангоми санҷиши шикояти ӯ муайян гардид, ки ҳукми асоснок бароварда шудааст.
Ваҷҳҳои мақола дар хусуси беасос оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шукуров Н. Р. қобили қабул набуда, бо далелҳои дар боло номбурда рад карда мешаванд.
Ба саволи мақола «Дар вилояти Суғд судяҳо «мустақиланд», вале ба чӣ итоат мекунанд?» танҳо як ҷавоб мавҷуд аст. Тибқи моддаҳои 87-и Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 17-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои боло барои бекор кардан ва тағйир додани санадҳои судӣ нисбати Шукуров Н. Р. асос дарёфт нагардид.

Б. М. ХОЛОВА,
муовини раиси Суди Олии ҶТ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: