Главная > Uncategorized > Ҳайф… сад ҳайфи қонун…

Ҳайф… сад ҳайфи қонун…

Ба ростӣ, вақте ки ин посухи чун «тарошаи аз бом афтида»-ро аз номи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. М. Холова ҳамагӣ чанд рӯз қабл гирифтем, ҳайрон шудем. Дар ҷавобнома санаи посух навиштан зикр карда нашудааст. Намедонем ҳангоми имзо гузоштан муовини раиси Суди Олӣ фикр карда бошанд, ки ҳадаф аз ин посух фиристодан чист? Агар барои ҳисобот бошад, он на ба мо лозим асту на ба шаҳрвандон. Мо барои ҳалли масъала қалам ба даст мегирему шаҳрвандон барои ҳалли мушкилоташон ба матбуот рӯй меоранд.

Инсоф кунед! Мақолаи «Дар вилояти Суғд судяҳо мустақиланд, вале ба чӣ итоат мекунанд?!» дар ҳафтаномаи «Пайкон» таҳти № 28, аз 23-юми сентябри соли 2009 ба табъ расида буд. Пас, чаро дар моҳи июни соли 2010, баъд аз 8 моҳ посух медиҳанд? Вақте ки мақола ба табъ расид, Н. Шукуров дар озодӣ буд, ба тамоми мақомоти қудратию дахлдори ҷумҳурӣ арз менамуд, ки имкон дорад маротибаи сеюм ӯро ба ноҳақ паси панҷара кашанд. Аммо касе ба доди ӯ нарасид. Аз он ҷумла, дар Шӯрои адлия ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Натиҷааш он шуд, ки собиқ раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Х. Сангинов ба 5 маротиба аризаи радкунии Н. Шукурову адвокатҳояш нигоҳ накарда, ҳангоми дар беморхона буданаш чораи пешакии ҳабсиро тағйир дод, дар кати беморхона ба дасташ завлона заданд ва саннаи 4-уми ноябри соли 2009 Н. Р. Шукуров бо моддаи 135, қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 (се) сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт таъин кард.

Меоем сари «гуноҳ»-и Н. Шукуров. Дар ин посухнома ҳам таъкид карда мешавад, ки сабаби маҳкум карда шудани Н. Шукуров мақолаҳои дар воситаҳои ахбори омма нашршуда мебошад. Он нашрияҳою мақолаҳо дар макони дигар — шаҳри Душанбе ба табъ расида буданд. Тибқи талаботи қонун ҷиноят дар макони содир шуданаш мавриди таҳқиқу санҷиш қарор гирифта, дар ҳолати собит намудани гуноҳу эълон намудани айб, тасдиқи фикри айбдорӣ ба суди ҳамон маҳал пешниҳод карда мешавад. Вале инро касе ба инобат нагирифту он дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ғайр аз он, муаллифи мақолаҳо нафарони дигар буданду «даъвогарон» танҳо аз Н. Шукуров даъво доштанд. Намедонем чаро касе ба ин масъала баҳо намедиҳад, ки аксари он навиштаҳо ба қалами дигарон тааллуқ дораду пас чаро нафари муроҷиаткунанда, яъне Н. Шукуров бояд посух диҳад?! Ҳайронем, кай боз аз ноадолатӣ шикоят намудан ҷиноят мешавад?! Дар куҷо дидаед, ки шаҳрванд барои барқарор намудани ҳуқуқаш ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кунаду дар асоси муроҷиаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунанду боз ӯ тӯҳматчӣ бошад?! Агар Ҳ. Собиров бегуноҳ буд, чаро парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданду дар аввал аз кардааш пушаймон шуд? Далел оварда мешуд, ки дар асоси аризаҳои Н. Шукуров гӯё 22 маротиба корхона мавриди санҷиш қарор гирифта бошад. Аммо ягон далели хаттӣ пешниҳод карда нашудааст. Тавассути ҳафтаномаи «Пайкон» эълон дошта будем ва имрӯз ҳам таъкид мекунем, ки омода ҳастем зиёда аз 50 далели қонуншиканиро дар ин баҳс иброз намоему  нусхаи маводҳоро пешниҳод намоем. Дар арафаи таҳқиқи ибтидоӣ ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд онро пешниҳод намудем, ки аризаю  навиштаҳои Н. Шукуров асос доранд. Вале касе ба инобат нагирифт. Н. Шукуровро аз вазифа озод кардан, заминҳои ба ҶСП «Кварс» вобастакардашударо ғайриқонунӣ тақсим намудан, саҳмияҳои ин ҷамъиятро хилофи талаботи қонун аз худ намуданро на танҳо худи Н. Шукуров, балки санадҳои судию маълумотномаҳои расмӣ тасдиқ мекунанд.

Дар ин посухнома ва парвандаи ҷиноятӣ рӯирост ба Н. Шукуров тӯҳмат карда, мақолаҳои умуман ба қалами ӯ таалуқ надоштаро барои гуноҳро бор кардан ба Н. Шукуров нисбат медиҳанд.

Акнун ба масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ва шикоятҳои Н. Шукуров, ки дар мақолаи «Дар вилояти Суғд судяҳо мустақиланд, вале ба чӣ итоат мекунанд?!», таъкид мешуд, мутаваҷҷеҳ гардед. Н. Шукуров дар шаҳри Душанбе буду адвокаташ маълум мекунад, ки дар асоси таъиноти судяи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов А. Амонов нисбат ба Н. Шукуров бо аломатҳои моддаи 135, қисми 3 (тӯҳмат) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Нусхаи таъинотро ба адвокат намедиҳанд. Баъди аризаҳои зиёд ба мақомоти болоии судӣ, пас аз гузаштани 43 рӯз бо дахолати масъулини Шӯрои адлия он таъинотро гирифта, аз болои он ба  зинаи кассатсионии Суди вилояти Суғд оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ариза менависад. Аз суди вилоят аризаи Н. Шукуровро ба сардори ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов мефиристанд (айнан): «Суди вилояти Суғд ба Шумо шикояти хусусии Шукуров Н. оиди ғайриқонунӣ оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шукуров Н. Р., тибқи таъиноти судяи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 12 июни соли 2009 барои санҷиши ваҷҳҳои дар шикоятҳо овардашуда ирсол карда мешавад».

Ин навовариро ғайр аз Суди вилояти Суғд боз дар ягон ҷойи дигар дида метавонед? Дар куҷо дидаед, ки аризаи аз болои санади қабулнамудаи судяи суди поёнӣ ба суди зинаи болоӣ ворид гардаду онро  «барои санҷиши ваҷҳҳои дар шикоят» овардашуда ба мақомоти таҳқиқ ирсол намоянд? Магар бемасъулиятию масхарабозӣ аз ин зиёд мешавад. Воқеан, судя А. Амонов барои нисбат ба Н. Шукуров оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ таъинот баровардааст. Тибқи талаботи моддаи 108 КМҶ ҶТ сархати 2 «Прокурор, муфаттиш, органи таҳқиқи ибтидоӣ ва судя дар бораи сар кардани парвандаи ҷиноятӣ қарор ва суд таъинот мебарорад». Аммо таъинот на аз номи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, балки аз номи судя А. Амонов бароварда шудааст. Модоме судя моҳияти қарорро аз таъинот фарқ намекунад, чӣ гуфтан мумкин аст? Аз аввал то ба охири таъинот ба тариқи умумӣ дар бораи тӯҳмат кардани Н. Шукуров сухан мераваду дар ягон ҷой ба тариқи мушаххас зикр карда нашудааст, ки дар кадом маврид, кадом мақола, кадом ҷумла Н. Шукуров Ҳ. Собиров ва дигаронро тӯҳмат кардааст.

Бисёр ҷумлаҳои таъиноти қабулнамудаи А. Аминов аз талабномаи ба унвони прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулов чанде пеш ирсолнамудаи кормандони ҶДММ «Поверфил» бо ҳамон хатогиҳои услубиву имловӣ аз як компютер рӯйбардор карда шудааст. Намедонед, ки муаллифи он талабнома судя буд, ё муаллифони талабнома он таъинотро пешниҳод намуданду судя имзо гузоштааст.

Аз болои ин амал, яъне хилофи талаботи қонун аризаашро ба органи таҳқиқ фиристодан, ки тибқи талаботи қонун ягон ваколат барои баррасӣ надорад, Н. Шукуров ба тариқи назоратӣ ба раиси Суди вилояти Суғд Н. Мансуров ариза менависад. Ин дафъа ҳам аризаи ӯро мавриди баррасӣ қарор надода, ба Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов мефиристанд.

Насим Шукуров аз болои ҳамаи ин бедодӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза менависад. Вақте аз болои ин амалҳо Н. Шукуров ба Суди Олӣ муроҷиат менамуд, баррасии парвандаи ӯ дар Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дошт. Аз Суди Олӣ посух медиҳанд, ки бинобар сабаби риоя накардани тобеияти судӣ ариза бебаррасӣ мононда шуд. Шаҳрванд «бед» мегуфту дар Суди Олӣ «тут» мефаҳмиданд. Н. Шукуров аз сабаби он ки аризаи назоратии ӯро дар Суди вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор надода, ба ҳамон суде, ки санади судиро хилофи талаботи қонун қабул намуда буд, мефиристанд, арз карда буд. Шаҳрванд дар аризааш аз Суди Олӣ мепурсид, ки Суди вилояти Суғд водор карда шавад, ки аризаи шикоятии хусусии ӯро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Вале дар Суди Олӣ ҳам ба арзи ӯ нарасиданд..

Аз болои ҳукм аз тарафи адвокатҳои Н. Шукуров аризаи кассатсионӣ навишта шуда буд. Онро дар моҳи феврал, баъди гузаштани зиёда аз 3 моҳ баррасӣ намуданд. Баррасии кассатсионии парванда дар зинаи кассатсионии Суди вилояти Суғд оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ баргузор гардид. Баромади қариб яксоатаи адвокати Н. Шукуров Бахтиёр Насруллоев дар мавриди дағалона вайрон намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва нодуруст тадбиқ шудани моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «говсуд» кардани Н. Шукуров бе натиҷа монд.

Акнун ба посухнома бармегардем. Дар ин ҷавобнома умуман моҳияти мақолаи «Дар вилояти Суғд судяҳо мустақиланд, вале ба чӣ итоат мекунанд?!» инъикос карда нашудааст. Тавре дар боло ишора намудем, дар он мақола асосан сухан дар бораи як санади судӣ ва то кадом андоза  ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқат карданаш мерафт. Аммо дар посух менависанд: «Ваҷҳҳои мақола дар хусуси беасос оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шукуров Н. Р. қобили қабул набуда, бо далелҳои дар боло номбурда рад карда мешаванд». Дар ниҳоят таъкид мекунанд: «Ба саволи мақола «Дар вилояти Суғд судяҳо «мустақиланд», вале ба чӣ итоат мекунанд?» танҳо як ҷавоб мавҷуд аст. Тибқи моддаҳои 87-и Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 17-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст». Аввалаш, ин суол набуд. Сарлавҳаи мақола аст. Баъд, умуман ба фаъолияи судяҳо коре ҳам надорему дахл ҳам намекунем. Вале дар мавриди «Тибқи моддаҳои 87-и Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 17-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо дар фаъолияти худ мустақил будану танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат карданашон каме шак дорем. Далел мехоҳед?! Марҳамат, дур намеравем. Агар судя ба ҷойи қарор таъинот қабул кунад, санади қабулнамудаашро ба тарафи манфиатдор надиҳад, шикояти аз болои санади судӣ овардаро барои санҷиш ба органи таҳқиқ ирсол намояд, шикояти назоратиро баррасӣ накарда ба суди зинаи поёнӣ фиристад, радкунии шаҳрвандро ба инобат нагирад, макони содир намудани ҷиноят ба назар гирифта нашавад, мақолаи нафареро барои дайн кардани гуноҳи дигаре асос ҳисобад, шикояти кассатсионӣ дар мӯҳлати 3 моҳ мавриди баррасӣ қарор нагирад, ба баромади ВАО пас аз гузаштани 8 моҳ посух гӯяд, ба қонун итоат намудан бошад, пас ҳайфи қонун аст. Агар муовини раиси Суди Олӣ дар як посух ба ду тарз сухан гӯяд чӣ? Дар сархати дуюми посух мехонед, ки «бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд аз 11-уми феврали соли 2010 ҳукми зикргардида бетағйир, шикояти кассатсионии маҳкумшуда Шукуров Н. Р. ва ҳимоячии ӯ беқаноат мононда шудаанд». Дар охир,  сархати чорумро ҳиҷҷа мекунед: «Аз ин лиҳоз, суд нисбати Шукуров Н. Р. ҳукми айбдоркунӣ баровардааст, ки маҳкумшуда аз болои он шикояти кассатсионӣ наоварда, сипас ба тариқи назоратӣ шикоят пешниҳод намудааст. Ҳангоми санҷиши шикояти ӯ муайян гардид, ки ҳукми асоснок бароварда шудааст». Инро чӣ хел фаҳмем? Магар ин посух ҳам идомаи ҳамон силсиламақолаҳои «Бозии  «буз»-у хандаи «хар»» нест? Қабл аз ин нақл намуда будам, ки дар маҷлиси судӣ нахустин суоли раисикунандаи мурофиа Х. Сангинов аз муаллифи сатрҳо, ки ба сифати шоҳид мепурсид, чунин буд:

— Чаро мақолаатро «Бозии «буз»-у хандаи «хар»» ном гузоштӣ. Ин чӣ маънӣ дорад? «Буз» кисту «хар» кист?

Он рӯз посух дода будам, ки (албатта, пешакӣ узр пурсида) ҳамин баррасии парвандаю рафти маҷлиси судӣ боз мақоли «Бозии «буз»-у хандаи «хар»»-ро ба ёд меорад… Агар онро намефаҳмед, марҳамат, ташхиси забоншиносӣ таъин кунед. Мутахассис мефаҳмонад. Рӯзноманигор ӯҳдадор нест, ки назди ҳар як хонанда рафта мазмуни навиштаашро фаҳмонда диҳад…

Ин ҷавобро хонда, шуморо намедонам, банда мегӯяд; риояи қонун ҳамин бошад, пас як не, сад ҳайфи қонун…

Ҷумъаи ТОЛИБ, директори Бюрои

маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ

ва тадқиқоти журналистӣ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: