Главная > Uncategorized > Чаро рӯҳониён бояд таблиғ шаванд?

Чаро рӯҳониён бояд таблиғ шаванд?

Чанд муддат аст, ки дар расонаҳои Тоҷикистон ба мавзӯъҳои хонаводаҳои рӯҳониёни Тоҷикистон даст мезананд. Ҳамчун хонанда аз он нигаронам, ки дар сурати бештар чоп намудани маълумот дар бораи шахсияте ва акси калони ӯ, фарди тарғибшуда дар назди мардум арзишҳояшро гум мекунад.
Шахсиятҳое ба мисли Акбари Тӯраҷонзода, Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва Эшони Нуриддинҷону Эшони Маҳмудҷон ба «реклама» ниёз надоранд. Ва мардум дарк кардаанд, ки дар миёни мардум шахсиятҳои рӯҳонии дар сафи аввал қарордошта бо дарку фаҳми масоили динӣ нафақат рӯҳонӣ, балки сирф миллӣ ва сиёсӣ шудаанд.
Акбари Тӯраҷонзода аз нафароне буд ва ҳаст, ки барои ба ваҳдат расидани мардуми Тоҷикистон кӯшиш намудааст. Эшони Қиёмиддин, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ генерали мардумияш мехонданд, яке аз муассисини ҲНИТ будааст. Шоири бузургвори муосири тоҷик Бозор Собир ба ӯ унвони Ситсеронро, ки суханвари давраи атиқаи Рими Қадим буд, муносиб дониста, гуфтааст, ки «Эшон аз Ситсерон ҳам даҳ баробар болотар аст». Эшони Нуриддин имрӯз мухлисони зиёде дорад ва дар баъзе масоили динӣ андешаронӣ намуда, мардумро ба покизагӣ даъват мекунад. Эшони Маҳмудҷонро ҳамчун донишманди улуми динӣ пазируфтаанд ва ба гуфтаи баъзе равшанфикрон, Тоҷикистон ду олими бузурги дин дорад, ки назир надоранд. Аввалан Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва дуюм Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, ки дар фасоҳату балоғати суханварӣ дар Осиёи Миёна ҳам эътироф шудаанд.
Агар ба гуфтаҳои ин ду шахсият гӯш диҳӣ, онҳо қариб аз ҳамаи олами офаридаи Худо сухан меронанд. Чӣ олами набототу ҳайвонот ва ғайра, ки шояд мутахассиси соҳа ба монанди ҷуғрофиёдону мунаҷҷим, зистшинос ба мисли онҳо аз нозукиҳои илм бохабар набошанд.
Мутаассифона, имрӯз нашрияҳои Тоҷикистон ба ҷои масъалаҳои доғи рӯзро инъикос кардан даст ба нашри акси ин шахсиятҳо мезананд, ки фикр мекунам, танҳо ба хотири ба фурӯш рафтани рӯзномаҳояшон ин корро мекунанд. Вазифаи ВАО ба назари ман он нест, ки барои ба фурӯш рафтани рӯзномаҳояшон акси шахсиятҳои маъруфро чоп кунанд, балки бештар ба мушкилоти мардум диққат дода шавад. Ҳамчун хонанда аз он нигаронам, ки рӯзе мешаваду кулли мардум аз рӯзнома рӯй мегардонанд.
Дар муҳоҷират будам ва медидам, ки дар рӯзномаҳо бештар акси мардуми оддӣ ва проблемаҳои онҳо инъикос мегардид. Дар Тоҷикистон бошад, ба ғайр аз чеҳраҳои Кабирию Зойирову Эшони Нуриддину Акбари Тӯраҷон ва дигар масъулони идораҳои давлатӣ дигар касе дида намешавад.
Дар нашрияи Asia Plus баъзан дида мешавад, ки мушкилотеро бардоштаанд ва бо акси муносиб ба нашр расонидаанд.
Як масъалаи дигарро боз ин ҷо оварданиям, ки нашрияҳо бештар макони офатзадаи Кӯлобро навиштанд ва дигар минтақаҳое, ки зарар дида буданд, инъикос нагардиданд. Матбуот ин ойина аст, ки масъулон бояд дар он рӯйи худ ва кори худро бинанд. Ва мардум низ ин чизро дарк кунанд, ки дар ҳақиқат матбуот ба онҳо барои инъикоси проблемаашон мусоидат мекунад.
Бисёр роҳҳо ҳаст, ки мешавад рӯҳониёнро истифода бурд ва суханони онҳоро барои манфиати ҷомеа ба мардум расонид. Роҳи муҳим, ки бояд анҷом шавад, пурсиш ва гирифтани идеяҳои онҳост. Идеяҳои онҳо метавонад таваҷҷӯҳи мардумро ба маориф ва вазъи он ҷалб кунад. Агар диққат дода бошед, талабаи дар мактаб сустхонро назди рӯҳоние баранд, китобхон мешавад. Яъне ҳолати равонии кӯдакро бештар рӯҳонӣ дарк мекунад ва рӯҳияи талабаро нисбат ба таълим ба ҳаракат медароварад.
Агар ба нашрияҳои чопии солҳои гузашта таваҷҷӯҳ намоем, дарк мекунем, ки матбуот баъзе шахсиятҳоро «месозад». Соли гузашта агар навиштае дар бораи домулло Сироҷиддин медидем, ҳатман пеш аз номаш ҳамчун мулло зикр мегардид. Ва дар охири соли 2009 ба ӯ унвони эшонро доданд, ки чандин мақолаҳо бо ин гуна «баҳогузорӣ»-ҳо ба чоп расида буд. Ҳатто шубҳа дорам, имрӯз мулло Мирзоро, ки ҳамчун Ҳоҷӣ Мирзо дар миёни ҳаводоронаш машҳур гаштааст, шояд эшон гуфта, эълон кунанд.
Мардуми мо зери вожаи эшон сайидзодаро мебинанд ва борҳо аз таърихшиносон дар ин маврид пурсон шудам. Онҳо ҷавоб медоданд, ки қисми зиёди эшонҳои мо сайидзода нестанд ва танҳо барои донистан ва хондани баъзе аз сураҳои китоби муқаддас ба онҳо чунин номгузорӣ кардаанд.
Матбуоти солҳои гузашта Муҳаммадиро, ки «лидер»-и салафиҳо мехондандаш, ба мардум шиносонд. Вале баъдан ин «шӯҳрат»-и ӯ хомӯш гашт. Баъди ҳукми Додгоҳи олӣ дар мавриди манъи фаъолияти салафиҳо дар бораи Муҳаммадӣ чизе ба нашр нарасид.
Таблиғи акси рӯҳониён дар нашрияҳо ба як амри табиӣ табдил шудааст, ки бо истифодаи як хабарчае дар бораи як рӯҳонӣ онро дар рӯзномаҳояшон рӯи чоп меоваранд. Ва бо ин амал хонандаро, ки дар саҳифаи аввал акси рӯҳониро дида, рӯзномаро мехаранд, мефиребанд. Ман чунин усулро кори касбии журналисти профессионал намеҳисобам. Агар ба иззати нафси баъзе журналистон расам, узр мехоҳам. Агар чоп намудани чунин маводҳоро онҳо даромади худ донанд, пас мавзӯъҳои зиёде ҳастанд, ки ёфтани роҳи ҳалашон муҳимтар асту мардуми оддӣ ба онҳо ниёзи бештар доранд.
Дар воқеаҳои ахири Қирғизистон дасти «журналистон» ҳам буд. Ба он маънӣ, ки ҳар кадом манфиатеро роҳандозӣ намудаву ба вазъияти дохилӣ баҳои мухталифу мухолиф доданд ва ин имкон дод, ки маҳалгарою миллатгароӣ биҷӯшад. Дар натиҷа ӯзбеку қирғизе, ки аз боғча то донишгоҳу корхонаҳо бо ҳам буданду бузург гаштанд, ба якдигар душман шуданд.
Матбуот дар зеҳни мардум корҳоеро метавонад анҷом диҳад, ки созанда ё сӯзанда бошад. Яъне «шахсият»-и беарзишро дар назди мардум шариф нишон диҳад. Ё баръакс, шахси шарифро дар назди мардум баҳои манфӣ диҳад, ки ин амал аз ҷониби кормандони ВАО нобахшиданист. Дар ин ҳолатҳо хонандаро зарур аст танҳо такя ба шуурнокӣ худ намояд, то тавонад бадро аз нек ҷудо созад. Аммо ба мушоҳида мерасад, ки баъзан мардум ҳар гуна андешаҳоро мепазиранд. Ин ҷиҳати манфии кор аст. Зеро аз таҳлили воқеият ба қадре дур мегарданд ва аз пайи хурофоту таассуб мераванд.
Ҷаҳони ғарби саҳюнистӣ дар рӯзномаҳояшон пайғамбари муаззами мусалмононро таҳқир карда, таваҷҷӯҳашонро аз пешрафт боз медоранд. Ва ин бадбинӣ моҳҳо идома ёфта, мусалмонон даст ба эътирозу гирдиҳамоӣ мезананд ва чизе натиҷа намедиҳад.
Дар замони зиндагонии паёмбар (с) ҳам Расулуллоҳро таҳқир мекарданд. Буданд саҳобагоне, ки ба паёмбар хитоб менамуданд, то паёмбар фармоне диҳаду таҳқиркунандаро сар бибуранд. Вале паёмбар ба ин роҳ намедод ва бо як илтифот дили мушриконро ба даст меовард ва онҳо аз кардаи худ пушаймон мегардиданд.
Ин ҳама гуфтаҳо ба он маънист, ки рӯзномаҳо низ бояд илтифот кунанд ва тасмими нодурустеро, ки аз ҷонибе гирифта мешавад, фош намоянду маҳкум. Кӯшиш кунанд, то паҳлӯҳои пешрафти тафаккури мардуми огоҳро омӯзанд ва онро ба мардуми дигари ноогоҳ расонанд.

А. ЛАТИФОВ,
махсус барои «Пайкон»

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: