Главная > Мавзуна АБДУЛЛОЕВА > Раҳимзода фасоди замони Алимардонро аз байн бурд?

Раҳимзода фасоди замони Алимардонро аз байн бурд?

Ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки 30-юми июн таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, дар асоси Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, муовинонаш Юсуфиён Ҷамшед, Малоҳат Холиқзода ва Тӯрақул Ҳақназаров аз вазифаашон озод карда шуда, дубора ба вазифаҳояшон таъин гардиданд. Намояндаи комилҳуқуқи президенти кишвар Ҷумъахон Давлатов мақсад аз озоду дубора ба вазифаҳояшон мондани нафарони номбурдаро ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонки миллӣ» шарҳ дод.

Чизи наве не…
Баъди амалӣ гардидани Фармони президент ақидаҳои гуногун миёни коршиносон пайдо шуд. Қисме гуфтанд, ки ин тасмим тасмими ҷиддиву наве нест, то дар боби он зиёд сухан гуфта шавад. Аз ҷумла, коршиноси масоили сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов иброз дошт, ки агар ба таҷрибаи мамлакатҳои мухталиф мутаваҷҷеҳ шавем, ҳамин гуна мисолҳоро дидан мумкин аст. «Агар мо ба таҷрибаи дигар давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ шавем, бисёр ҳолатҳо шудааст, ки вобаста аз натиҷаи интихоботи парлумонӣ, сарвазир иҷрокунандаи вазифаи сардори ҳукумат таъин мешавад ва баъди машваратҳо бо аксарияти парлумон ё бо шоҳ (агар давлати монархӣ бошад) ё президент (агар кишвари раёсатӣ бошад) дар ҳамон мансабаш мемонаду боз супориш медиҳад, ки ҳайати ҳукуматро пешниҳод кунанд ва ё шахси навро таъин мекунад. Аз ин хотир, ин ҷо ягон чизи нав нест. Вобаста аз таҷрибаҳое, ки қаблан дар дигар кишварҳо ва худи Тоҷикистон низ дар робита ба қонуни қабулшуда буд, роҳбарияти Тоҷикистон лозим донист чунин рафтор кунад. Яъне, аввал раиси Бонки миллӣ ва мувинони ӯро аз кор озод намуд ва ҳамзамон онҳоро барои тасдиқ кардан пешниҳод намуд»,- мегӯяд ӯ.

«Истифодабарии хос»
Аммо дар зимн гумонҳое низ боқӣ мемонад, ки шояд фаъолияти бартари Шариф Раҳимзодаро дар самти бонкдорӣ ба инобат гирифтаву ӯро ба вазифаи пешинаш муносиб донистаанд. Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Информатика барои демократия ва рушди миллӣ» Саймуддин Дӯстов ба ин назар аст, ки алҳол дар Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус дар иқтисодиёти он бесарусомонӣ пурра ҳукмрон аст ва бӯҳрони калони кадрию идорӣ вуҷуд дорад. «Аз нигоҳи ман, дар шароити кунунии Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ҷаноби Шариф Раҳимзода яке аз муваффақтарин раисони Бонки миллист ва асоси сиёсати бонкии ӯ, ки пиёда месозад, эҳтиёткории беназир аст. Ман фикр мекунам, дар ин самт ӯ метавонист боз ҳам муваффақтар гардад. Масалан, Бонки миллӣ дар ин шабу рӯз имкон дорад то 200-250 миллион доллар иқтисоди воқеиро маблағзузорӣ кунад, вале Шариф Раҳимзода дар ин масъала худдорӣ мекунад. Ман фикр мекунам, ки дар марҳилаи кунунии рушди давлатдорӣ бонк ва барои Ҳукумати Тоҷикистони дар ин вазифа мондани Шариф Раҳимзода хеле ҳам муҳим аст. ӯ тавонист дар хеле масъалаҳо пешрав бошад. Он фасоде, ки дар замони Муродалӣ Алимардон дар Бонки миллӣ вуҷуд дошт, акнун дар замони Шариф Раҳимзода вуҷуд надорад. Зеро дар он замон схемаҳои гуногуни маблағҳои буҷетӣ ва қарзиро ба фоидаи худ истифода бурдан хеле ҳам хос буд. Вале дар замони Раҳимзода ин чизҳо аксаран ба мушоҳида намерасанд. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки дар вазифа мондани Шариф Раҳимзода фоли нек аст. Вале оид ба он, ки чунин тағйиротҳо рух медиҳанд, боз ҳам аломатҳои бӯҳронӣ ва фалаҷ шудани ҳокимият дар Тоҷикистон мебошад,- зикр мекунад С. Дӯстов.

Бӯҳрон ва мушкилоти ҳаррӯза
Дар ҳоле ки коршиносони ҷудогона оид ба мавҷудияти бӯҳрони молиявӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезананд, дар иҷлосияи парлумон сиёсати пулию молии Бонки миллӣ баррасӣ шуда буд. Он замон гуфта мешуд, ки иқтисоди Тоҷикистон аз бӯҳрони молӣ раҳоӣ ёфта, акнун рӯ ба рушд овардааст. Дар ҳамон ҷаласа Шариф Раҳимзода таъкид карда буд, ки ба далели ширкати фаъол надоштани бонкҳои Тоҷикистон дар бозори бурси ҷаҳонӣ ва захираи ночизи коғазҳои қимат бӯҳрони молӣ ба бонкҳои ин кишвар асароти ҷиддӣ нагузоштааст.
Аммо коршиноси дигари тоҷик Абдулғанӣ Маҳмадазимов мухолифи ин далелҳост. Ба андешаи ӯ, «ҳамарӯза мушкилот ба мушоҳида мерасад. Шояд дар баъзе соҳаҳо, дар баъзе сохтмон ва дигар ҷойҳо бӯҳрон бартараф ё шиддаташ суст шуда бошад. Лекин дар ҳама ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мо бӯҳронро мебинем, чунки сатҳи камбизоатӣ паст нашудааст. Шояд тибқи омори расмӣ бӯҳрон кам шуда бошад, лекин ҳаррӯза дар ҳаёти худамон мебинем, ки он ҳоло бартараф нашудааст».

Эътимоди бонкӣ
Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, дар пайи бӯҳрони молӣ бонкҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ аз бонкҳои Тоҷикистон қотеъона тақозо кардаанд, ки қарзҳои худро ҳарчи зудтар пардохт кунанд. Дар ҳоле, ки соли гузашта бештари ширкатҳо ва афроди хориҷӣ пасандозҳои худро аз бонкҳои Тоҷикистон гирифтаанд. Ба гуфтаи ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ин амал ба коҳиши мизони сармояи бонкҳои Тоҷикистон боис шуда, вале ҳеҷ бонк дар пайи бӯҳрони молӣ муфлис нашудааст.
Коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён ин далели Шариф Раҳимзодаро дурусту воқеӣ ҳисобида, аз ҷумла мегӯяд: «Гуфтаи Шариф Раҳизода дуруст аст. Ба он хотир, ки то бӯҳрони молии сартосарӣ бонкҳои Тоҷикистон бо бонкҳои хориҷӣ робитаи ҳамкорӣ надоштанд. Яъне бонкҳои мо бо бонкҳои хориҷӣ доду ситодҳои молиро анҷом намедоданд, ба хотири он, ки мо дар бозори коғазҳои қиматнок ширкат надоштем. Бонкҳои Тоҷикистон танҳо бонкҳои маҳаллӣ буданд. Аз як ҷиҳат хуб ҳам буд, ки бонкҳои мо бо онҳо пайваст набуданд. Ба он хотир, он ки агар пайваст мебуданд, мо ҳам бештар зарар медидем. Вале дар сурате, ки бонкҳои мо аз бонкҳои хориҷӣ барои гардишу муомилоти доллар ё харидани маводҳо ё колои мухталиф қарз гирифта буданду баъди пеш омадани бӯҳрони сартосарӣ қарзҳои худро талаб карда гирифтанд, вазъияти молии бонкҳои мо як камтар заиф шуд. Вале ба дараҷае, ки бонкҳои дигари хориҷӣ зарар диданд, бонкҳои мо он қадар зиён надиданд. Ин як кори маъмулист, ки ҳамеша дар бонкҳои тамоми ҷаҳон сурат гирифтааст. Яъне ба якдигар қарз медиҳанд. Ин як ҷиҳат. Ҷиҳати дуюм ин аст, ки имсол ва пеш аз ин ҳам бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қобили эътимоди бонкҳои ҷаҳонӣ нестанд. Модоме ки қобили эътимоди онҳо нестем, бо мо ҳамкорӣ намекунанд. Ба он хотир, ки системаи бонкии Тоҷикистон хеле заиф аст ва мо шояд аз онҳо қарз гирему баргардонида натавонем.
Дар соли охир танҳо ду бонки мо саҳмияи худашро ба бонкҳои Олмон фурӯхтааст. Аз ҷумла «Агроинвестбонк» ва бонки «Эсхата». Танҳо 25 фоизи саҳмияи ҳамин бонкҳоро хариданд. Ин аввалин нишонаи он аст, ки бонкҳои хориҷӣ ба ду бонки Тоҷикистон як каме эътимод пайдо кардаанд».

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: