Главная > Uncategorized > Баракат

Баракат

Ҳамду сипос ва шукрона танҳо шоистаи Худованди бузургу бузургвор аст. ӯро шукрона мекунем дар ҳама ҳол. Аллоҳ аст, ки суханону аъмоли некро ба cӯяш боло мебарад ва амалҳои некро баландмартаба мегардонад. Худованде аст, ки шарике надорад ва гувоҳӣ медиҳем, ки Муҳаммад (с) банда ва расули Худованд аст, ки имоми парҳезгорон ва намунаи ибрат барои мӯъминон аст.
Бародарон, бояд мову шумо пойбанд ба фармудаҳои Худованд бошем, ки ин амал рафиқ дар ҳангоми тарс ва қувват ҳангоми сустӣ ва баракат ҳангоми камбудии илм мебошад. Зеро Худованд дар идомаи ояти 282, сураи Бақара мефармояд: «Ваттақуллоҳа ва юъаллимукумуллоҳу валлоҳу бикулли шайин ъалим». Яъне, парҳезгорӣ кунед ва Худованд шуморо таълим медиҳад ва Худованд бар ҳар чизе огоҳ аст.
Мо дар замонае зиндагӣ мекунем, ки маданияти модӣ рӯз то рӯз пешрафт карда истодааст. То ҷойе пешрафт кардааст, ки ба фикру зеҳни ҳеҷ инсоне нарасида буд. Bа зиндагии афсонавии ҳозирае, ки ақлро ба ҳайрат оварда ва чашмҳоро хира месозад. Тавре ки дар як муддати кам ва як чашм ба ҳам задан навоварие дар ҷаҳони пешрафти модиёт ва пешрафти технология ба чашм хоҳӣ дид. Аммо бо вуҷуди ин ҳама пешрафтҳо мебинем, ки боз ҳам инсонҳо зиндагии орому хуш ва баракатро дарк намекунанд. Дар ҳоле ки баракат дар ҳама чизҳо мебошад, ки ҳатто дар тамоми ҷамбаҳои вуҷуди инсон ва дар тамоми касбу кори инсонҳо вуҷуд дорад. Пас касбу коре, ки дар он инсон баракатро дарк накунад, он кор чӣ арзише дорад? Вақте ки баракат дар он касбу коре набошад, чӣ фоидае дорад? Фоидаи дониши бебаракат чист? Обу ноне, ки на сер мекунад ва на ташнагӣ мешиканад, чӣ арзише дорад?
Баракат на дар зиёдшавии мол ва на дар қудрату мақом ва на дар зиёдии фарзанд ва на дар илми моддӣ аст. Балки баракат арзиши маънавиест, ки танҳо бо чашм дида намешавад ва онро чен карда нашуда ва ҳеҷ хазинае наметавонад онро дар худ ҷой диҳад. Балки асли баракат эҳсоскарданиву дарккарданӣ аст, ки инсон онро дар даруни худ меёбад ва боиси равшании нафс, оромиши қалб, гушодии қафаси сина ва розӣ будани инсон ҳамроҳ бо осудагӣ мешавад.
Парвардигори меҳрабон бо фазлу баракати махсуси худ баракатро берун аз чаҳорчӯбаи мол ва ё саломатӣ ба унвони фазилати махсусе аз тарафи худ дар ашё тавре гузоштааст, ки гоҳҳо мебинем як хонаи хурдакак ба кохи бузурге табдил мешавад. Аммо ҳангоме ки сабаби баракат вуҷуд надошта бошад, ҳатто соҳибони кохҳо низ худро ба монанди қафас ё зиндоне кӯчак мебинанд. Албатта ҳамаи инҳо ба вуҷуд доштани баракат вобастагӣ дорад. Яъне чизи кам бо сабаби баракат вуҷуд доштан бисёр метобад ва чизи бисёр агар дар он баракат набошад, кам хоҳад шуд.
Баракат, яъне бисёр шудан ва пешрафт кардан. Баракат дар умр ба маънои тӯлонӣ шудан ва корҳои хуб анҷом додан аст. Баракат дар илм ба маънои аз худ намудани он, мавриди амал қарор додани он ва дигаронро ба он даъват кардан аст. Аммо баракат дар мол ба маънои фаровонии он ҳамроҳ бо кифоя будани он аст ва баракат дар саломатӣ, яъне комил будани он ва дур аз дардҳо будани он аст. Ба ҳамин сурат баракат дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии инсон маъно пайдо мекунад.
Аксари инсонҳо аз камбуди баракат дар зиндагии хеш ранҷ мекашанд. Онҳо мебинанд, бо ин ки дар дунёи фаровонии неъмат ва осонӣ қарор доранд, аммо бо ин вуҷуд худро дар як ҳолати бад эҳсос менамоянд, ки мол ҳам доранду хӯрданиҳо барояшон фаровон ҳам ҳаст ва фарзандон ба дунё меоянд, аммо ҳаммаи инҳо бебаракат мемонанду мераванд.
Якеро мебинӣ маошаш зиёд аст, аммо баракате дар он нест, яки дигареро мебинӣ фарзандони бисёр дорад, аммо ҳеҷ фоидаву баракате аз онҳо намебинад ва дигариро, ки дониши зиёд дорад, аммо ҳеҷ баракате дар он нест ва аз ин дониш на ба худ ва на ба дигарон фоидае намерасад. Бо чунин ҳолат чи гуна онҳо баракатро эҳсос намоянд ва дод аз бебаракат будани умрашон назананд. Дар ҳоле, ки инчунин инсонҳо монанди ташнае ҳастанд ки оби шӯр менӯшад ва ҳар чӣ менӯшад ташнатар мешавад.
Агар мо ба замони Паёмбар (с) бингарем, намунаҳои зиёде аз баракатро мушоҳида мекунем, ки ҳатто худаш дар як тика ва ду тика нон баракатро меёфт.
Пас биёед тақвою парҳезгориро зиёдтар гардонем ва биёед аз худ иллату сабаби набудани баракатро ҷустуҷӯ намоем. Зеро Худованди қудратманд ҳолу аҳволи ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, то он ки худ даруни худро тағйир диҳанд. Парвардигор дар сураи Аъроф, ояти 96 мефармояд: «Ва агар аҳли шаҳрҳо ва ободиҳо имон меоварданд ва парҳезгорӣ менамуданд, баракатҳои осмону заминро бар онҳо мегушодем. Аммо онон дурӯғ пиндоштанд. Пас ононро ба хотири гуноҳе, ки анҷом додаанд ба азоб гирифтор сохтем».
Бинобар ин, барои эҳсос намудани баракат ва расидан ба он бояд: аввал, касоне ки даъвои мусулмонӣ мекунанд, тақвои Парвардигори меҳрубонро ба ҷо оваранд. Зеро Худованди соҳиби ин мулк мефармояд. (Аъроф -96).
Дувум, ба ҷо овардани шукри Худованд барои неъматҳояш, ки Зоти пок мефармояд: «Ва он гоҳ, ки Парвардигоратон эълон намуд, ки агар шукр кунед, шуморо зиёд хоҳам дод ва агар куфр варзед, азоби ман сахту шадид аст». (Иброҳим-7).
Расули Худо (с) мефармояд: «Худованд баракате аз осмон фурӯ намефиристад, магар он ки гурӯҳе аз мардум ба он куфр меварзанд». (Ба ривояти Муслим).
Сеюм, касбу кори ҳалол ва дурӣ намудани савдои рибоӣ. Зеро Офарандаи мову шумо мефармояд: «Албатта Аллоҳ риборо кам мегардонад ва садақаро зиёд мегардонад. Ва Худованд ҳеҷ кофири гуноҳкунандаеро дӯст надорад». (Бақара-276).
Чаҳорумин сабаби ба даст овардани баракат дурӣ кардан аз исрофкорӣ мебошад. Худованди мутаъол мефармояд: «Албатта исрофкорон бародарони шаётинанд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ бисёр куфркунанда буд».
Дар ҳар коре, ки шайтон ба он роҳ ёбад, он кор баракате нахоҳад дошт. Барои ҳамин аст, ки Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Бобаракаттарин занон онҳое ҳастанд, ки меҳрияашон камтар бошад». (Ба ривояти Байҳақӣ ва Насоӣ).
Панҷумин сабаби баракат ба даст овардан содиқу росткор будан аст. Зеро Худованди ҳақ дар кори инсоне, ки дар зоҳиру ботини худ содиқ аст, баракат эҷод мекунад. Чӣ он нафар олим, тоҷир ва ё дар ҳар мақоме бошад.
Дар ҳақиқат баракати инсони донишманд он аст, ки ҳақро ба дигарон бирасонад ва онро напӯшонад. Аммо агар ӯ баръакси инро анҷом дод, суннати Илоҳӣ он аст, ки баракати илму дин ва дунёи вай аз байн хоҳад рафт.
Ва дигар сабаби бобаракат гаштан дар зиндагӣ он аст, ки инсон бояд қаноатро пешаи худ гардонад. Инсонҳои тамаъкор ва ҳарису гурӯсна ҳаргиз серии худро ва соҳиби баракат гаштани худро ҳис нахоҳанд кард. Ҳарчанд моли зиёд ҳам дошта бошанд, гумон меунанд, ки ҳеҷ баракате дар зиндагияшон надидаанд.

Расул МУКУМОВ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: