Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Артур ва Диана бо бероҳагарди хурд аз шаҳр ба хонаи берун аз шаҳри худ мерафтанд. Рӯз бегоҳ мешуд. Бӯстонсарои Артур ва Диана  60 километр берун аз шаҳр ҷойгир буд. Артур бо мақсади кӯтоҳ намудани роҳ ва озод шудан аз ҳама гуна «пробка»-ҳо роҳи душворгарди байни ҷангалро интихоб карда буд. «Бен» — саги бадҳайбати зоти туркманӣ аз овчаркаҳои Осиёи Миёнагӣ аз канори бероҳагард пеш меомад. Аз ваҷоҳат, рафтор ва афту андоми ин ҳайвони бадҳайбат маълум буд, ки на як бору ду бор бо ин ба «дача» рафта омадааст.

Артур гирду атрофи бероҳагардро назора мекард. Ҳарчанд аз тарҳи рӯи ӯ хастагии баъд аз кори якҳафтаина ҳис карда мешуд. Ҳар қадар бероҳагард ба дарунтари ҷангал мебурд, дарахтҳо ҳамон қадар зиёдтар шуда, навдаҳои ба рӯи роҳ ҳамоилшуда дидани роҳро душвор мекарданд. Баробари ба ин роҳи ҷангалӣ баромадан Артур чароғҳои мошинро даргирон монда бошад ҳам, ногоҳ дар хамгаште одаме худро рӯйи роҳ партофт. Диана — хонуми Артур, ки дар бари ӯ нишаста буд, аввалин шуда суроби ин одмаро дида, «стой» гуфт. Артур саросема тормозро зер кард. Мошин бо як такон дар ҷои худ қарор гирифт.

— Мы на него наехали,- гуфт бо овози ларзон Диана.

— Недумаю,- ҷавоб гардонд Артур ва мошинро камтар қафо ронда, дар равшании чароғ ҷуссаи одами сари роҳашон афтода дид ва бо нафрат илова кард:

— Это какое то пяный БОМЖ. Жизнь надоело, таким способом хотел покончит жизн. Я сейчас ему покажу…

Артур аз мошин фаромада, назди одами афтода рафту ду лагад ба шикамаш фароварда, дод зад:

— Что, неполучилось … твою мать!

Дар ин ҳолат Диана ба ӯ расида, нигоҳаш дошт:

-Ты что, невидишь, он еле дишить,- ва болои ҷусса хам шуда, гуфт:

— Артурчик, он не пяный, он не БОМЖ, даже он не русский, какое то гастербайтер чтоли, эго кто то сильно избил, или что в этом роде.

Артур низ ба болои Азиз хам шуда, суханони Дианаро тасдиқ кард:

— Да, от него не пахнет нагаром, вернее кровю пахнет, смотри голова разбито, тело всё с синяками. Давай сторонку отташим и поедим дальше.

— Если его здес так оставим, сдохнет, медвед или волки съедять…

— А, что, ты предлагаешь взять собой эту дряхлю? А если по дороги или дома сдохнет, что тогда? Скажут что мы его убили, потом докажи что ты не дурак. Нет, не может быть, он какой то террорист или наркокурьер? Чёрт знает этих кавказов и азиатов.

— Артур, он не умрёт. Кто то наверно его в лесу сильно избил и бросил. И второе, он не кавказец, он азиат, вот в лицо смотри, он таджик или узбек.

— Вот-вот может быть, эсли таджик, может какое то наркокурьер. Поехали,- гуфт Артур ва аз ду пои Азиз гирифта, ба як тарафи роҳ кашид.

— Ну Артурчик, давай заберём его, чисто по человеческий жалко ему. Вот глаза откривает,- хитоб намуд ба шавҳараш бо илтиҷо Диана.

— Ну-ну, Мать Тереза,- гуфт норозиёна Артур,- потом багажа сама помоиш.

Ҳамин тариқ, зану шавҳар аз дасту пойҳои Азиз бардошта, ӯро ба бордони мошин Азизро бор карданд. Мошин бо суръати начандон баланд роҳи душворгузари бешазорро паси сар намуда, ба маҳаллае, ки бӯстонсарои Артуру Диана воқеъ буд, наздик мешуд. Вақте ба назди бӯстонсаро расиданд, пардаи торикӣ бешазори беохирро фаро гирифта буд. Дар ин маҳалла зиёда аз 120 хонаи гуногуни аз якошёна то се — чорошёна ҷойгир буд ва ду хонаи ба якдигар монандро ёфтан амри маҳол. Хонаи Артуру Диана аз ҳама беҳтар ҳам набошад, бадтар набуд. Хона дуошёна буд ва ҳама шароиту қоидаҳои аврупоиро дошт. Оби гарму хунук, дар ҳар як ошёна гармобаву халоҷотхонаҳо воқеъ буданд. Утоқҳои ошёнаҳо бо таҷҳизоти қиматбаҳову зебои аврупоӣ таҷҳизонида шуда буд. Фаршу деворҳо, сақфи утоқҳо ва ҳатто зинапояҳое, ки аз ошёнаи якум ба дуюм баромада буд, зебо, тозаю озода ба назар мерасиданд, гӯё дирӯзакак ба онҳо ранг молида бошанд. Рангҳо чунон ҷило медоданд, ки ба оина ҳоҷат набуд. Дар зерхонаи бино истгоҳи барқии дастгоҳҳои обгармкунию чоҳи обкашӣ, ҳавзи начандон калон ва инчунин қароргоҳи мошин воқеъ буд. Азиз албатта ин ҳамаро ҳоло намедонист. Баъди бордони мошинро кушодани Артур оҳиста худро ба зер гирифт. ӯ каме ба худ омада бошад ҳам, тамоми аъзои баданаш дард мекард. Аз гурӯснагӣ мадори рост истодан надошт.

— Этот ночь проводиш  с Беном, да Бен, принимай гостя,- гӯён ба сӯи қароргоҳи саг, ки дар тарафи чапи дарвоза воқеъ буд, бо сараш ишора карда гуфт Артур.

Нормуҳаммади БЕКЗОДА, Санкт — Петербург

(давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: