Главная > Uncategorized > Дигарон боварӣ доранд?

Дигарон боварӣ доранд?

Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, ки бо супориши бевоситаи президент тарҳи қонуни нав дар бораи масъулияти падару модарон омода ва барои баррасӣ ба парлумони кишвар ироа шудааст. Ин санад волидайнро дар таълиму тарбияи кӯдак расман масъул мекунад. Абдуҷаббор Раҳмонов дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе ин қонуни навро барои шароити имрӯзаи Тоҷикистон «ногузир ва ҳатмӣ» унвон кард. Вай мегӯяд, имрӯз сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ба талабот ҷавобгӯ нест ва ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои ин вазъ он аст, ки аксарияти падару модарон масъулияти таълиму тарбияи фарзандонашонро танҳо ба мактабу муаллим ҳавола мекунанд.

Дар қонуни нав ҳамаи масъулият ва ӯҳдадориҳои волидайн барои тарбияи фарзанд, аз кори берун аз мактаб то омода кардани вазифаҳои хонагӣ муайян шудааст. Вазири маориф бовар дорад, ки бо қабул шудани ин қонун вазъи соҳаи маориф беҳтар хоҳад шуд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки:

Дигарон боварӣ доранд?

Шокирҷон ҲАКИМОВ, сиёсатшинос:

— Албатта то ҳол ба таври умумӣ падару модарони хонандагони мактабҳои миёна дарк мекунанд, эҳсос менамоянд, ки масъулият доранд. Вале меъёри мушаххас дар қонун пешбинӣ нашудааст ва тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модарон барои ба воя расондани фарзандон ва додани маълумоти зарурӣ масъулият доранд. Аз ин хотир, мувофиқи мақсад мебуд, ки дар Қонуни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон як меъёри марбута пешбинӣ шавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки падару модар вазифаҳои омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаро иваз кунанд. Зеро на ҳама падару модар соҳиби таҳсилоти олиянд ё худ аз нозукиҳои фаъолияти омӯзгорӣ бархӯрдор мебошанд. Вале, ба ҳар сурат, вақте падару модар дар хонаанд, бояд фарзандашонро таҳти назорат гиранд, то ба дарсҳо омодагӣ бинад. Бояд онҳо аз кирдору рафтори фарзанд бохабар бошанду дар робитаи доимӣ бо мактабҳо. Ин албатта боиси баланд кардани ҳам сифати таълим ва ҳам самарабахшии корҳои тарбиявӣ аз ҷониби ҳам падару модар, ҳам маъмурияти мактабҳо мешавад.

Ман гумон надорам ворид шудани ин гуна ислоҳот ба Қонуни маориф боиси камтар гардидани масъулияти омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шавад. Баръакс, онҳо дар дораи ислоҳоти маориф ва ҷорӣ намудани ҳар гуна тарҳу усули фаъоли таълим бояд тамоми тадбирҳоро андешанд ва базаи моддию техникиро мустаҳкам намоянд. Инчунин, бояд сифати таълим таъмин карда шавад. Зеро, ҳоло талабагон талабагони асри 20 ё 20 сол пеш нестанд. Имрӯз талабагони мактабҳои умумӣ ҳам дастрасӣ ба воситаҳои технологияи муосир доранд, ҳам аз сарчашмаҳои дигар бархӯрдоранд. Бинобар ин, набояд ҳар гуна тағйирот ба қонун боиси кам гардидани масъулияти омӯзгор шавад.

Гулинор РАСУЛОВА,омӯзгори мактаби №57-и ноҳияи Рӯдакӣ:

— Албатта қабули қонуни нав зарур аст. Зеро он имкон медиҳад, ки падару модар дар тарбияи фарзандони худ ҳарчи бештар масъулиятшинос бошанд, ҳарчанд ҳоло ҳам масъулият дида мешавад. Ин қонун водор мекунад, ки волидайн тамоми масъулияти таълиму тарбияро ба дӯши омӯзгорон напартоянд. Аммо ин маъноеро ҳам надорад, ки масъулият аз дӯши омӯзгорон батамом бардошта шавад. Тасаввур кунед, ки бача дар мактаб танҳо панҷ — шаш соат монда, ба хона меравад. Дар хона агар падару модар бештар онҳоро назорат кунанду масъулиятро ҳис намоянд, шояд бачаҳо вақташонро дар бозору мошиншӯйӣ ва оворагардӣ камтар сарф кунанд. Ҳарчи ки набошад, бе омӯзгор ҳам таълим пеш намеравад.

Саид ИСМОИЛОВ,омӯзгори ДТТ ба номи М. Осимӣ:

— Қабули қонуни нав ба соҳаи маориф таъсир мерасонад. Масалан, талаба ба мактаб меояду муаллим бо ӯ машғул мешавад ва вазифаи хонагӣ медиҳад. Талаба бошад пагоҳ вазифаро тайёр накарда меояд. Зеро волидон маҷбур намекунанд. Падару модар дар як моҳ ақаллан ду маротиба бояд аз ҳоли ӯ хабардор бошанд. Падару модарони мо бошанд, ҳатто ба маҷлиси падару модарон намераванд.

Умуман, ин қонун бояд қабул шавад. Зеро он метавонад ҳатто масъулияти омӯзгоронро, ки бархе имрӯз бемасъулиятанд, дучанд гардонад.

Шариф МУЛЛОЕВ, дотсенти кафедраи назария ва таърихи журналистика ва воситаҳои электронии ахбори ДСРТ:

— Ба фикри ман, ин қонун аз як ҷиҳат хуб аст, ки масъулияти падару модаронро дар назди мактаб каме бошад ҳам бедор мекунад. Вале устодонро каме бемасъулият мекунад. Бе ин ҳам вазъияти мактабҳо, ки бо кадрҳои бесавод таъмин аст, хело ва хело ногувор аст.

Фикр мекунам, Вазорати маориф бояд таҳлил карда барояд, ки кадрҳои ҷавон дар чӣ ҳоланд ва таъминот бо манзилу дигар лавозимоти зарурӣ дар кадом сатҳ аст?

Маслиҳати Сафат Бурҳонов ба вазир

— Биёед ҳамин мактабҳоро бандем! Мактаб даркор нест, падару модарон худашон фарзандонро саводнок мекунанд. Аз ҳамин Вазорати маорифу системаи маорифи ҳозира падару модарон беҳтар ёд медиҳанд. Ман 3 фарзандамро худам ёд додам. Мактабе, ки Вазорати маориф сохтааст, ягон чиз ба бачаҳои ман надодааст. Мардак барин, надодааст!

Барои ҳамин таклифи Абдуҷаббор Раҳмоновро ман хурсандона қабул карда, мегӯям, ки мактабҳо барҳам дода шаванд. Вазорат ҳам барҳам дода шавад. Падару модар худашон ягон бало мекунанд. Охир, наметавонед бародарон! Ҳукумат доштан шӯхӣ нест, масъулият аст! Вақте зӯратон намерасад, монед одами зӯраш мерасидагӣ кор кунад. Вақте Вазорати маориф ба парвариши фарзанди ман зӯраш намерасаду мегӯяд, ки масъулият ба гардани падару модар бошад, айб нест, шарм нест!? Ин тавр бошад, вазоратро барҳам диҳед. Мо худамон тарбия мекунем бачаҳоямонро. Дар Англияю Америка мехононем, дар ӯзбекистон мехононем. Конце концов, натавонед, накунед!

Омодасоз: Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: