Главная > Uncategorized > Ишқи нахустин

Ишқи нахустин

Ҳа, додарҳои лахти ҷигар, шалпар-ку нашудед аз пақпақи акатон? Ҳамин пақпақ ҳам таърихи худша дорад. Ду ошнои ман як рӯза интихоб карда, омаданд хона, ки камтар чақчақ бикунему дуди дил барорем. Хайр, занак мағзу чағзу гӯшти қайлаи ҷогаҳ кардагиша бароварду шиштем сӯҳбат карда. ӯ дукаса як шишара майда карданд. Яке ки арақи бачамурда таъсиршон кард, як гапи дупулара хоиданду хоиданд. Инаш мехояду мехояд, боз дигараш аз даҳани ӯ мегирад ҳамон гапи бемазарову мехояду мехояд… Қисса кӯтоҳ, оҳиста-оҳиста гап боло рафту бачаҳалокҳо хестанду шуданд қадбақаду хурнойбахурной. Қути паридагӣ мебиниву куртаи даридагӣ. Базӯр халосшон кардам. Баъд камтар шиштанд, ҳамон чапотҳои задагии ман таъсиршон кард-чи ки ҳушёртар шуданд. Якташ хиҷолат кашиду гуфт, ки ин кори мо чақчақ нашуду пақпақ шуд. Ман гуфтам, ки парво накунед, ин аз пақпақ ҳам гузашт, як дуди дила баровардед-да…

Ана ҳамин хел, биярҳои ҷон, агар чақчақи акатон пақпақ ё лақлақ шуда бошад, боз мегардем ба чақчақ.

Меган зани ғар, ки пир шуд фолбин мешавад, коммунисти чала, ки нафақа баромад, ҳатман ҷелаку салла пӯшидаву ришу фаш монда, мулло мешавад, дузду ҷарпар ҳам, ки аз таку даву тапу туп монду ҳапҳапаш шишт, дигарҳоро насиҳат мекунад, ба гуфте «даври пирӣ гурги золим мешавад парҳезгар». Баъзеш ториктар бошад аз сояи худаш метарсаду дар сари дастархон, агар такяша бақувваттар монанд, одами андак-мандак дар дами нафасаш истода наметонад: ӯ қаҳрамон, ӯ зӯр, ӯ назаркарда… Яктаи дигараш, гапша кӯдаки худаш ду тин намегираду чанд сол пеш кафки даҳан парронда мегуфт, ки ҷамъията ким-куҷое бурданием. Баъд шуд ҷангу ҷанҷолу он мардаки гапзан ҳамин қадаре кард, ки боз паноҳӣ ду зани дигар гирифт. Ҳамаи ира гӯш мекуниву ҳайрон мешавӣ. Ё акаи Ҷалилтон беақл шудаст ё ҳамин хел одамҳои баақл пур шудаанд… Хайр, бало ба паси ҳамаш. Фақат ҳамин ки акаи Ҷалилтон аз ин хок нест.

Акатон ки пир шуд, аз ҳамон неъмати ҷонбахш кафи дастша пур карда, таги забон мепартояду давраҳои ҷавониша, аспу қамчинша, бузу гӯсфандша, сагҳоша, ҷангҳоша, ёру дӯстҳоша ба ёд меорад, аз акаи Сталину Гитлер қисса мекунад, дунёву қиёматша пеши рӯ меорад…

Ҳозир ки вақтам хуш аст, як чизера нақл мекунам, ки ба ҳич кас нагуфта будам, лекин шумо ҳам ӯра ба ҳич кас наген. Барои ин мундуқи ҳамсоямон фақат ҳамин хел гап даркор, ки раваду касера ки ёфт, чов кардан гирад.

Хулласи гап, давраи навболиғии акатон буду хубии беақливу сабуксариҳош. Бачагӣ-да, дунёра на баландиша ҳис мекардаму на пастиша. Ҳамон вақтҳо дар гузари болои Чинораки мо беваи Чамангул мегуфтанд, зиндагӣ мекард. Як гап ҳаст-ку, «қурбоқа шӯ дорад, рангу рӯ дорад». Ин бева ки шӯ надошт, мардуми бекор мебофтанд гапи бисёрераву мебастанд дар каллаш. Баъд, худаш ҳам ба дасти кама набуд, дар таги пӯсташ дошт баъзе номаъқулиҳо.

Тобистонӣ хонаи ҳамон занак як хешдухтараш омад. Духтарак Шарифа ном дошт. Чӣ меген, додарҳои ҷон, ки акатон духтарака диду шуд ошиқи шайдо. Чиба ин хел шуд, худам ҳам ҳайрон. Ҷавонӣ дунёи гишгирдове будаст, ки ҳич сарфарош рафта наметонӣ… Дар Чинораки худмон-ку духтаракҳои парӣ ворӣ хушрӯ бисёр буданд, нисбат ба ин духтарак сад бор базебтар. Лекин дил-да, фаҳмида намешавад. Ҳозир ҳамон духтарака, ки кампири чангала шудаст, ториктар бошаду бубиниш, ҷо ба ҷо талхакаф мешавӣ, аҷинаи тапа тайёр. Лекин он вақт…

Қисса кӯтоҳ, акатон ошиқи шайдо шуду дардаш бедаво. Ким чи хел савдоӣ ворӣ шуда будам. Раҳматии очам, худо ҷоша ҷаннат кунад, гуфт, ки боз ягон кас ҳему демат накарда бошад, бобои Саида гап занем, ягон тумору таштов диҳад ё куфу суфат кардан даркор. Бечораи очам аз куҷо медонист, ки кап дар куҷост. Акатон меравад болои деҳа, меояд поини деҳа… ӯ вақтҳо бачаҳо ҳам куртаи дароз мепӯшиданд. Дар телевизор дидам, дар Афғонистон ҳозир ҳам ҳамин хел мепӯшанд. Куртаи дароз дориву камбағалтар бошӣ метонӣ изор ҳам напӯшӣ. Акаи Ҷалилтон як куртаи навтар дошт, ҳамона мепӯшиду мебаромад сари кӯча, баъд мерафт болои теппа, гирдобагашт деҳара тай мезад, мегузашт аз миёни хору хас. Изор ки набуд бандҳои по гоҳ-гоҳ хуншор мешуд, лекин акатона кай парвои ин буд. Чунон ҷавлон мекард, ки гумон мекардӣ худаш ҳасту халос. Лекин чашм чор тараф, ки ҳамон духтарака бубинам. Агар ӯра медидам… Бовар мекунед? Ин хел сахт задани дила ҳич вақт надида будам. Дар поҳо ҳангу фара намемонд. Лекин як бало карда, гӯё ҳич гап набошад боз фука чухт карда, мерафтам ба роҳам. Хонаи беваи Чамангул-ку барои акатон марқади Ленин ворӣ метофт…

Хулласи гап, фарзандҳои падар, як шаби дигар тоқатам тоқ ки шудагӣ буд, хестаму ба баҳонаи обмонӣ рафтам қад-қади ҷӯйбор боло, тарафи хонаи беваи Чамангул. Шаби тобистон чӣ хел аст — гарм. Маҳтобшаб буду ҳама ҷо рӯшан. Дар таги як дарахт шиштаму чашмам буду хонаи бева. Хеле шиштам. Баъд як вақт бинам дар болои бунг ҷогаҳи хоб мепартоянд. Ман ҳам як қад-қади ҷӯбор поин шуда омадам хона, ки ҳама парсуми хобравӣ. Оба дар пали гашничу пиёз сар додаму боз рафтам боло, тарафи хонаи Чамангул. Боз дар ҳамон ҷойи пештара шиштаму нигоҳ кардам. Дар болои бунг аллакай хоб буданд. Бева яке аз даруни ҳавлӣ худ ба худ чӣ вақ-вақе карду баромад тори бунг. ӯ ҳам дароз кашид. ӯ бунге, ки болош хоб мекарданд, бунги оғил буду дар пеши оғил ҳелаки молҳошон. Як ин тарафу он тараф дидам, ки ҳич кас нест. Чанд бор дил кардам, ки равам тори бунгу биғелам дар бари духтарак. Лекин дар тамоми рагу поям хун мезаду ҳалқам қоқ мешуду боз ба худам мегуфтам, ки камтар сабр кардан даркор. Хеле шиштам. Боз як бори дигар хона омадаму боз тоқат накардам, рафтам боло, пеши хонаи бева. Боз шиштаму чор тарафа нигоҳ кардам.

Шабе ҳаст, ки пашша пар намезанад. Шарфаи об ҳасту чир-чири малах. Ман ҳам таваккал кардаму рафтам тарафи бунг. Як палампои нимколаҷон доштаст, баромадам боло. Аз поини пойи одамони хоб чунгурак шиштаму гуфтам бинам, ки Шарифа кадомаш аст. Моҳтобшаб ҳам бошад, фарқ кардани онҳо қин буд. Ҳамоне, ки дар поини поҳош будам, дар ҳамон гармӣ сараш пӯшондагӣ буд, рӯш наметофт. Оҳиста латаи болои ӯра кашида будам, ки як ҷунбиду баъд хоболуд «Акрамӣ?» гуфт. Ман ки дар обу арақ тар будаму ҳамаи ин бе ихтиёри ман рӯ медод, гапи ӯра нафаҳмида, шох шудам. Лекин як чиза фаҳмидам, ки ӯ ҳамон беваи Чамангул худи худаш аст. «Мемурдӣ барвақттар биёӣ?»,- боз овози пасти хоболуди занака шунавидаму лекин истодам дар пуни поҳош, аз ҷо ҷумбида наметонистам. Баъд занак як чашмҳоша молида, тарафи ман дурусттар нигоҳ карда буд, ки «э худое, ту кийӣ?» бо тарс як овоз бароварду як лағат партофт. Ман ки ба ин ҳич тайёр набудам, рафтам пуштакӣ. Дар таҳи пориса, дар даруни ҳелак шаш-ҳафт бузу гӯсфанди лағнаву лоғараш хоб буд. Чаппа шуда, аз тори бунг ғалтидам болои буз буд ё гӯсфанд, баъд тоб хӯрда задам дар зиҳи девор. Бузу гӯсфанд аз тарс аз ҷо парида, худшона ба чор тараф заданд. Ман тез худма ба як кунҷ кашидам. Занаки хоболуд аз лаби бунг хам шуда, як ин тарафу он тараф нигоҳ карду боз худша қафо кашид. Баъд камтар истодам, ки ҳама тинҷ шуд. Оҳиста баромада хона рафтам. Раҳ мерафтаму дарди дасти ростам зиёд мешуд. То хона расидан хеле варам кард. Саҳарӣ раҳматии атам, ки он вақт зиндаҳаёт буд, одам овард, дастма кашида, тухму зелол молида бастанд. Хайрият ки баромадагӣ будаст, шикастагӣ мебуд, ки медонад, акаи Ҷалилтон дигар қаҳрамонӣ карда метонист ё не.

Ҳа, нагуфтам. ӯ Акрами гуфтагии бева ҳамин ҳамсояи дасти рости мо, хок хабараш набарад, як Акрам доштем, лақабаш «духара» буд, ҳамон будаст. Аз пушти ҳамон беваи Чамангул пас аз чанд вақти ҳодисаи акатон хешу табори занаш, хусуру хусурбурдаҳош аз деҳаи ҳамсоя омада, духарара чунон задане карданд, ки чанд рӯзи дигар рӯйи ҷогаҳ монд. Баъди ин ҳар гоҳе номи беваи Чамангула мешунавид, дасту поҳоша ларза мегирифт, забонаш кӯл меовард, гап зада наметонист…

Мана, ҳамин хел як хотира монд аз он ишқи ғӯрамарги акатон.

Дорои ДИЛОВАР

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: