Главная > Uncategorized > Света… Уже все…

Света… Уже все…

Садои занги телефон боз ҷавонмарди хайрхоҳ Неъмат Бобоҷоновро аз хоби ширин бедор карду ӯ осемасар ба ҷойи фоҷеаи навбатӣ рафт. Шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Қумсангир Назриев Хуршедҷон Хурсамбекович (соли таваллудаш 1986) аз ҷониби шаҳрванди миллаташ ӯзбек Дониёр Хушбахтов бо истифодаи корд ба ҳалокат расида буд.

Хуршед дар шаҳри Санкт-Петербург аслан ба боркашониву корҳои сохтмонӣ машғул буд. Дар солҳои мардикорӣ ӯ бо духтари русе хонадор шуда, соҳиби фарзанд гардид. Он рӯзи хунин ӯ ба хона меояду мехоҳад каме хастагияшро барорад. Вале оромии ӯро шавҳари хоҳари ҳамсараш халалдор карда, бо ӯ муноқиша мекунад. Дар натиҷа, беихтиёр Хушбахтов Дониёр кордро аз рӯйи миз гирифта, ба қалби ӯ зарбаи марговар мезанад. Хуршед дилашро дошта, ҷонҳавлона ба назди ҳамсараш Светлана меояду вопасин суханашро мегӯяд:

— Света… Уже все…

Светлана аҳволи шавҳарро дидан замон доду фарёд бардошта, ҳамсояҳоро ба ёрӣ мехонад. Аммо зарбаҳои корд марговар буданд. Хуршед қалби пурорзуяшро дошта, калавида — калавида ба замин меафтад.

ӯ орзу дошт, ки рӯзи зодрӯзаш — 19-уми уми ноябр ба ватан меравад. Охир фарзанди калонии хонавода буду модар аз ӯ умеди зиёд дошт. Гӯё модар марги писарро пешакӣ эҳсос намуд, ки зуд — зуд ба домодаш занг зада, аҳволу саломатии писари ғарибашро пурсон шуд. Домодаш, ки бо ӯ дар як ҷо кор мекард, марги Хуршедро пинҳон карда мегуфт, ки Хуршед дар кор асту вақти телефонкунӣ надорад. Аммо дили модар ҳамеша аз нохушие гувоҳӣ медиҳад.

Дар сӯҳбат домоди хонаводаи Назриевҳо Назаров бо таассуф нақл кард:

— Хуршедҷон мактабро хатм карду ҳамроҳи ман роҳи Русияро пеш гирифт. Модараш бо умед ҳар рӯз телефон карда мегӯяд, ки ягона такягоҳаш Хуршедҷон — фарзанди калонист. Охир нав ба 24 даромадааст. Баҳори умраш ҳанӯз гул накарда буд. Ман чӣ хел ҷасади ӯро, ки дирӯзакак бо ҳам шишта чақ — чақ мекардем, ба ватан бубарам? Боварам намеояд…

ӯро гиря гулӯгир карду дигар чизе гуфта натавонист.

Айни замон кормандони Прокуратураи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург аз рӯйи ин ҷиноят парвандаи ҷиноӣ кушодаанду тафтишот идома дорад.

Чанде пештар низ риштаи умри ғӯрамарги дигар Давлат Норов канда гардида буд. Ман аз мушоҳидаҳои шахсии хеш ба хулосае омадам, ки бахусус дар шаҳри Питер ҷавонони муҳоҷир соҳиб надоранд. Гӯё мурдани тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба аҳли оилаи Хуршедҷонино аз номи тамоми ҳамватанони шаҳри ғурбат сабру таҳаммул хоҳонем.

Шаҳлои НАҶМИДДИН,

Санкт — Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: