Главная > Uncategorized > Чаро қайди давлатиро ба эътибор гирифтан намехоҳанд?

Чаро қайди давлатиро ба эътибор гирифтан намехоҳанд?

Ба таваҷҷӯҳи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Салимзода

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдуллоев

Баъд аз саргардониҳои зиёду аз як дар ба дари дигари суду прокуратура давидан ба танг омада, боз ба рӯзнома рӯй овардем. Зеро пайваста дар ин мақомот арзу додамонро мавриди баррасии дақиқ қарор намедиҳанд. Чанде қабл ба Прокуратураи генералии ҶТ муроҷиат намуда, талаб карда будем, ки нисбати кормандони масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Прокуратураи ноҳияи Файзобод барои бо роҳи берун баромадан аз ваколатҳои хизматӣ ва ғайриқонунию маҷбурӣ бартараф кардани бинои манзили истиқоматиямон воқеъ дар деҳаи Заркамар-2, ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод, дар асоси банди 3, моддаи 316-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шаваду зарари расонидашуда ба аҳли оилаам барқарор гардад. Аммо бовар надорем, ки чунин муроҷиатҳоямон одилона баррасӣ гардад.

14-уми июли соли 2009 аз соати 13 то 17 бо ташаббуси роҳбарият ва кормандони масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Прокуратураи ноҳияи Файзобод бе ягон асоси қонунӣ, бо роҳи берун баромадан аз ваколатҳои хизматӣ, бе ягон ҳалномаи судии дахлдор оид ба бартараф кардани манзили истиқоматӣ, бе иҷроварақаи судӣ, бе иштироки иҷрочиёни суд, бе тартиб додани санадҳои дахлдор, тариқи зӯроварӣ бо иштироки зиёда аз 6 нафар корманди милитсияи ноҳияи Файзобод бинои истиқоматиямонро ғайриқонунӣ, бе ҷуброни зарар бартараф карданд.

Молу мулки манқули шахсӣ ва масолеҳи сохтмонии хонаамонро дар вақти ғайриқонунӣ бартараф кардани манзили истиқоматиямон пурра несту нобуд карда, ба ҳолати корношоям табдил доданд.

Дар рафти маҷбурӣ ва ғайриқонунӣ бартараф кардани хонаи истиқоматии шахсиямон бо супориши ёрдамчии прокурори ноҳияи Файзобод Уроқов Ҷамшед нисбати Ибодова Гулрӯ аз тарафи кормандони милитсияи ноҳияи Файзобод Зуҳуров Шерафган, Абдуллоев Ғайратшо ва Парвиз Амонатов қувваи ҷисмонӣ истифода бурда, зарари ҷисмонӣ расонида шудааст. Ба ғайр аз ин, пас аз латукӯб бо истифодаи зӯроварӣ Ибодова Г.-ро ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ шинонда, ба бадани ӯ бе розигияш маҷбурӣ бо сӯзандору дорувории мадҳушкунанда гузарониданд, ки дар натиҷа Ибодова Г. зиёда аз 5 соат беҳушу бе ёд дар беморхонаи минтақавии ҷамоати Мискинобод бистарӣ карда шуд. Баъди ба ҳуш омадан Ибодова Г. аз беморхона пинҳонӣ мегурезад. Ин ҳолат бо Санади муоинаи судӣ — тиббии №4517, аз 15.07.2009 сол тасдиқ карда мешавад. Дар ин маврид шоҳидони зиёде ҳастанд.

Инчунин, ҳаракатҳои ғайриқонунии шахсони номбурда ҳангоми ғайриқонунӣ бартараф кардани манзили истиқоматӣ бо видеокамера аз тарафи ҳамдеҳагонамон ба навор гирифта шудааст.

Бо ин кирдори ғайриқонунияшон ба мо — 7 нафар аҳли оилаи ҷабрдида зарари моддӣ ва маънавӣ дар ҳаҷми махсусан калон расонида шудааст.

Ин масъала бояд аз тарафи мақомоти Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи тобеияти тафтишотӣ мувофиқи моддаи 122-и КМҶ ҶТ зери тафтиши дақиқ гузошта шавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 32-и Конститутсияи ҶТ — «Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад».

Мувофиқи қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 263-и Кодекси граждании ҶТ: «Қатъи ҳуқуқи моликӣ ба амволи ғайриманқул бинобар гирифтани замин ва дигар захираҳои табиӣ

1. Ҳуқуқи моликӣ ба амволи ғайриманқул вобаста ба қарори мақоми давлатӣ, ки мақсади бевосита гирифтани амволро аз молик надорад, аз ҷумла қарори гирифтани замин, ки дар он хонаи молик, дигар иморату иншоот ва дарахтзор воқеъ аст, танҳо тибқи ҳолати тартиби муқаррарнамудаи асноди қонунӣ қатъ гардида, ба молик амволи баробарарзиш дода, дигар хароҷоти ӯ ҷуброн карда ё тамоми зиёне, ки вобаста ба қатъи ҳуқуқи моликиаш ба ӯ расидааст, пурра баргардонида мешавад.

2. Ҳангоми норозӣ будани молик аз қароре, ки боиси қатъи ҳуқуқи моликиаш мегардад, он то замони бо тартиби судӣ яктарафа шудани баҳс татбиқ карда намешавад. Ҳангоми баррасии баҳс, инчунин ҳамаи масъалаҳои пардохтани товони зиёни расонидашуда ба молик ҳаллу фасл мегарданд».

Пас, чунин меҳисобем, ки кормандони масъули Прокуратураи ноҳияи Файзобод ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод аз ваколатҳои хизматияшон берун баромада, иҷроиши Қарори раиси ноҳияи Файзобод таҳти №286, аз 26-уми июни соли 2009 «Дар бораи амри Прокурори ноҳияи Файзобод аз 11.06.2009»-ро тариқи маҷбурӣ, бе риояи талабот ва тартиби бо қонунҳои амалкунанда пешбинишуда, ғайриқонунӣ иҷро кардаанд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷроия» Қарори раиси ноҳияи Файзобод оид ба сохтмони худсарона эътироф кардан ва маҷбурӣ бартараф кардани манзили истиқоматӣ ба номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷро дохил намешавад.

Ҳол он ки, мувофиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷроия» — «Иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои судии дигар давлатҳо ба зиммаи иҷрочиёни суд гузошта мешавад».

Яъне, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» таҳти №28, аз 17.05.2004 оид ба иҷро кардани қарорҳои раисони шаҳрҳо, вилоятҳо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тариқи маҷбурӣ бартараф кардани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ба кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ваколат дода нашудааст.

Дар асоси моддаи 37-и Кодекси замини ҶТ ва моддаи 154-и Кодекси манзили ҶТ баҳсамон бояд тариқи судӣ ҳал карда мешуд, вале кормандони мақомоти номбаршуда ваколати судиро ғайриқонунӣ ба зиммаи худ гирифта, худихтиёриву маҷбурӣ манзили истиқоматиямонро вайрон карданд.

Танҳо баъди вайрон шудани бинои истиқоматиямон Суди ноҳияи Файзобод баҳсро дар асоси муроҷиати мо баррасӣ намуд, аммо муроҷиатамонро оиди беэътибор ва ғайриқонунӣ донистани амри прокурори ноҳияи Файзобод аз 11-уми июни соли 2009 ва Қарори раиси ноҳияи Файзобод таҳти №286, аз 26.06.2009 бо қарори худ аз 29.12.2009 рад намуд, гӯё мо мӯҳлати даъворо гузаронида бошем. Чи хел мо мӯҳлати даъворо гузаронидаем, ки аз 18.12.2007 таҳти №0671215 сертификати ҳуқуқи истифодабарии замини мо аз қайди давлатӣ гузаштааст ва бе қарори суд касе наметавонад онро бекор кунад? Дар ҳоле, ки саннаи 14-уми июли соли 2009 манзили истиқоматии моро валангор карданд, гӯё мувофиқи санадҳои прокурору раиси ноҳия ҳуқуқи истифодабарии заминро надошта бошем.

Инчунин, шикояти кассатсионии мо аз болои ҳалномаи Суди ноҳияи Файзобод бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.03.2010 беқаноат мононда шуд. Гарчанде дар ҳуҷҷатҳои судӣ нусхаи парвандаи заминсозии замини наздиҳавлигии мо дар ҳаҷми 11 саҳифа вуҷуд дошта бошад ҳам, аъзоёни коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалномаи худ сухане дар бораи мавҷуд будан ё набудани сертификат нагуфтаанд, қайди давлатии сертификатро ба эътибор нагирифтаанд. Ҳамчунин, 6 соли охир мо бе ягон кашолкорӣ андози замин ва манзили истиқоматиямонро пурра супоридаем, ки нусхаҳои квитансия дар ҳуҷҷатҳои судӣ мавҷуд аст. Санад дар бораи он ки мо аз соли 1997 то ин ҷониб замини наздиҳавлигиямонро самаранок истифода мебарем ва 44 бех дарахтамон 14-сола шудаанд, аз тарафи суд ба эътибор гирифта нашуд.

Чанд маротиба ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Танҳо бори аввали муроҷиат карданамон таҳти №7-3нд-2009/4, аз 01.09.09 бо имзои муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Шарифов М. Р. посухе гирифтем, ки тассуфовар аст. Яъне, он қариб ки аз посухи иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳияи Файзобод Раҳматов А. Р. таҳти №70ж, аз 30.08.09 ба сокини деҳаи Заркамар-2 Рақибов Азиз (падари Рақибов Атобулло) монданӣ надорад. Қисми зиёди сархату бандҳои посухи Шарифов М. Р. бо иваз кардани чанд калима ё ибора, умуман андаке «тағйиру илова» аз посухи Раҳматов А. Р. нусхабардорӣ шудааст. Пас, маълум мешавад, ки дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қазияи мазкур мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Аммо ба як «нозукфаҳмӣ»-и Шарифов М. Р. метавон тан дод; шояд ӯ то ҳол қувваи қонунӣ доштани сертификати №0671215-ро дарк кардааст, ки як ҷумлаи вобаста ба онро аз посухи Раҳматов А. Р. «копӣ» накардааст.

Ба чанд муроҷиати минбаъдаи мо ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ки як хел посух дода шудааст: «Муроҷиати навбатии шумо бинобар такрорӣ буданаш бе баррасӣ гузошта шуд». Аз ҷумла, посухҳо таҳти №7-3нд-2010/4, аз 02.04.2010, №6/28-183-10, аз 19.04.2010, №7-3нд-2010/4, аз 30.04.2010, №7-3нд-2010/4, аз 21.05.2010, №7-3нд-2010/4, аз 09.06.2010. Бубинед, ҳатто рақамҳои содиротии бақайдгирии посухҳо қариб ҳамаашон якхелаанд.

Ҳатто раиси ноҳияи Файзобод Ҳакимов А. А. дар посухи худ таҳти №1863, аз 17.06.2010 сертификат доштани оилаи моро эътироф кардааст. Аммо, чаро онро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардан намехоҳанд? Магар намешавад, ки пеш аз шикояти назоратӣ бурданамон ин қазияро мавриди таҳқиқу таҳлили ҳамаҷониба қарор диҳанд?

Гулрӯ ИБОДОВА, Атобулло РАҚИБОВ,

ноҳияи Файзобод, ҷамоати деҳоти Мискинобод, деҳаи Заркамар-2

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: