Главная > Uncategorized > Як сухан аз боғ, як сухан аз Роғ

Як сухан аз боғ, як сухан аз Роғ

Замони муосир дар дунё дарёи тезҷараёнеро мемонад, ки андар соҳили худ селобаҳоро дар оғӯш мегирад. Селобаҳое, ки моҳияти аслии худро аз даст доданд. Селобаҳое, ки оташи дегдон ва танӯр интизорашон аст.
Навишт ва нигориши мавзӯъоти динӣ баъди фурӯпошӣ ва аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби диндорон ва дӯстдорони дин, инчунин мутахассисони диншиносу исломшинос ва файласуфону ховаршиносон дар Тоҷикистон нумӯ ва пешрафт намуд.
Таблиғи ақидаи коммунистӣ қомати худро шикаст ва моҳияти худро дар ҷомеа аз даст дод. Фалсафаи бехудоӣ дар тӯли ҳаёти худ натавонист арзишҳои динӣ ва фарҳанги исломиро ба коми нестӣ барад. Балки заминаҳои тозае барои ривоҷу равнақи фарҳанги динӣ муҳайё сохт.

Ҳарчанд ки Истиқлолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва озодии сухан барои шаҳрвандони кишвар падидаи тоза буд, аммо истиқлолияти мазҳабӣ барои мардуми мусалмони кишварамон чизе нав ба шумор намерафт. Яъне истиқлолияти мазҳабӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷудият ва ҳастии худро дар асоси таълимоти Имоми Аъзам (р) ҳифз намуд.
Ва дар баробари эҷоди бозори озод ва чаканафурӯшӣ, бозори фурӯши маводҳои зеҳнии динӣ ба монанди китобу адабиёт ва сабти наворҳои амри маъруфу наҳй аз мункар хеле зиёд гардид ва ин неъмат аз файз ва баракати истиқлолияти бадастомада дар кишвар мебошад. Ва боиси шукргузорӣ аз ин неъмати Худовандӣ мебошад.
Фазои иттилоотии динии кишвар то ҷое холӣ аз муноқишаҳои ақидавӣ ва мафкуравӣ монд. Аз мавриди ба даст омада, мубаллиғини ҳизбу гурӯҳҳои иртиҷоии ба ном динӣ барои пурзӯр намудани мавқеи сиёсӣ ва динии худ аз тамоми роҳу восита истифода намуданд.
Аз ҷониби ҳукумат барои таъмини амният ва фазои орому сулҳу субот пеши роҳи баъзе ҳаракатҳои динӣ гирифта шуд, ки хеле бамаврид ва саривақтӣ буд.
Аммо чизи дигаре, ки фазои иттилоотии динии кишварро дар баробари дигар ҳаракатҳои боздошташуда ба монанди «Ҳизб-уттаҳрир» ва «Салафия» ноором ва халалпазир месозад, ин китоб ва адабиётҳои камарзиш, пурнуқсони ба ном динӣ мебошад, ки аз ҷониби баъзе донишмандони ба ном диншинос ва исломшинос навишта шудаанд.
Шояд мақсади чунин китобнависон накӯ бошад, аммо бинобар камиттилоотӣ аз мавзӯъоти динӣ ва масоили фиқҳӣ кор то ҷо расидааст, ки аз китобҳои маъруфи динӣ масоил ва нақлу ривоятҳоро пурхато, пурҷафо ва бесаводана рӯйбардор намуда, бе таҳлилу баррасӣ омодаи чоп намуда, ба номи худ китоб омода кардаанд.
Сарчашмаҳои хурофоти динӣ ва осебпазирии тафаккури имонӣ бисёр аст ва яке аз чунин сарчашмаҳои хурофоти динӣ эҷод ва навишти китобҳои пурғалат ва бемӯҳтаво мебошад.
Донишмандони дин, машоихи бузургвор, имомони бузургвор ва муҷтаҳидини огоҳу воқиф дар олами ислом хеле боэҳтиёт нисбати масоили фиқҳӣ вориди баҳсу навишт ва коркарду истихроҷи он мегаштанд. Назди ҳазорон донишмандон барои бозомӯзии илм сари зону менишастанд. Аз Ватан ба хотири дин ҳиҷрат мекарданд. Имом Абӯҳанифа (р) дар назди зиёда аз 4000 ҳазор шайх ва дигар донишмандони дин илм омӯхтааст ва баъдан ба коркард ва истихроҷи масоили фиқҳӣ камари ҳиммат баст. То халал дар таълимоти дини ислом ҷой ва мавқеъ наёбад ва уммати исломӣ мавриди ришханди мухолифини дин қарор нагирад. Занҷираи ухувват ва риштаи суннатуннабӣ заиф нагардад.
Аммо имрӯз чунон ба чашм мерасад, ки ҳар камхабар аз таълимоти дин даъвии иҷтиҳод дорад ва худро фахри замон ва ғамхори дин муаарифӣ мекунанд ва болои минбари поки Расулуллоҳ (с) бидуни таҳорат ва хилофи суннатуннабӣ дар вартаи даъват ва иҷтиҳоданд.
Аз ҳамин рӯ, мо тасмим гирифтем китоби «Масоили фиқҳӣ»-ро, ки ба қалами ҷаноби Гулмаҳмади Нурмаҳмад мутааллиқ аст ва соли 2007-ум дар шаҳри Душанбе ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Ва чанд нуктаи муҳими онро, ки хонандаи гиромиро мефиребад ва ба хатоандешӣ мебарад, дар навбати худ ошкор намоем. Зеро ба қавли Расулуллоҳ (с): «Ҳақро бигӯед, агарчи талх аст»:
Агар бинӣ, ки нобиною чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Китоби «Масоили фиқҳӣ»-и Гумаҳмади Нурмаҳмад аз 224 саҳифа иборат аст. Нашриёти ҶДММ «Воло» онро ба чоп расондааст. Муҳаррирони китоб Баҳриддини Ҳалим ва Саломов Довуд мебошанд. Яъне китоб иборат аз ду муҳаррир аст, ки ҳар мавзӯъ ва ҷобаҷогузории масъалаи фиқҳиро зери назорати худ қарор додаанд. Масъулияти сангинро ба дӯши худ ҷаноби Бадриддини Ҳалим ва ҷаноби Саломов Довуд гирифтаанд.
Дар ибтидои китоб хеле дилкаш шеъреро нависандаи китоб овардааст:
«Ба дарёи шариат гомзанӣ корест бас мушкил,
Ба пиндору ба гуфтору ба рафтор боядат якдил».
Аммо мусанниф ва муҳаррирони мӯҳтарам ҷаноби Баҳриддини Ҳалим ва Саломи Довуд «Ба дарёи шариат гомзанӣ корест бас мушкил»-ро фаромӯш намуда, «Ба давидан болои об ва қайиқ рондан ба дарёи шариат» шурӯъ намуданд ва ба саҳлнигории ҷиддӣ роҳ дода, аз адами бехабарӣ аз илми фиқҳ ва масоили шаръӣ, ки китоби мазкур пурхато рӯи чоп омада дастраси туллоби гиромӣ гаштааст.
Китоби «Масоили фиқҳӣ» бо сухани ифтитоҳии имом хатиб Усмон ибни Ҳаёти Исмоил оғоз гашта, аз ҷумла, айнан чунин менависад: «Масоили фиқҳӣ аз табақоти китобҳои фиқҳӣ буда, аз Қуръони маҷид, Мухтасар, Гӯри мирӣ, Салоти Масъудӣ ва Каҷкул гулчин шудааст. Ин ҷо масъалаҳоеанд, ки донистанашон барои ҳар яке аз муслимин ва муслимот фарзи айн аст. Биноан ашхосе, ки аз мутолиаи ин китоб бархӯрдор мешавад, ба нозукиҳои таҳорату намоз, рӯзаву закот, ҳаҷҷу қурбонӣ, ҳайзу нифос ва никоҳу талоқу ъидда ошноӣ пайдо мекунад…».
Аз лиҳози забонӣ мебинем, ки дар ин навишти домуллои мӯҳтарам, ҷаноби Усмон ибни Ҳайёти Исмоил номи китобҳои Қуръони маҷид, Мухтасар, Гӯри мирӣ, Салоти Масъудӣ ва Каҷкулро дар нохунак нагирифта, ба хатогӣ роҳ додааст. Ва таъкид мекунад: «Ин ҷо масъалаҳоеанд, ки донистанашон барои ҳар яке аз муслимин ва муслимот фарзи айн аст».
Саволе пайдо мешавад, ки пас чаро домуллои мӯҳтарам китоби мазкурро як маротиба аз назар нагузаронидааст ва ё аз зери назар гузаронида бошад, нафаҳмидааст, ки баёни ҳар мавзӯъ маҷҳул, номураттаб, номавзун ва хилофи якдигар дар китоб дарҷ ёфтааст. Хонандаи навомӯз ва камхабар дар ҳеҷ ҳолат сарфаҳми мавзӯъоти китоби «Масоили фиқҳӣ»-ро намеравад. Зеро масоили фиқҳӣ дар китоби «Мухтасар-ул-виқоя» ва «Салоти Масъудӣ» мураттаб ва ба як низоми муайяни илмӣ ва пайдарпай дарҷ ёфтааст. Аммо дар китоби «Масоили фиқҳӣ» як сухан аз боғ аст ва як сухан аз Роғ. Хуб мешуд, ки Усмон ибни Ҳайётии Исмоил дар ҷобаҷогузории мавзӯъоти фиқҳӣ ба муаллиф ва муҳаррирон: Баҳриддини Ҳалим ва Саломов Довуд маслиҳат ва машваратҳо медод. Зеро аз навишт ва усули баёни мавзӯъот бармеояд, ки чӣ мусаннифи китоб ва муҳаррирон камхабар аз илми мазкур мебошанд, ки ба одитарин усули навишти китоб аҳамият надодаанд. Ягон номгӯйи китоб ва санади ҳадис дар поварақи китоби «Масоили фиқҳӣ» нишон дода нашудааст.
Мусанниф аз саҳифаи чаҳорум китоби худро оғоз намудааст ва онро чунин номгузорӣ намудааст: «Дар баёни таҳорат ва ғусл» ва ҳамчун далели шайъӣ ва шаръӣ ояти мазкурро: «Ё айюҳаллазина оману изо қумтум илас салоти фағсилу вуҷуҳакум ва айдиякум илал марофиқи вамсаҳу бируусикум ва арҷулакум илал каъбайни ва ин кунтум ҷунубан фаттахару ва ин кунтум маразо…» овардааст.
Аммо қабл аз зикри ояти Қуръон ва оғози китоби худ равиши амри илоҳӣ ва суннатро тарк намудааст, ки бо тасмия оғоз намояд китобашро. Ва дигар амри Илоҳӣ аст: «Фаизо қараътал Қуръона фазтаъизубиллоҳи минашшайтонирраҷим».
Дигар ин ки, дар бораи фарзҳои таҳорат маълумот ва шарҳ надода, баъди ояи фавқ дар баёни суннати вузӯ мепардорзад: «Суннати вузӯ ибтидо ба тасмия кардан аст, саҳеҳ ин аст, ки мустаҳаб аст, зеро ки мувозибати расул (а) ба тасмия машҳур аст ва ба қавле адаб аст…».
Дар маънии ҷумла ба пуррагӣ тазод, яъне инкори инкор дида мешавад. Аввал мегӯяд: «Суннати вузӯ ибтидо ба тасмия кардан аст» ва баъдан аз қавли худ баргашта зикр мекунад: «Саҳеҳ ин аст, ки мустаҳаб аст, зеро ки мувозибати расул (а) ба тасмия машҳур нест ва ба қавли баъзе адаб аст».
Ва дигар ин мавзӯъро шарҳ намедиҳад ва сабабашро баён намесозад. Дар натиҷа мусалмони навомӯз ба хато мегаравад. Зеро аввал дармеёбад, ки тасмия гуфтан суннати вузӯ гирифтан аст. Аз ҷумлаи баъдӣ мефаҳмад, ки суннати вузӯ нест, балки мустаҳаб аст. Нависандаи китоб ҳад ва ҳудуди суннат ва мустаҳабро муайян намесозад, балки хонандаро ба муноқишаи ақидавӣ ва тафриқаи ақлӣ мебарад. Аз ҳамин ҷиҳат хонанда намедонад, ки қавли аввал ва ё дуюмро бипазирад ва кадоми ин қавлҳо саҳеҳ ва дуруст мебошад.

Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ (Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Июль 20, 2010 в 6:10 пп

    Дуруду салом ба чаноби Абдуллохи Мухаккик!
    Ахсант бар шумо, бояд мо камбудихои якдигарро бигуем то пешрафт кунем. Бисёр хуб буд ва умедворам инхо хама даст ба дасти хам диханду дар пешрафти сатхи илми мардуми азизамон кумак кунанд.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: