Главная > Умедҷон НАЗАРОВ > Садриддин Акрамов: «Тӯҳматзада бошу тӯҳматчӣ не»

Садриддин Акрамов: «Тӯҳматзада бошу тӯҳматчӣ не»

Қазияи Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон муддати тӯлонӣ аз мавзӯи ҳафтаномаи мо буд. Хонандагони сершуморе ба ин қазия таваҷҷӯҳ зоҳир карда, аз идораи ҳафтанома хоҳиш намуданд, то дар мавриди тақдири ин мавзӯъ рӯшанӣ андозем. Ба ин хотир, мо бо ректори Донишкада профессор С. Акрамов сӯҳбате оростем. Фишурдаи ин сӯҳбатро барои мутаваҷҷеҳони мавзӯъ дар шакли муҳовара пешкаш менамоем.
Мухбир: — Садриддин Мӯҳриддинович, хоҳишмандем дар хусуси ҳоли баҳсатон бо Вазорати маориф рӯшанӣ меандохтед.
С. Акрамов: — Охирин маҷлиси судии Суди Олии иқтисодӣ, ки 18-уми майи соли ҷорӣ баргузор шуд, қазияро бе баррасӣ гузошт.
Мухбир: — Барои хонандагони ҳафтанома, ки бархе касбияти илми ҳуқуқро надоранд, ин ҳолати ҳуқуқиро каме шарҳ медодед…
С. Акрамов: — Мутобиқи таъиноти моддаи 147-и Кодекси мурофиаи судии иқтисодӣ суд ҳуқуқ дорад дар сурати мавҷудияти якчанд ҳолати ҳуқуқӣ, мисли дар суди дигар мавҷуд будани парванда бо ҳамин баҳс, риоя нашудани тартиби даъво, ошкор шудани баҳс марбут ба ҳуқуқ, имзо надоштани шикоят, аз тарафи шахси дигар имзо шудани шикоят ва ғайра парвандаро бе баррасӣ гузорад. Суди иқтисодӣ ба иллати он ки шикояти ДТИКТ-ро иҷрокунандаи вазифаи ректор С. Носиров имзо гузошта буд, қазияи моро бе баррасӣ гузошт.
Мухбир: — Шумо ба ин қарор розӣ шудед ва қарори мазкур кадом ҳолати ҳуқуқиро барои Донишкада ба вуҷуд овардааст?
С. Акрамов: — Аввалан, суд набояд қарор, балки дар асоси талаботи моддаи 148-и Кодекси зикргашта таъинот қабул менамуд. Хуб, инро мо ба арзиши касбии худи ҳайати суд ҳавола мекунем. Аз тарафи дигар, новобаста ба ин, Донишкада бо имзои ректори ДТИКТ аз нав шикоятро имзо гузошта, ба суд фиристод. Меъёри ҳамин моддаи148 тарафи манфиатдорро ҳуқуқ додааст дар сурати бе баррасӣ гузоштани парванда, «хато»-и техникӣ ва ё ҳолати ҳуқуқии асоси бе баррасӣ гузоштанро ислоҳ карда, аз нав шикоятро ба истеҳсоли суд супорад. Мо ин амалро новобаста аз эродҳоямон нисбат ба ҳайати суд фиристодаем. Боқӣ кори суд аст.
Мухбир: — Ҳоло Донишкада фаъолият дорад ё не?
С. Акрамов: — Донишкада соли хонишро ҷамъбаст намуда, фаъолияташро идома дода истодааст.
Мухбир: — Магар ҳолати ҳуқуқии Донишкада имкон медиҳад, ки барои соли нави хониши 2010-2011 довталабон қабул карда шаванд, яъне дар Донишкада комиссияи қабул фаъолият дорад?
С. Акрамов: — Дар асоси муқаррароти моддаи 74-и Кодекси расмиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ба тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани санади маъмурӣ (мурод фармонҳои вазири маориф оид ба маҳдуд кардани фаъолияти ДТИКТ аст), ба таври маъмурӣ ба мақомоти болоии маъмурӣ шикоят кардани санади маъмурӣ амали он боз дошта мешавад. Мӯҳлати ин боздошт (мутобиқи таъиноти моддаи 75-и Кодекси зикргашта) то аз тарафи мақомоти болоии маъмурӣ ва суд ба таври дахлдор ҳал кардани баҳс мебошад. Аз ин лиҳоз, Донишкада барои фаъолияти пурра тамоми ҳуқуқҳоро дорад. Ин ки баҳс аст, ин ҳам аломати давлати ҳуқуқбунёд буда, мо амали даъвоии тарафи муқобилро аз ҳуқуқҳои онҳо медонем. Албатта, қонун ба иродаи ДТИКТ-у мансабдори мақоме ва ё суд вобаста нест. Қонун қонун аст ва он бояд риоя шавад. Иштибоҳоти амали ҳуқуқии субъектҳо ин ҳодисаи муқаррарии ҳар кадом ҷомеа аст.
Мухбир: — Оё раванди баҳс ба эътибори Донишкада таъсири манфӣ нарасонидааст? Бовар доред, ки дар чунин шароит довталабон барои қабул шудан ба Донишкадаи Шумо меоянд?
С. Акрамов: — Чуноне ки худи шумо аз пурсуҷӯи хонандагони ҳафтавор баён доштед, ин раванд эътибори Донишкадаи моро накостааст. Баръакс, таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мо боло рафтааст. Мардуми зиёде барои супурдани ҳуҷҷатҳои худ ба комиссиси қабули Донишкада муроҷиат доранд.
Мухбир: — Чуноне ки гӯшрас кардем, Вазорати маориф дар асоси ҳалномаи Суди иқтисодӣ иҷроварақаро дар бораи бозпас додани Иҷозатнома дар таърихи 12.07.2010 ба Шумо фиристода, иҷрои онро дар муддати 3 рӯз талаб кардааст. Шумо ба ин талаби Вазорати маориф чӣ муносибат хоҳед кард?
С. Акрамов: — Азбаски иҷроварақаи фиристодаи Вазорати маориф иҷроварақаест, ки дар асосҳои ғайриқонунӣ аз тарафи суд дода шуда буд (яъне, бо вуҷуди он ки аз болои ҳалномаи суд шикояти аппелятсионӣ шуда буд, суд талаботи Кодекси мурофиавиро вайрон карда, ба Вазорат иҷроварақа дода буд. Суд баъд аз эътирози Донишкада ғайриқонунӣ будани ин амалашро эътироф намуда буд.), мо санади мазкурро иҷро карда наметавонем. То ҳол баҳс ба таври дахлдор аз тарафи суд баҳогузорӣ нашудааст.
Мухбир: — Дар Донишкадаи шумо кадом мутахассисон касб меомӯзанд?
С. Акрамов: — Ихтисосҳои касбии Донишкадаи мо ихтисосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, таъминоти лингвистӣ ва коммуникатсияи байнифарҳангӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон, менеҷмент, бизнес-идоракунӣ, информатика ва системаҳои информатсионӣ ва технологӣ мебошад.
Мухбир: — То ҷое медонам, бештари муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳаққи таълимро барои соли нави хониш зиёд карданд. Ин ҳолат дар Донишкадаи шумо ҳам ҳаст?
С. Акрамов: — Дар Донишкадаи мо ҳаққи таҳсил бе тағйир аст. Вазъи молиёти мардумро дида, ба худ ҳуқуқ надодем, ки ҳаққи таълимро зиёд намоем.
Мухбир: — Аз он бим надоред, ки мутахассисони хуб ба иллати камии маош аз Шумо аз кор мераванд?
С. Акрамов: — Шояд то имрӯз дар бештари муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба миқдори Донишкадаи мо маоши боло набошад. Мо бо ҷамъи андозҳои вобаста ба музди меҳнат қариб аз чор се ҳиссаи даромадро ба маош сарф дорем ва хоҳем дошт.
Мухбир: — Дар оғози баҳсҳои шумо як маншаи баҳсро дар он ишора доштанд, ки гӯё дар Донишкада маош сари вақт пардохт намешавад. Воқеияти ҳол чист?
С. Акрамов: — Вазъи бӯҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ ба кадом муассисаи дигари Ҷумҳурӣ таъсири худро нагузошт? Пардохти маош дар Донишкадаи мо ҳеҷ вақт ба 1-2 моҳ ба таъхир нарафтааст. Он ки баъзе бародарон аз ҳеҷ чиз чизе сохтанд, ин ҳам ҳамон қонуни фалсафа- ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳост. Барои мавҷудияти рангҳо (рангҳои қашангу хира) набояд ранҷид. Ҳаётро ба чашми фазл дар ҳоли ҳақиқат назар бояд кард. Мегӯянд, тӯҳматзада бошу тӯҳматчӣ не.
Мухбир: — Назаратон ба фардои худ ва ҷумҳурӣ дар боби маориф чист?
С. Акрамов: — Ноумедӣ шеваи фазл нест. Ман ба рушди давлату давлатдории миллат, инкишофи фардои иқтисод ва иҷтимои кишвар, раҳоӣ аз пастии фазлу камол хушбинона назар дорам. Бовар дорам, ки мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон камол хоҳад ёфт. Шуурро чун зарф ба як бор наметавон шуст. Мо оҳиста-оҳиста ба эҳтироми қонуният, афзалияти фарҳангӣ одат кардан дорем.
Мухбир: — Дар фаъолияти минбаъдаи Донишкада ба Шумо пешрафт мехоҳем.
С. Акрамов: — Ташаккур. Тоҷикистон дар ҳоли ободист… Ба «Пайкон» низ барор мехоҳам…

Мусоҳиб
Умедҷон НАЗАРОВ, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: