Главная > Uncategorized > «Аввал чун фоҷеа ва баъд чун мазҳака…»

«Аввал чун фоҷеа ва баъд чун мазҳака…»

Чун марҳилаи саҳмияхарӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» оғоз шуд, мардум ин тасмимро маъракаи умумимиллӣ баҳогузорӣ кардаву ба қадри тавон саҳм гузоштанд. Аммо башиддат паст шудани аҷалаи мардум барои иштирок дар маърака гумонҳоеро ба бор овард, ки гӯё пули онҳо тамом шуд. Дар ҳамин ҳол, чанде пеш хабарҳое пахш гардид, ки маблағи аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омада қариб 200 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Пас, ин нишона аз камбизоатии мардуми тоҷик нест? Дар ҳамин маврид, яъне баҳс сари масъалаи «Роғун»-созӣ, хабарнигорамон бо чанд суол ба раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҳамзамон раиси бахши иқтисоди Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Масъуд Собиров муроҷиат намуд.

— Дар гузоришҳо омадааст, ки гӯё маблағи аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъшуда ҳудуди 200 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода ва гӯё ин маблағ дар хазинаи Вазорати молия қарор дорад. Ин рақам ва ҳамчунин, дар ихтиёри вазорати номбурда қарор доштани он то кадом андоза ба воқеият наздик буда метавонад? Дар ҳоле ки саҳмияхарӣ ба як маъракаи умумимиллӣ табдил ёфтаву тариқи бонкҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешуд ва бо он шаҳомат коршиносон ҳадс мезаданд, ки маблағ шояд ба рақами чанд баробар зиёд аз омори дар боло қайдшуда расад.

— Маънибардорӣ аз саволатон имкони дарки чанд хулосаи мантиқист, ки бавижа дар иртиботи мустақим ба мавзӯи мавриди назар баъзе аз онро алҳол лоиқи қазовату баҳсу андеша медонам. Яке вусъату қотеъияти рӯзафзуни худи саволатон аст, ки дар мафкураи мардум мавқеъ мегираду аз забонаш ҳарчи бештар садо медиҳад. Зимнан сухан аз хусуси зуҳури омилест бо номи эътимод — эътимод ба онҳое, ки қудрати сиёсиро моликанд. Яъне, агар пардаро аз рӯйи андеша бардорем, боист афзуд, ки маҳз заифии шиддатгирандаи ҳамин эътимод боиси аксуламал аст: эътимод ба давлат ҳар чӣ заиф аст, ҳамон андозаи мутақобила (пропорционально) шубҳаву гумони одамон, ки ифодааш маҳз саволи шумост, тақвият дорад. Ман низ, билхоса чун нафаре, ки масъулияти роҳбарии як ҳизби сиёсиро бар ӯҳда дорам, побанд дар ҳамин сатҳи бағоят пасти эътимод ба давлату ҳукуматам, на бештар. Ва барои мавқеъгирии мазкур далели қавие дорам, ки бори гарони таҷрибаи талхи интихоботи парлумонии ҳанӯз назудуда аз хотираҳо бар дӯшаш аст. Ба он маънӣ, ки ҳамон як даст ҳам мавриди тақаллуб бобати нодидагирии бемасъулона аз иродаи аслии мардум ва ҳам чун воситаи нигаҳдориву фузунии манфиати молии мардум наметавонад истифода шавад. Ин аст, ки сарфи назар аз иттилои расмии Вазорати молияи кишвар аз вазъи ҷамъоварии маблағҳо саволҳо бобати ба воқеият чӣ андоза мансубият доштани он имрӯзу фардо миёни мову шумо забонзадаву ташвишовар боқӣ хоҳад монд.

Андешаи сонӣ атрофи ҳаҷми маблағҳои бадастомада аст ва ба гумони ман бамаротиб зиёд аз иттилои расмии ҳукуматӣ маънидод кардани рақами марбута бештар ҳосили боз ҳамон эътибори бағоят пасти ҳукумат, аз ҷумла миёни коршиносон аст. Ҳарчанд ба иттилои расмӣ ман низ, чуноне гуфтам, эътимод надорам, вале таҳлилу пурсишу ковишҳои заҳматталабе имкони ифшои ҳақиқатро барои коршиносон муҳайё месозанд ва аз ин рӯ, аҷаб не мақомоти ҳукуматӣ аз ба ифрот кашидани таҳмили иҷбории иттилое, ки боиси таҳрифи воқеият мегардад, худдорӣ кунанд. Ба ҳар ҳол каму беш ба воқеият созгор будани рақами марбут ба 185-200 миллион доллари амрикоиро хулосаи коршиносони мустақил аз хусуси сатҳи пасти иқтисоди кишвар ва қашшоқии бештари мардум далел аст.

Мефаҳмам, ки унвонияти савол ба ман, аслан ба узвияти банда ба Комиссияи ҷамъиятии марбутаи назоратӣ, ки тавассути қарори ҳукумат аз 11-уми марти соли равон таҳти №145 таъсис ёфтааст, алоқамандӣ дорад. Ин маврид низ мехостам се нуктаро тазаккур диҳам.

Якум, мутобиқ ба фармудаи муқаррароти Низомномае, ки танзими фаъолияти Комиссияро бар ӯҳда дорад, аъзои он бояд моҳе як маротиба ҷамъ шаванду тавассути расонаҳои хабарӣ мардумро аз вазъи истифодаи маблағҳояшон хабардор кунанд. Мутаассифона то ҳанӯз танҳо як ҷаласае моҳи апрел доир шудаву он ҳам бошад сирф фарогири масоили ташкилӣ буду халос. Кори Комиссия бо муқаррароти ноқису бағоят номукаммали Низомнома роҳандозӣ шудааст, ки комилан хатост. Ҳуҷҷати мазкур ҳам ба таҳрири ҷиддиву ба меъёрҳои тахассусии ҷавобгӯ ниёз дорад ва ҳам бояд регламенте рӯи кор ояд, ки бо тафсилоти бештаре фаъолияти Комиссияро роҳбалад бошад. Масалан, то ба ҳол маълум нест, ки аъзои Комиссия чӣ ҳуқуқу масъулият доранд, ҳуқуқҳои онҳо дастҷамъона аст ё инфиродӣ, онҳо ҳуқуқи ба вазорату ташкилоту идораҳо вобаста ба ҳадафу вазифаҳои Комиссия муроҷиати мустақимона кардан доранд ё не ва ғайраву ҳоказо.

Дуюм, андешае то ба ҳол оромам намегузорад, ки сатҳи эътимоди бахусус пас аз интихоботи парлумонӣ ба боди фано рафтаам нисбат ба ҳукумат магар метавонад ба Комиссия ворид шуданамро истисно накунад. Самимона изҳор медорам, ки ба ин тадбир рӯ оварданамро ягона чизи боисшуда эҳтимолияти иттиҳом аз гилаву шикваву таънаву надомати мардуми ранҷкашидаву офатзадаи соддаву савдоист тахмин ба ин мазмун: моро — мардумро, ҳамон мардумеро, ки басо аз ғасби ҳақаш гуфтаиву мегӯӣ, вақте имкони ҳатто ночизи назорати чанд тангаи аз бисоти ҳақиронаву оҷизона ба ҳукумат бовар кардаамон бароят даст дод, чаро фаромӯш сохтиву қурбони мавқеъгирии сиёсият кардӣ?

Сеюм, сарфи назар аз ҳадафҳои расмиву рӯпӯшшуда дар мавриди кори Комиссия ва нуқсу камбудиҳои танзими фаъолияти он минбаре таъсис ёфтааст, ки алҳол бо истифода аз он ва вобаста аз фурсат мехостам чун узви барасмиятшинохтаи Комиссия аз ҳукумат, вазорату идораҳои марбута, бахусус аз Вазорати молия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин аз роҳбарияту масъулини Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО-и «Роғун» пурсам:

— маблағҳои барои сохтмони нерӯгоҳ ҷамъшуда чӣ қадаранд, таносуби ҳаҷмашон вобаста ба моликон чигуна аст, маблағҳо мушаххасан дар куҷоянд, чӣ қадари онҳо ва амиқу аниқ бо кадом мақсадҳо истифода шудаанду мешаванд? Зимнан бояд таъкид дошт, ки маблағҳои аз буҷаи давлат сафарбаршударо низ ин саволу саволҳои минбаъда  дар назар доранд, зеро онҳо низ аслан маблағҳои мардуманд;

— молу маводеро, ки ба хотири сохтмони нерӯгоҳ аз дохилу беруни кишвар харидорӣ мешавад, кадом ташкилоту корхонаву муассиса харидорӣ кардаасту мекунад, муассису соҳибмулконашон киҳоянд, чӣ гуна ва бо истифодаву риояи кадом меъёру муқаррароти асноди меъёрии ҳуқуқӣ ин ташкилоту корхонаву муассисаҳо ба бозори хариду фурӯши маводу маҳсулот ба нерӯгоҳ роҳ ёфтаанд, таносуби нархи воридотии маводу маҳсулот ва фурӯши онҳо ба нерӯгоҳ чӣ андоза тафовут дорад, молу мавод аз кадом кишварҳову ширкатҳо ворид мешаванд ва арзиши шартномавияшон чигуна аст?;

— ҳаҷми имтиёзҳо (масалан, озодкунӣ аз андозҳо) дар мавриди воридоту интиқоли маводу маҳсулоти барои нерӯгоҳ пешбинишуда кадом маблағро дар давраи сипаришудаи соли равон ташкил медиҳад, нархи ҳамон маводу маҳсулоти аз имтиёзҳо бархӯрдорнабуда дар бозори дохилӣ чигуна аст?;

— дар таъмини нерӯгоҳ бо маводу масолеҳ кадом ширкату ташкилот ва дар кадом андоза (миқдор, арзиш) аз низоми ба истилоҳ офшории муомилот истифода мекунад?;

— андозаи миёнаи маош барои гурӯҳҳои гуногуни коргару хизматчиёни нерӯгоҳ чигуна тафриқабандӣ шудааст ва оё давраи сипаришудаи соли равон қарзи маош ҷо дошт, агар ҳа, кадом моҳ ва ба кадом маблағ?;

— теъдоду натиҷаҳои санҷишу тафтишҳое, ки мақомоти назоратӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди сохтмону истифодаи маблағҳои барои нерӯгоҳ пешбинишуда дар давраи сипаришудаи соли равон доир намудаанд, ба чӣ мазмун аст?

Мехоҳам арз намоям, ки ҳама гуна посухи дастрасгаштаам ба саволҳои зикршуда ба таваҷҷӯҳи мардум тавассути расонаҳои хабарӣ пешниҳод хоҳад шуд.

— Кадом фарзия ба худдорӣ кардани бонкҳои тиҷоратии кишвар аз истифодаи маблағи саҳмияҳо ва ба гардиш даровардани он асосноктар ба назар мерасад: тарс аз фоизи баланди қарзҳои Вазорати молия, ба маблағи иловагӣ ниёз надоштани бонкҳо ва ё нотавонии барзиёди бонк?

— Гумон мекунам теъдоду мӯҳтавои фарзияҳо бо омилҳои номбаркардаатон маҳдуд нест. Гузашта аз он, сабаб шояд чизи дигар аст. Раво донистани фоизи гарданшикан аз ҷониби Вазорати молия метавонад чун ифодаи вонамудкунии дар бонкҳо ҷойгиркунии маблағҳо маънидод шавад ва агар воқеият ҳамин аст, пас метавон гуфт, ки дар ҳақиқат маблағҳо дар манбаҳое қарор доштаву тарзе мавриди ниёзбардориянд, ки ҷуз бо баҳонаи фоизҳои номатлуб, яъне тариқи маснӯӣ ба даст овардани норозигии бонкҳои тиҷоратӣ чораи дигареро вазорати номбурда барои рупӯш кардани вазъи феълӣ надорад.                Чанд сабаби дигареро, ки бонкҳои тиҷоратӣ аз истифодаи маблағҳои саҳмияҳо метавонанд худдорӣ намоянд, метавон номбар кард. Масалан, қабл аз ҳама ҷойгиркунонии маблағҳои мазкур эҳтимолияти дахолати беҳудаву баҳудаи давлатиро ба фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ меафзояд ва маълум аст, ки саркашии бонкҳо дар ин маврид вокуниши табиист. Дигар ин ки, проблемаи маблағҳои мардум бештар моҳияти сиёсӣ касб кардааст ва ҳазар аз ин омил низ барои бонкҳои тиҷоратӣ чизи фаҳмову муқаррарист. Яъне вазъи идоракунии ба истилоҳ таваккалҳо (управление рисками), ки алҳол барои бонкҳои зинаи дуюм бе ин ҳам ниёз ба беҳбудӣ дорад, боз ҳам душвору ногувор хоҳад шуд. Вале сабаби асосӣ метавонад дар маҷмӯъ боз ҳамон проблемаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бошад. Тасфи дилу ҳавою ҳаваси бори дигар зиндакардаи ғояи «Роғун»-созӣ, чунонки мушоҳидаҳо гувоҳанд, қариб хомӯш шуд ва агар мантиқ фардо низ ҳамон аст, ки дирӯзу имрӯз ҷараён дошт, тавонгарони сиёсии мо фардо орзӯ мекунанд ҳарчи зудтар ин мавзӯъро фаромӯш созанд. Ин ҷо хоҳу нохоҳ сухани дар назари аввал содалавҳонаи тасодуфан аз забони ду мӯсафеде шунидаам ёдам меояд, ки яке ба дигаре мегуфт: «Ин Роғунаш сари ҳамон давлати пурқудрати Шӯравиро хӯрд, метарсам, ки мавзӯи он аз нав зинда шудаасту сари ҳамин давлатро ҳам нахӯрад…».

— Агар раваду маблағи саҳмияҳои «Роғун» ба муомилот набарояд, нафарони саҳмгузоштаро тақдири саҳмдорони «Сангтӯда-2″ интизор нест?

— Дар ин қиёс бо истифода аз қиёси дигаре ба саволатон метавон посухи тасдиқ дод: хусусиятҳои ҳар ду маърака далели онанд, ки мардуми имрӯз аз лиҳози ақлу фаросату маърифату худшиносӣ қариб  ҳамон мардумест, ки дар сохтмони «Сангтӯда» саҳм гирифтааст. Ҳукумат бошад, маълум аст, ки ҳамон ҳукумат аст. Пас чаро эҳтимолияти оқибатҳои маъракаи авваларо имрӯз дар мавриди «Роғун» сарфи назар кунем? Ба ёд оварем, ки ба фармудаи Гегел, ҳодисаҳо дар таърих ду маротиба такрор мешаванд, Маркс меафзояд: аввал чун фоҷеа ва баъд чун мазҳака…

— Шумо пешниҳод карда будед, ки барои истифодаи маблағи саҳмияҳо бонки наве бо номи «Энергобонк» таъсис дода шавад, вале он дастгирӣ наёфт. Имрӯз ҳам ба ин пешниҳоди худ истодагарӣ доред? Магар барои амалӣ кардани ин тасмим дер нашудааст? Дигар ин, ки 200 миллион доллари ИМА барои таъсиси бонке дигар кироист?

— Сухан аз хусуси вариантҳои имконпазиру самараноки ҷамъовариву истифодаи маблағҳои мардум ба фоидаи худи мардум меравад. Аз ин рӯ, пешниҳод намудем, ки яке аз ин роҳҳо таъсиси бонк аст. Пешниҳоди мазкур фақат маблағҳои ҷамъшуда ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро дар назар надорад, фаъолияти онро бояд фарогири ҳамаи лоиҳаву иншоотҳои энергетикии кишвар донист. Масъалаҳои ҷузъиву бештар усулие, ки татбиқи амалии пешниҳоди мазкур ҳалашонро тақозо дорад, гуногунанд. Аз ҷумла ҳамоне, ки шумо дар мавриди басандагии 200 миллион доллари амрикоӣ хотиррасон намудед. Ҳамаи ин масъалаҳоро тибқи зарурату муҳиммияташон метавон ҳал намуд, вале чуноне гуфтам, алҳол худи зарурати дарёфти роҳҳои истифодаи нафъовару мақсадноки маблағҳои мардум аст.

Мусоҳиб

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: