Главная > Uncategorized > Зӯри кӣ ба Урмон Шариф мерасад?

Зӯри кӣ ба Урмон Шариф мерасад?

Ба таваҷӯҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шумораи 24, аз 16-уми июни соли 2010-и ҳафтаномаи «Пайкон» мақолаи тадқиқотие бо номи «Сардори гурӯҳи «террористӣ» кист?» ба табъ расида буд. Дар он мақола қайд карда мешуд, ки як гурӯҳ бо мақсади ҷудо намудани хоҷагии деҳқонию аз ҳайати хоҷагии деҳқонии «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов баромадан хилофи талаботи қонун рафтор намуда истодаанд. Масъала ба миён гузошта мешуд, ки агар ба вазъияти баамаломада дуруст баҳо дода нашавад, имкон дорад ягон ҳодисаи нохуше рух диҳад. Чанд рӯз қабл вобаста ба ҳамин масъала мактубе гирифтем. Салоҳ донистем, ки онро чун идомаи тадқиқотамон ба ин ҳодиса манзури мақомоти дахлдор намоем.
Дар таърихи 26-уми июни соли 2010 барои иҷрои вазифа, яъне таъмини об баҳри обёрии заминҳои дар ихтиёри бригада буда машғул будам. Тақрибан соати 7-у 30 дақиқаи пагоҳӣ дар роҳи калони деҳаи Қуланбош барои ба заминҳо об мондан ҷӯйборро маҳкам мекардам, ки об ба самти пахтазор равад. Обро баста ба пахтазор рафта, ба ҷӯякҳо рост кардам, ки ногаҳон об хушк шуд. Ба қафо баргашта, дидам, ки пеши роҳи оби ман бастаро кадом шахсе қасдан кушодааст. Боз обро баста ба заминҳои пахта бурдам. Боз об хушк шуд. Ин амал се маротиба такрор шуд. Бори сеюм рафтам, ки дар он ҷо бо мошини шахсияш Урмон Шариф истодааст. Дидам, ки як писарбачаи тахминан 14-16-сола обро кушода истодааст. Ба он писарбача муроҷиат кардам, ки чаро обро кушода истодаӣ. Вай писарбача дар дохили ҷӯйбор истода, чизе нагуфт. Урмон Шариф ба гап ҳамроҳ шуда, гуфт, ки «Чаро обро намебастааст!? Ту ба об ҳақ надорӣ! Ин оби Қуланбош. Ман як ҳафта пас Қуланбошро ҷудо карда мегирам. Ҳамаат омада ба назди пойи ман меафтед!» гӯён, омада як мушт маро зад. Дасташро доштам, бо дасти дигараш зад. Аз замин хам шуда санг гирифта, бо санг ба сарам зад. Дуртар аз мо чанд нафар кор мекарданд. Ду нафар давида омаданд, ки ҷиянҳои Урмон Шариф буданд. Онҳо дастҳои маро доштанду ба қафо қат карданд. Урмон Шариф омада, ба сари ман задан гирифта, мегуфт, ки «бо роҳи хунрезӣ бошад ҳам, ман дар як шаб Қуланбошро ҷудо карда мегирам. Ман одамони зиёде дорам, ки дар мақомоти болоӣ кор мекунанд. Ту аз аввал бо мо ҳамроҳ нашудӣ. Агар ту бо мо якҷоя мешудӣ, мо кайҳо Қуланбошро аз Деҳмой ҷудо мекардем. Ба ман ҳамин чиз даркор буд». Ва ҳақоратҳои қабеҳи зиёд кард. Ҳатто таъкид намуд, ки «ман туро куштанам даркор буд, ман ин корро мекунам…».
Ман аз ҳуш рафтаму дигар намедонам чӣ шуд. Ба ҳуш омадам, ки дар замин хоб кардааму дар болои сарам Урмон Шариф бо ҷиянҳояш истодааст. Онҳо Султонов Усмон ва Султонов Отаҷон меистоданд. Сардори бригадаи дигар домоди Урмон Шариф — Раҳматов Маҳкам ҳам дар ҳамон ҷо меистод. Ман аз ҷоям бо азобе хеста, ба сӯи қишлоқ рафтам ва ба хона расидам. Дар роҳ якчанд маротиба аз ҳуш рафтам. Ба хона расидаму камтар ба худ омада, ба прокуратураи ноҳия омадам. Маро муовини прокурори ноҳия қабул намуда, ба ШКД-и ноҳия занг заду дар қисми навбатдории ШКД аз ман баёнот гирифта, ба беморхона фиристоданд. Дар беморхона муоина намуда, маро дар шӯъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ намуданд. Дар он ҷо аз санаи 26-уми июни соли 2010 то 7-уми июли соли 2010 табобат гирифтам. Айни замон саломатиям он қадар хуб нест.
Дар давоми дар беморхона буданам ва то ба имрӯз касе аз кормандони мақомоти дахдори ноҳия бо ман вонахӯрдааст ва аз ҳақиқати ҳол пурсон нашудааст. Урмон Шариф бошад, дар байни одамон гуфта истодааст, ки касе маро дар ноҳия чизе гуфта наметавонад.

Икромҷон ЕТМИШЕВ,
сардори бригадаи хоҷагии деҳқонии Деҳмой,
сокини деҳаи Қуланбош,
ноҳияи Ҷаббор Расулов

Аз БМСТЖ: Пас аз гирифтани мактуби дар боло дарҷгардида ба қисми навбатдории ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов занг зада, аз ҳодиса пурсон шудем. Посух доданд, ки пас аз ним соат бо мо дар тамос шуда, аз натиҷаи он огоҳ месозанд. Интизории мо тӯл кашиду касе чизе нагуфт. Ба прокуратураи ноҳия занг задем. Баъди сӯҳбат бо прокурори ноҳия муовини прокурор бо мо дар тамос гардида, ваъда кард, ки аз натиҷаи ин ҳодиса хабар медиҳад. Хабаре нагирифта, мактубро дар шакли аслияш ба нашр додем. Кормандони БМСТЖ дар ин самт омӯзиш гузаронда истодаанд. Дар шумораҳои наздик ба таври дақиқ маводеро пешкаши хонандагон менамоем.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: