Главная > Uncategorized > Проблемаҳое, ки имрӯз лоиқи таваҷҷӯҳанд

Проблемаҳое, ки имрӯз лоиқи таваҷҷӯҳанд

Маводе, ки аз хазинаи Масъуд Собиров ба хонанда пешниҳод мешавад, бояд дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ саннаи 26-уми ноябри соли 2009 дар ҳузури раиси он Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Фурсат даст надод, ки он маърӯза шавад. Вале ин матлаб тавассути Шӯрои ҷамъиятӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардида буд. Чун дар хазинаи идораи нашрия маводи М. Собиров маҳфуз буд, зарур мешуморем онро дар баробари мусоҳибаи мавсуф рӯи чоп орем. Зеро мавод фарогири масоилест, ки ба мавзӯи мусоҳибаи анҷомдодаамон рабт дорад.

Проблемаҳоеи лоиқи таваҷҷӯҳ ва муносиби давр — ин сохтмони НБО-и «Роғун», интихоботи парламенти оянда, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд ва аз лиҳози аҳамияту афзалият хеле муҳиманд. Ҳатто вобаста ба баррасиву ҳалашон тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистонро метавон пешбинӣ кард.

Аз тарафи дигар, мардум бояд фаҳмад, ки имрӯз тақдири на якрӯзаву дурӯза, балки тақдири таърихияш ҳал мешавад ва ҳалли дурусташ аз номусу камолоти ақлӣ ва саҳми ҳар як фард вобаста аст. Муҳимаш, ҳар се проблема дар ниҳояти кор проблемаи эътимоданд — эътимоди мардум ба давлат, ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва умуман, ба нерӯи саросарии маъмуриву гурӯҳие, ки муаррифии манфиатҳои мардумро ба ӯҳда доранд. Яъне, ҳама — чӣ унсурҳои давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ, чӣ сиёсиву чӣ ғайра —  имрӯз бояд иқрор шуд, аз ин имтиҳони бағоят ҷиддӣ бояд гузарем.

Беҳуда намегӯянд, ки одамону гурӯҳи одамонро ҳолату ҳаводису манфиатҳо ё дӯст мекунанд ё душман, ё ба ҳам меоранд ё аз ҳам дур мебаранд. Сиёсат низ дар мувофиқат маҳз ба ҳамин мантиқ пиёда мешавад. Имрӯз ҳама нигаронӣ аз қазияе дорем, ки мӯҳтавояш зери ибораи «истиқлолияти энергетикӣ» фикру зикри мардуми кишвару берун аз онро банд кардааст. Бо суханони дигар,  мавзӯест, ки дарки шинохташ масъулияти баланди инсонӣ, шаҳрвандӣ, миллӣ, ватандориву ватанпарастӣ, ҷамъиятиву сиёсиро тақозо дорад ва дар иртибот ба он аллакай ҷой ба баҳсу мунозираву шубҳаву гумон намондааст. Биёед бо дарки қарзу масъулияти инсониву шаҳрвандӣ кушоду рӯшан иқрор бишавем: қуваҳҳои бахусус берунае омодаанд, ки ба хотири даст наёфтанамон ба қудрати созандаи энергетикии сазовор барои имрӯзу фардоямон аз чизе рӯ нагардонанд. Итминон дорам ҳама мефаҳмем, ки фишору ҳатто таҳдиде, ки аз ину он сӯ мушоҳида мекунему зери пардаи «насиҳату ғамхориҳо» рӯпӯш мешаванд, бағоят ҷиддиянд ва ҳама гуна ҳаводиси ногаҳонии номусоидеро метавонанд барои Тоҷикистон эҷод кунанд. Аз ин рӯ, бидуни эҳсосот зарур медонам бигӯям: амалу гуфтору фикру зикрамон бояд тарзе бошад, ки ноил шудани кишварамонро ба ҳадафи зикршудаи таърихиву миллияш на танҳо заррае ҳам халалдор насозад, балки мусоидат кунад, вагарна ба ҷуз лаънати наслҳои имрӯзу фардо мукофоти амаламон чизи дигаре нахоҳад буд.

Чанд масъалае, ки ҳаллашон дар иртибот ба қазияи истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ зарур аст:

вақте даъвати саҳм гирифтани мардумро илоҷи кор медонем, сарфакории ҳаддалимкон зимни фаъолияти давлатӣ бояд яке аз василаҳои асосии соҳиб шудан ба эътимоди мардуму нигаҳ доштани он бошад. Аз ин рӯ, аз ҳама гуна хароҷотҳои ҳамаи зинаҳои буҷа, ки ҷавобгӯи ҳалли проблемаи мазкур нестанду хатари халалдор шудани эътимоди мардуманд, бояд даст кашид. Дар ин радиф боздиди назар ба самараву сифату зарурияти фаъолияти нерӯи маъмурии давлатӣ танҳо ба фоидаи кор мебуд ва ақаллан бо дарки афзалиятнокии ҳалли проблемаи тақдирсози мавриди назар метавонистем аз муассисаву ҷузъу томҳои маъмурии дигари нолозим даст кашем ва маблағҳои сарфашударо мақсаднок истифода кунем. Албатта тарафҳои ҳуқуқии фурӯши саҳмияҳо низ бояд мавриди назар қарор бигирад;

зимни муаррифиву баҳрабардорӣ аз омилҳое, ки имкони мусоиди саҳмгирии шаҳрвандонро дар бунёди нерӯгоҳи «Роғун» фароҳам меоранд, аҳамияти омили ба истилоҳ «ваҷоҳати иқтисодӣ» («экономическая мотивация») на кам аз дигарҳост. Эътибор ба ин омил бо чораҳои алъон андешидашуда, бахусус бо эълому нашру ба фурӯш мондани саҳмияҳо набояд маҳдуд гардад. Масалан, вобаста ба шумораву арзиши саҳмияҳо низоми муайяни тафриқабандишудаи имтиёзу афзалиятҳои иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро бояд рӯи кор орем ва сари ин масъала қабл аз ҳама вазорату идораву муассисаҳои дахлдор бояд андешанд. Инчунин, бо назардошти аҳамияти  муомилоти бонкӣ дар пешбурди фаъолияти иқтисодии субъектҳои иқтисодӣ (чӣ воқеиву чӣ ҳуқуқӣ) метавонистем аз ҷумла тавассути имкониятҳои танзимкунандаву назоратии Бонки миллӣ истифодаи афзалиятноку муносиби саҳмияҳои нерӯгоҳро дар  муомилоти мазкур миёни саҳмиядорону бонкҳои тиҷоратӣ, бахусус бобати лоиқи воқеии гарав донистанашон зимни гирифтани қарзи бонкӣ ба роҳ монем. Ҳарчанд қонун ин гуна имкониятро додааст, вале таҷрибаи амалии он қариб ки мушоҳида намешавад, ба он маънӣ, ки асноди ҳуқуқии марбута боздиди назар мехоҳад ва муносибатҳои танзимшаванда зарурият ба тақвияти меъёрбандии минбаъдаро доранд. Зарурияти таваҷҷӯҳи муносиб ба саҳмияҳои нерӯгоҳ ҳалли масъалаи кайҳо боиси нигаронӣ будаи дигареро низ тақозо дорад. Масъала, ки ба хулосаҳои қаблӣ иртиботи бевосита дорад, таъсиси шароиту имкониятҳои мусоид барои воқеан ҳам рӯи кор омадану рушди бозори дуввуминзинаи коғазҳои қимматнок аст (вторичный рынок ценных бумаг). Аҳамияти ҳалли он дар ноил шудан ба рушди босуръати иқтисоди кишвар аз нигоҳи меъёрҳои илмиву тахассусӣ ниёз ба шарҳу тавзеҳ надорад ва сари ин масъала тарроҳони бевоситаи сиёсати иқтисодиву молиявии давлат бояд биандешанд;

шарти аҳамияти хосадоштаи дигаре дар мавриди эътимоди мардум истифодаи мақсадноки маблағҳоест, ки барои бунёди нерӯгоҳ пешбинӣ шудаанду мешаванд. Маълум аст, ки масъулияти маъмурону сохтмончиёни нерӯгоҳ на кам, дурусттараш бештар аз он бояд бошад, ки лоиқи мардумаш медонем. Аз ин рӯ, на танҳо назорати хосаву қотеъонаву ба салоҳияти басо баланд тобовар ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳо, балки ҷавобгарии ҳатто сангини гунаҳгорон бояд ба роҳ монда шавад. Ниҳоят, дар иртибот ба проблемаи эътимоди мардум ва ноил шудан ба самараву сифати дилхоҳи  корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, мутаассифона, ҳатто таҷрибаву собиқаи худамонро баъзан наметавонем дуруст истифода кунем. Чунончи, вақте ба мавсими пахтачинӣ қариб бо ҳамин гуна таваҷҷӯҳ рӯ меовардем, яке аз чораҳои воқеан ҳам самараноки ҷалби масъулияти маъмурону мардум барҳақ дарҷу шунавонидану ба тамошои телевизионӣ гузоштани ҳисоботи муфассали ҳамарӯзаи иҷрои нақшаҳо дониста мешуд. Истифода аз ин  таҷриба дар робита ба масоили бунёди нерӯгоҳ, ақаллан ҳафтае ё моҳе як маротиба ва бо такя ба арқоми дақиқу қиёсшаванда, аз фоида холӣ нест, бахусус аз он лиҳоз, ки ба мардум масъаларо чун омили муҳимтарини муайянкунандаи тақдири минбаъдааш муаррифӣ кардаем.

Масъалаи интихоботи навбатии парлумонӣ бори дигар ба давраи барои мардуму кишвар хосаву ҳассоси масъулиятпазире рост омад. Аз як ҷониб сухан аз хусуси чорабиние меравад, ки ширкату натиҷагирӣ ва умуман, муносибат ба он меъёри асосии ченаки фаъолияти ҳама гуна аҳзоб аст. Аз ҷониби дигар, проблемаи ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки аҳамияташ барои мамлакат ба касе пӯшида нест, шиддати рақобату муборизаи интихоботии таҳаммулпешаеро тақозо дорад, ки боиси рахнагиву нооромии вазъу дилшикастагии мардум набошад. Чӣ бояд кард? Гумон дорам аллакай эҳтиёҷ ба идомаи баҳсу мунозираҳо аз хусуси бознигарии қонуни интихобот нест. Боист воқеъбин бошем ва дарк кунем, ки ба ҷуз  истифода аз асноди мавҷудаи қонунгузорӣ чораи дигаре нест. Солисан, дар робита ба сару садоҳои шубҳаву гумон эҷодкунанда, итминон дорам,  таъкиди пайвастаи президент аз хусуси зарурияти таъмини шароити мусоид барои доир намудани интихоботи воқеан шаффофу демократӣ саривақтӣ буд ва самимияту қотеъияти ин таъкид таскинбахшу умедворкунанда аст. Намехоҳам ба иззати нафси аҳзоби дигар расам, вале дар маҷмӯъ ягона мавзӯи боиси нигарониро таъмини риояи дақиқи қонунгузории интихобот медонам. Аз ин рӯ метавон хулоса намуд, ки ҳама гуна беэътиноӣ ба қонун на танҳо ифодагари муносибати норавои маъмурону масъулони интихобот ба интихобкунандагону аҳзоби сиёсӣ, балки пеш аз ҳама қонушиканист. Ин гуна амал беэътиноӣ ба супоришу изҳороти марбутаи президенти ҷумҳурӣ низ ҳаст ва бисёр мехостем масъулин дарк кунанд, ки дар сурати мушоҳидаи чунин падидаҳои номатлуб онҳо аз ҷавобгарии шадиди ҷиноиву маъмуриву интизомӣ бенасиб намемонанд. Яъне, мо маҳз кафолати истифодаи ҳатмиву бечуну чарои ана ҳамин васоити таъсирро пешу беш аз ҳама ниёз дорем.

Масъалаҳои марбут ба ташаккули заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, чун дар бештари мамлакатҳои дунё, дар Тоҷикистон низ ғолибан тобиши назариявӣ доранд ва бояд иқрор шуд, ки ҳатто дарку маънидодкунии назариявии онҳо басо бесалоҳиятона сурат мегирад. Чӣ гила аз мардум, вақте бисёре аз олиму донишмандонамон дар муҳокимарониву қазоваташон атрофи ин мавзӯъ мубталои шаклгароианд ва мазмуну мундариҷаро сарфи назар мекунанд. Умуман, мутаассифона, собиқаи таърихии ночизу маърифати пасти демократӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиву ҷомеадории мардум барои таъсиси заминаҳои устувору боэътимоди ҷомеаи шаҳрвандӣ созгор нест. Ин аст, ки масалан, иқдому ташаббуси таъсису фаъолияти ташкилоту созмонҳои марбута боиси дастгирии кофиву басандаи мардум намегарданд. Сабаби дигари чунин вазъ ҳолати молиявиву иқтисодӣ, аз ҷумла вазъи рӯзгори мардум аст, ки имкони ҳалли проблемаи ба истилоҳ «мухторияти молиявии» фаъолияти ин гуна ташкилотҳоро намедиҳад. Ва ниҳоят, худи механизми самараноки ҳавасмандкунии давлатии ташаккули ин гуна нерӯи худидоракунии ҷомеа ҳанӯз вуҷуд надорад. Ин ҷо низ бояд иқрор шуд, ки ташаббусро аслан созмону ташкилотҳои хориҷа ба ӯҳда доранду зери сабабҳои бештар муфид, вале баъзан муғризона, яъне бо ҳадафҳои рӯпӯшшуда фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ватаниро пойбанди дастгирии молиявии худ кардаанд. Зимнан чанд мулоҳизаро барои қазоват метавон пешниҳод намуд:

шакли баҳамоии аз ҳама беш мувофиқ ба мазмуни ҷомеаи шаҳрвандии мардум ҳамон интихобу фаъолияти сарварони сатҳи деҳаву музофот аст, ки сокинон аз қадимулайём аз ин восита истифода мекарданду мекунанд. Худидоракунии маҳаллие, ки бо қонун танзим шудааст, аслан қолабиву таҳмилист ва ҷуз мероси шӯравиву татбиқи кӯркӯронаи таҷрибаи мамолики дигар чизи дигаре нест. Мо бояд худидоракуниро аз ҳамон таҷрибаи ғайрирасмии маъмулу самараноки деҳаву музофот омӯзем, мантиқашро дарк кунем, онро тавассути танзими оқилона дар сатҳҳои минбаъдаи болоӣ ривоҷу тақвият диҳем. Яъне дар мисоли кишвари мо таҷрибаи худидоракунии мардумро на аз боло ба поён, балки баръакс, аз поён ба боло бояд бурд;

фаъолияти вазорату идораҳо дар мавриди дастгирӣ ва ҳамгироии фаъолияти созмону ташкилотҳои худфаъоли ҷамъиятӣ набояд чун лутфу меҳрубоние миннатпазир бошад, балки ба сифати сиёсату фаъолияти муназзами давлатӣ, ки вобаста ба салоҳияту масъулият, назорату ҳисобот, ҷавобгариву ҷазост, бояд шинохта шавад;

корҳои зиёди муфидро низ созмону ташкилотҳои хориҷӣ ба хотири таъсиси заминаҳои мусоиди фаъолияти дастҷамъонаи мардум анҷом додаву медиҳанд. Вале вақте сарчашмаҳои чунин дастгирӣ маҳдуд ва ё қатъ мешаванд, бояд роҳҳои алтернативии дастгириро пайдо намуд, бахусус дар ҳолатҳое, ки аз хизматрасониву кӯмаки ташкилотҳои худфаъоли ҷамъиятӣ мардуми ниёзманд баҳра мебардорад. Ин гуна дастгирӣ вобаста ба эҳтиёҷоти мардум ҳатто зери сарпарастии пурраи давлатӣ қарор додани фаъолияти марбутаро бояд дар назар дошта бошад. Зимнан, ҳарчанд мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» аз байн меравад, вале чӣ илоҷ, нерӯи таъсисёфтаи созандаро нигаҳ бояд дошт, зеро кам нестанд ҳолатҳое, ки бо қатъ шудани дастгирии хориҷӣ кори басо муфиди бароҳмондашуда низ аз байн меравад ва ҳам кадрҳои хушсалиқаро аз даст медиҳему ҳам таҷрибаро;

вазъи проблемаи муҳокимашаванда боз ҳам далолат бар он аст, ки меъёрбандии афзалиятнокии кӯмаки хориҷӣ низ боздиди назар мехоҳад. Мутаассифона сиёсати мазкур дар парешонисту ба ихтиёри вазорату идораҳо ҳавола шудааст. Дар сурати меъёрбандии дуруст метавон кӯмаку дастгирии зарураро бо мақсадҳои фароҳамоварии заминаҳои мусоиди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода кард. Барои мисол, баъзан бо ҳолатҳое дучор меоем, ки аз оҷизии масъулони вазорату идораҳо аз истифодаи тарзу усулҳои оддиву муқаррарии кордониву корбарӣ, ки сирф зарфияти салоҳиятро доранд, маблағҳои калони кӯмак дархосту интиқол меёбанду боз ҳам на кам аз 80 фисади онро мутахассисони аз берун даъватшуда чун ҳаққи хизматашон бо ҳам мебаранд. Илоҷи кор бошад, гумон дорам, чандон душвор нест. Сарвар ё масъулини маъмурро бо шахси салоҳиятнок бояд иваз карду манбаҳои кӯмакро бошад, бо фарогирии ҳаддалимкон маҳдуди теъдоди мутахассисони хориҷӣ барои масалан, мақсадҳои ёдрасшудаи ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон сафарбар намуд.

Албатта, мефаҳмам, аз дур ва ё дар канор истодану мавқеъгирӣ намудану баҳову тавсия додан ба фаъолияти маъмурияти давлатӣ шояд корест на чандон душвор. Ба ҳар ҳол, на душвортар аз он, ки масъулияти маъмуриятчигиро мустақиман бар дӯш дорӣ. Аҷаб не, ҳақ бар ҷониби онҳоест, ки вокунишашон ба ин баҳогузориву тавсияҳо ҳамон посухест, ки мегӯяд: «Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо».

Масъуд СОБИРОВ, раиси ҲДТ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: