Главная > Uncategorized > Зангирӣ

Зангирӣ

Додарҳои ҷон, акатон шаттаи ин зиндагира чунон бисёре хӯрдаст, чунон корҳову рафторҳоера дидаст, ки чашм ба дидану гӯш ба шуниданшон бовар намекунад. Хайр малаш, бало ба паси ҳамаи ин. Дар зиндагӣ акатона як чизи дигар ҳайрон мекунад. Баъзан бо кору касабае овозаву дарвозаву гапта чов мекунанд, ки дигар ба сӯхтан пок намешавӣ.

Як ҳамдеҳа доштем, номаш Бобо буд, дар зиндагӣ Кали Бобо мегуфтандаш. Тобистон, ки мешуд чор гӯшаи рӯймолчаи пури чиркша гиреҳ мекарду дар сараш мепӯшонд. Баъзе вақтҳо дар болои харсанги пушти ҳавлишон шишта, баҳузур бинӣ мекофт. Ин мардака синну солаш ба ҷое рафта буду зан надошт. Ҳама дар ғами ӯ, маслиҳату насиҳат ҳисоб надошту кал зан гирифтан намехост. Не, ӯ намегуфт, ки зан намегирам. Гап дигар ҷо буд. Барои ӯ дар гирду гӯша ягон духтари мувофиқ набуд: инаш «дар ҳамаи ҷо қорт аст», дигараш «шаша ба зоташ мекашад, ҳар кӣ шавад мисли очаш мешавад», сеюмаш «пудра қатӣ рӯша андова кардаст», чорумаш «аловдумбак, хабарбариву хабарбиёрира буд намекунад», даҳумаш «экспонати қади кӯча», бистумаш «бачаи фалонӣ гап партофта будаст»… Хулоса, солаздувоздаҳмоҳ гап ҳамин, дар пеши ин шаҳбача ҳама халтаи айб, ҳама гунаҳкор.

Қисса кӯтоҳ, солҳо мегузаштанд, духтарҳо шавҳар карда, соҳиби хонаву дар, кӯдаку чӯдак мешуданду кали ҷӯраи мора кору бораш арӯсхушкунӣ. Баъд як Назири шӯх доштем, гуфт, ки рӯйи кал лахча, аз дасташ ягон кор намеояду баҳона мекунад. Деҳа чӣ хел аст? Қатии занат сахттар гап бизанӣ, ҳама хабар меёбад. Кали ҷӯраи мо, ки синну солаш ба нафақа расида буд, на бо ягон зан рафтуомад дошту на гапи зангириш буд. Лекин чӣ меген, ки кал яке банохост мурд. Кал мурду шуд машҳур бо номи Бобои сезана.

Ана биёбу бигир. Қиссаи сезана шуданаш ин хел рӯй дод. ӯ очаи пир дошт. Вақте кал мемурад, кампири бечора «вой бачаи сезанам, се арӯса монда куҷо рафтӣ?»,- гуфта мӯканиву рӯканӣ мекунад. Баъд як баақли маърака оҳиста омада, аз кампир мепурсад, ки раҳматӣ кай зан гирифта буд, ки мо намедонистем. Кампир мега, ки як арӯса худам хуш карда будам, яктаи дигарша даҳ сол пеш раҳматии аташ васият карда буд, арӯси сеюмаш духтари хоҳарам мешавад, панҷ кӯдак дорад. Хоҳарам гуфта буд, ки ҳамон сияҳбодхӯрдаи домодаш он қадар маъқул несту духтарша аз дасти ӯ мебарораду Бобоҷони мо қатӣ тӯяш мекунем. Баақл боз мепурсад, ки ӯ дутои аввалаш — хушкардагии худату раҳматии язнамон дар куҷоянд. Ҳамин ҷо бошанд омада дар маърака ёрдам кунанд.

Кампир боз мега:

— Бобоҷони мо ки бархудшон нашуд, шӯ карда рафтанд, ҳозир ҳар кадомшон панҷ-шашкӯдакӣ доранд. Додар, ин Бобоҷон ҳаминхелимон кард. Э, войе, додма ба кӣ бигуме, э бачаи сезанаме, се арӯса беҳисоб мондие…

Мана ҳамин хел, додарҳои ҷон, ин кали раҳматӣ, худо хок хабараш набарад, баъди мурданаш сезана шуд. Ҳозир Бобо ё Кали Бобо бигӯӣ, ҳич кас намедонад, сезана бигӯӣ, ҳама медонанд…

Ана акнун баргардем ба як саргузашти акатон. Дар ҷавонӣ акаи Ҷалилтон дар байни духтарҳо хушхарид буд. Меомаданд аз ҳар тараф, ба пеши хона мегузаштанд ба баҳонаи говковӣ, овбарӣ. Калаҷикак мекарданд, дилҷириқак мешуданд, гап мепартофтанд. Аз номи якташ очаш омада, дар хона гап мепартофту аз номи дигараш дугонаш ягон рӯймолча меовард. Дигар фуки акатон чухт, фаху фихаш дар осмон.

Дар деҳаи ҳамсоя як бева зиндагӣ мекард. Бадалбӣ ном дошт. Бева сердухтар буд. Духтари калониш сиёҳи гарданаш дар даруни китфҳош даромадагӣ, чашмош каҷаларанг. Даракша ёфтам, ки дар кӯдакӣ ким-чӣ хел дарде тобонда будасташ. Он духтар номаш Сурмагул буд, сахт ошиқи акатон мешавад. Лекин акатон гаранг не-да. Медидам, ки очаи айёраш аз куҷое раҳи хонаи мора ёфту тез-тез меомадагӣ шуд. Дар хона фиш-фишу гаппартоӣ. Баъд ӯ бева чӣ муллоиву балоие кард, ки дар хонаи мо ҷойи фиш-фиша гапҳои рӯйиросту маҷбуркунӣ гирифту ӯ духтари маймунсифат моҳи шаби чордаҳ гашт. Ман «не»-ву  кампири очам сар мекунад гиряра: «Шири додагима пиҳилат намекунам». Очае ки як калимаи сахтам намегуфт, ғову ғадара сар мекунад. Соф дар бало мондам. Чӣ кор карданма намедонам. Як ҷӯраи наздик доштам, ҳозир дар хонаш касал хоб аст, Сафари Қулангӣ, қадбаланди паҳлавонҷусса буд, пеши ҳамон рафтам. Гуфтам, ки масъала ранги безеб гирифтаст, хотири модар аз ҳама боло. Қулангӣ гуфт, ки духтар дӯст дошта бошад, ҳич гап не, розӣ шудан даркор. Ман гуфтам, ки ту содаӣ, хушдорҳом бисёр, ба гапи ту бошад ман бояд ними духтарҳои деҳара ба занӣ бигирам. Зана ман мегирам ё кампири очам? Агар панҷоҳ соли дигар умр бинам — ҳамаи ӯра бо ин маймун чӣ хел мегузаронам. Як нақша гармогарм ба сарам омада буд, ҳамона гуфтам. Қуллангӣ мазза карда, хеле хандид, баъд гуфт, ки мешавад, мисли ҳамаи корҳот зангирит ҳам бояд ба чор тараф овоза шавад.

Дар деҳа як одами гарангчоп, ким-чи хел касали рӯҳӣ дошт, зиндагӣ мекард. Ҳошим ном дошту лекин Хохош мегуфтанд. Хобу хезаш дар хонаи мардум, хешу табори наздик надошт. Шунавида будам, ки се-чор баақли гузари боло як-ду ҷо гап кушода, хостанд, ки сари Хохора дуто кунанд, лекин духтарҳову духтардорҳо розӣ нашуданд. Нони хӯрдану пӯшоки пӯшидан надораду боз зангир гуфта, маншаву мазоқаш кардаанд баъзеи дигараш.

Рости гап, акатон аз вақташ он қадар одами хому гумроҳе набуд, ки байни ду кас авсақол шаваду баъде ки кор омад накард, ҳам аз инаш калтак хӯраду ҳам аз онаш. Бисёр дидам, вақте барои бача ё духтари ягон кас гап мезаниву кори хайр буд шавад гуфта чор тараф медавӣ, худат ҳам намедонӣ ки оқибаташ чӣ мешавад. Лекин агар синҳор ё домоди гирифтагишон хуб барояд, аз худшон миннатдор мешаванду лекин худо накунаду бад баромад, ҳамаи уболу гуноҳша дар гарданат мезананду то қиёмат дасти ӯҳову гиребони ту. Ҳозир ҳам баъзан худиву бегона меган ки акаи Ҷалил, биё ҷӯр шавему равем авсақолӣ, хонаи фалонӣ, духтарша барои бачаи беҳмадонӣ гап мезанем. Акатон мега, ки дар тамоми маъракашон ман тайёр, лекин авсақолӣ не. Албат и Хохои ҷӯрамон дигар аст.

Саҳарии ҳамон шабе, ки ҳамроҳи Қулангӣ маслиҳат карда будем, рафтам пеши Хохо. — Ҳошимҷон,- гуфтам ба ӯ,- дар ин гирду гӯша ту барин ҷигит нест. Ту бояд зан бигирӣ, як духтари очаш мачак накардагира. Хохо ғалғалич шудагӣ ворӣ даҳан то вехи гӯш паст-паст механдаву чизе намега. Ҳис кардам, ки сағера таги дил кӯзаи тилло ёфтаст. Охир занак як чизе ҳаст, ки ҷош биёяд бинора кӯру беақла ҳам девонаву шайдо мекунад. Баъд пурсидамаш, ки агар ҳамон Сурмагула аз деҳаи боло гирифта диҳам розӣ ҳастӣ ё не. Духтари парӣ ворӣ хушрӯ, қучоқпуркун, даҳ панҷаш ҳунар, ба хироҷи мамлакат меарзад. Боз даҳани Хохои ҷӯрамон то вехи гӯш рафт. Таги дил механдаду чизе намега. Боз пурсидам, ки розӣ ҳастӣ ё не. ӯ нобоварона гуфт, ки «акаи Ҷалил, шӯхӣ мекунӣ?». Ман гуфтам, ки аз ҳама одами наздики ту ман, ин кор ҷойи шӯхиву машлотӣ нест. Ту ин хел истодан гирӣ, як умр зан намеёбӣ. Дилам сӯхт, гуфтам, ба ҷӯрам як ёрдам кунам. Хохо «ин хел шавад чӣ мепурсӣ» гуфту боз даҳанаш тит шуд.

Шаби никоҳ сару либоси мара ба Хохо пӯшондему Қулангӣ ӯра гирифта бурд хонаи арӯс. Дар сари Хохо сала, то болои абрӯҳо, як рӯймолчара гирифта, қапидаст пеши бинӣ, чашмош метобанду халос. Хайр, он вақт дар пеши чароғи карасинӣ одама фарқ карда намешуд. Хулоса, Қулангӣ ними шаб буд, ки Хохора овард. Хохо хурсанд, даҳан то вехи гӯш, никоҳаш кардаанд.

Рӯзи тӯй Қулангӣ шаҳмард буд. Як ин тарфу он тараф худма нишон додаму шаб, баъде ки ҳама ором шуд, Қулангӣ Хохора либос пӯшонда, даровард пеши Сурмагул. Ман бошам рафтам хонаи Қулангӣ. Шаб хобмон набурд. Гӯшҳо сих, ки ҳозир ё замони дигар ягон гап мешавад. Худо мегуфтам, ки дар ҳамин сари қолу мақол ягон ҳодиса нашавад. Не, тинҷ гузашт. Саҳарӣ ду-се занак — хешу табори арӯс медароянд пеши арӯс, ки Хохо шиштаст дар пеши ҷогаҳ. Даҳан тит, пури ханда, кам-кам изо мекашад.

Занаки бисёр ҷанҷол хезонданӣ буданд, ки ману Қулангӣ омада, ҳамара дар ҷоҳошон шинондем. Зан аз Хохо аст, шаби никоҳ ӯ рафта буд, имшаб ҳамроҳи арӯс ӯ буд, мана Қулангӣ шоҳид аст, гуфтам ман. Занакгала дид намешавад, қаҳр карда рафт. Сурмагулу Бадалбӣ аз қаҳр ҷойи шиштану чӣ гуфтаншона намедонистанд. Лекин илоҷи дигар ҳам надоштанд. Онҳо ҳақорат мекунанду гиря, ман Хохора чашмак мезанаму ҳарду кур-курак механдем. Баъди ду рӯз буд ё се рӯз, ки Хохо пеши ман омад. Даҳан то вехи гӯш тит, механдад. «Мегум як гапут дорум. Ҳамин занака, ки додаӣ, акнун бигӯ ки чӣ коруш кунум?…».

Додарҳои ҷон, ҷӯраи Хохомон аз ҳамон Сурмагул соҳиби панҷ кӯдак шуд, зиндагии фақирона дошта бошад ҳам, бад набуд, хешу ҳамсоя аз даст меомадагира ёрдамшон мекард. Кӯдакҳошон бе камбудӣ — сиҳату саломат калон шуданд, ҳозир ҳамашон соҳиби кору вазифа. Хохо ҳар боре акатона бинад, механдаду фақат як гап мега: «Ҳамон ғот ҳай коре кардӣ-да, кӣ мегуфт ки ман зандору кӯдакдор мешам?».

Хайр, ба фикри шумо, аз ин дида кори хуб, савоби беҳтар мешавад?

Дорои ДИЛОВАР

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: