Главная > Uncategorized > Як сухан аз боғ, як сухан аз Роғ

Як сухан аз боғ, як сухан аз Роғ

Идома. Аввалаш

Андар баёни «Тасмия» гуфтан дар ҳолати вузӯ гирифтан суннат аст ё мустаҳаб

Муроҷиат намудан ба сарчашмаҳои мӯътамади фиқҳӣ, ки тасмия, яъне «Бисмилоҳир раҳмонир раҳим» гуфтан дар ибтидои вузӯ суннат аст ё мустаҳаб, бамаврид мебошад:

1. Қуръони карим.

2. Фиқҳи муяссар. Мавлоно, шайх Шақиқи Арраҳмони Надавӣ, с. 35.

3. Мухтас-ул-виқоя.

4. Ҳидоя.

5. Мухтас-ул-қудурия.

6. Намози комил.

7. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. Абдушариф Боқизода.

Пас дар асоси сарчашмаҳои мӯътабари динӣ дармеёбем, ки «Тасмия» гуфтан дар ибтидои вузӯ гирифтани намозгузор ё шахси муттақӣ амри мустаҳаб не, балки суннате аз суннатҳои машҳури Расулаллоҳ (с) мебошад ва қавли овардаи муаллиф ин ки: «Саҳеҳ ин аст, ки мустаҳаб аст, зеро ки мувозибати расул (а) ба тасмия машҳур нест ва ба қавли баъзе адаб аст», асли шаръӣ надорад, зеро байни суннатуннабӣ ва мустаҳаб тафовут басе бисёр аст, ки вобаста ба шарҳи мавзӯъ аз баёни он худдорӣ мекунем.

Сазовор нест, ки дар масоили матнҳои Қуръонӣ ва шарҳи суннатуннабӣ ба хатобаёнӣ ва дурӯғбаёнӣ роҳ дода шавад. Зеро Расулаллоҳ (с) ягон амали ибодатӣ ва кори хайрро бе «Бисмиллоҳ» оғоз намекард ва чӣ ҷойи он ки бигӯем: «Мувозибати расул (а) ба тасмия машҳур нест»? Оё чунин қазоват кардан нисбати Расули раҳмат (с) аз рӯйи одоб аст ё худ беэҳтиромӣ нисбати ӯ (с) мебошад?

Шояд таъсири ҳамин хулосаи беасос бошад, ки муаллиф китоби хешро бе тасмия  ҳусни оғоз бахшидааст ва хилофи суннат гаравидааст?

Пас руҷӯъ мекунем ба Қуръони карим ва дармеёбем, ки тасмия, яъне «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» 114 маротиба зикр ёфтааст. 113 маротиба дар аввали сураҳо ва як маротиба дар ояи 27-уми сураи Наҳл омадааст. Дар ҳамаи сарчашмаҳои торихии исломӣ ва матнҳои динии замони Расули раҳмат (с), хулафои рошидин, саҳобагон, табаъа тобеин ва салафи солеҳ дармеёбем, онон ҳамаи амалу ибодаташонро бо «Бисмиллоҳ…» оғоз мекарданд.

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим гуфтан дар ибтидои ҳар амали хайр мояи раҳмат, баракат ва пайравӣ аз суннатуннабӣ мебошад.

Қавли Расули раҳмат (с) аст: «Ҳар амале, ки бе зикри: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» оғоз шавад абтар ва нотамом (бебаракат) аст». Ибни Касир, Тафсир, ҷ. 1, с. 36.

Албата ин ҳадисро салафия ва раҳбари салафия Носириддини Албонӣ қабул надоранд ва онро заиф, яъне беасос мешуморанд. Ва эрод мегиранд муқаллидин ва ибни Касирро. Ва ин хӯрдагирӣ аз табиати мухолифони мазҳаб ва суннатгурезон мебошад, ки оқилонро ин роз пӯшида нест.

Тибқи ин ҳадис сазовор аст, ки дар ибтидои ҳар вузӯ гирифтан, гуфтани «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» фаромӯш набояд кард, балки суннати вузӯро ба ҷой овардан айни ҳақиқат аст.

Худованд гуфт: «Итоат кунед Аллоҳро ва итоат кунед Расулуллоҳ (с)-ро…». Ба ибораи дигар, итоат кардан аз Расулуллоҳ (с) ин дар навбати худ итоат кардан аз Худованд аст. Ва Расулуллоҳ (с) аввалин муфассири Қуръон низ мебошад. Аҳодиси набавӣ худ шарҳи Қуръони карим аст. Суннати вузӯ он аст, ки Расулуллоҳ (с) дар ибтидои ҳар вузӯ тасмия мегуфт. Ва тасмия гуфтан яке аз суннатҳои вузӯ ба шумор меравад.

Тибқи муқаррарот ва усулу талаботи ояи фавқуззикр итоат аз Расули раҳмат ва соҳиби шафоат (с) на танҳо суннат, балки барои имоновардагон фарзи айн аст. Ва дар навбати худ мункири Расули раҳмат (с) мункири Худо ба шумор меравад.

Дар илми фиқҳ ҳар истилоҳи шаръӣ, ба монанди фарз, воҷиб, суннат, мустаҳаб, адаб, оят, аҳодис, нақл, ривоят, гуфтанд, гуфт, мегӯянд маъно ва ҳудуду ҳадди худро доро мебошанд. Наметавон фарзро суннат ва суннатро фарз гуфт ва монанди ин.

Гулмаҳмади Нурмаҳмад дар саҳифаи 5-ум дар сатри 3 чунин нишон додааст: «Баъзе гуфтаанд, ки «бисмиллоҳил ъалиюл ъазим ва алҳамду лиллоҳи ъало динил ислом».

Дар сатри шашуми ҳамин саҳифа чунин навиштааст: «Афзал ин аст, ки бисмиллоҳир раҳмонир раҳим гӯяд ӯ».

Дар ҷумлаҳои фавқ мебинем, ки аломатҳои китобӣ риоя нагашта, барғалат навишта шудаанд. Бояд калимаи «Бисмиллоҳ» бо ҳарфи калон навишта мешуд, аммо сад афсӯс, ки ин чиз дида намешавад.

Дар саҳифаи қаблӣ, яъне андар саҳифаи чаҳорум, дар сатри охирон «расул (а)» навишта шудааст. Аввалан, расул (а) навишта намешавад. Агар мурод аз «расул (а)» Муҳаммади Мустафо (с) бошад, бояд дар шакли Расулуллоҳ (с) навишта мешуд. Ва ё мурод аз «расул (а)» паёмбаре аз паёмбарони собиқ ва ё Расулуллоҳ (с) бошад, пас зарур мебуд, ки дар ибтидои китоби худ ишорат мекард оид ба ин масъала.

Нигорандаи китоб оид ба мавзӯи «Вузӯ» маълумоти саҳеҳ надода, аз саҳифаи 7-ум ба баёни мавзӯи «Тайямум» шурӯъ мекунад ва ин мавзӯъро шарҳ надода, дар саҳифаи 8-ум оид ба мавзӯи «Муддати масҳи мӯзаи муқим ва мусофир», «Мисвок» ва «Ноқизи вузӯ» маълумот медиҳад. Мавзӯи «Ноқизи вузӯ»-ро дуруст шарҳу баён накарда, чунин менависад: «Ноқиси вузӯ мисос кардани олати мард аст дар ҳолате, ки қоим аст ба фарҷи зан бе ҳоил ва на ба расидани узви мард бо узви зан. Мисос кардани закар ба ботини каф ноқиз аст вузӯро» ва дигар нисбати ноқизи вузӯ маълумот намедиҳад ва шурӯъ мекунад ба таърифи «Суннати ғусл».

Беҳтар он будӣ, ки муаллиф аввал оид ба ноқизи вузӯ маълумоти саҳеҳ медод ва пай дар пай, аввал фарзи ғуслро баён мекард ва баъдан ба таърифи суннати ғусл шурӯъ мекард ва дар навбати худ фарқияти вузӯ, тайяммум, ғусл ва инчунин ҳамбастагии онҳоро шарҳу тавзеҳ медод, то хонанда медонист, ки сухан дар бораи чӣ меравад.

Нигорандаи китоби мазкур ба матнҳои китобҳои «Салоти Масъудӣ», «Мухтасар-ул-виқоя», «Гури мирӣ» ва «Каҷкул» сарфаҳм нарафтааст, балки бемасъулиятӣ ва саҳлнигорӣ зоҳир намуда, ҳар чӣ хостааст, навиштааст. Ҳол он ки, дар китоби «Мухтасар-ул-виқоя» ҳар як мавзӯъ ба тартиби муайян навишта шуда, ҳар як масъалаи он аз нигоҳи Қуронӣ ва муқарароти шаръӣ шарҳу баён ёфтааст.

Оё ноқиси вузӯ «Хоби такязада ва мисос кардани олати мард аст бо кафи даст» ва дигар чизе нест?

Ҷаноби Гулаҳмади Нураҳмад дар саҳифаи 10-ум чунин овардааст: «Агар зану шӯй ҳарду норасида бошанд ва эшонро духул афтод, ғусли эшон мустаҳаб бувад. Агар бо таҳорат бошанд, мардро таҳорат табоҳ нашавад ва ҳамон андоми худро бишӯяд басанда бувад ва занро таҳорат табоҳ шавад. Ва агар мард болиғ бувад ва зан норасида, бар мард ғусл фариза бувад ва бар зан мустаҳаб. Ва агар мард норасида бувад ва зан болиға, бар зан ғусл фариза бувад ва бар мард мустаҳаб. Ва агар мард мусалмон бувад ва болиғ ва зан тарсо ва ҷуҳуд, ғусл бар мард фариза бувад ва бар зан ҳеч не…».

Дармеёбем, ки муаллиф зимни ин матн чанд масъалаи мубрамро матраҳ намуда, аз шарҳу тавзеҳи онҳо лаб во накардааст. Ва хуб мешуд, ки баъди овардани матни мазкур калима ва ибораҳои зерро  шарҳу тафсир мекард:

1.      Зану шӯйи норасида.

2.      Эшонро духул афтод.

3. Ғусли эшон мустаҳаб бувад.

4.      Мардро таҳорат табоҳ нашавад.

5. Ҳамон андоми худро бишӯяд.

6.      Занро таҳорат табоҳ нашавад.

7.      Мард норасида бувад, ғусл бар мард мустаҳаб бувад.

8.      Зан агар расида бувад, ғусл фариза бувад.

9.      Агар мард мусалмон бувад, ғусл бар он фариза бувад.

10.    Зан агар тарсо ва ҷуҳуд бошад, бар он ғусл шарт нест.

Мавзӯи мазкур ниёз ба шарҳи муфассал дорад, зеро вожаи «норасида» бар чанд маънӣ фаҳмида мешавад. Ба маънии ноболиғ ва ба маънии ҳамхоба нагаштан бо зан ва ба маънои…

Пас марди мусалмоне, ки зани ӯ аз тоифаи ҷуҳуд ё тарсо бошад, як умр бар ҳамон зан ғусл шарт нест? Агар ғусл бар чунин зани ҷуҳуд ва тарсо шарт набошад, чаро муаллиф нисбати ин маврид равшанӣ наафкандааст? Сабаб дар чист, ки зани ҷуҳуд ва тарсотабор ғусл намекунад?

Муаллиф то саҳифаи 16 аз чанд масъалаи дигар ёдоварӣ намуда, андар саҳифаи 17-ум менависад: «Дар таҳорат бисмиллоҳ гуфтан ва ният кардан ва тартиб нигоҳ доштан ба қавли Шофеӣ фариза асту ба қавли уламои мо суннат».

Аз ин нигоштаи ҷаноби Гулаҳмади Нурмаҳмад боз бармеояд, ки тасмия гуфтан дар таҳорат, нияти лафзӣ кардан ва тартиб нигоҳ доштан ба қавли Имом Шофеӣ ва Имоми Аъзам (р)  фарз ва суннат аст.

Зарур будӣ, ки дар асоси ин далел воизони мазҳабгурез, муддаиёни суннатситез ва салафитаборонеро, ки дар таҳорат лафзи: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим»-ро тарк кардаанд ва «Нияти лафзӣ»-ро ҳеч мешуморанд, мавриди интиқод қарор медод ва инчунин мутаасибони шиагаро ва мункирини мазҳабро, ки худро салафия мегӯянд ва андар вузӯ пойро намешӯянд, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медод, ки аз лиҳози талаботи қонуни фиқҳӣ ҳақ ба ҷониби кист?

Ин нуктаи овардаи муаллиф фикри аввалаашро андар саҳифаи аввалия рад мекунад, ки гуфта буд: «…саҳеҳ ин аст, ки мустаҳаб аст, зеро ки мувозибати расул (а) ба тасмия машҳур нест ва ба қавли баъзе адаб аст».

Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ

(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: