Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Русҳо нисбати сагу гурбаҳо меҳру муҳаббати беинтиҳо доранд. Бахусус, қисми зиёд сагҳоро мепарваранд. Ҳатто онҳоро дар даруни хонаҳои истиқоматӣ ҷой медиҳанд ва ҳангоми аз як ҷой ба ҷойи дигар рафтан дар мошинҳояшон сагашонро низ мебаранд. Баъзеи онҳо ҳатто се-чортогӣ ва аз ин ҳам зиёд саг мепарваранд. Дар деҳаю шаҳрҳои Русия дорандагони ҳайвоноту паррандаҳои хонагӣ — гову бузу гӯсфанду хуку мурғ хеле каманд. Дар роҳҳои деҳот зери по ба ҷойи саргини гову гӯсфанд саргини саг зиёду барзиёд аст.
Ду тарафи хонаи Бен аз симтӯр иборат буда, бо пояҳои оҳанин ба замин мустаҳкам карда буд. Ду тарафи дигар аз деворае иборат буд, ки варақаҳои оҳанини баландияшон думетра доштанд. Фарши хонача аз тахта дар баландии 20 см аз сатҳи замин сохта шуда, болои он дар баландии дуюним метр шиферпӯш шуда буд.
Азиз бо як машаққат худро ба даруни он симтӯр гирифт. Тани худро ба кунҷе кашиду камзӯлашро таги сар кард. Ҳамин вақт Диана барои Бен хӯрок овард. Ба Азиз низ як батони каме хушкшуда, ним шиша нӯшобаи афлесун ва як рӯйпӯши кӯҳна дод. Азиз ба хӯҷаинзан ташаккур гуфта, бо ин нону об каме ҳам бошад, рафъи ташнагиву гӯшнагӣ намуд. Рӯйпӯшро ба болояш партофту хоб кард. 
***
Ин пагоҳӣ хотири холаи Саъбагул мушавваш буд. Офтоб ҳанӯз набаромада, ба норизогии шавҳараш нигоҳ накарда ӯ роҳи хонаи акаи Мурод ва холаи Саидаро пеш гирифт. Мушаввашии хотири ӯ аз хоби шаб дидааш буд. Дарёи пурталотуми кӯҳӣ, дар байни мавҷҳои дарё Азизи ӯ. Мавҷҳо бо суръати тез Азизро ба поинҳо мебурданду ӯ бо талвосаи халосӣ ёфтан аз ин мавҷҳо худро сӯйи соҳил зада, «оча, очаҷон!!» мегуфт. Дили нозуки модар огоҳ шуда буд, ки аҳволи Азизи ӯ дар ғарибӣ хеле вазнин, ҳаёташ дар хатар аст.
Холаи Саъбагул ду нон ва як банка мураббои зардолугини аз боғи назди ҳавлияшон тайёр кардаи худро бурда ба хонаи Гулбӣ — бевазани серфарзанд ва камбағалтарини деҳа дод. Бо ин холаи Саъбагул дар дилаш ба ҳаққи «Ҳазрати Баҳоваддини балогардон» садақа кард ва зуд ба хона баргашт. Таҳорат карда, ду ракаъат намози нафлия гузорид ва аз Худованд зорию тавалло намуд, ки Азизашро дар паноҳаш гирад. ӯ ба келини хурдӣ баъзе супоришҳо дода, роҳи хонаи Муродро, ки келинаш Азиза ва набераҳояш Сӯҳробу Саъдӣ ва Шамсия онҷо буданд, пеш гирифт. Аз мағозаи сари роҳ барои набераҳояш баъзе шириниҳо харида, бо он якчанд сомоние, ки дер боз бо ин мақсад эҳтиёт карда, дар як гӯшаи сарандозаш баста мегашт, боз равон гардид. Масофаи байни хонаи Азизу Азизаино на он қадар дур буд. Деҳаҳояшон қариб ки бо ҳам пайваста буданд.
Холаи Саъбагул аз дари ҳавлии қудояш даромадан замон «ассалому алайкум» гуфт. Сӯҳроби шашсола, Саъдии чорсола дар рӯйи ҳавлии бобояшон бозӣ мекарданд. Бибияшонро дидан замон бо як шодии кӯдакона сӯйи ӯ давиданд. Саъбагул набераҳояшро ба оғӯш гирифта, онҳоро бӯсаборон мекард. Аз нидоҳои пурнишоти кӯдаконаш Азиза ҳайрон шуда, берун баромад. Дид ки кампири Саъбагул кӯдаконро мебӯсаду кӯдакон кампири Саъбагулро. Ашк аз ду рухсораи холаи Саъбагул бо хамиҳои ожангҳо шашқатор поён меомаданд. Ду чашми холаи Саъбагул ба ду чашмаи кӯҳӣ мубаддал шуда буданд.
Азиза ҳоли хушдоманашро бо фарзандонаш дидан ҳамоно наздик омаду холаи Саъбагулро ба оғӯш гирифта «холаҷонам — холаҷонам» гӯён гиряро сар дод. Акаи Мурод ва холаи Сарвиноз, падару модари Азиза низ кору бори худро як сӯ гузошта, «ба тамошо» баромада буданд. Азизбӣ — хоҳари Азиза сатилҳои обашро ба замин гузошта, «холаҷон, тинҷӣ-мӣ? Акои Азизам чихеланд? Ягон хату хабар ҳаст-мӣ?» гӯён, ба пурсупос даромад.
— Намедонам, намедонам, қариб як моҳ мешавад, ки боре ҳам телефон накардааст, ягон хабар ҳам нест. Намедонам ҳоли Азизакам дар он мулки бегона чи гуна бошад. Имшаб ба хобам даромад. Худоҷон, писаракамро дар паноҳат гир…
— Апаи Саъбагул, ҳамааш хуб мешавад. Беҳуда хавотир нашавед. Ин Русия як сарзамини бе сару нӯг, дар кадом як кунҷу канораш кор карда гаштагист. Аҷаб не телефонашро гум кардааст. Хоби зан мардум ҳама чапа мешавад. Хезед, хезед, ба хона дароед,- гуфт Мурод ва ба духтараш рӯй овард:
— Азиза, духтарам, хезед меҳмонро ба хона дароред.
Азизаю Азизбӣ бо як азоб дастони Сӯҳробу Саъдиро аз гардани холаи Саъбагул канда, ӯро аз ду тараф бардошта ба хона дароварданд.
Холаи Саъбагул аз кӯдакон чашм канда наметавонист. Фарзандони Азиз, хусусан писаронаш Сӯҳробу Саъдӣ ба ӯ хеле монанд буданд. Хусусан Сӯҳроб ба падараш ба қавле мисли себи дукафон монандӣ дошт. Шишту хез, суханронӣ, тарзи нигоҳ, қошу миҷгону лабу дандони Сӯҳроб хурдии Азизро мемонд.

Нормуҳаммади БЕКЗОДА,
Санкт — Петербург
(давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: