Главная > Uncategorized > Мард бо мард, зан бо зан

Мард бо мард, зан бо зан

«… ин амали Амрикои Лотинӣ кори ҳаром аст»,- мегӯяд Домулло Нурмуҳаммад. Аммо Эшони Нуриддин чӣ мегуфта бошад?

Дар ин дунёи дун чӣ гапу корҳое намешудааст, чӣ пасттинатиҳое сурат намегирифтааст! Яке арзишҳои як инсони комилро ба масхара кашида, хуб механдидааст, дигаре аз ин пастфитратӣ ба нанг омадаву дарун-дарун бо алам месӯхтааст. Аммо чӣ илоҷ, ки кори дунё на ҳамеша бар коми марди оқил аст!?

Ман як шаҳрванди Тоҷикистонам ва дар баробари тоҷик буданам мусулмон ҳам ҳастам. Аз бесуботиву бенизомии зиндагии мусулмону мусулмонзода ва аз дармондагии ӯ пайваста ранҷ мекашам, аз пешрафташ сарам ба осмон мерасад. Аммо қоилам, ки дармондагии инсон на танҳо вобастаи тақдир аст. Тақдирҷунбонҳо зиёданд ва ҳар яке тақдири дигареро бо хости дилашон сунъӣ меҷунбонанд. Ҳамин гуна «тақдирҷунбонӣ»-ро ҳафтаи ахир дар сомонаҳои интернетӣ вохӯрдам, чун ба ахбори ҳаррӯза таваҷҷӯҳ дорам. Яъне, хабаре ба назарам расид ва онро мутолиа кардам, ки гуфта мешуд, боз дар як кишваре аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ издивоҷи ҳамҷинсонро қонунӣ кардаанд. Ҳарчанд солҳо пеш чунин хабарҳои пастзанандаи шаъну шарафи инсонро борҳо хонда будам, ин дафъа низ қалбам аз дард ба хурӯш омад, ки чаро одамон ба одам чунин разолатро раво мебинанд? Шояд ҷониби номбурда дурустии тасмимашонро бо он тасдиқ карданӣ шаванд, ки дар кишварашон сафи «ошиқҳо»-и ҳамҷинс афзудааст ва барои осон кардани зиндагии онҳову пешгирии низоъҳои ҳуқуқии оилавӣ чунин тасмим гирифтаанд. Вале бояд гуфт, ин тасмими кӯркӯронаи онҳо пайванд ба кулли одамони гетӣ мегирад, сарфи назар аз мусулмон ё ғайримусулмон буданашон. Дар ҷаҳони ислом чунин роҳандозии тасмим ва ё ҳадаф фасоди равонист ва дар навбати худ нафратангез. Намедонам дар ботини мардони худогоҳ ҳиси нафрат то куҷо аланга мезанад, вале шахсан чунин амали нангинро маҳкум мекунам.

Дуруст аст, дар худи он кишваре, ки чунин қонуни соддалавҳонаро қабул кардааст, қисме аз сиёсатмадорону зиёиёнаш издивоҷи марду мард ва зану занро дастгирӣ намудаанд. Ҳатто президенти Аргентина Кристина Фернандес, ки издивоҷи ҳамҷинсҳо дар ин давлат қонунӣ шудааст, ҷонибдорӣ аз ин амали носавоб кардааст. Аммо намояндагони католикҳо ва гурӯҳҳои дигари мазҳабӣ бо ин тарҳ мухолифанд. Инесс Франк, намояндаи яке аз созмонҳои ҷамъиятӣ аз ин амал изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки «моҳияти хонавода иборат аз иттиҳоди байни ду фард аз ҷинсҳои мухолиф аст». Намояндагони рӯҳонияти Тоҷикистон дар ин бора чӣ назар дошта бошанд?

Сари мавзӯи мавриди назар бо яке аз рӯҳониёни Тоҷикистон Домулло Нурмуҳаммад сӯҳбат кардам. ӯ фикрашро чунин иброз дошт: «Худованд мегӯяд, ки «никоҳ кунед он чиро дӯст медоред аз занҳо…». Яъне Худованд таъкид намудааст, ки аз занҳо никоҳ кунед. Ғайр аз зан дигар ҳеҷ никоҳе нест. Яъне ин амали Амрикои Лотинӣ кори ҳаром аст ва ғайр аз ихтилоф андохтан миёни муслимин  ва вайрон кардани афкори онҳо  дигар чизе нест. Барои он ки, оила як чизи муқаддас аст. Никоҳи зану мардро оила мегӯянд! Аз назари равонӣ ҳам хуш нест, ки бо ҳамҷинси худ муносибати маҳрамона дошта бошӣ! Ин амалро ғарбиҳо «пешравӣ»-и худашон медонанд.

Дар шариати ислом бо мард робитаи ҷинсӣ ҳаром аст ва Қуръон ин амалро маҳкум намудааст.

Яке аз қавмҳои Лут ба мардҳо рағбат доштанд ва бо ҳамдигар ҳамхобагӣ мекарданд. Худованд ҳамаи онҳоро сарнагун кард. Инро барои он Худо дар Қуръон оварда, ки мо огаҳ бошем ва ин таъкидест барои мо, ки ҳушёр бошему ба палидӣ даст назанем. Яъне Худо барои он овард, ки шумо дар оянда ин корро накунед.

Амали зиштро Худованд дӯст намедорад. Ин кори бисёр бад аст.

Худованд барои насли одамиятро давом додан «бо занҳо никоҳ кунед» гуфт».

Чун дар ин мавзӯъ солҳои пеш низ сарусадоҳо баланд мешуд ва давлатҳои дигаре низ, аз қабили Уругвай, Бразилия, Мехико издивоҷи ҳамҷинсонро қонунӣ эълом карда буданд, нафрати рӯҳониён меафзуд. Ҳатто борҳо шоҳид будаем, ки рӯҳонии саршиноси тоҷик Эшони Нуриддин муқобили чунин ҷараёнҳо вокуниш нишон додааст. Аммо имрӯз, ки чунин амали нафратовар такрор ёфт, бисёр моилам (ва фикр мекунам, ҳама мардуми мусулмон моиланд) назару шарҳи шаръии Эшони Нуриддинро оид ба тасмими охири давлати Аргентина шунавам ё мутолиа кунам.

Пайрави Ализод, сокини пойтахт

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: