Главная > Uncategorized > Милиса «дузд»-ро ин тавр ошкор мекунад…

Милиса «дузд»-ро ин тавр ошкор мекунад…

Ба таваҷҷӯҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба бунгоҳи хабарии БМСЖТ дар вилояти Суғд аз М. Худойбердиев, сокини деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мазмуни зайл муроҷиат дохил шуда буд:

«Ман бо падарам Турсунбой Худойбердиев дар ноҳияи Зафаробод дар хоҷагии деҳқонии «Нури Рарз» падарам ба ҳайси ошпаз ва ман бошам обкаш шуда кор мекунем. Дар хоҷагии деҳқонии «Нури Рарз» санаи 3-юми июни соли равон 2 адад чархҳои (балони) трактор гум шуда буд. Санаи 4-уми июн ходимони милитсия ба ҷойи кори мо омада, коргарони хоҷагии деҳқонӣ ва ҳамчунин падарам ва манро ба милисахонаи ноҳияи Зафаробод бурданд. Дар милисахонаи ноҳияи Зафаробод корманди милиса Дониёр Юлдошев ҳамаро тарсонда, дӯғу пӯписа карда баъдан ҷавоб дод. Сипас шаби 4-уми июн кормандони милисаи ноҳияи Зафаробод тракторчии бо номи Шӯҳрат ва падарамро аз сари кор тахминан соатҳоли 18:25 дақиқа ба милисахона мебаранд. Дар милисахона ходими ШКД-и ноҳияи Зафаробод Юлдошев Дониёр тракторчӣ Шӯҳрат ва падарамро латукӯб карда, дуздиро ба гарданашон бор карданӣ шуда, ваъда медиҳад, ки агар ин корро ба худ гиранд, баъд кӯмак мерасонад. Падарамро, ки қариб 60 сол дорад, барои дуздиро ба гардан гирифтан маҷбур мекунанд. Вале падарам барои кори накардагияш эътироз мекунад. Дониёр Юлдошев хашмгин шуда, барои дуздиро ба гардан гирифтан падарамро ба ҳуҷраи алоҳида дароварда, бо асбоби резинӣ (дубинка) латукӯб мекунад. Аз зарби калтак дасти росту чапи падарам лат хӯрда сип-сиёҳ, миёнаш ҳам сип-сиёҳ, гарданаш ҳам сип-сиёҳ шудааст. Сараш ҳам аз зарби калтак варам карда, хун ҷамъ мешавад. Дониёр Юлдошев падарамро то андозаи беҳолию беҳушӣ зада, ба шаъни оилаи мо суханҳои қабеҳ гуфтааст. Ҳамин тавр, падари бечораи бегуноҳи ман аз дасти кормандони ШКД калтак хӯрда, ҳоло дар ҳолати вазнин дар беморхонаи марказии ноҳия мебошад.
Наход дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин гуна кормандони ҳифзи ҳуқуқ чораҳо андешида нашавад!? Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳифз намудани қонун, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол карда, аз вазифаҳои худ сӯйистифода мебаранд. Оё нисбати ин гуна шахсон ягон чора дидан мумкин аст ё не?
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ин воқеаро мавриди омӯзиш қарор дода, ба оилаи мо кӯмак расонед».
Пас аз гирифтани муроҷиат кормандони БМСТЖ ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов рафта, хостанд бо мӯйсафед сӯҳбат намоянд. Аммо ӯ имкони сухан гуфтан надошт. Баъди чанд рӯз рафтему Турсунбой Худойбердиев суханони дар ариза навиштаро тасдиқ намуд. Тавассути телефон бо корманди милиса, лейтенанти калон Д. Юлдошев дар тамос шуда, дархости вохӯриву сӯҳбат намудем. Аммо ӯ ба вохӯрӣ ҳозир нашуд.
Аз рӯи маълумотамон, Турсунбой Худойбердиев ба дигар мақомот ҳам муроҷиат кардааст. Умедворем, ки асли масъала равшан карда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки дар натиҷаи ин амал Турсунбой Худойбердиев аз 5-уми июни соли 2010 то 18-уми июн дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов бистарӣ карда шудааст. Аз таърихи бемории №2826/642 чунин иқтибос карда шудааст: латмаи майнаи сар, захми латхӯрдаи лаби поён, латхӯрии қисми поёни ҷоғи поён, латхӯрии бофтаҳои мулоими фарқ, қафаси сина, латхӯрӣ ва кабудшавии сершумори ҳарду китфҳо ва пушти қафаси сина ва ғайра…

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: