Главная > Саида ҚУРБОНОВА > Зарина Раҳмонова: яккатоз ё пуштибон?

Зарина Раҳмонова: яккатоз ё пуштибон?

Ҳафтаи гузашта тамоми расонаҳои хабарӣ аз хусуси ровии телевизион шудани духтари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта бошанд ҳам, шояд кам мардуми оддиро ба ҳайрат оварад. Зеро халқро дигар на вазифа гирифтани шахси оддӣ ба ташвиш меораду на шахсони маъруф. Охир, аз ҳеҷ кадоме ба онҳо суде нест. Вале як умед ҳаст: Шояд ояндаи наздик ӯ раиси Кумитаи телевизион ва радио шаваду гузоришҳои мадҳиясароӣ ва шахсиятпарастиро дар шабакаҳои телевизионӣ хотима бахшад.

Ҳамагӣ меболанд…
Зарина Раҳмонова дар хориҷа таҳсил кардаву шояд бо муҳити ВАО ва вазифаи журналист ошноӣ пайдо карда бошад. Бо вуҷуди 16-сола будан, ӯ хуб дарк карда метавонад, ки дар ягон кишвари ДЕМОКРАТӣ ВА ДУНЯВӣ ба ин андоза ЗИНДАБОДГӯӣву БУТПАРАСТӣ ҳатто дар ВАО-и давлатӣ нест, ки дар мост. Бояд дарк карда тавонад, ки он ба ҷуз хандахариши хориҷиёну худи мардуми тоҷик гаштан, чизе беш натиҷа нахоҳад дод.
Масалан, кӣ бояд ҷавоб диҳад, ки тӯли як моҳ дар 5 шабакаи телевизионӣ такрор ба такрор танҳо як чеҳраву мадҳиясароии мардумро дар васфи мансабдоре намоиш додан чӣ маъно дорад? Ба кӣ чӣ медиҳад ин мадҳиясароӣ? Оё рисолати журналистони телевизионҳои давлатӣ ҳамин аст?
Дар ҳамин ҳол, саволи аввалиндараҷа ин аст, ки оё духтари президент бо маоши ночизи телевизион розӣ аст, ки оянда кор кунад ва ё ба қавли собиқ Прокурори генералии ҶТ, сарулибос ва мошинҳои гаронбаҳои хориҷиро хешовандонаш «тӯҳфа» хоҳанд кард? Зеро музди миёнаи кори кормандони телевизион ва радио аз 80 то 120 сомонӣ мебошад, ки боис ба зуд аз кор рафтани кадрҳои ҷавон мешавад. Инро албатта вақт нишон медиҳад, вале аз суханронии баъзе масъулони телевизион чунин бармеояд, ки агар Зарина хоҳиши кор кардан дошта бошад, боварӣ ҳаст, онҳо курсияшонро худашон холӣ мекунанд. Онҳо аз ҳозир лаганбардориро сар кардаанд, ки гӯё ин мӯҳлати санҷишӣ аст, агар аз ӯҳдааш барояд ва хоҳиш дошта бошад, метавонад фаъолиятро идома диҳад. Лекин забони англисиро ба дараҷаи хуб медонад, озод сӯҳбат мекунад.
Ҳамагӣ аз он меболанд, ки Зарина аз дигар гӯяндагоне, ки дар телевизион кор мекарданд, фарқияти калон дорад. Бигзор ин намунаи ибрат бошад барои дигар ҷавонон, ҳаракат кунанд, пешниҳод кунанд, ҳатман қабул мешаванд.
Албатта, инҷо имкониятҳои забономӯзиву донишандӯзии фарзандони президентро наметавон бо дигарон муқоиса кард.

Духтари президент ва мушкилоти ВАО
Чуноне ба ҳамагон маълум аст, вақтҳои охир мушкилоти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон бо идораҳои гуногуни давлатӣ нигаронкунанда ба назар мерасад. Яъне, дар як соли ахир ҳодисаҳои шикояти ниҳодҳои давлатӣ ба додгоҳ алайҳи матолиби интиқодии хабарнигорон ва нашрияҳо афзоиш ёфтааст.
Шикоятҳои «Тоҷикстандарт»алайҳи нашрияи «Пайкон», Вазорати кишоварзӣ алайҳи «Миллат» ва шикояти се судя алайҳи нашрияҳои мустақил — «Asia-Plus», «Фараж» ва «Озодагон» дар додгоҳ идома дорад.
Чун ба олами журналистика ворид гардидани духтари Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин замон рост омадааст, шояд ба ин масъала таъсире расонида тавонад. Зеро дар Тоҷикистон мақомоти судии мо бо вуҷуди он ки «Ҳокимияти сеюм» ҳисоб мешавад, қарорҳояшон аз шахсони боло вобаста аст. Агар не, чаро бо вуҷуди далелҳои раднопазир пеш овардани рӯзномаҳо, садо баланд кардани созмонҳои хориҷӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, то кунун мушкилоти судии 5 нашрияи зикргардида ҳал намешавад?
Аз ин рӯ, бо журналист ва ё роҳбар шудани Зарина дар ин самт ду масъала пайдо мешавад. Якум: дар воқеъ журналистикаро ба «ҳокимияти чорум» табдил дода, пуштибони журналистон мегардад. Дуюм: баръакс, дар ин майдон рақобатро оғоз мекунад. Яъне, радиову телевизион ва ё рӯзномаи худро таъсис медиҳаду яккатозиро пеша мекунад.

Журналистикаи давлатӣ ғолибу хусусӣ сарсон
Дар ҳоле, ки 5 нашрияи хусусиро судҳои мо моҳҳо овораву сарсон кардаанд, рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва журналистони давлатӣ ин гуна проблемаҳояшон дарҳол ҳал мешавад. Аз ҷумла, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз болои ду рӯзномаи давлатӣ барои тӯҳмату таҳқир ба додгоҳ муроҷиат карда буд, вале чунин ба назар мерасад, ки даъвояш бенатиҷа боқӣ мондааст.
Ё мисоли дигар, хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Зарина Абдулвоҳидова барои поймол шудани ҳуқуқаш моҳи марти соли равон ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурда, ки додгоҳ ҳукмро ба фоидаи журналист қабул кард.
Хабаргузории BBC навиштааст: «Зарина Абдулвоҳидова, раиси бахши форсии «Овози тоҷик», ки бо забонҳои хориҷӣ барнома пахш мекунад, бо фармони Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ аз ин вазифааш сабукдӯш гардида буд».
Аммо ба ҳар ҳол инро метавон ҳодисаи ғайриоддӣ номид! Чунки як хабарнигор тавонистааст ба муқобили раиси Кумитаи РТВ барояд ва даъвояш қонеъ карда шавад.
Албатта мисолҳои зикршуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки матбуоти мустақил дар Тоҷикистон «ятим»-еро мемонад, ки бепуштибон аст. Ҳамин бепуштупаноҳист, ки онҳое, ки ДАСТИ ДАРОЗ доранд, бо ҳар роҳ мехоҳанд озодии баён ва журналистикаи озодро ба нестӣ баранд.

Духтари президент ситораи телевизион
Бояд гуфт, Зарина Раҳмонова, духтари шашуми Президент Раҳмон мебошад, ки муддати як ҳафта мешавад ба унвони ровии телевизион ахбори англисии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро мехонад.
Дар давоми ин як ҳафта ба андозае дар бораи Зарина гуфтанду навиштанд ва мегӯянд, ки дар бораи дигар духтаронаш нагуфтаанд. Барои ҳамин метавон гуфт, ки соҳаи журналистика ва махсусан телевизион барои «ситора» шудан зуд саҳм мегузорад. Ва дур нест, ки мавқеи Зарина аз дигар апаҳову бародарон болотар равад. Зеро, то кунун бо вуҷуди муовини аввали вазири корҳои хориҷа будани Озода, тоҷири фаъол ва муваффақ будани Таҳмина, бозингари тими футболи «Истиқлол», муовини раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон, раиси яке аз бахшҳои Кумитаи сармоягузорӣ ва амволии давлатии Тоҷикистон будани бародари бузургаш Рустами Эмомалӣ, ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷуръати ба таври оммавӣ зоҳир шуданро накардаанд.

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: