Главная > Азимҷон БАДАЛОВ > Ҳикмати Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳикмати Рӯзи забони тоҷикӣ

Чанде қабл Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарор қабул кард, ки аз ин пас Рӯзи забони тоҷикӣ на 22-юми июл, балки 5-уми октябр ҷашн гирифта шавад. Зеро охирин қонуни забони тоҷикӣ 5-уми октябри соли 2009-ум ба тасвиб расида буд. Ҳамчунин, 5-уми октябр рӯзи мавлуди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Амри зарурӣ ва саривақтӣ…

Забоншинос ва адабиётшиноси тоҷик, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ин қарори Маҷлиси намояндагонро саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ кард: «Чандест, мо бисёр илтимос мекардем, ки Рӯзи забони тоҷикӣ аз 22-юми июл ба дигар рӯз гузаронида шавад. 22-юми июл агарчи ҳақиқатан рӯзи қабул шудани якумин қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989-ум аст, лекин барои ҷашн чандон муносиб нест. Дар ин вақти гармӣ мо наметавонистем, ки ин рӯзро ҷашн гирем. Зиёиён ҳама дар мураххасӣ. Донишҷӯён низ наметавонанд ширкат варзанд. Ба дигар рӯз мондан Рӯзи забони тоҷикӣ амри зарурӣ ва саривақтист».
Воқеан, ҷамъ кардани зиёиёну донишҷӯён барои ҷашн гирифтани Рӯзи забони тоҷикӣ дар ин фасли гармо душвор аст. Вале инҷо чанд суоли дигар посух мехоҳанд. Аз 22-юми июл ба 5-уми октябр гузаронидани Рӯзи забони тоҷикӣ барои беҳбудии забони тоҷикӣ чи манфиат оварда метавонад? Оё дар ҳамон соле, ки ба забони тоҷики мақоми давлатӣ доданд, барои рӯзи ҷашнаш наандешиданд? Чаро то имсол ин санаи таърихӣ тағйир наёфту акнун Кумитаи забон ва истилоҳот онро ба дигар рӯз гузаронд?
Агар ба гуфтаи академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ эътимод бандем, аз ҷониби забоншиносони тоҷик борҳо ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ки Рӯзи забони тоҷикӣ аз 22-юми июл ба дигар рӯз монда шавад. Гӯё ба ин пешниҳод Эмомалӣ Раҳмон розӣ нашуда, 22-юми июлро рӯзи таърихӣ донистааст. 
Бетаҳаммулии коммунистон
ва ҳикмати рӯз

Воқеан ҳам 22-юми июл дар ҳаёти мардуми мо рӯзи фаромӯшношуданист ва таърихӣ низ ҳаст. Перомуни ин масъала таҳлилгари тоҷик Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода бар ин назар аст, ки гузаронидани Рӯзи забони тоҷикӣ ба рӯзи дигар дар худ ҳикмате дорад. «Ҳанӯз дар даврони ба тасвиб расидани нахустқонуни забони тоҷикӣ баҳсҳои мухталиф ҷой доштанд. Зеро дар фасли тобистон барои ҷамъ кардани зиёиёну донишҷӯён фурсати муносибе набуд». ӯ ҳамчунин афзуд, ки «коммунистони давр ҳамон гузаштаи хешро ҳеҷ таҳаммул намекарданд ва барои таҷлили рӯзи қабули қонуни забон дар дигар фасл розӣ намешуданд. Ва омадем ба давраи қудрати элитаи нав. Онҳо дар қонун кадом тағйироти дигареро тибқи назар ва манофеи хеш ворид карданд. Аммо рӯзи муносиберо аз пеши худ пайдо карда натавонистанд, ки таҷлили рӯзи забонро ба он рӯз интиқол диҳанд. Дигар, ба рӯзи мавлуди президент баробар кардани Рӯзи забони тоҷикӣ шояд рамзӣ бошад. Яъне, дар зимн президент эҳтимол тағйироти дигареро дар сар дорад. Вале ин тағйирот чӣ хоҳад буд, гуфтан душвор аст».
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода агарчи интиқол додани Рӯзи забони тоҷикиро аз 22-юми июл ба фасли тирамоҳ иқдоми мусбат арзёбӣ карда бошад ҳам, дар нутқаш андаке нигаронӣ ҳам ба мушоҳида мерасад: «Агар тағйирот ҷиддӣ сурат гирад, эҳтимол номи қонун ҳам бо исми президент якҷо шавад».
Аз сӯҳбати ин таҳлилгар бармеояд, ки агар чунин як тағйирот ҷиддӣ бошад, тамоми арзишҳои миллӣ зери ном ва рӯзи мавлуди президенти кишвар то чанде боқӣ хоҳад монд. Яъне, ба гуфти ӯ, рӯзи мавлуди президенти ҷумҳурӣ ва ҷашни Рӯзи забони тоҷикӣ баҳснок боқӣ мемонад.

Грамматика омӯзем ё забон?
Ахиран Кумитаи забон ва истилоҳот қароре қабул кард, ки тибқи он дар муассиса, бозор, кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳое, ки матнҳо ғалат навишта шудаанд, аз нафарони масъул минбаъд ҷарима ситонида мешавад. Бо ин қарори баровардаи Кумитаи забон ва истилоҳот академик Муҳаммадҷон Шакурӣ розӣ набуда, қайд мекунад, ки «бояд Вазорати маориф бо Кумитаи забон ва истилоҳот забон як карда, методикаи нави таълими фанни забон ва адабиётро дар мактаби миёна муайян кунанд. Забон ва адабиётро ба таври нав омӯхтан лозим, на ба он тарз, ки то имрӯз омӯхтему фоида накард».
Гуфтанист, ки аслан дар макотиби миёнаи ҷумҳурии мо грамматика таълим дода мешавад, на забон. Вале М. Шакурӣ аз ин гуна шеваи таълим розӣ набуда, таъкидан иброз дошт, ки агар методистони тоҷик барои муайян кардани шеваи таълим имкон надошта бошанд, аз кишварҳои Аврупо ва Эрон мутахассисҳои хуб бояд даъват кард, то онҳо шароити Тоҷикистонро дида, шеваи таълими забон ва адабиёти тоҷикро муайян кунанд. То ҷое ин ақидаи М. Шакурӣ қобили қабул ва дастгирист. Агар аз мактаби миёна хонандагон забон ва адабиётро нағз наомӯзанд, пас чи гуна метавон аз он нафарҳое, ки дар тарабхона, бозор, хиёбон ва дигар ҷойҳое, ки шиорҳои ғалатро менависанд, ҷарима ситонид? Ба ақидаи М. Шакурӣ, дар макотиби миёна ҳатман забонро омӯзонидан даркор, на грамматикаро.

Забон рӯ ба беҳбудӣ
ниҳодааст, ё баръакс?
Доир ба чигунагии вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ бо мудири кафедраи услубшиносии факултаи журналистикаи ДМТ Баҳриддин Камолиддинов ҳамсӯҳбат гаштем. Ба андешаи забоншинос Баҳриддин Камолиддинов, барномаҳои телевизион, радио, сӯҳбати мардум дар ҷаласаҳо, ҳамчунин маърӯзаҳо ба солҳои 50-ум ва 60-ум умуман ба муқоиса намеояд. Яъне, ба андешаи ӯ, имрӯз вазъи забони тоҷикӣ хеле беҳ гардидааст. Дар ин маврид мавсуф иброз дошт: «Забони тоҷикӣ хеле инкишоф ёфт. Дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ. Инро нодида гирифтан ҳеҷ номумкин аст. Баъзеҳо муҳобот мекунанд, ки вазъияти забон дар ҳолати ниҳоят мушкил аст. Ман бовар надорам. Забон рӯ ба рушду такомул ниҳодааст».
Вале академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар ин бора фикраш тамоман дигар аст. «Муддати чанд соле, ки ман ба муқобили ин камбудиҳо мубориза бурдам, ҳеҷ натиҷа надод. Аз ин ки кормандони радио, телевизион, матбуот, мактабу маориф аз камбудиҳои забонашон даст мекашанд ва он ислоҳе, ки мекунем, бефоида аст»,- бо таассуф иброз дошт ӯ. Мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки кормандони матбуот телевизион, радио ва ҳатто нависандагон ба забони худ аҳамият намедиҳанд.
Бояд иқрор шуд, ки забони тоҷикӣ дар замони Шӯравӣ ба таҳаввулот дучор гардид. Аз солҳои 30-юм тамоюле қувват гирифт, ки бархе аз фарҳангиён аз гуфтугӯи омма ҳарчӣ барояшон хуш ояд, ба навиштаҳо дохил мекарданд. Сараву сақатро баробар истифода мебурданд. Дар натиҷа калимаву иборабандиҳои нодуруст, ҷумласозиҳои носуфта ба забони адабӣ тадриҷан ворид шудан гирифт, ки забони тоҷикиро коста мекард. Ин саҳлангории қаламкашон боиси паст шудани маданияти сухан гардид. Аввалин нафаре, ки барои бартараф кардани камбудиҳои забони тоҷикӣ талош варзид, устод Садриддин Айнӣ буд. Бо роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат мақолае бо номи «Баъзе фикрҳо дар бораи забони адабии тоҷик» дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (17-уми апрели соли 1939) мунташир шуд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ бештар таваҷҷӯҳ карданд. Вале то ҳол ғалатҳо ҷой доранд ва забоншиносон аз он изҳори нигаронӣ карда истодаанд.
Нақши васоити ахбори умум, хусусан телевизион, радио, рӯзномаву маҷалла дар пешбурди маданияти сухани мардуми оддӣ назаррас аст. Зеро аксарият рӯзномаву маҷалла нахонанд ҳам, телевизион тамошо мекунанд ё ба радио гӯш медиҳанд. Телевизион ва радио барои пешбурди маданияти сухан нақши аввалиндараҷа доранд. Вале боиси таассуф ва нигаронист, ки имрӯзҳо ҳам дар телевизион ва ҳам дар радио ғалатҳои зиёде ба назар мерасад. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо низ ғалати зиёде дида мешавад, ки бояд ҳар яки мо барои ислоҳ карданаш саҳм дошта бошем.
Имрӯзҳо аксарият ибораи «баромад кардан»-ро ба маънои «сухан кардан», «маърӯза кардан», «ҳунарнамоӣ кардан», «қувваозмоӣ кардан», «суруд хондан», «рақсидан» ва ғайра истифода мебаранд. Вожаи «баромад» дар Фарҳанги забони тоҷики ба маънои «берун шудан», «хориҷ шудан» омадааст. Масалан, фалонӣ аз хонааш баромад. Дар ин ҷо «баромад» феъли замони гузаштаи шахси сеюми танҳо мебошад. Қариб ки ҳамаи мо «имрӯз президент баромад мекунад», «Расул Боқиев дар Русия баромад кард», «Шабнами Сурайё баромад мекунад», «ансамбли рақсии «Падида» баромад кард» ва ғайраро истифода мекунем. Масалан мардуми Эрон ва ё Афғонистон «ҳунарнамоӣ кард», «қувваозмоӣ кард», «суханронӣ кард» истифода мекунанд, ки хуб аст. Мо низ бояд мисли онҳо ин гуна вожаву ибораҳоро истифода барем. Аксарияти мо аз забони арабӣ огаҳӣ надорем ва ё ин забонро нағз намедонем, ки вожаҳои арабиро дар шакли нодуруст ба кор мебарем. Вақте ба оинаи нилгун чашм медӯзем, аксари рӯзноманигорон ва умуман фарҳангиёну сиёсатмадорон намедонанд, ки «ҳамагон» чӣ маънӣ дорад. Ва сар мекунанд: «Бинандагони азиз, ба «ҳамагон» маълум аст, ки…». Вожаи ҳама шакли ҷамъро ифода мекунад. Инҷо барои «ҳамагон» гуфтан ягон зарурат нест. Яъне, пасванди «гон» зиёдатист.
Дафтари як донишҷӯи курси аввали факултаи журналистикаи ДМТ ба дастам афтоду (аз гуфтани номаш худдорӣ мекунем) онро варақ задам. Дар он ҷо навишта шуда буд: «Рӯйхати адабиётҳо». Ҳол он ки, вожаи адабиёт шакли ҷамъ аст. Дар ин ҷо пасванди «ҳо» зиёдатист. Аз курси якум ки ба донишҷӯён чунин сабақ диҳанд, пас онҳо оянда чӣ гуна дар ВАО фаъолият мекунанд? Ва чӣ хел аз забони хеш дифоъ мекунанд? Баръакс, боз ғалатгӯиву ғалатнависӣ меафзояд. Шояд аз сабаби ислоҳ нашудани фарҳангиёнамон бошад, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ аз фаъолияти онҳо розӣ нест ва такроран мегӯяд: «Ҳамин қадар ислоҳ кардем, ҳеҷ фоида накард, ки накард…».

Забони давлатӣ: тоҷикӣ ё русӣ?
Кумитаи забон ва истилоҳот чанд идора, муассиса ва фурӯшгоҳҳои пойтахти ҷумҳуриро ҷарима бастааст. Рӯзноманигор Мирзонабии Холиқзод қайд мекунад, ки Кумитаи забон ва истилоҳот дар зарфи шаш моҳи фаъолияти расмии худ мушоҳида кардааст, ки камаҳамиятӣ ба забони давлатӣ ҳангоми нишастҳову ҳамоишҳои созмонҳои байналмиллаливу дохилӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ҳангоми баргузории ин нишастҳо забони русӣ ва ё англисӣ ҷойи забони давлатиро мегирад. Дар ин бора Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот қайд кардааст, ки набудани тарҷумони забондон баҳона буда наметавонад. Рӯзноманигори дигари тоҷик Мунаввари Мунавварзод он ахбореро, ки ба забони русиву англисӣ ва арабӣ тариқи шабакаҳои тоҷикӣ пахш мегардад, ба ҷуз худнамоӣ чизи дигаре намедонад. ӯ изҳор дошт, ки шабакаи телевизионии Озарбойҷонро тамошо мекунаду гӯё дар ин шабака бо забони русӣ ягон калима ҳарф намезананд. Ҳамчунин, М. Мунавварзод дар мавриди вазъи забони тоҷикӣ изҳори нигаронӣ карда, чунин қайд намуд: «Ҳис карда мешавад, ки дар ин сарзамин забони тоҷикӣ неву забони русӣ забони давлатӣ аст». Мунаввари Мунавварзод ин гуфтаашро бо он исбот карданист, ки дар шабакаҳо таблиғот (рекломҳо) бо забони русист. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ ин камбудӣ ба назар мерасад. Қисми зиёди навиштаҳо бо забони русиянд.
Боиси нигаронист, ки имрӯзҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе ҷойи калимаҳои тоҷикиро калимоту ибороти ғайритоҷикӣ, ба мисли «эврика», «кристалл», «кайнак», «плазма», «пиеор кардин» ва ғайра гирифтаанд.

Саҳми президент барои беҳбудии забон назаррас аст
Соли гузашта пас аз паёми телевизионии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ дар тамоми ВАО-и Русия як «инқилоб»-е ба миён омад, ки гӯё дигар дар Тоҷикистон забони русӣ эътироф карда намешуда бошад. Вале дар моддаи дуюми Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модарияшон озодона истифода кунанд». Қайд кардан зарур аст, ки соли гузашта хабаргузориҳои русӣ хабару мақолаҳои зиёде нашр карданд, то парлумони Тоҷикстон дар бораи забони тоҷикӣ қонун ба тасвиб нарасонад. Аз ҷумла сомонаи интернетии ИА REGNUM хабаре бо сарлавҳаи «Оё сарвари Тоҷикистон мефаҳмад, ки амалишавии қонун дар бораи забони русӣ чӣ исёнеро ба вуҷуд меорад?» нашр карда буд. Ҳамчунин, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқи он ки қонуни нав ба забони русӣ ҳеҷ алоқамандие надорад ва забони русӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон эътироф карда мешавад, ба Русия сафар дошт.
То имрӯз ному насаби шумораи зиёди тоҷикон ба истиснои шоиру нависандагон ва умуман, бархе аз фарҳангиён, бо таъсири забони русӣ пасвандҳои «ов»-у «ович»-у «евич» ва «овна»-ву «евна» «зеб» гирифтааст. Дар ҳамин маврид президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар як вохӯрӣ бо фарҳангиён хостори он шуд, ки аз ин пас ӯро Эмомалӣ Раҳмон гӯянд. ӯ аз ҷумла қайд карда буд: «Азбаски ман тоҷик ҳастам, миллати ман, ки тоҷик аст ва алҳамдулиллоҳ мусулмон ҳастам, номе, ки падару модарам ба ман гузоштаанд Эмомалӣ аст, падарам Раҳмон, хуб мешавад Эмомалӣ Раҳмон шавад». Аз ин бармеояд, ки саҳми президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон низ барои беҳбудии забони тоҷикӣ назаррас аст.

Чанд нукта
Мусаллам аст, ки дар Эрон аксарият бо забони шевои форсӣ сӯҳбат мекунанд. Вале боиси таассуф аст, ки дар ҷумҳурии мо қариб ҳама бо забони тоҷикӣ озодона сӯҳбат карда наметавонанд. Мешавад ҳолатҳое, ки бархе китобҳои аз тарафи донишмандони мо навишташударо хонда, баъзе калимоту иборотро умуман намефаҳманд ва шикоят мекунанд, ки ин китоб мушкил навишта шудааст. Ҳол он ки, инҷо айб дар адиб нест. Айб дар худи мост, ки намефаҳем муаллиф чӣ навиштааст. Чунки аксари мо аз мутолиа дур мондаем. Барои ҳифз намудани забони тоҷикӣ ҳар яки мо вазифадорем. Ислоҳ кардани камбудии забони тоҷикӣ танҳо вазифаи филологҳо нест.
Дар мавриди ба санаи мавлуди президенти ҷумҳурӣ мондани Рӯзи забони тоҷикӣ ҳар кас ақидаи худро дорад. Ба ҳар ҳол, гарчи ҷашн гирифтани Рӯзи забони тоҷикӣ санаи 22-юми июл он қадар муносиб набуду зиёиёну донишҷӯён дар он ширкат варзида наметавонистанд, вале ин санаи муҳими таърихӣ бекор карда шуд. Шояд интиқол додани Рӯзи забони тоҷикӣ ба санаи зодрӯзи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон воситае бошад, ки мардумро ба риояи қоидаҳои забони тоҷикӣ водор карда тавонад?

Азимҷон БАДАЛОВ,
БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: