Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта

***

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чи солҳои мушкил буданд. Азиз, ки дороияшон як модагов буд, чанд рӯз аз пушта ба хона намеомад. Падари Азиз ба ҷустуҷӯи модагов баромада, худ низ нобуд шуд. Ба қавли баъзеҳо, силоҳбадастон ӯро аз пушта дошта ба «мухолифат» муттаҳам намуда, ба деҳаи «Қалъаи Сурх», он ҷойе, ки ситоди силоҳбадастон воқеъ буд, бурда чанд рӯз азоб дода, баъд паррондаанд. Ду моҳ баъд аз анҷоми ҷанг хешу табораш боқимондаи ҷасади ӯро аз соҳили дарё оварда, дар гӯристони деҳа ба хок супориданд.

Азиз он вақт сенздаҳ-чордаҳсола буд. Бо модар дар саҳро кор мекард, ки додарону хоҳаронашро хӯронад. Пуштаҳоро каланд карда, дони гандум мепартофтанд. Аксари солҳо хушксолӣ меомад, баҳорон борон кам мешуд. Гандум ҳосили дилхоҳ намедод. Ҳамин буд, ки аз шонздаҳсолагӣ Азизи навҷавон роҳи ғарибиро пеш гирифта, «шаҳду шакар»-и онро бисёр чашида буд. Ба камбағалӣ ва муфлисӣ ҳарчанд душвор ҳам бошад, тоқат кардан мумкин буд, вале тағоҳояш модари ӯро ба Раҳмон ном марди бехонаву бефарзанд ба шавҳар доданд. Инчунин, аз ҳама душвор он буд, ки ин Раҳмони ба қавле «бегӯру бекафан» ба хонаи онҳо даромада буд. Дар ҷойгаҳи падараш бо модари ӯ хоб мекард. Ҳатто баъзан яктаҳу пойпӯшҳои аз падари Азиз мондаро ба тан мекард. Ин ба Азиз ва хоҳаронаш Саидаву Саидбӣ сахт мерасид. Вале бо мақсади озор надодани дили озурдаи модар лаб зери дандон мекарданд. Нағз медонистанд, ки модар зори шавҳар набуд, вале бародаронаш ин Раҳмонро ёфта, ба сари ӯ бор карданд. Мегуфтанд, ки ӯ бефарзанд аст, ба фарзандони ту падар мешавад. Вале ҳайҳот… «ҷигар ҷигар асту дигар дигар». Раҳмони бехонаю дар соҳиби хонаву дар гашт, соҳиби зану фарзанд. Раҳмон дар асл тоҷик ё ӯзбек буданаш дақиқ набуд.

Хулоса, Худованд падари деҳқону хонасозу бунёдкору тақводорро аз онҳо рабуда, Раҳмони сергапи бадалфози камкору серхоб ва носкашро дода буд. Чӣ илоҷ, қисмат ҳамин, хоҳиши Худованд ин буд. Беҳуда Хоҷаи Ҳофиз нагуфтааст:

Ҳофиз, асрори илоҳӣ кас намедонад, хамӯш,

Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?

Ин сабаби дуюм ва аз ҳама асоситарин буд, ки Азизи наврас майли ғарибӣ кард. «Аз ноумедиҳо басе умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст»,- мегӯянд мардум. Дар натиҷаи саргардониву азобҳои бисёрсола дар ғарибӣ Азиз хеле тануманду бардам ба камол расид. Ҷавони базебу 3-4 кас медидагӣ шуда, бо савғою кисаҳои пур аз пул ба ватан баргашт. Акнун на фақат духтарони деҳаи онҳо, ҳатто духтарони деҳоти ҳамсоя ба ӯ чашмак мезаданд. Баъзе духтарҳо бо умеди гаппартоӣ сари роҳашро мегирифтанд. Ҳатто ба хонаашон ҳам меомаданд.

Азиз баъди бо як иззату икроми наҷиб ба шавҳар додани хоҳаронаш Саидаю Саидбӣ ва баъди бори сеюм аз сафари меҳнатӣ омаданаш ба хонаи Азизаино хостгор фиристод.

Азиза на фақат яке аз зеботарин духтарони деҳаи ҳамсоя буд. Инчунин, падари Азиза ва бобои ӯ аз баобрутарин мардони деҳаҳои гирду атроф ба ҳисоб мерафтанд. Гарчанде деҳаи Азизаино бо духтарони бешарму ҳаё ва беадабонаш дар гирду атроф ном бароварда бошад ҳам, фарзандони амаки Мурод аз онҳо фарқ мекарданд. Саропо лабрези шарму ҳаё, маърифату маънавият буданд. Писаронаш низ бо ҳар кас суханҳои пасту баланд намегуфтанд, камгап ва хоксор буданд. Агар тавонанд ба касе ёрӣ намудан, мекарданд ва агар натавонанд фоидае расонанд, зарар ҳам намерасониданд. Аз шароб дур буданд. Ҳатто носу сигорро ҳам ба даҳон намегирифтанд. Духтаронаш аз писарон хубтар буданду бадтар не. Бар замми ин, ҳамеша зери назорати падару бобо ва бародарон қарор доштанд. Ба тӯю базмҳои шабона намерафтанд, ғайр аз ҳамсояҳои наздик ва ҳамон ҳам рӯзонаю бо ҳамроҳии яке аз бародарон. Куртаҳои зебову шинам ва васеъ пӯшида, рӯймолҳои калон ба сар мегирифтанд. Куртаҳои аз матоъҳои тунук ва шаффоф, ки аз зери он ҳар як тори мӯйи духтарон намудор мешавад, умуман намепӯшиданд. Рӯймолҳои худро ба гирди гардану сар печонида, аз косметика қариб ки истифода намебурданд. Аммо чун ҷамоли зебои лайлиёна, ҳусни баланди Худодод доштанд, дар ҳар маъракаю тӯйи ҳамсояҳои наздик ва хешу табор, ки баъзан мерафтанд, зери назари хурду калон мемонданд. Хусусан ҷавонон ба онҳо бо ҳавас, бо чашмони чун фарҳои даргирифтаи мошин нигоҳ мекарданд. Ҳамин буд, ки хостгорҳо остонаи хонаи онҳоро судда карда буданд.

Амаки Мурод ва падараш фарзандҳои худро беҳад дӯст медоштанд ва ба хоҳишу ризои онҳо рафтор мекарданд. Ин буд, ки «хомӯшӣ аломати ризо» дониста, Азизаро ба Азиз доданд.

***

Холаи Саъбагул бо вақти хушу хотири болида Сӯҳробу Саъдӣ дар ду паҳлуяш аз хонаи қудо баргашт. Сӯҳробу Саъдӣ ба ҳавлии омӯхтаи худ дохил шудан замон ин тарафу он тараф медавиданд, нидои нишотангез мебароварданд. Хулоса, хурсандии худро дар хонаи падарию бобоияшон, ки хуни нофи онҳо низ дар ин ҷо рехта буд, ҳамин тариқ изҳор мекарданд.

Дили холаи Саъбагул аз фараҳ лабрез шуда буд. Хонае, ки чанд вақт дар он хомӯшиву торикӣ ва сардӣ ҳукмрон буд, акнун, бо ворид шудани ин ду тифли бегуноҳ ободу озод ва гӯё гарму равшан шуд…

Нормуҳаммади БЕКЗОДА, Санкт — Петербург

(Давом дорад)

Аз муаллиф: Барои дастрас намудани ин мавод ба хонандагони гиромӣ ба корманди ҷамъияти «Сомониён»-и шаҳри Санкт-Петербург Мадина Стазова изҳори ташаккур менамоям.

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: