Главная > Uncategorized > Мурдани шер тӯйи рӯбаҳ

Мурдани шер тӯйи рӯбаҳ

Як кас аз ҳамон тарафҳои мо шаҳр рафту чанд сол гум шуд. Ба гуфти баъзеҳо, ҷойи нахондагиш намонд. Илма кофириша ҳам хонду мусулмониша ҳам. Баъд вақте ба хона омад, ҳамсояҳо, одамҳои медонистагӣ ҳама ҷамъ шуданд, ӯра бологузар карданд. Чақчақ қур гирифту лекин ҳама ба умед буданд, ки ин мардаки хондагӣ ягон чиз мега. Баъд диданд, ки ӯ хап аст, як шотираки дигар аз ҳамон байн гуфт, ки ягон гап зан, мо даҳану бинии тура тамошокунӣ наомадем. Ин ҷӯраи хондагии мо як сарша бардошту гуфт, ки ин дунёра ҳич сарфаро нарафтам. Ҳамин гапа гуфту боз хап кард. ӯ мардака-ку ҳамон ғот аз пушташ қурс бесавод бароварданд, лекин ҳамон гапаш ба ман бисёр маъқул шуд. Мардак очаи гапа гуфта буд, лекин ин мардуми мо лақлақу сафсатара дӯст медорад.Ин гапа барои он гуфтам, ки мардуми мора фаҳмида намешавад. Фикр мекунӣ бой аст, лекин бой нест. Ба назарат метобад, ки беақл асту ягон чиза намефаҳмад, лекин вақте ҳамаи ира таку дарак мекунӣ, дилат сафед мехезад. Ба гуфти як раҳматии ҳамсоя доштем, на баақлишон маълум асту на беақлишон. Ҳамаи бадиву бадбахтимона гунаҳгори асосиш худмонем. Як матал ҳаст-ку: «Аз барф чӣ бинолам, ки бачама борон кушт»…

Як бор ҳамин хел шуд, ки як кас ба гардани каҷ  аз ман пул қарз кард. Хайр худтон медонед, ки акаи Ҷалилтон дар ин масъала «не»-ро намедонад. Мардак шер ворӣ пула гирифта рафт. Рафту як моҳ гузашта буд ё не, боз омад. Ин дафъа гарданаш аз пешина ҳам каҷтару хамтар. Пул даркор, занам куҷое меравад гуфт. Акаи Ҷалилтон боз «не» нагуфт. Баъд як шиносам хабар дод, ки он одам пули ғаддора аз ману ту ворӣ галуву лавлоҳо мегирифтасту боз ба мо ворӣ гулу гарангҳо қарз медодасту пул кор мекардаст. Ира шунавида, акаи Ҷалилтон пакари ҳот шуд. Чанд сол пеш худам гуфта будам, ки агар дидед, ки акаи Ҷалилтона фиреб доданд, донед, ки замона охир шуд. Мана, ҳозир ҳамин хел шудаст, ки агар гӯянд қиёмат қоим шуд ё ҳозир хари Даҷҷолаш меган ё худи ҳамон Даҷҷол аст ё Ҷанҷол, каллаша аз тирезаи хонат медарораду дандонҳоша ба сарта гиз мекунад, акаи Ҷалилтон бовар мекунад… Шигиру гови дунё зиёд шудасту одамҳош шайтонтар.

Додарҳои ҷон, умр ки рафт, ҳар пайтоваву патаки калӯш ҳам омада калаҷикакат мекунаду фиребу… Ҳамон гап рост аст, ки шер пир шавад, гунҷишк ҳам омада думу таги думша нӯл мезадаст, рӯбоҳ дар маҷлисҳои худаш сӯзаш медодаст. Лекин давраҳои бачагӣ мешуду навҷавонӣ, кӣ ҳаде дошт, ки дар пеши акаи Ҷалилтон аз бинӣ боло гап занад ё ягон нағмаи дигар кунад. Чунон қапида бобшон мекардам, ки… Ҳамина ки медонистанд, ҳамонҳое, ки акатона чашми дидан надоштанд, дар куҷое пайдо мешудам, аҷинаи бисмило шунавидагӣ ворӣ ғайб мезаданд. ӯеш ки мара бад медиду шайтон набуд, барои акаи Ҷалилтон одами хуб ҳисоб меёфт. Ман духтар нестам, ки ҳар калу кӯр дӯстам бидораду ҳар сари қадам дилҷириқак шавад. Мардак ки шудӣ як кас-ним каса метарсонӣ, як кас нағзат мебинаду як каси дигар соята аз девор метарошад. Лекин ба акаи Ҷалилтон рӯбаҳмиҷозу дурӯяш маъқул набуд. Бо шерон ҷанг ё дӯстии шерона, лекин бо рӯбоҳ чӣ кор мекунӣ?

Хулоса, акаи Ҷалилтон хост алови чашми як барбари ҳамин ҳиллагарҳора бигирад. Як рӯз ҳамроҳи занак маслиҳат кардам. Дари хонара аз дарун қулф карда, ман мурдана машқ кардаму занак мотамгирира. Ман ба пушт хобаму занак болои сарам чуғук дораду мӯканиву рӯканӣ. Ман гоҳ-гоҳ ӯра ислоҳ мекунам, ки ин ҷо овоза маҳину пурдард, он ҷо баландтару ҳиқ-ҳиқаш бисёртар, гапҳои бамаъниву бадард… Хулласи калом, як рӯзи дароз машқ кардем. Баъд як ошно доштам, раҳматӣ соли гузашта мурд, худо хок хабараш набарад, ӯра хона оварда, ҳамаи масъалара фаҳмондам. Пагоҳаш ман бояд мемурдаму ин ошном ҳамаи ҳамон рӯбаҳмиҷозҳои ба ман номаъқула ба хона меовард. ӯ ки одами рамузфаҳм буд, даррав розӣ шуд.

Пагоҳаш аз саҳар занак чунон чуғук кард, чунон мӯканиву рӯканӣ кард, ки дар мурдани падараш ин хел накарда буд. Он ошном чор тараф давида, он рӯбаҳу шағоли гуфтагима ҷамъ кард. Акнун бинед, ки дар як кунҷи хона акаи Ҷалилтон хоб асту ҳамаи ин галаи хилмак дар пешаш. Шишта як сукут карданду баъд он ошном берун баромад, ки дигар ягон кас ба назди мо надарояд.

Э додарҳои ҷон, чӣ меген, ки… Меган-ку, мурдани шер тӯйи рӯбаҳ. Ин рӯбаҳмиҷозҳо дар аввал як сукут карданд, чунон сукут карданд, ки сарҳошон қариб дар байни поҳошон медаромад. Акаи Ҷалилтон ҳам дар аввал як шарм кард, ки хуб нашуд, беҳуда ин кора кардем. Лекин баъд оҳиста-оҳиста фиш-фиш сар шуд: аввал аз гӯру қиёмат, баъд омаданд сари сиёҳкунии акатон.

— Дунё ҳамин будаст-да,- сар кард мундуқи ҳамсоямон,- Ҷалил пеши ман гап мезад, ку пеши Азроил гап занад. Бубин, кай мегуфт, ки ин рӯз ба сараш меояд. Ту чиву мурдаи садсола чӣ…

Инаш гап мезанад, дигараш гап мезанад. Як гапҳое мезананд, ки агар дар рӯйи нон монӣ, саг қабул намекунад. Акаи Ҷалилтон ганда, ноодам, бадгап, сияҳдарун, бенону намак… Як кӯр дорем — як чашмаш тамоман кӯр асту чашми дигараш яктирева, тори коса нигоҳ мекунад, қатит гап занад, хиёл мекунӣ бо ким-каси дигар сӯҳбат дорад — ӯ гизала гап зад, акаи Ҷалилтон тоқат карда шунавид. Як кари дигар ҳаст, ӯ нӣ ба ҳавои гӯшҳош хеле гапҳои каҷа болои акатон ба лаби табақ рехт. Ин мундуқи ҳамсоямон-ку гапа ба ҳич кас додан намехост.

Хулласи гап, додарҳои ҷон, онҳо гап заданду акатон гӯш кард — гӯш карду баъд ҳар кор ҳадду ҳудуд дорад-ку — шери нар ворӣ аз ҷош хест. Ғелиданам як хубӣ дошт, ки ҷогаҳ хуб буд, занак кӯрпачара бисёр партофта будаст, боз истироҳат, хока истироҳат, дароз кашида истоданам мумкин буду лекин як кӯзалаи якметра ҳаст — ҳамон як гапе зад, ки ба хиёлам агар акаи Ҷалилтон дар ин хел гап мурдаи ростина ҳам мебуд зинда мешуд. Қисса кӯтоҳ, акаи Ҷалилтон нарашери ҷангӣ ворӣ аз ҷо хесту ин галаи рӯбаҳ дигар на раҳи мурдан дораду на зинда шудан: рангу рӯ пуркидагӣ, сарҳо хам, ранг мебаранду ранг меоранд. Баъд ман ҳам сар кардам-е. Гапҳоешон гуфтам, гапҳоешон гуфтам, ки фикр кардам, дар ҳаёте ки доранд, фаромӯш намекунанд. Хуб бобшон кардаму ҷавобшон додам. Лекин меган-ку саг аз сагиш намемонаду ғар аз ғариш. ӯҳо ҳам-ку аз шайтонгариву касофатишон намонданд, лекин кайе, ки дидан он сӯ бестад, номи акатона мешуниданд, сарморезакшон мегирифт…

Дорои ДИЛОВАР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: