Главная > Uncategorized > Собиқ прокурор ба нафақа рафт, собиқ прокурор боздошт шуд

Собиқ прокурор ба нафақа рафт, собиқ прокурор боздошт шуд

Суди ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи ҷумъа дастури ҳабси Файзулло Бобохонов, прокурори собиқи ноҳияи Ҳисор ва писари собиқ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро содир кард. Агентии молиявии мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Бобохоновро бо иттиҳоми ришвагирӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати хизматӣ боздошт кардааст. Ин дар ҳолест, ки Суди Олии Тоҷикистон дар асоси таҳқиқи бозрасон Муҳаммадризои 23-сола ва Саидаҳмади 26-сола — писарони собиқ вазири ҳолатҳи фавқулодда Мирзо Зиёевро равонаи зиндон карда буд.

Фаррух Ғаффоров, муффатиши калони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Бобохонов бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва фаро рафтан аз ҳадди ваколати хизамтӣ боздошт шудааст: «Бо аломатҳои модаи 314, қисми 2 ва 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон нисбати Бобохонов Файзулло, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва Нуралиев Шоҳрух, сармуфаттиши додситонии ҳамин ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад. Бобохонов ва Нуралиев бо раводиди додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ феълан дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд».Акнун сарусадое низ ба миён омаданаш мумкин аст, ки боздошти фарзанд ба  фаъолияти чандсолаи собиқ прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов «сиёҳӣ» мерезад. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва таҳлилгари масоили сиёсӣ дар бораи ба имиҷ ва обрӯи пеш аз нафақа доштаи собиқ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир расонидани қазияи фарзанди ӯ Файзулло Бобохонов мегӯяд: «Албатта, ин кирдори ношоистаи фарзанди собиқ додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибору нуфуз ва имиҷи падараш таъсири манфӣ мерасонад. Вале мувофиқи мақсад мебуд, ки вақти сари мансаб будани падараш, чун ҳамин гуна аломатҳо дар кирдору рафтори фарзандаш ҳамчун прокурори ноҳияи Ҳисор буд, ин қазия баррасӣ мешуд. Дар он сурат, воқеияти давлатдории муосири тоҷик ҳамчун ҳуқуқбунёд ва демократӣ эътироф мегардид. Вақте як шахс аввал дар мансаби давлатӣ кор кардаасту баъди аз хизмати давлатӣ рафтанаш нисбати пайвандону фарзандонаш ё худаш парванда оғоз мекунанд, хуб нест. Ин зуҳуроти манфист. Аз ин хотир, коррупсия ҳатман ҷой дорад, ҷой дошт ва хусусияти идоранашаванда гирифта истодааст».

Дигар паҳлуи масъала ин аст, ки чаро собиқ прокурори ноҳияи Ҳисорро дар вақти сари вазифа буданаш ва ё фаъолият доштани падараш — Бобоҷон Бобохонов боздошт накарданд? Дар ин маврид коршиноси масоили сиёсӣ Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода мегӯяд: «Дар Тоҷикистони мо ислоҳоти кадрии нодире роҳандозӣ шудааст. Ҳангоми ба вазифа пешниҳод кардани кадри навбатӣ қабл аз ҳама маҳбубият доштан ба сарвари давлатро ба инобат мегиранд, вале чанде нагузашта масъули дар вазифа буда хиёнаткор мебарояд ё бо ҷурми дигаре аз вазифа сабукдӯш ва ба маҳбас кашида мешавад. Аммо дар мавридҳои дигар ин гуна кадрҳоро бо барканории «сарпараст»-аш, ки хело вазифаи баланд дорад, ба истилоҳ «беруни дар» мекунанд. Бубинед, агар Б. Бобохонов ҳамчун прокурори генерали боқӣ мемонд, оё як прокурорчае метавонист барои писари ӯ амри боздошт содир намояд?  Ҳарф сари он аст, ки ҳамаи мақомдорони кишвар нафарони хешро дар ин ва ё он симати поёнтаре доранд ва «сарпарастӣ» мекунанд. Эҳтимол баъзеи онҳо»сарпараст»-и доираи камтаре бошанду баъзеи дигар бештар. Ва ин гуна ҷойгоҳ метавонад таассуби ҷониби дигарро ба вуҷуд биёрад. Мушкил паҳлуи дигаре низ дорад, барои он ки ба истилоҳ «сарпараст»-и алоҳидаеро баъди аз мансаб рафтанаш ба хотири масъалае ҳушдор бидиҳанд, афроди наздик ё ҳампайвандони ӯро бо ҷурми ҷиддие боздошт мекунанд. Фикр мекунам, ин гуна боздошткуниҳо оқибати сангинтаре низ дорад».

Чун сухан дар бораи ҳампайвандӣ меравад, пеши назар боз собиқ прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов меояд, ки дар пайи қазияи писараш чӣ вокунише нишон медода бошад? Дар ҳоле ки акнун ба нафақа рафтаву вақти истироҳату фароғаташ фаро расидааст. Дар ин хусус таърихнигор ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат чунин андеша дорад: «Ба назари ман, имрӯз барои Бобоҷон Бобохонов муҳим на нафақа, балки сарнавишти фарзандаш аст. ӯ бештар дар мавриди иттиҳоме ё иттиҳомоте фикр мекунад, ки нисбати фарзандаш эълон шудааст. Ин боздошт гувоҳ аз он аст, ки собиқ прокурори генералӣ миссияи худро ба анҷом расондааст. Дар солҳои мушкил ӯ чеҳраҳои бонуфузи Фронти халқӣ ва муҷоҳиддини собиқро боздошт карда, пушти панҷара равон карда буд.

Ҳоло дар бораи нафақа ва умуман сарнавишти худи Бобоҷон Бобохонов чизе гуфтан мушкил аст. Таърихи солҳои охир ва тақдири бархе соҳибмансабони барканоршудаи Ҳукумати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ба сари онҳо ҳар чӣ омаданаш мумкин аст».

Коршиносон бар ин назаранд, ки ба маҳкама кашидани додситонҳо баъди ба кор оғоз кардани Шерхон Салимзода дар вазифаи прокурори генералӣ зиёд шуда истодааст. То боздошти Файзулло Бобохонов дар давоми шаш моҳи соли равон камаш 12 додситони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо иттиҳомоти марбути фасод аз курсиҳояшон маҳрум шудаанд. Оид ба ин ҷузъи масъала худи Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотии моҳи равон гуфта буд: «Мо шуморе аз додситонҳоро барканор намудем, чунки зердастонашон бо аъмоли ҷиноӣ, аз ҷумла ришваситонӣ дастгир шудаанд. Дар ин рӯйхат додситонҳои ноҳияҳои Восеъ ва Ҷиликӯл, муовини додситони вилояти Хатлон ва онҳое шомил ҳастанд, ки зердастонашон бо фасод, аз ҷумла бо гирифтани пора ба маблағи аз 500 то 6000 доллар муттаҳам мешаванд».

Агентии мубориза бо фасод бошад, иттилоъ додааст, аз замони таъсиси ин ниҳод камаш 2 додситон, 4 додгустар ва ё судя, 30 ходими бахшҳои мухталифи низоми адлия ва тахминан 100 корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботро ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: