Главная > Uncategorized > Умед бо умеди зиндагӣ

Умед бо умеди зиндагӣ

«Мехоҳам бо роҳбари давлат рӯ ба рӯ сӯҳбат кунам ва гӯямаш, ки ба ман як аробаи электронӣ тӯҳфа кунад, то касе аз пайи рондани аробаи ман набошад»,- мегӯяд маъюбе, ки бо маъюб оила барпо кардаву ба наздикӣ соҳиби фарзанд мешаванд…

Ба хотири дидорбинии як шиноси ҳамкурсам Сангалӣ ба Муассисаи давлатии хонаинтернати маъюбон ва пиронсолони деҳаи Батоши ноҳияи Турсунзода ворид гардидем. Баробари бурдани номи пирамарди ховалингӣ, ки Саидҷаъфараш мегӯянд, тамоми ҳамшираҳо ва шахсоне, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд, зуд дар бораи ӯ ба мо маълумот доданд ва моро роҳнамоӣ карданд, то аз наздик ӯро бубинем ва ҳолпурсӣ кунем. Баробари ворид шудан дар утоқи тоза ду пирамардро дидем, ки он ҷо яке нишаставу дигараш хоб буд ва ҳарфе намезаданд. Фазои хомӯши ин хонаро Сангалӣ халалдор кард ва ба бобои Саидҷаъфар салом гуфт. (Баъдан бароям маълум гардид, ки кӯҳансолтарин дар ин хонаи пиронсолон ӯ будаву 98 сол доштааст). Мӯйсафед аз ҳолу аҳволи ҳамватанонаш аз Сангалӣ пурсон мешуд ва агар дар бораи шахсиятҳое, ки ин дунёро тарк кардаанд, мефаҳмид, афсӯс мехӯрд. Аз сӯҳбат бо Сангалӣ аз дидагони нобинояш ашк мерехт…

… Ба назди ҳамшираҳо ва кормандони хонаинтернат рафтам. Баъди пурсидани аҳвол ва шароити зиндагии пиронсолон ва барҷомондагон онҳо фаҳмиданд, ки мо рӯзноманигорем. Духтур Раҷабов Турсунмурод ба мо утоқҳои зисти одамони он ҷо бударо нишон доданд.  Ҳангоми дидани шароити зисташон ба хулосае омадам, ки танҳо меҳри фарзандию оғӯши хешу наберагон ба онҳо намерасад.

Ҳангоми сӯҳбат бо ҳамшира — Муҳайё, ки дар шӯъбаи барҷомондагон кор мекунад, оид ба аҳволи беморон маълумот гирифтам. ӯ гуфт, ки дар инҷо ҷавонон ҳам ҳастанд ва аз ду навҷавоне ёдовар шуд, ки ба наздикӣ оила барпо намудаанду ҳарду ҳам маъюб будаанд.

Аз Раҷабов Турсунмурод хоҳиш кардам, ки моро назди ҷавони маъюб — Умед барад. Ба ҳуҷраи истиқоматияш наздик шудем, аммо дар баста буд. Чун берун баромадем, Умедро дар саҳни ҳавлӣ бо ҳамсараш ёфтем.

Умед Валиев соли 1986 таваллуд шудааст ва модарашро намешиносад. Танҳо мегӯяд, ки Собирамо Валиева аз ноҳияи Қумсангир будааст. ӯ мегӯяд: «Агар имрӯз модарам пайдо шаваду гӯяд, ки ман модари туям, ман намешиносам».

Ҳамсари Умед — Татяна Майсиева (соли таваллудаш 1989) ҳам волидонашро намешиносад. ӯ мегӯяд, ки бо Умед аз хурдӣ ошно буда, аз соли 2005 инҷониб якдигарро дӯст доштаанд.

Умед мегӯяд: «Натиҷаи муҳаббатамон ҳамин шуд, ки 18-уми июли соли 2009 тӯй доштем. Тӯйи мо бо ташаббуси роҳбарияти пешинаи ин муассиса дар сатҳи баланд гузашт. Ақди моро ба расмият дароварданд ва бо мошини хориҷӣ, ки оро дода шуда буд, моро ба тамошо бурданд. Аз ҳамон рӯз инҷониб зиндагии мо ширину гуворост. Орзуи падар шудан дорам ва насиб карда бошад, баъди 2 моҳ фарзандам ба дунё меояд».

Аз ояндаи фарзандашон пурсон шудам, ки ӯро чи гуна дидан мехоҳанд? Онҳо гуфтанд, ки «мехоҳем фарзандамон калон шуда, ба донишгоҳи олӣ дохил шавад ва шахси калон шаваду ба мардум хизмат кунад».

Умед мегӯяд: «Ташхиси тиббӣ нишон дод, ки мо соҳиби писар мешавем ва насиб бошад номашро Мусулмонҷон мемонем». Ба Умед суол додам, ки чи орзу дорӣ? ӯ гуфт: «Мехоҳам машғулияте дошта бошам ва дар коре саҳм гузорам. Боз мехоҳам бо роҳбари давлат рӯ ба рӯ сӯҳбат кунам ва гӯямаш, ки ба ман як аробаи электронӣ тӯҳфа кунад, то касе аз пайи рондани аробаи ман набошад. Боз мехоҳам компютерро омӯзам ва соҳиби компютер бошаму аз хабарҳои ҷаҳон огаҳ шавам». Ба ӯ гуфтам: «Чӣ, магар дар ин ҷо барои Шумо компютер нест?». ӯ гуфт: «Як солҳо буд се дона. Намояндаи як ширкати хориҷӣ аз ман пурсида буд, ки мехоҳӣ компютерро ёд гирӣ? Ман ҳа гуфта будам. Баъд онҳо оварданд. Вале мо кор накардему ҳоло фикр мекунам, ягонтои комютерҳо нест».

Татяна афзуд, ки «мехоҳем хонаи алоҳида дошта бошем ва зиндагии мустақилонаи хешро хоҳонем».

Ҳангоми сӯҳбат маълум буд, ки онҳо аз зиндагӣ розиянд ва талош доранд саҳме дар пешрафти кишвар гузоранд. Ман бошам, ба онҳо нигариста, таҳсин ба иродаашон мехондам. Чун дидаам ҳолатҳоеро, ки бархе бо вуҷуди ҷисми солим доштан аз зиндагӣ «сер» шудаанд ва ношукрӣ мекунанд.

Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Фарзонф
    Февраль 25, 2011 в 11:42 дп

    Мо AЗ шумо бояд дарси зиндаги омузем

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: