Главная > Uncategorized > Хай ё хӯй

Хай ё хӯй

Идомаи мақолаи «Як сухан аз боғ, як сухан аз роғ», ки дар ду шумораи гузашта ба табъ расида буд

Тавре ки муаллиф овардааст: «Дар таҳорат бисмиллоҳ гуфтан ва ният кардан ва тартиб нигоҳ доштан ба қавли Шофеӣ фариза асту ба қавли уламои мо суннат». Дар ин маврид мебинем, ки «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» дар ибтидои вузӯ гирифтан ҳам ба сифати фарз ва ҳам ба сифати суннат омадааст. Суоле пеш меояд, ки дар таҳорат намудан тасмия гуфтан, ният кардан ва тартиб нигоҳ доштан ба қавли Шофеӣ (р) фарз аст. Ва ба қавли «уламои мо», яъне ба қавли Абӯҳанифа (р) ва донишмандони ҳанафимазҳаб суннат аст, қавли аввалӣ ва ё дуввумин дуруст мебошад? Агар қавли Имоми Шофеӣ (р) дуруст ва саҳеҳ бошад, пас қавли Имоми Аъзам (р) то куҷо асос дорад? Оё Имоми Аъзам (р) тарки фарзи илоҳӣ намудааст? Имоми Аъзам (р) фарзро аз суннат ва ё суннатро аз фарз ҷудо карда натавонистааст? Ё баръакс. Имом Шофеӣ (р) фарзро суннат ва ё суннатро фарз бармешуморад? Иллат ва ё сабаб дар чист, ки ду пешвои мӯътабари аҳли суннат ва ҷамоат назари мухталиф сари чунин масъалаи шаръӣ доранд?! Ва ё тафовут дар чист, ки пешвони бузурги дин масъалаи мазкурро, ки зикраш қаблан оварда шуд, яке фарз ва дигаре суннат медонад?Аз сабаби оне, ки муаллиф масъаларо бе маврид дар китоби худ ҷойгир намуда, онро шарҳу баён насохтааст, хонанда намедонад, ки қавли Имоми Аъзам (р) ва ё қавли Имом Шофеӣ (р)-ро бипазирад? Аз ҷониби дигар, нисбати ақидаи ин ду бузургвори дин нобоварӣ андар ин мавзӯъ пайдо мешавад?

Ҳамин тариқ мухолифони дин, мазҳабгурезону суннатситезон, ғайримуқаллиддину носирия, аҳмадия, қуръония, ҷаҳмия, ҷисмия, қадрия, мавдудия, язидия, исломшиносони мункирхудо, диншиносони динзудо, файласуфони шаккоку ховаршиносони исломношинос ва тундравону ҷоҳилони рофизия забони таънаву маломат баҳри пешвоёни дину мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат бармекушоянд, ки Имом Шофеӣ (р) ва Имоми Аъзам (р) фарзро аз суннат ва суннатро аз фарз намешиносанд, чӣ ҷои оне, ки аз илми муосир пайравони дин хабардор бошанд?

Муаллифро зарур будӣ, ки андар ин маврид андеша мекард ва аз назари талаботи илми фиқҳ масъалаи фавқуззикро шарҳу баён месохт, то ки шаккокият андар қалбҳои бехабар ва ҷӯёи масоили фиқҳӣ пайдо нагардад. Аз ҷониби дигар, нуқтаи назари имомони бузргворро аз равзанаи илм дар асоси далелҳои Қуръонӣ ва суннатуннабӣ шарҳ медод, ба манфиати уммати исломӣ ва тараққии динӣ мебуд ва аммо ҷуз «зикри бемаврид» ва «хизмати хирсона» чизи дигаре дида намешавад.

Сипас, муаллиф то саҳифаи 30-юм масъала ва мавзӯҳои мухталифро ёдовар шуда, бе ягон ҳамбастагӣ ва тартиби муайян рӯйи варақ оварда, навъҳои таҳоратро овардааст. Ва яку якбора менависад: «Мисвок кардан суннати таҳорат не, балки суннати алоҳида аст. Масҳи гӯш суннат аст. Масҳи гардан мустаҳаб аст.

Расул (а) фармудааст: «Ҳар кӣ таҳорат созаду бисмиллоҳ гӯяд, ҷумла аъзоҳои вай аз гуноҳ пок шавад…».

Дарҳол ҷаноби нигорандаи китоб ба баёни: «Тайяммум чи гуна мебояд кардан ва агар мусалмоне таҳорат сохт» мегузарад ва шеъри зерро бе маврид, ки ба масъалаи таҳорат, тайяммум, масҳи гӯш, мисвок суннати алоҳида аст ва масҳи гардан мустаҳаб аст, меоварад:

Донӣ, ки каломи «Ваҷҳи дин» аён аст,

Сармояи дину маъдани имон аст.

Гар толибӣ, маърифат аз он металабӣ,

Таҳқиқ бидон, ки мағз аз Қуръон аст.

Ва баъдан ба зикри масъалаҳои:

1. Беморро ҷанобат расид;

2. Ҳавворо ҳайз омад;

3. Марде байни занон;

4. Агар зане дар миёни мардон;

5. Об дар даҳону бинӣ кардан;

6. Ҷунубро Қуръон шояд гирифтан;

мепардозад ва шеъри мазкурро бемаврид, ки ба масъалаҳои фавқ иртиботи маъногӣ ва мантиқию шаръӣ надорад, меорад:

Дилро ба ҷуз аз ёди Худо шод макун,

Бо ёди вай аз каси дигар ёд макун.

Дил хонаи Каъба аст, вайрон магузор,

Ф-онро ба ҷуз аз ёди вай обод макун.

Мо аз ҷониби худ нагуфтаем ва нахоҳем гуфт, ки шеърҳои овардаи муаллиф маънӣ надоранд, балки гуфтаем, ки аз ҷониби ҷамъоварандаи «Масоили фиқҳӣ» бемаврид оварда шудаанд. Бояд байтҳоеро меовард, ки ба мавзӯҳои зикргашта ягон робита ва ҳамбастагӣ медоштанд.

Чунин байтҳо андар байни масъалаҳои фиқҳӣ бе ягон ҳамбастагии усулубӣ ва мантиқӣ бисёр дида мешавад, ки аз зикри онҳо худдорӣ хоҳем кард, то малули хотири хонандаи арҷманд нагардад.

Андар саҳифаи 35-уми китоби мазкур зиёда аз 13 хатои китобатӣ дида мешавад. Аз ҷумла муаллиф овардааст: «… ки дар Тӯҳфат-ул-мулук ҳамчунин овардааст, ки оби даҳони хуфта ва оби кирми пилла ва бавли чарғу хуни моҳи пок аст ва хӯи одамӣ пок аст…».

Мо аз ҷониби худ калимаи «хӯи одамӣ«-ро бо ҳарфи сиёҳ навишта намудем. Зеро баҳс сари ҳамин вожаи «хӯй» меравад. Барои равшан шудани ин вожа чанд мавридеро аз саҳифаи 36-уми китоби «Масоили фиқҳӣ» айнан пешкаши ҳозирин мекунем ва ҳар яки онро бо рақамҳои алоҳида нишон медиҳем:

1.      «Ва дигар он, ки ривоят мекунад модари мӯъминон Оишаи Сиддиқа (р) вақте будӣ, манро дар ҳолати ҳайз дар бари Расул (а) хӯй омадӣ ва Расул (ра) аз он хӯй тар шудӣ ва Расул (а) андомро нашустӣ, ҳамчунин таҳорат сохтӣ ва намоз гузоридӣ».

2. «Чун хӯи ҳоиз пок аст, азони ҷунуб ба таври авло пок аст…».

3. «Хӯи харро ҳукм чист?».

4. «Аз Абуюсуф ривоят аст, ки (хуи хар) палид аст, аммо зоҳири ривоят он аст, ки пок аст, далел бар он ки Расул (а)-ро харе буд, ки аз Ғазви Хайбар расида буд.

5. «Рӯзе Расул (а) бар вай (хар) нишаста ва бар пушти хар чизе набуд ва дар қадамҳои Расул (а) наълайн набуд. Чун Расул (а) аз пушти хар фуруд омад, раддаи мубораки Расул (а) аз он хӯй тар шуда буд, саҳоба савол карданд, ки ин хӯйро шустан ҳоҷат аст ё не?».

6. «Расул (а) фармуд: «Ин (хӯй) чизе нест» ва ин дарозгӯшро хосияте буд, ки мӯъминро аз мунофиқ фарқ кардӣ…».

7. «Хӯи кофир пок аст, далел бар он ки пас хӯрдаи вай пок аст…».

Оқил дармеёбад, ки муаллифи мӯҳтарам ҳангоми аз хати форсӣ ба хати кириллӣ баргардондани матни мазкур аз китоби мӯътабари «Салоти Масъудӣ» ба хатои фаҳш ва қабеҳ роҳ дода, калимаи «хай»-ро «хӯй» маънидод кардааст. Ва ба маънии калимаи «хай» ва «хӯй» таваҷҷӯҳе накардааст. Ҳол он ки, ҳарду калимаи тоҷикӣ буда, аввалӣ ба маънии арақи бадан ва дуввумин ба маънии хулқ истифода мешавад.

Ибораҳои «хайи ҳоиз», «хайи хар», «хайи кофир», «хайи андом»-ро муаллиф сарфаҳм нарафта, аз бетааммулӣ ва беандешагӣ: «хӯи ҳоиз», «хӯи хар», «хӯи кофир» ва «хӯи андом» маънидод намуда, нисбати китоби «Салоти масъудӣ» ва масъалаҳои фиқҳӣ беэҳтиромии ҷиддӣ зоҳир намудааст.

Дар китоби «Салоти Масъудӣ» калимаи «хай», яъне ҳарфи «хо» ба ҳарфи «й» пайваст гаштааст. Ба ибораи дигар, шакли аввали ҳарфи «хо» бо шакли охири «е» пайванд гаштааст. Ва маънии он арақи бадан ё ораз мешавад.

Аммо калимаи «хӯй» дар шакли навишти форсӣ ба таври зерин навишта мешавад. Шакли аввали ҳарфи «хо» бо шакли дуввуми ҳарфи «вов» пайваст гашта, маънии «хӯ»-ро ифода мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо баъди ҳарфи «вов» боз ҳарфи «й»-и тоҷикӣ-форсӣ навишта мешавад.

Аз ҳамин лиҳоз калимаи «хай» ва «хӯй» чӣ дар маънӣ, навишт ва чӣ дар хондану фаҳмидан аз якдигар фарқ мекунанд. Калимаи «хай» модда ва ё шайи муайянро ифода мекунад. Калимаи «хӯй» дар забони тоҷикӣ-форсӣ ашёи мушаххасро ифода намекунад, балки хулқро мефаҳмонад. Хай, яъне арақи оразу рухсора дида мешавад, аммо хӯи хару кофир, яъне хулқи онҳо дида намешавад.

Нуктаи муҳим

Матнҳои исломиро чунин дар шакли қабеҳ манзури хонандагон намудан на танҳо хандаовар мебошад, балки ҷурму гуноҳи нобахшиданист ва хизмати хирсона аст барои уммати исломӣ.

Шояд муаллифи мӯҳтарам сарфаҳми матни мазкур нарафтааст, пас ҷаноби Усмон ибни Ҳаёти Исмоил, имом-хатиби масҷиди ҷомеъ, ки худро хатмкардаи донишкадаи олӣ меҳисобад, ба куҷо нигариста, ки имом-хатиб калимаи «хай»-ро аз калимаи «хӯй» фарқ накардааст? Охир имоми мӯҳтарам аз Худо шарм намедорад, ки ба чунин дағалнависии мусанниф розӣ шуда, андарин китоб «Дебоча»-ро навиштааст? Оё чунин шахсиятҳо ҳаққи имомати масҷидро доранд? Вой бар ҳоли ононе, ки думболи ҷаноби Усмон ибни Ҳаёти Исмоил намоз мегузоранд? Зеро чунин шахсиятҳо ҳаққи имоматӣ надоранд. Зеро маъонии Қуръонӣ, аҳодисуннабӣ ва масоили фиқҳиро нодуруст ба мардуми мутаддайин шарҳу тафсир намуда, заминаҳои мазҳабгурезӣ ва фиқҳситезиро эҷод мекунанд.

Вақти он расидааст, ки масъулини Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, Кумитаи дин дар назди Ҳукумати ҶТ ва Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои ҶТ ва масъулини Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам (р) коммисиюни муштараке таъсис дода, аз чунин имомони масоҷид ва воизони хатобаёну мазҳабгурези сафсатагӯю олӯдадоман, ки арзишҳои имонӣ ва масоили шаръиро пурнуқсу пурхато тавассути диск ва китобҳо андар байни мардум интишор мекунанд, мавриди санҷиши хаттӣ қарор бидиҳанд ва дар навбати худ имомон ва сархатибҳо аз забони тоҷикӣ, форсӣ ва арабӣ санҷиши хаттӣ супоранд.

Ин маънии онро надорад, ки «сензураи атеистӣ» ҷорӣ карда шавад,  балки маънии он аст, ки пешвои муслимин ва имомони масоҷид ҳаққи хато кардан надоранд, зеро масъулияти дунёву охирати уммат ба дӯши онҳост. Хатобаёнӣ ва дурӯғбаёнии онон боиси қатлу куштори мусалмонони дигар хоҳад гашт. Дар натиҷа фазои иттилоотии динӣ холӣ аз арзишҳои имонӣ боқӣ мемонад ва ин холигиҳои маърифати диниро ақидаи носолими хавориҷи мазҳабситез пур мекунад, ки зиёновар барои сулҳу суботи ҷомеа мебошад.

Чуноне ки дармеёбем, ҳар ношустапо, бидуни истинҷои обӣ ва ба муҷаради тарки суннати Набӣ (с) (манзур суннатҳои намози панҷгонаро нахондан дар ҳолати сафар) даъвои воизӣ ва пешвои миллати исломиро доранд. Матнҳои Қуръонӣ, аҳодисуннабӣ ва нақлу ривоятҳои шаръиро дар равиш ва усули ақидаи масҳабситезон, яъне салафия ва дар баъзе мавридҳо ба манфиати рофизия маънидод мекунанд.

Чунин «ғамхорони дин ва ватан» аз минбарҳои Паёмбари гиромӣ (с) дур андохта шаванд, зеро онҳо ин макони муқаддасро ба манфиати гурӯҳҳои манфиатдори пасипардагии худ истифода мебаранд, то амният ва бехатарии динии шаҳрвандон ва истиқлолияти мазҳабӣ дар кишвар пойдор ва ҷовидон боқӣ монад. Ва истиқлолияти мазҳабӣ аз шумии ҳар ағёри дин, ки дар либоси «ғамхори дин» ҷилва мекунанд, дар амон бошад.

Чунин ғамхорони бемасъулият дар навбати худ шаъну шараф ва эътибори донишмандони динро бадном мекунанд. Забони таъна ва маломат ба сӯи диндорон зиёда мегардад.

Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ

Рубрики:Uncategorized
  1. CAREZ
    Ноябрь 15, 2010 в 6:06 пп

    Rostii gap man manii im maqolaro nafahmidam. Charo hamin baythoro obardaast:
    Донӣ, ки каломи “Ваҷҳи дин” аён аст,

    Сармояи дину маъдани имон аст.

    Гар толибӣ, маърифат аз он металабӣ,

    Таҳқиқ бидон, ки мағз аз Қуръон аст.

    lekin mo medonem ki kalomi “Ваҷҳи дин” -мағз аз Қуръон аст, DURUCT.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: