Главная > Uncategorized > «Хоҷаи Хизр» дар Тоҷикистон ё тафовути ду садсола

«Хоҷаи Хизр» дар Тоҷикистон ё тафовути ду садсола

Аз пайроҳаи «одамкуш»-и Фалғар то ширкати «Хоҷаи Хизр»

Замони мавҷудияти Аморати Бухоро пайроҳаи борики аспгузари Панҷакент-Фалғар боиси марги садҳо корафтодагони савораву пиёда мегашт. Ҳоло асаре аз ин пайроҳаро тамошо карда, кушта шудани Туғрали ширинзабон бо найранги болшевикон, дар назди яке аз деҳкадаҳои Фалғар, дар камин нишастани босмачиён ба хотири дастгир кардан ва куштани болшевикон бо усули сангғелонӣ пеши назар меояд. Ин пайроҳаи танги «говгузар»-е буд, ки мардуми навоҳӣ онро убур карда, ба маркази фарҳангиву иқтисодии тоҷикон-Бухорову Самарқанд барои мардикорӣ, тиҷорат ва саёҳат мерафтанд. Он замон дар Аморати Бухоро аз ин мардуми камбағал барои убури роҳи амирӣ маблағ меситониданд, вале ин кори туркони манғитӣ буд, на тоҷикон.

Сипас бо тасмими давлати Шӯравии собиқ ва ба истилоҳи онвақтаи бухориён — «бо кӯмаки кофирони беимон» баъд аз Ҷанги бузурги ватанӣ ин пайроҳаи «говгузар» ба роҳи мошингузар табдил ёфт. Мардуми маҳаллӣ низ дар ободонии роҳи мазкур саҳм доштанд. Дар он давра англисҳо ҳам бо тарс аз Сталин соҳиби роҳ шуда наметавонистанду ягон тоҷик ҳам аз бими Сталин дар хориҷ аз СССР — бахусус дар ҷазираҳои Вирҷиния рафта ширкат таъсис дода наметавонист. Вале ба истилоҳи бухориёни он давра, ин «кофирони беимон» роҳро аз А то Я сохтанду на аз Хитой қарз гирифтанд ва на аз ронандаҳои роҳ пул ситониданд. То замоне, ки Иттиҳоди шӯравӣ барҳам нахӯрд, роҳи асфалтро низ борону сел шуста хароб накард. Аз кӯҳ санг фаромада лаби роҳро «аренда» нагирифт.

То он лаҳза, ки асри 20 хотима ёфту асри 21 оғоз шуд. Замоне, ки асри нав оғоз шуд, аз ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол 2 солу 6 моҳ гузашта буд. Он вақт дилпурӣ аз техникаҳои пурқуввати Шӯравӣ буд, ки роҳи селшустаро тоза хоҳанд кард. Аммо ба гӯшаи хаёли касе намерасид, ки бо кӯҳна шудани асфалти шӯравӣ «срок»-и техникаҳояш ҳам мегузарад ва баъди «запчаст»-у оҳанпора гаштани комбайнҳои шӯравӣ мардуми ноҳияи Айниву Панҷакент ҳама намуди нақлиёти дар ин роҳ ҳаракаткунандаро ба ҷои комбайн дар хаскӯбӣ истифода хоҳанд кард. Касе намедонист, ки баъди 10 соли асри нав аз кадом ҷазираи Англия «Хоҷаи Хизр»-е омада барои убури мардум аз ин роҳ пул меситонад. Ба гумони касе ҳам набуд, ки баъди барҳамхӯрии СССР аз нарасидани техника ва сари вақт тоза нагаштани барфи ағбаҳо садҳо нафар ҳатто ҳафтаҳо зери тарма монда, ҷон месупоранд ё саломатияшонро аз даст медиҳанд.

Оқилову Расулзода боз кай

ба Панҷакент меоянд?

Ҳамасола барои таъмиру таҷдиди роҳҳои Айнӣ-Панҷакент маблағи муайяне ҷудо мешавад, аммо ин маблағҳо танҳо барои регпӯш кардани қисмате аз роҳҳо кифоят мекунаду халос. Соли ҷорӣ 130 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои ноҳияи Панҷакент харҷ шудааст, вале роҳ на танҳо асфалтпӯш нагаштааст, балки маблағ барои пурра регпӯш намудан низ кифоят накардааст. Лекин бо 30 ҳазор сомонӣ имкон дошт, ки на ҷо-ҷо, балки ҳамаи «гармочка»-ҳои роҳи ноҳия регпӯш гардад. Танҳо 5 мошини регкашон ва 10 коргар кофӣ буд, ки ин кор ба анҷом расад. Аммо на пурра, балки ҷо-ҷои роҳ регпӯш шудаасту халос. Ин дар ҳолест, ки аз 2-юми июл то 20-ум бориши борон дар ноҳия ба назар намерасид, то об регро шуста бошад. Аҷиб ин буд, ки чанде пеш аз сафари кории сарвазири кишвар Оқил Оқилов ба ноҳияи Панҷакент ҷойҳои пасту баланди роҳҳои ноҳияро техникаҳо ҳамвор карда буданд. Масъулини ноҳия мегӯянд, ки таъмири роҳҳо ҳар сол дар нақша ҳаст ва он новобаста аз омадани кадом роҳбаре анҷом мепазирад. Вале саволи матраҳ ин аст, ки чаро таъмири роҳ маҳз ҳангоми омад-омади сарвазир анҷом пазируфт? Чаро чанд моҳ пеш аз омадани ҷаноби Оқилов ё баъди сафари ӯ таъмиру таҷдид ба роҳ монда нашуд? Ё роҳбарон ҳам дониста дар мавсими таъмири роҳ сафар мекунанд, ки шикоятҳо камтар шавад?

Соли гузашта сафари ҳокими вилоят Қоҳир Расулзода низ ба ноҳияи Панҷакент замоне сурат гирифта буд, ки чанд муддат пеш аз омаданаш техникаҳо барои ҳамвор кардани ҷойҳои пасту баланд ва обшустаи роҳ сафарбар шуда буданд. Ҳатто рангубори дарахтони сари роҳ ва деворҳо низ ба ҳамин муддат рост омад. Агар сафед кардани дарахтон як намоишкорӣ неву ба хотири ҳифзи онҳо аз ҳар гуна зарари ҳашарот бошад, пас чаро танҳо дарахтони сари роҳ сафед карда мешаванду халос? Оё ба хотири он аст, ки роҳбарон дарахтони сафеди сари роҳро дида, хулоса бароранд, ки ҳамаи боғҳои ноҳия ҳамин тавр сафед карда шудааст? Хуб, ба ин бовар кардан имкон дорад. Вале сафед кардани деворҳо ба чӣ хотир аст? Агар ба хотири зебоӣ гӯем, оҳак ҳеҷ зебоие надорад, баръакс, баъди як моҳе, ки борон меборад, об девори сафедшударо ба мисли матои рангбаро мағшушу алорахшак месозад, ки ба назар аз ҳоли пештарааш ба маротиб бадтар менамояд. Агар шакли деворҳоро ба инобат гирем, пештар аксари онҳо бо лою похса бунёд мешуданд, вале ҳоло санги шах, санги дарё ва мармар бештари деворҳои сокинони деҳоти ин ноҳияро зеб медиҳанд, ки оҳак пеши ин сангҳо ҳеҷ арзиш ва ҷилое надорад. Гузашта аз ин, барои сафед кардани деворҳо баъзе муаллимон ҷалб мешаванд, ки ин аз вақти худро ба кори беарзиш ва беҳуда сарф кардан дигар маъное надорад.

Дар муқоиса бо соли гузашта вазъи роҳ дар ноҳияи Панҷакент то ҳадде беҳтар гаштааст. Аммо беҳтар мебуд агар ба ҷои регпӯшу хокпӯш шудани «гармочка»-ҳо, он бо асфалт пур мегашт, то мӯҳлати вайроншавияш тӯлонитар бошад. Зеро хоку регро бар асари як боронгарӣ об шуста, ба роҳи валангор табдил медиҳад. Вале мунтазирем, ки Оқил Оқилов ё Қоҳир Расулзода шояд дар як сол ду-се маротиба ба Айниву Панҷакент сафар мекунанд ва ҳар сафари онҳо ба мавсими таъмиру таҷдиди роҳу тоза кардани гулгашту хиёбонҳо рост меояд. Вале албатта, сафед кардани деворҳову беҳуда сарф шудани вақти муаллимон берун аз интизориҳои мост.

Айнигиҳо аз имтиёз маҳруманд

Ба назар чунин мерасад, ки нақшаи азнавсозии роҳи ноҳияи Панҷакент ва як қисмати Айниро ба хотири чандон шомил набуданашон ба минтақаи тиҷоративу иқтисодӣ ба солҳои минбаъда вогузоштаанд. Ба шарҳи вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев бошад, ҳоло мунтазиранд, ки кай сармоягузори хориҷӣ ҷалб мешавад. Аммо иқболи дар маркази Айнӣ макондоштаҳо баландӣ кард, ки роҳи онҳо ба нақшаи азнавсозии роҳи Душанбе-Чаноқ пайвастагӣ дошт ва ҳамзамон обод гашт. Танҳо аз он имтиёзе бархӯрдор нестанд, ки варзобиҳо барои пулсупорӣ дар роҳ соҳиб шудаанд. Вале роҳи қисмати поён аз дидбонгоҳи милисаҳо чандон вазъи хуб надорад. Ҳарчанд ҷо-ҷо асфалтпӯш аст, лекин ноҳамворӣ ва чуқуриҳои майда зиёд ба назар мерасанд. Қисмати бештари роҳ асфалт надорад ва техникае дида намешавад, ки сангҳои аз кӯҳ ба лаби роҳ афтодаро тоза кунад.

Ноҳияҳои бародар — Айниву Данғара

Аз ҷиҳати арзу тӯл Айнӣ ноҳияи калон ба назар мерасад, вале бо сабаби дар байни қаторкӯҳҳои Туркистону Ҳисор қарор доштанаш хеле камзамин аст. Аммо гумон накунед, он хирманҳои гандумеро, ки мошинҳо мисли комбайн реза карда мегузаранд, айнигиҳо аз сабаби камии замин дар сари роҳ кишта бошанд. Ҳамааш айби техника. Агар комбайнҳои Шӯравӣ оҳанпора намешуд, онҳо низ дар сари роҳ хирман намекӯфтанд. Айнӣ макони коҳ ва зардолуст. Аз афташ зардолуҳо пухта расидаанд, ки занону кӯдакон сари роҳ нишаста зардолуфурӯшӣ мекарданд. Беҳуда нест, ки президенти кишвар дар сафараш ба ин ноҳия аз дӯстиву бародарии айнигиҳову данғарагиҳо сухан гуфта, нигаронӣ кард, ки ҳоло ин бародарӣ кам-кам аз байн рафта истодааст. Зеро пештар айнигиҳо бо данғарагиҳо дар додугирифти коҳ ва дигар маҳсулот ҳамкории хуб доштанд, вале ҳоло ба назар намерасад.

Аз назари таърих

чизе пӯшида намемонад

Ҳамсафари мо, Ҳоҷӣ бобои Косатарошӣ ҳангоми сафар аз Панҷакент ба самти Душанбе, замони маблағ супорида гузаштан аз дарвозаи пулчинӣ гуфт, ки акнун назорати роҳ ба ихтиёри ин ширкати пулчинӣ гузашта бошад, пас чаро роҳро тоза намекунад?

Воқеан роҳе, ки хитоиҳо таъмир карда буданд, пур аз сангу рег буд. Аммо на аз ҷониби ширкати IRS ва на чиниҳо техникае барои тоза кардани атрофи роҳ сафарбар нагаштааст. Он ҷӯи обгузаре, ки чиниҳо дар лаби роҳ сохта буданд, пур аз регу хок шудааст ва ба назар чунин мерасад, ки касе парвои тоза кардани онро надорад.

Ҳоло касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки вазъият дар роҳҳо баъди 10-20 сол чӣ гуна хоҳад шуд. Оё ширкати «Хоҷаи Хизр» қарзи Хитойро медиҳад ё куҷое ғайб мезанаду болои супоридани пули ҳаракат дар роҳ қарзи чиниҳоро ҳам мардум пардохт мекунад? Ба ҳар ҳол, он чӣ мегузарад, дар сафҳаи таърих сабт хоҳад шуд. Агар ин тавр намебуд, аъмоли бади Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев ва Фитратро касе маҳкум намекард ё аз ғамхории Бобоҷон Ғафурову Турсун Улҷабоев ва Садриддин Айнӣ нисбати миллати тоҷик касе ҳарфе намегуфт. Аммо мардум ба хотири он ки таърих бадкардаҳоро ошкор мекунад, интизор менишинанд, ки кай обод хоҳанд шуд?

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, 

Душанбе-Панҷакент-Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: