Главная > Uncategorized > Хуросон аст инҷо!

Хуросон аст инҷо!

Ба таваҷҷӯҳи раиси вилояти Хатлон

Зиндагии инсон ҳеҷ вақт ба гуфти мардум агар бигӯем «100 фоиз» намешавад. Агар ҳазор сарватманду доро ҳам бошӣ, боз мехоҳӣ, ки зиёдтар дошта бошӣ, зеро ки ин хосияти табиати инсон аст. Аммо мавзӯи мо сари он камбудиву норасоиҳоест, ки як гурӯҳи калони мардум доранд ва ин мушкилиҳоро танҳо ҳукумати вилоят ва ҷумҳурӣ метавонанд ҳал намоянд.

Соли 2008 ба ноҳияи Хуросон аз водии Зарафшон ва аз Бадахшон як гурӯҳи мардум ҳамчун муҳоҷир кӯчида омаданд. Бо саъю кӯшиши ҳукумати ноҳия ва вилоят ба ҳамаи муҳоҷирҳо замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд ва мардум оҳиста-оҳиста аз пайи сохтмони манзилҳо шуданд.

Дар як муддати кӯтоҳ барои муҳоҷирон як бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд, ки кормандони ин бунгоҳ низ аз миёни муҳоҷирҳоянд. Ин амали ҳукумати ноҳия дили онҳоро ба ин сарзамин боз ҳам гармтар намуд. Аммо инҷо мушкилиҳое ҳастанд, ки онҳоро мушкили аввалиндараҷа метавон ном бурд. Аввал таъмин намудани як қисми аҳолӣ (яъне муҳоҷирон) бо нерӯи барқ. Ҳатто ҳамон қисме, ки бо нерӯи барқ таъминанд, таъминоташон ба талабот ҷавобгӯ нест.

Як нафар муҳоҷир, ки худро Шерзамон Самадов муаррифӣ кард, зимни сӯҳбат бо мо чунин суханҳоро иброз дошт: «Тайи се соле, ки ман дар ин ҷо ҳастам, мактаб, роҳи мошин, кӯпрук, оби нӯшокӣ барои мо проблемаи №1 мебошад. Фарзандони ман то ба ҳол дар Бадахшон таҳсил мекунанд. Сабаб набудани мактаб аст ва то ҳозир аз ҳоли мо касе хабар намегирад, на намояндагони ҳукумати ноҳия ва на вакилони интихобкардашуда. Шахсан худи ман онҳоро то ҳол надидаам».

Як нафар муҳоҷири дигар, ки Искандархонова Зайнамо ному насаб дорад ва алҳол дар бунгоҳи тиббӣ кор мекунад, суханҳои худро чунин баён намуд: «Ман дар бунгоҳ кор мекунам. Аз сабаби набудани нерӯи барқ ваксинаҳоро дар хонаҳои мардум, яъне дар яхдонҳои онҳо нигоҳдорӣ мекунем. Ин барои мо хеле мушкил аст. Ман аз масъулин илтимос менамоям, ки ин мушкили моро ба зудӣ ҳал кунанд».

Зимни сӯҳбат Шерзамон Самадов суханҳои худро идома дода, гуфт: «Мо моҳи май ба раиси «Барқи тоҷик» мӯҳтарам Ёров муроҷиат намудем ва то ҳоло ҷавоби дақиқи аризаи худро нагирифтаем».

Як нафар муҳоҷири Мастчоҳӣ бо номи Асрор Зикриёев андешаҳои худро чунин баён намуд: «Баъди сафари президент ба ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ мо муҳоҷирон хеле рӯҳбаланд аз суханони ӯ шудем, зеро ӯ дар ҳаққи мо хеле суханҳои арзанда гуфт. Аммо ман ҳамчун як фарди Мастчоҳӣ хеле хиҷолатмандам, ки имрӯз дар ин ҷо, яъне Хуросон то ба ҳоло гандуми худро надаравидаам, ки кишти дубора оғоз намоям. Ҳамаи ин аз сабаби норасоии техника барои коркарди замин аст. Агар имрӯз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ман як комбайни ғалладаравӣ диҳад (албатта қарз), Худо хоҳад, хизмати ҳамаи мардуми муҳоҷирро ба ҷо меорам ва қарзи давлатро низ бозпас медиҳам».

Як нафар муҳоҷири дигар, ки нахост номаш зикр шавад, аз набудани ҷой барои масҷид хеле шиква намуда, гуфт: «Ман дар як чиз ҳайрон мемонам. Барои чӣ барои пӯшонидани ибодатгоҳ ба мусулмонҳо имтиёз вуҷуд надорад? Агар як ҷой барои сохтмони масҷид ҷудо мекарданд, мо бисёр хурсанд мешудем ва аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони онро оғоз менамудем».

Ҳар қадар миёни муҳоҷирҳо бигардӣ, аз эшон танҳо шикоят мешунавӣ. Бечоранолӣ кори хуб нест, аммо чӣ илоҷ? Онҳо имрӯз мӯҳтоҷанд ва ҳаққи пурсидани ёрдамро низ доранд. Бале, норасоии барқ ва набудани ҷой барои сохтмони мактаб ва масҷид ва набудани роҳи дуруст (ҳадди ақал шағалрехташуда) мушкили №1 мебошанд, аммо ин ҷо як мушкилии дигари ҳаётан муҳим набудани оби нӯшокист. Муҳоҷирони бечора аз оби канале, ки барои обёрӣ намудани заминҳо истифода мешавад, об менӯшанд. Агар тирамоҳ (вақти зулол будани об) қад-қади ин канал каме роҳ равед, дар таги об «скелет»-и тамоми ҷонварҳоро, сар карда аз хару гов дидан мумкин аст. Ҳоло бошад, оби канал лойқа асту касе дар таги канал ягон чизро намебинад.

Хонандаи мӯҳтарам, худ қазоват намо, ки имсол бо ташаббуси ҳукумати ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвари мо конференсияи «Даҳсолаи об барои ҳаёт» (албатта ин оби тоза будагист) гузаронида шуд. Рафту агар иштирокчиёни ин конфронс дарак ёбанд, ки дар 70-километрии пойтахт мардум чунин оби ғашро истеъмол мекунанд, чӣ мегуфта бошанд?

Аз як масъули ҳукумат мепурсам, ки оё барои муҳоҷирон оби нӯшокӣ меоранд ё не? Дар ҷавоб ӯ чунин посух медиҳад: «Эй бародар, 80 ҳазор аҳолии ноҳия аз ҳамин об менӯшад, барои шумо аз куҷо об меоранд?». Шояд ин бародари мо рост гӯяд, аммо ин ҷо як чиз таааҷҷубовар аст, ки имрӯзҳо садо ва симои ҷуҳурӣ аз минбарҳои баланд сухан мегӯянд, ки мо ними дунёро бо оби нӯшокӣ таъмин менамоем. Охир мо чӣ хел метавонем? Дар сурате, ки мо аҳолии худро то ба ҳол бо оби нӯшокӣ таъмин нанмудаем.

Масъалаи дигар ин норасоии техника барои коркарди замин мебошад. Шахсан худи ман (муаллифи ин сатрҳо) соли 2009 моҳи июл ҳангоми сафари раиси вилояти Суғд ба ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Худгири Соя аз раиси вилоят мӯҳтарам Расулзода дархост намуда будам, ки ҳадди ақал барои муҳоҷирон як комбайни ғалладарвӣ (ҳамчун қарзи дарозмуддат) диҳанд. Аммо ин дархости ман дар ҳаво монду натиҷаашро касе надид.

Аксари муҳоҷирон оилаҳои ҷавонанд. Аз ҷумла Аҳрор, Мирзокарим, Абдураҳмон. Зимни сӯҳбат бо эшон, чунин таклифҳо намуданд, ки агар имрӯз барои мо қарзҳои имтиёзнок диҳанд, метавонем яктогӣ модагови ширдеҳ ва ҳадди ақал якоилагӣ занбӯри асал гирем. Ин худ заминае мешавад барои зиндагии ояндаи мо.

Баъди пурсишҳо маълум шуд, ки дар соли 2010 ба муҳоҷирон ягон намуд ёрии башардӯстона расонида нашудааст.

Пайрави СОЛИҲИН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: