Главная > Uncategorized > Қаду қоматат гардам!

Қаду қоматат гардам!

Посухҳои ба мақолаи «Омад-омадат гардам» («Пайкон», №26, аз 30-юми июни соли 2010) навиштаи раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов ва раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаровро, ки тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо расиду онро дар шумораи гузаштаи ҳафтанома нашр намудем, хондаму ба худ қавл додам дигар асло «хоб» намебинам. Аниқтараш, хоб аз чашмонам парид. Муаллифро дар дурӯғгӯию дурӯғнависӣ муттаҳам мекунанд. Охир, чӣ зарурат пеш омад, ки дурӯғ гӯему дурӯғ нависем? Кӣ ба мо раҳмат мегӯяду барои «дурӯғ гуфтанамон маош медиҳад?! Дурӯғгӯйро душмани Худо мегӯянд. Намехоҳем бо Воҷубулвуҷуд душман бошем… Инсоф кунед, раисони мӯҳтарам!

Аслан ҳадафи рӯи саҳифа овардани мақолаи «Омад-омадат гардам», ки ба сафари хизматии сарвазири ҷумҳурӣ О. Ғ. Оқилов ба шаҳри Панҷакент бахшида шуда буд, бозгӯи масъалаҳои аввалиндараҷаи дар сатҳи Сарвазир ҳалмешуда буд ва он тариқи «хоб» иншо гардид. Дигараш мушкилоти мардуму мушоҳидаҳои мо.  Дуруст қайд карда будам, ки дар ҳалли онҳо «хестам, ки хобам». Шумо ҳам, агар касе гӯяд, ки ин сафари Сарвазир ягон мушкили халқро ҳал кард, хестед, ки хобатон…

Бовар намекунед? Ана, ба навиштаи раиси шаҳри Панҷакент Х. Абдуназаров таваҷҷӯҳ намоед: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои бузурги доимияшон ҷиҳати боло бурдани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва беҳбуд бахшидани рӯзгори мардуми Панҷакенти бостонӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиии даҳшатбори соли ҷорӣ, ки ба иқтисодиёти шаҳру деҳот ва рӯзгори мардум хисороти зиёде ворид намуд, миннатдории самимӣ баён мекунад.

Сафари кории Сарвазири мамлакат, мӯҳтарам Оқилов О. Ғ. ба Панҷакент, боздид аз маҳаллаҳои офатрасида натиҷаи ҳамин таваҷҷӯҳ, ғамхорию эътибор ва меҳру навозиши падаронаи Пешвои ифтихорманди миллатамон аст». Дидед?! Агар сафари кории Сарвазири мамлакат ҳам «натиҷаи ғамхориҳои бузурги доимӣ ва меҳру навозиши падаронаи Пешвои ифтихорманди миллат» бошад, пас чӣ ҳоҷати сухан гуфтан аст!

Таъкид мекунем, ки дар мақолаи «Омад-омадат гардам» умуман номи Президент зикр ва ҳатто ишорае карда намешуд. Вале раиси шаҳри Панҷакент Х. Абдуназаров дар як посухи кӯтоҳ се маротиба номи Президентро оварда, бо ин мақсад мехоҳад худро паси ин ном паноҳ намояд. Вагарна чӣ ҳоҷат аст, ки ба масъалаи умуман дахл надошта номи Президент таъкид карда шавад. Дар мақолае, ки боиси посухи раиси шаҳри Панҷакент гардид, нисбат ба ин ҳудуди маъмурӣ чунин ҷумлаҳо буданду халос: «Сӯи шаҳри Панҷакент роҳ пеш гирифтем. Ҳар ҷо ҳар ҷо роҳро бо асфалт ямоқ карда буданд. Дарахтони ду тарафи роҳ, шояд аз саросемагӣ бошад, баъзеяш сафед карда шуда буду баъзеи дигар не. Кас намедонад, ин намоишкорӣ барои киву баҳри чист?».

Ҳамин навиштаи моро раиси шаҳри Панҷакент Х. Абдуназаров чунин қабул намудааст: «Мутаассифона, чунин кору пайкорҳои бузурги созандагию ободонӣ аз ҷониби баъзе воситаҳои ахбори ба истилоҳ «мустақил» ҳадафмандона нодида гирифтаву бо айбҷӯиҳо ва далелҳои беасос муғризона натиҷабардорӣ карда мешаванд. Матлаб дар ҳафтавори «Пайкон» таҳти унвони «Омад — омадат гардам» аз ҳамин нигоҳ ва ният иншо шудааст. Агар чунин намебуд, «ямоқ»-и роҳу сафед кардани танаи дарахтонро ба омад-омади Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот намедоданд. Дар робита ба ин масъала бояд бигӯем, ки ҳамасола моҳҳои май-июн бо вуҷуди кам будани маблағ роҳу кӯчаҳо як маротиба аз таъмир бароварда мешаванд».

Мо аз осмони ҳафтум нафаромадаем, ки аз «кору пайкорҳои бузурги созандагию ободонӣ» дар давраи раисии Х. Абдуназаров огоҳ набошем. Бо тақозои вазифа тез-тез ба шаҳри Панҷакент меравем. Дарвоқеъ, дар рӯзҳои наздик омӯзиши чанд масъала ба итмом мерасаду мо «пайкорҳои бузургро» мебинем. Моро ба айбҷӯиҳо ва далелҳои беасосу муғризона навиштан муттаҳам карданиянд… Вагарна, боз рӯй овардан ба масъалаи ночиз, ба сафед кардан ё накардани дарахтону ямоқи роҳ ягон эҳтиёҷ набуд.

Рӯзе, ки сарвазир бо корвони мошинҳо чанги роҳро ба ҳаво хезонда сӯи шаҳри Панҷакент мерафт, мо пиёдаву савора бо одамон сӯҳбаткунон то ин шаҳр расидему пагоҳаш пас аз баргаштанашон боз сӯи шаҳри Душанбе омадем. Аниқтараш, ба омӯзиши масъалаи дигаре машғул будему дар омади сӯҳбат аз ин сафар пурсон гардидем. Пас аз нашри посух ба гуфтаи  Х. Абдуназаров «ҳадафмандона» сӯи шаҳри Панҷакент роҳ пеш гирифтем.

Ҳарчанд дар посух ҳам таъкид мешавад, ки «40 километр роҳ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ҷо-ҷо қирпӯш карда шуд», мо ҷойҳои бо асфалт дарбеҳшудаи роҳро шумурдем. Дар ин ҷо раиси ноҳия мафҳуми «қир»-ро истифода кардааст, ки он тамоман чизи дигар аст. Бо қир ҷароҳати шутурро табобат мекунанд, на ин ки роҳро «қирпӯш»… Эҳтимол роҳҳои пушти шутурмонандро чун яраи шутур пиндоштагистанд… Аз мавзеи Дашти Қозӣ — ҳудуди маъмурии шаҳри Панҷакент то назди бинои ҳукумат 1247 ямоқи андозааш аз 20 сантиметри мураббаъ боло мушоҳида карда шуд. Албатта, ин ҳисоби мо дақиқ нест. Шояд ҳангоми шумурдан иштибоҳе карда бошем. Бинобар ин, ё 50 адад зиёд аст ё кам. Маълум мешавад, ки дар масофаи 40 километр ин қадар дарбеҳи нав ба роҳ часпондаанд.

Дарахтони ду тарафи роҳ ҳам саросема сафед карда шуда буданд. Бечора, баъзе дарахтонро чун бархе аз соҳибмансабон дурӯя кардаанд. Тарафи ба кӯча буда сафеду тарафи дигар сиёҳ… Боғоти сари роҳ аксар қатори аввали дарахтон сафед карда шуда буданду халос.

Мо аз сокинон, аз шоҳидони бевоситаи ин амалҳо пурсида будем ва онҳо нақл намуданд, ки чӣ тавр кормандони ҷамоат омада, сафари Сарвазирро далел оварда, маҷбур мекарданд дарахтонро аз ҳисоби худ сафед намоянд. Инҷо метавон ному насаби одамони зиёдеро таъкид намуд.

Навиштаи Х. Абдуназаров: «Ҳамчунин ҳамасола дарахтони ду тарафи роҳи мошингарди Саразм — Дашти Қозӣ ва боғҳо ду — се маротиба сафед карда мешаванд» ба хотир расиду дар маркази шаҳри Панҷакент пиёда шудем. Меандешидем, ки дар ин ноҳия проблема аз мӯйи сар зиёд асту эҳтимол раиси шаҳр тамоми ҳудуди маъмуриро дида натавонад. Шояд ҳолати маркази шаҳрро дида чунин посух омода кардаанд. Вале боз ҳамон манзара. Дарахтони ду тарафи роҳ баъзеяшон умуман солҳо боз рӯи «сафедӣ»-ро надидаанду дар баъзеи дигарашон он сафедӣ аз гузашти вақт заб-зард шудааст. Ҷо-ҷо дарахтонро ба наздикӣ сафед карда буданд. Наход дар як сол ду-се маротиба сафед кардан ҳамин бошад?! Ба навиштаи раиси шаҳр бовар мекардем, агар ақаллан дарахтони арчаи пеши бинои Ҳукумат сафед карда мешуданд. Гуфтем, ки дарахтони ҷавонро надиданд. Магар он арчаи баланд, ки ҳамқади бинои Ҳукумат аст, ба чашмашон нарасидааст? Бечора дарахт дар рӯ ба рӯи бинои ҳокимнишин истода, танааш дар умраш сафедиро надидааст… Х. Абдуназаров моро дурӯғгӯй эълон дошта, таъкид менамояд, ки сафед кардани дарахтон ба омадани сарвазир ягон алоқамандӣ надорад. Вале мо мегӯем, ки алоқамандӣ дорад. Агар не, пас чаро арчаҳои паси бинои Ҳукумат сафед карда шудаанд? Ҳолдоне нақл намуд, ки «меҳмонҳо» аз роҳи ақиб омаданду боз бо ҳамон роҳ гашта рафтанд. Мегӯянд, ки бо омадани сарвазир саросема дарахтон сафед карда нашудаанд. Дар паси бинои ҳукумат танаи ду дарахти тут сафед нокарда мондааст. Ё оҳак нарасидааст ё фаромӯш кардаанд. Дар паҳлуи бинои ҳукумат боғи фарҳанг бунёд шудааст, ки умуман танаи дарахтони он сафед карда нашудаанд. Чунки аз сари роҳ дур асту атрофи онро буттаҳои ороишӣ мепӯшонанд. Акнун ба гуфтаи Х. Абдуназаров худатон баҳо диҳед: «Таъкид мекунем, ки ин кор на ба хотири намоишкорӣ иҷро карда мешавад».

Дар посухнома факту рақамҳои зиёде оварда шудаанд. Боварӣ дорем, ки онҳо дар ҳисоботҳои оморӣ ҳастанд. Вале мо ба онҳо бо диди дигар нигариста, мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Оё маблағҳои пешбинишуда мақсаднок истифода бурда шудаанд? Маблағҳои офати табиию ба дигар соҳаҳо ҷудошуда чӣ тавр истифода гардиданд? Вақт довари якрӯй аст, ҳамаашро муайян месозад, ки дар ин шаҳри бостонӣ «кору пайкорҳои бузурги созандагию ободонӣ»-ро мо чӣ тавр нодида гирифта бошем. Вақте раиси шаҳр  Х. Абдуназаров дар бораи обу ҳосилгирӣ ва кишти заминҳо рақамҳоро қатор мекунад, маро пеши назар қулфҳои овезони сари сарбандҳои канали Халифа Ҳасан қатор мерасад. Оё раис сабаби  сарбандҳои обро қулф карданро медониста бошад? Медониста бошад, ки ин канал наздики 30 сол боз рӯи таъмирро надидааст ва ҳар сол аз сокинон барои таъмири канал маблағ ҷамъ мекунанду дар асл ягон таъмир намешавад? Мардум як халта нурии минералиро бо арзиши аз 130 то 150 сомонӣ мехараду об намеёбад полезашро обёрӣ кунад. Раис маълумот дошта бошад, ки канали Халифа Ҳасан ба ҷои ҳашт куб об айни замон ҳамагӣ ду куб об мебараду бисёр ҷои он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад? Ба хаёлам намедонад. Охир, раиси шаҳре, ки ҳолати назди бинои маъмурии худро надонад, пас аз ҳоли дигарон чӣ хел огаҳӣ меёбад?

Рӯзе ки мо дар назди бинои раиси шаҳри Панҷакент будем, аз беобӣ гулакҳо пажмурда шуда, ҳоли табоҳе доштанд. Х. Абдуназаров менависад: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатии шаҳри Панҷакент тамоми тадбирҳоро меандешад, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ низоми муқаррарии корӣ ва зиндагиро ба роҳ монда, дар ҷавоби дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳоро барои зиндагии хубу шоистаи мардум фароҳам оварад». Наход иҷрои «дастуру супоришҳои Сарвари давлат» ҳамин бошад, ки дуртараш он тараф истад, маркази шаҳру назди бинои Ҳукумат чунин ҳолат дошта бошад… Эъ… қаду қоматат гардам…

Ҷумъаи ТОЛИБ,

директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, Душанбе — Панҷакент – Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: