Главная > Uncategorized > Ҷиноятҳои иқтисодӣ намеафзоянд?

Ҷиноятҳои иқтисодӣ намеафзоянд?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Қонуни мазкур дар иртибот бо вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ аз 15-уми феврали соли 2010 ва иҷрои нишондодҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми апрели соли ҷорӣ бармеоянд, қабул гардидааст. Тибқи тағйиру иловаҳо, аз ин баъд нафароне, ки ҷинояти иқтисодӣ содир кардаанд, метавонанд бо пардохти маблағ аз ҳабс озод шаванд. Пас, суоле посух мехоҳад, ки баъди амалӣ шудани ин тасмим

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, раиси созмони «Перспектива+»:

— Дар давлатҳои ҳамсояи мо вақте ҷинояти иқтисодӣ содир мешавад, мардумро ҳабс намекунанд. Зеро ҳар кадоми онҳо оилаву фарзанд доранд. Агар маҳбус шаванд, оилаи онҳоро кӣ мехӯронаду мепӯшонад? Аз оне ки онҳоро дар маҳбас нигоҳ медоранд, барои худи давлат чӣ фоида мерасад? Фикр мекунам, ин беҳтарин намуна аст. Беҳтар аст ҷарима диҳанд. Чунки аз ҳабс кардани онҳо на ба ҷамъият, на ба давлат ва на ба оила ягон фоидае намерасад. Ин ки ҷиноятҳо зиёд мешавад, нодуруст аст. Масалан, як вақтҳо ҳукми қатл буд дар Тоҷикистон. Мегуфтанд, ки агар авф эълон кунем, ҷинояткорӣ зиёд мешавад. Вале маълум гардид, ки зиёд нашуд. Ин ду чиз аз ҳамдигар вобаста нест.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ,

раиси ҲСТ:

— Шахсоне, ки ҷиноят содир мекунанд, мавқеъ, марому шахсияти худро дар ҷомеа эҳсос карда метавонанд. Шахсоне, ки ҷиноятҳои зиёди иқтисодӣ содир мекунанд манфиатҳои шахсии худро пурра ва ҳаматарафа ба назар мегиранд ва барои онҳо супоридани 10000 ё 20000 сомонӣ ҷарима ин як ҷузъи буҷет аст. Барои ҳамин ҳам, агар имрӯз мо чунин қонунро қабул кунем, шахсоне, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ содир мекунанду барои додани ҷарима қодиранд, зиёд мешаванд. Яъне, ҷиноятро ҳамон нафароне содир мекунанд, ки пул доранд. Агар як шахси оддӣ ҷиноят содир кунаду дар кисааш пайса надошта бошад, аз ин имтиёз маҳрум аст. Аз ин лиҳоз, ман на ҳамчун раиси ҳисб, балки ҳамчун як шахси оддии ҷомеаи Тоҷикистон тарафдори ин қонун нестам. Барои ин ки, он ба манфиати мардум не, ба манфиати шахсони алоҳида аст.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН,

таҳлилгар:

— Дар тағйироте, ки ворид шудааст, гуфта мешавад, ки касе ба ҷиноятҳои иқтисодӣ даст мезанад, бо додани ҷарима озод мегардад. Гузашта аз ин, он пулҳоеро низ, ки ғайриқонунӣ аз худ кардаанд, бармегардонанд. Ман намедонам то чӣ андоза ин рӯшан аст. Агар моҳонаи ҳадди ақалро 80 сомонӣ ба ҳисоб гирем, он одам бояд барои озод буданаш пули хеле зиёд пардохт кунад. Ба назари ман, ин тасмими он нафаронро ҳидоят мекунад, ки дигар ба ҷиноятҳои иқтисодӣ даст назананд. Чаро ки аз зиндон шиштан пардохти ин пулҳо барои онҳо гарон меафтад.

Ман фикр мекунам, ки ин иқдоми хуб аст ва метавонад аз ҷиноятҳои иқтисодӣ ҷилавгирӣ кунад. Ба шарте, ки агар иҷрои қонунҳо дар амал сурат гирад. Зеро ҳоло дар Тоҷикистон иҷрои қонун албатта ба таври бояду шояд амалӣ нест.

Завқибек СОЛИҲОВ,

журналист:

— Калонсолон мегӯянд, ки агар дар даврони Шӯравӣ фурӯшандаи мағозаеро барои 2 тин зиёд фурӯхтани ягон ашё боздошт менамуданд, ба мӯҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон мекарданд. Яъне ҳисоб мекарданд, ки ӯ тӯли чанд сол фурӯшанда буд ва дар давоми фаъолияташ имконияти дуздидани чи қадар пулро дошт. Шояд ин тағйирот ба фоидаи афроде бошад, ки дар ҷойҳои «равғанӣ» фаъолият доранду ҳангоми боздошт шуданашон бо ҷурми ҷиноятҳои иқтисодӣ бо пардохтани маблағ озод гарданд ва шояд боз дар ягон сохтори дигари давлатӣ хидмат намоянд.

Бубинед, агар шахси муҷрим ба ҷои ҳар рӯзи озодӣ аз маҳбас 17 сомонӣ супорад, дар як сол зиёда аз 1400 доллар мешавад. Яъне, ба ҷойи панҷ сол метавонад ҳамагӣ аз 7000 доллар каме зиёдтар супораду дигар чор тарафаш қибла шавад. Дар ҳоле, ки чунин афрод шояд дар муддати фаъолияташон дар ҳамон мансабҳои будаашон даҳҳо ё садҳо ҳазор доллар дуздида бошанд. Албатта хуб аст баъзе муҷриминро, ки аз онҳо на дар маҳбас буданашон фоида ҳасту на дар озодӣ, бар ивази пул озод намуд. Вале он нафаре, ки аз буҷаи МИЛЛАТ медуздад, ӯро метавон бо ҷинояти иқтисодӣ муҷрим донисту бо супоридани чанд пул ОЗОД намуд!?

Фароҳамсоз:

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: