Главная > Uncategorized > Бозори «зиндонӣ» бозгашт

Бозори «зиндонӣ» бозгашт

На бо дӯғу сиёсат, балки бо меҳру муҳаббат тавон ҷаҳон гирифт. Ҷаҳонгирони ҳақиқӣ суханваронанд, на тоҷварон, ар тоҷмандон маконҳоро мусаххар намоянд, суханмандон замонҳоро таҳти тасаллут дароварданд, раҳнамои ростини инсон ишонанд. Кам тоҷманде даст ёфта, ки ҳодии мардум ба фарорафт бошад.

(Ардамеҳр)

Шоми 29-уми июл шоири тоҷики муқими Амрико Бозор Собир вориди Тоҷикистон шуд. Ҳарчанд соати фурӯди тайёра 18:00 муайян шуда буд, вале баъди ду соати интизориҳо дар фурӯдгоҳи пойтахт Бозор Собирро беш аз 200 нафар наздикону мухлисон ва теъдоди зиёди журналистон пешвоз гирифтанд. Дар ҳамин ҳол, касе аз мансабдорон ба истиқболи шоир набаромад.

Ҳангоме, ки шоири маъруф, озодихоҳ, худшинос, умуман, шоири нодир ва бебаҳои тоҷикро дар фурӯдгоҳ аҳли эҷодкорон, аз ҷумла шоирон, рӯзноманигорон, овозхонону ҳунарпешаҳо ва мухлисон пешвоз мегирифтанд, беихтиёр ба ин андеша қоил шудам, ки истеъдоди асилро наметавон бо зӯру зар хариду фурӯхт ва шикаст. 

Зеро замоне, ки устод Бозорро пушти панҷара шинонданд, истеъдодашро натавонистанд шикананд! Замоне, ки ӯро аз Ватан дур карданд, истеъдодаш дар ҳиҷрат фурӯхта нашуд! Ҳангоме барояш дар Ватан мансабдорон хонаву симу зар пешниҳод карданд, истеъдодашро нафурӯхт!

Дар баробари ин, ӯ меҳри Ватанашро ба нафрат бадал накарду хокашро аз Тахти Сулаймонӣ болотар гузошт. Ин аст, ки пас аз зиндонӣ шудану муҳоҷир гаштан, ӯ гуфт:

Дар ватан аз шоирон як шоири зиндонӣ ман будам,

Дигарон буданд шоирҳои зиндонбон.

Ҷомаи ман бӯи зиндон мекунад то ҳол,

Бо чӣ собуне бишӯям ҷомаи худро?

Аз хароши симхораш дастҳоямро агар бастам,

Чун бибандам ин даруни пурхарошамро?

Чун бибандам ин даруни реш-решамро?

Аз ватан рафтам, валекин дур рафтан аз ватан имкон надорад,

Мекашад хокаш;

Аз кашиданҳои хокаш набзи ман кандаст,

Зарбати қалбам мураттаб нест,

Зарбати қалбам мураттаб нест,

Аз ватан рафтам, валекин мекашад хокаш,

Хоку хошокаш.

Шоиру ҳунарманд аз ҳар кас ба доштани озодӣ шоистатаранд.

(Муҳаммад Ҳиҷозӣ)

Устод Бозор Собир дар баробари соҳибистеъдод будан, шоири озодихоҳу мағрур аст. То кунун ҳатто назди унвонҳову ҷоизаҳо, ки бештари эҷодкорони мо барои онҳо худро мефурӯшанду қурбон мекунанд, сар хам накардааст. Зеро ӯ озодии ботиниву зоҳирии худро қадр мекунад, намегузорад то касе поймолаш созад. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки ашъори Бозор сарчашмаи ғуруру фахр аз тоҷикият мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки Бозор Собир 16 сол инҷониб дар муҳоҷират зиндагӣ мекунад ва охирон бор соли 2004 вақте ба Ватан омад, тибқи овозаҳо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барояш унвони шоири халқиро ҳамчун тӯҳфа омода карда буд. Аммо ӯ дар як мусоҳибааш ҳамон сол дар рӯзномаи «Рӯзи нав» эълон кард, ки: ӯ шоири худаш ҳасту бас, на шоири он халқе, ки ба тарафдории Ёқуб Салимов дар як он ҳазорон имзо ҷамъ оварду барои Бозор Собир як сари мӯяш ҳам наҷунбид!

Ҳамчунин ғурураш намегузошт то аз онҳое, ки ӯро зӯран ҳабс кардаанд, муҳоҷиру дарбадару беватан сохтаанд, зарару шиканҷаи моддиву маънавӣ ва ҷисмонию равонӣ расонидаанд, унвон гирад!

Албатта, унвонҳои ӯ шеърҳои баландмазмунаш мебошанд, ки халқ эътирофашон кардаанд. Бархе худашро эътироф намекунанду чашми дидан надоранд, вале шеърашро зери лаб зам-зама мекунанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳамарӯза аз тариқи телевизиони давлатӣ даҳҳо бор садо додани сурудҳои «Забони модарӣ», «Аловпараки наврӯзӣ», «Аз хуни Сиёвушем», «Маъвои Роғун», «Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд» ва ғайраҳо мебошанд.

Дар ҳақиқат дар муқоиса бо таронаҳои он шоироне, ки дар ватан ҳастанду тантанавор ҳамарӯза шеърҳои мадҳиявиашонро мехонанд, мазмуну мундариҷаи ашъори Бозор самимитаранд. Бояд иқрор кунанд, ки дар онҳо таблиғи миллатдӯстиву меҳангароӣ аз шоирони ДАРБОРӣ дида хеле рӯшану форам эҳсос мешавад ва беихтиёр ҳисси ифтихори миллиро бедор мекунад.

Ҷуз қалам нест касе ҳамрангам,

Ҷуз қалам нест касе ҳамхунам.

(Бозор Собир)

Ҳангоме шоир соли 1993 аз ҷониби ба ном ҳукумати конститутсионӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт ва ба маҳбас кашида шуд, дигар натавонист бо ин мардум аз як ҳаво нафас кашад. Дигар дилгармие набуд, то шоирро дар Ватан боздорад. Аз ин рӯ, 31-уми декабри соли 1993 вақте бо қарори суд, бинобар мавҷуд набудани таркиби ҷиноёт дар амалкардҳояш озод карда шуд, «Бо шумо будан намехоҳам!»,- гуфту Тоҷикистонро тарк кард. Дигар танҳо қаламу қоғаз ҳамрозаш гашта буданду кунҷи танҳоӣ. Дарди шоирро танҳо ин се мафҳум дарк мекарду халос…

Ва устод дар шеъри «Дилхунук»-аш  ҳанӯз дар ҳамон солҳо хеле  паёмбарона ояндаи фоҷиабори худашро пешгӯӣ карда буд, ки чунин аст:

Аз дилхунукиҳои ӯ ях баст сар то пои ман,

Тӯмори гармиам надод аз мӯи ӯ муллои ман.

Саҳрои ишқам дар ҷаҳон шуд ҷои вовайлои ман,

Бо ман бинолу гиря кун, саҳрои ман, саҳрои ман.

Дирӯзи ман як рӯз не, гӯё, ки як садсола буд,

Аз ишқи бефардои ман дирӯзи ман дар нола буд.

Дирӯзу имрӯзам гузашт, аз рӯзи фардоям чи суд,

Бо ман бинолу гиря кун, фардои ман, фардои ман.

Дирӯзу имрӯзам гузашт, аз рӯзи фардоям чи суд,

Бо ман бинолу гиря кун, фардои ман, фардои ман.

БОНУ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: