Главная > Uncategorized > Зӯри Худо мерасад…

Зӯри Худо мерасад…

Ман Давлатова Қурбонгул, истиқоматкунандаи шаҳри Роғун, шаҳраки Оби Гарм, кӯчаи Мирзо Турсунзода 7/2 мебошам. Аз соли 1988 бо Шарипов Худойдод Зарипович оиладор шудам. Дар давоми зиндагиямон соҳиби 6 нафар фарзанд — 1 духтар ва 5 писар шудем. Писари калониям Шарипов Амриддин дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда истодааст. Дигар фарзандон дар тарбияи худам ҳастанд.

Аввали солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳраки Оби Гарм низ вазъият нохуб шуд. Бародари шавҳарам, ки 21-сола аз хизмати Ватан баргашта буд, аз зарби тири нохалафон даргузашт. Ҳамон солҳо раиси ҷамоат Мӯсоев Ҷунайдулло Хоҷаевич, ҷонишини ӯ Даҳмардаева Давлатой ва раиси маҳаллаамон Ғиёсов Идӣ ба хонаи мо омада, ба хотири таъмини қарори Президент ҳамчун ёрдам заминеро, ки назди хонаамон буду чун партовгоҳи мардум истифода мешуд, тавсияи истифодабарӣ доданд. Онҳо гуфтанд, ки заминро тоза карда, зироаткориро ба роҳ монед, зеро экологияро вайрон кардаасту таъсираш ба шумо ҳам мерасад.

Мо бо аҳли оилаи хусурам Шарипов Маҳмадзариф, ки 23 нафар меросхӯрем, ҳамин заминро корам карда, 18 сол боз истифода мебарем. Танҳо ҳамин замин аст, ки сабаби зиндагии оилавиямон гардидааст.

Соли 2009 писарамро ба хизмати аскарӣ бурданду падарам аз дунё гузашт. Маро сағира гуфта, аз табақаи паст ҳисобида, рӯзи 6-уми апрел 5 намояндаи ҳукумат ба ҳавлиямон зада даромаданду таҳқирам карданд. Аз ҷумла, ба ном раиси ҷамоати шаҳраки Оби Гарм Ятимов Абдухолиқ, раиси маҳаллаамон Ҷабборов Зуҳур ва Табаров Маҳмадалӣ, ки пеш ҷонишини раиси ҳукумат буд. ӯ аз соҳибмансабӣ истифода бурда, пинҳонӣ аз мо барои заминамон қарор баровардаву онро аз худ кардааст. Ба болои ин, тӯҳматҳои зиёде кардааст, ки гӯё ман ӯро дашном дода бошам. Ман ки зан — модар ҳастам, ин суханҳо бар шаънам намезебад. Танҳо ҳаминро гуфтаниям:

Ҳаркӣ ба мо бад кунад, бад зи бадон мерасад,

Ҳаркӣ накӯӣ кунад, дасти дуо мерасад.

Ҳаркӣ ба мо бад кунад, некӣ бад-ӯ ихтиёр,

Гар нарасад зӯри мо, зӯри Худо мерасад.

Бигзор қонун ин гуна шахсонро зери назорат гирад. ӯ аввал ҷонишини раис буд, ҳоло аз рӯйи беадолатияш сабукдӯш шудааст. Вале ҳар рӯз ба хонаи мо кормандони ҳифзи ҳуқуқро фиристодаву моро бесаранҷом мекунад. Як маротиба ба раиси ҳукумати шаҳри Роғун муроҷиат кардам, вале ягон чора дида нашуд. Ин дафъа низ расман муроҷиат намуда, хоҳиш мекунам, ки муроҷиати маро одилона дида бароянд.

Қурбонгул ДАВЛАТОВА,

шаҳраки Оби Гарм

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: