Главная > Uncategorized > Ҳикмати «Tcell»

Ҳикмати «Tcell»

Ё худ, «после пожар»… гиряву нола Бародар ва дӯсти мо! Инҷо ба як чиз диққат кардан мебояд: кӣ дар хизмати кист? «Tcell» дар хизмати мо, ё мо дар хизмати «Tcell»? Чаро истеъмолкунанда маҳруми кулли ҳуқуқҳо ва таҳқирдида асту капиталист дар додугирифт ҳамеша «прав»? Ширкати «Сомонком» имрӯз ба худ номи «Tcell»-ро гирифту дар шабакаҳои телевизионӣ шабу рӯз рекламаи нағз хизмат расонданашро нишон медиҳанд ва такрор ба такрор мегӯянд, ки «муштарӣ, пайваст шав!». Аммо муштарии ин ширкат бисёр вақт имконияти озод сухан карданро надорад. НАДОРАД! Барои санҷиш ба маркази хизматрасонӣ — ба рақами 92-777-77-77 занг мезанем. Пас аз 20-25 дақиқа гӯшакро мебардоранду садо меояд: «Лаббай, муштарии мӯҳтарам, гӯш мекунам». Эй Худоҷон, шумоёнро дар сӯхторхомӯшкунӣ кор намонанд, ки то гӯшакро мебардоред, алангаи алави хонаи оташгирифта ба хонаи ҳамсояҳо мекӯчад! Баъд, «после пожар»… гиряву нола. Бахшиш, ки каме аз мавзӯъ дур рафтам. Боз меоем сари сӯҳбат бо операторҳо. Шумо, муштарии мӯҳтарам, ба 93-505-00-00 занг занед. Боз «аз карнайчӣ як пуф» гуфта, ба 93-505-00-00 занг задем. Оператори ин ширкат ҳам тахминан пас аз 15-20 дақиқа «лаббай, гӯш мекунам, мӯштарии мӯҳтарам» мегӯяд. Ҳамаи камбудиҳоро мефаҳмонӣ, охири ҷумларо ногуфта, худатро гунаҳкор мекунанд. Шумо дар куҷо? «Ман дар Душанбе» гуфта ҷавоб медиҳем. Хоҳиш мекунанд, ки то 5 дақиқа телефонро хомӯш кунем. Хомӯш кардем. Боз ҳамон аҳмадаки порина. Пас аз ин сӯҳбат боз ба 92-777-77-77 занг задем. Паз аз чанд дақиқа гӯшакро бардоштанд. Боз ҳамон камбудиҳоро фаҳмондем. Оператор гуфт, ки оё дар наздатон (ё гирду атрофатон) мавҷгирҳо (антеннаҳо) мавҷуданд? О балота гирем! Мо дар таги мавҷгирҳое қарор дорем, ки Шумо дар ҳавлӣ ҷо карда, моҳона 100-200 доллари амрикоӣ монанди иҷора пардохт мекунед. «Дуруст, муштарӣ, айби трубка». Барои дурӯғгӯ нашудан чанд телефон иваз кардем, боз ҳамон аҳмади порина. Моро суоле ором намегузорад, ки чаро «Индиго» ё «Индиго Сомонком» (Tcell) хизматрасониеро, ки ба он зӯраш намерасад, ин қадар реклама мекунад? Чаро муштариёнро мефиребад? Танҳо ба хотири ҷалб кардани муштариёни бештар? Касе ки як бор ба чоҳ афтод, хизматгори ин ширкат мешавад. Чаро? Чунки рақами гирифтаи худро ба дӯстони дуру наздик мерасонӣ ва мақсадат бо ин рақам дар мавриди зарурӣ пайдо кардани онҳост. Дигар маҷбур дар ин дом мемониву халос. Ман низ чун як муштарии ба дом афтода барои ана ҳамин «Tcell»-ро гунаҳкор карданиям. Аз ин рӯ, аз Прокуратураи генералӣ ва Вазорати алоқа хоҳиш мекунам, ки ҳуқуқҳои беш аз 1000000 муштарии дар доми ширкати мавсуф афтидаро ҳимоя кунанд. Чаро маршруткаҳо ҳуқуқи ба ҷойи 10 нафар 15 касро савор кардан надоранду ширкати мобилие, ки иқтидори дастгоҳҳои фарсудааш на барои бештар аз 70-80 ҳазор муштарӣ аст, бояд ба беш аз 1000000 муштарӣ хизмат расонад? Ҳисоб кунед, 1000000 муштарӣ агар якдолларӣ манфиат орад, як миллион доллар мешавад. Хонандаи азиз, як бор худро дар назар дор, ки барои телефон чанд доллар пардохт мекунӣ? Агар барои аҳволпурсии дӯстат як доллар пардохт кунӣ, бовар дорам, ки барои «нозанин»-ҳо панҷ доллар пардохт мекунӣ. Ҳисоб кун! Чаро ҳазорҳо ҳазор доллар пардохт мешавад, аммо аз тарафи ин ширкат истеъмолкунандаро фиреб медиҳанд? Вазорати алоқа якҷоя бо «Тоҷикстандарт» бояд дастгоҳи ширкатҳои мобилиро санҷида, сифати кори онҳоро муайян кунанд. Ба фикри ман, ҳар дастгоҳ иқтидор ва ғунҷоиш дорад. Агар аз меъёр зиёд муштарӣ пайваст шавад, сифати хизматрасонӣ барои ҳамаи муштариён мекоҳад. Як хосияти ногузири ҳамаи дастгоҳҳо хӯрдашавӣ ё фиташавӣ аст, ки ба фикрам дастгоҳҳои «Tcell» аз ин нигоҳ барвақт ба «нафақа» баромадаанд. Сабаби «дастнорас», «берун аз минтақа», «сбой связь» ва «хомӯш» шудани муштариҳои ин ширкат маҳз барзиёдии муштариҳост. Яъне аз иқтидори дастгоҳ зиёд пайваст кардан аст. Вақте истеъмолкунанда пул пардохт мекунад, ҳақ дорад иҷрои ваъдаро аз хизматрасон талаб кунад. Бовар дорам, ки Вазорати алоқа ҳамаи мушкилоти муштариёни ин ширкатро омӯхта мебарояд. Олимҷон УМАРОВ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. KPbICMAH
    Август 30, 2010 в 6:03 дп

    А можно по-русски?

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: